Перейти к содержимому

“Худоё, барои Тромп аз ту муташаккирам!”

Мойкел Вулф (Michael Wolff), нависанда ва рӯзноманигори омрикоӣ ва муаллифи китоби “Оташу хашм”, соли гузашта дар мусоҳибае унвон карда буд: “Рӯзе як бор рӯ ба осмон ба Худованд мегӯям, барои Тромп аз ту муташаккирам!” Бале, ӯ воқеан бояд аз раисиҷумҳури Омрико муташаккир бошад, чун бидуни ҳузури Тромп, наметавонист ба даромади 13 милюн дулорӣ дар соли 2018 даст ёбад ва барои аввалин бор ба ҷамъи 10 нависандаи пурдаромади сол бипайвандад.

Ба гузориши Afkarnews, пас аз он ки бахшҳое аз китоби “Оташу хашм” (Fire and Fury) дар ибтидои сол дар нашрияи Guardian мунташир шуд, вакили Тромп ба суръат номае ба нависанда ва ношири китоб навишт ва муддаӣ шуд, ки ин китоб шомили иттилооти тӯҳматомез ва тавҳиномез аст ва ҳатто худи Тромп низ дар сафҳаи Твиттери худ ба Мойкел Вулф ҳамла ва ӯро як бозандаи комил тавсиф кард, ки барои фурӯши “китоби хастакунанда” ва “хилофи воқеъ”-и худ достонҳоеро бофтааст.

Бо ин вуҷуд, ношири китоб (Henry Holt and Company) ҳатто таърихи интишори онро пеш андохт ва китоби “Оташу хашм” дар моҳи январи соли ҷорӣ мунташир шуд ва ба муваффақияти бузурге даст ёфт. Ин китоб танҳо дар се ҳафтаи нахуст ба теъдоди 1.7 милюн нусхаи чопӣ, электруникӣ ва савтӣ ба фурӯш расид. “Оташу хашм” дар соли 2018 дар маҷмӯъ беш аз як милюн нусхаи чопӣ танҳо дар Омрико фурӯш доштааст.

Мойкел Вулф ба шакли бесобиқае ба кобинаи Тромп аз ҷумла Бенон (Stephen Bannon), истротежисти аршад ва собиқи Кохи сафед, дастрасӣ дошта ва дар китоби 336 сафҳаии худ ба масоили гуногуне аз пушти пардаи Кохи сафед аз ҷумла тавсифи рафтори Тромп ва таъомули ошуфтаи ӯ бо коркунони аршади Кохи сафед то ироаи тавзеҳоти хиффатборе дар бораи хонаводаи Тромп аз забони Бенон пардохтааст.

Дар ин китоб, Тромп ба шахсе ташбеҳ шуда, ки коркунони Кохи сафед эҳтироме барои ӯ қоил нестанд ва сад дар сади атрофиёнаш мӯътақиданд, ки ӯ шахси муносибе барои риёсати ҷумҳурии Омрико нест.

Дар феҳристи пурдаромадтарин нависандагони соли 2018, ки аз сӯи нашрияи Forbes мунташир шуда, 11 нависанда ҳузур доранд, ки дар маҷмӯъ тайи соли ҷорӣ 24.5 милюн нусха китоб фурӯхтаанд ва даромади 283 милюн дулорӣ ба даст овардаанд.

Дар ин феҳрист, Ҷеймз Петерсун (James Patterson), нависандаи пуркори омрикоӣ, бо даромади 86 милюн дулорӣ дар садри пурдаромадтарин нависандагони сол қарор гирифтааст. Петерсун, ки тайи як даҳаи гузашта болиғ бар 700 милюн дулор аз фурӯши китобҳояш ба даст овардааст, ба таври миёнгин соле 14 китоб мунташир мекунад ва китоби “Раисиҷумҳур гум шудааст”, ки ба таври муштарак бо Бил Клинтун навишта, аз муҳимтарин осори ӯ дар соли 2018 аст. Ин китоби сиёсӣ- ҳаяҷонӣ танҳо дар моҳи нахуст ба теъдоди 660 ҳазор нусха ба фурӯш расид. Ин даҳумин боре аст, ки Петерсун дар садри феҳристи пурдаромадтарин нависандагони ҷаҳон қарор мегирад. Румони нахусти ӯ тавассути 31 ношир рад шуда буд, аммо ӯ ҳаргиз таслим нашуд.

Ҷ.К.Рулинг (J. K. Rowling), руманнависи бритониёӣ низ дар ҳоле бо 54 милюн дулор дар рутбаи дуввуми ин феҳрист ҷой гирифта, ки нисбат ба соли гузашта, ки дар рутбаи нахуст қарор дошт, бо коҳиши 41 милюн дулории даромадҳо рӯ ба рӯ будааст. Гарчӣ Рулинг имсол китоби ҷадиде аз маҷмӯаи “Ҳори Потер” мунташир накард, аммо даромади қобили таваҷҷӯҳе аз маҳалли фурӯши чопи муҷаддади осораш касб кард ва 2.9 милюн нусха аз китобҳояш дар Омрико ба фурӯш рафт. Ӯ ҳамчунин аз маҳалли порки мавзӯии “Ҳари Потер” ва ҳамчунин ба рӯи саҳна бурдани намоиши “Ҳори Потер ва фарзанди нифриншуда” низ даромади хубе касб кардааст.

Истефен Кинг (Stephen King) низ бо фурӯши 2.7 милюн нусха китоб дар соли 2018 ва даромади 27 милюн дулорӣ, ҷойгоҳи севвуми пурдаромадтарин нависандагони соли 2018-ро ба худ ихтисос додааст, ки бахше аз ин муваффақият ба хотири иқтибоси синамоии муваффақ аз румони тарсноки “Он” навиштаи 1968 буд. Ин филм, ки бо будҷаи 35 милюн дулорӣ сохта шуд, дар ниҳоят 700 милюн дулор фурӯхта шуд ва даромади чашмгиреро барои Кинг ба армуғон овард.

Дар феҳристи пурдаромадтарин нависандагони соли 2018, Ҷон Гришом (John Grisham) бо 21 милюн дулор дар рутбаи чаҳорум қарор гирифт.

Мойкел Вулф низ бо даромади 13 милюн дулорӣ, дар рутбаи ҳафтум қарор дорад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: