Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (347)

Қиссаи он кас, ки дари ёре бикӯфт, аз дарун гуфт: кист он? Гуфт: манам. Гуфт: чун ту туӣ, дар намегушоям, ҳеч касро аз ёрон намешиносам, ки ӯ “ман” бошад, бирав. (5)

* * *

Нотиқа сӯйи даҳон таълимрост

В-арна худ он нутқро ҷӯйе ҷудост.

Он ҳақоиқ аз роҳи даҳону ҳуруфу алфоз ошкор мешаванд, вагарна ҳақоиқу асрори раббонӣ ҷойгоҳи дигаре дорад, ки он, мусалламан марҳилаи ҷону дил аст.

Нукта: Ҳар гоҳ шунаванда хоҳони он ҳақоиқ шавад, ҳодиву муршид ҳиссае аз он хони бекаронро дар зарфи алфоз бад-ӯ диҳад, вагарна дубора ба сӯи олами ҷону дил бозмегардад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.898)

Меравад бе бонгу бе такрорҳо

Таҳтаҳал-анҳор то гулзорҳо.

Ҳақоиқи олия, ки аз ақли куллӣ содир мешавад ва ба сӯи ин олам сарозер мешавад, на такрорпазир аст ва на бо қилу қол ҳамроҳ. Ин олами ҳақоиқ, ки на такрор дар он аст ва на қилу қол, ҳамчун марғзоре аст, ки дар зери сароҳои он, ҷӯйборҳо ҷорӣ аст.

Нукта: Муқтабас аз оятҳое назири ояти 25 сураи Бақара:

أَنَّ لَهُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِن تَحْتِهَا الأَنْهَارُ

Ҳамоно мар эшонрост боғҳое, ки ҷӯйборон дар зери он равон аст.”

Эй Худо, ҷонро ту бинмо он мақом,

Ки дар-ӯ бе ҳарф мерӯяд калом.

Худовандо! Он мақоми волоро ту ба ҷон нишон бидеҳ, ки дар он мақоми ҳумом, ҳақиқат бидуни қилу қол зоҳир мешавад.

То ки созад ҷони пок аз сар қадам,

Сӯйи арсай дурпаҳнои адам.

То ин ки ҷони пок, ба ивази по, аз сар барои худ қадам созад, яъне бо иштиёқи томму завқи тамом ба сӯи арсаи паҳновари адам биштобад.

Аз сар қадам сохтан: истиъора аз шитобону шодмон рафтан аст. Дурпаҳно: бисёр фарох ва паҳновар.

Нукта: Манзур аз “адам” дар инҷо мартибаи ҳақиқати куллия аст, ки таъайюну ташаххусе дар он нест; ба эътибори ин ки вуҷуд, он гуна ки ҳаст, дар хориҷ мавҷуд нест, яъне вуҷуди мутлақ онҳоро дар ойинаҳои мазоҳиру мавҷудот зуҳур мекунад, вагарна ҳақиқати маҳзи вуҷуд пайдову намоён нест, гӯӣ ки адаму нестӣ аст. (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.233)

Арсаи бас богушоду бофазо

В-ин хаёлу ҳаст ёбад з-ӯ наво.

Ин арсаи бекарон, ки мартибаи ҳақиқати куллия ном дорад, ба гунае аст, ки ин олами сурату хаёл аз он он олам моя мегирад ва он ҷаҳони бекарон, асосу зербинои ин олами сурӣ аст.

Нукта: Мавлоно дар ин байт мегӯяд, ҷаҳони илоҳӣ сарчашмаи ҷамиъи мавҷудот аст, аз ин рӯ, ҳамаи фаъолиятҳои дарунии инсон аз он ҷумла олами хаёл, ки арсае бас васеъ дорад, ҷумлагӣ аз он олами илоҳӣ нашъат гирифтааст. Ва сипас Мавлоно дар байтҳои баъдӣ вусъату маҳдудиятҳои олами хаёлу маҳсусот ва олами илоҳиро бо ҳам муқоиса мекунад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.899)

Тангтар омад хаёлот аз адам,

З-он сабаб бошад хаёл асбоби ғам.

Олами хаёл аз олами ҳақиқати куллия (олами илоҳӣ) тангтару маҳдудтар аст, ба ҳамин ҷиҳат, олами хаёл руҳро ғамгин месозад.

Нукта: “Хаёл” маҳсули яке аз ҳавосси ботинӣ аст, ки қудамо ба он “мутахайила” мегуфтанд. Ва кори ин қувва ин аст, ки додаҳои ҳавосси зоҳирро бигирад, ва он чи аз қувваи воҳима гирифта дарҳам биёмезад, ба таъмими мафоҳим бипардозад.

Аммо дар миёни ҳукамо, бархе ба таҷарруди хаёл ақида надоштанд, аз он ҷумла Ибни Сино. Аммо Шайхи Ишроқ ва ҷамоате аз мутааххирон назири Шайхи Баҳоӣ ва шогирдаш Мулло Садро, қувваи хаёлро муҷаррад донистаанд. Ва аммо манзур аз маломатангез будан ва ғамофарин будани хаёл, хаёлоти фосида аст, ки ҳиҷоби руҳ аст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.899)

Боз ҳастӣ тангтар буд аз хаёл,

З-он шавад дар вай қамарҳо чун ҳилол.

Боз ҳамин ҷаҳони моддӣ низ аз хаёл тангтар аст (зеро ҷаҳони модда дорои имтидоду тазоҳуми ашё аст), ба ҳамин далел аст, ки вақте курае муқобили моҳ меистад, мо онро ба сурати ҳилол мушоҳида мекунем. Дар ҳоле, ки моҳ, куравишакл аст.

Боз ҳастийи ҷаҳони ҳиссу ранг

Тангтар омад, ки зиндонест танг.

Боз ин ҷаҳони маҳсусу омехта ба рангу касрат, аз ин олами моддӣ низ, ки комилан машҳуд аст, тангтар менумояд. Зеро олами ҳисс зиндоне тангу торик аст.

Нукта: Мурод аз ҷаҳони “ҳиссу ранг” аразҳо ва ё лояҳои сатҳии табиат аст, ки нисбат ба кулли ҷаҳони моддӣ, маҳдудтару тангтар аст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.900)

Иллати тангист таркибу адад,

Ҷониби таркиб ҳисҳо мекашад.

Иллату сабаби аслии ин тангиву фишор, таркибу адад аст. Яъне каммийятҳои муттасилу мунфасил бар ин ҷаҳон ҳукмфармост. Мисроъи дуввум ҷавоби суоли муқаддаре аст, ки гӯяд: ҳол, ки олами маҳкум ба аъдоду каммийёт ин қадр тангу маҳдуд аст, пас чӣ омиле инсонро ба олами каммийёту аъдод мекашонад? Посух: ҳавосси инсон ӯро ба сӯи ин олам ҷазб мекунанд, пас ҳар гоҳ ки инсон мехоҳад аз ин қафас раҳо шавад ва ба олами ваҳдат бирасад, ин ҳавосс бо ресмонҳои худ ӯро ба ин олам мекашонад.

З-он суйи ҳис олами тавҳид дон,

Гар яке хоҳӣ, бад-он ҷониб бирон.

Бидон, ки он сӯи олами ҳиссу сурат, олами ваҳдат қарор дорад, ҳол агар ваҳдату яктоиро мехоҳӣ, бояд маркаби ишқро бад-он сӯ биронӣ.

Амри “кун”, як феъл буду “нуну коф”,

Дар сухан афтоду маънӣ буд соф.

Ба унвони мисол, феъли амри “кун” (бош), як феъл аст, ҳарчанд ки ҳуруфи он, бар ҳасби зоҳир ва аз ҷанбаи сурати калом, мухталиф аст, вале дар маъно, софу орӣ аз касрату тазодд аст. (Ҳамин тавр зоти Ҳақ бар ҳасби ҳақиқат, яке аст, вале бар ҳасби зуҳур, таъаддуду такассур пайдо кардааст. (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.336)

Ин сухан поён надорад, бозгард,

То чӣ шуд аҳволи гург андар набард?

Албатта, ин ҳақоиқе, ки бар забон рондам, поёнпазир нест, бозгард ба достон ва бигӯ, ки гург чӣ шуд ва кораш дар набард ба куҷо расид?

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: