Перейти к содержимому

Инқилоби Тунис ҳаштсола шуд; дастовардҳои муваффақ бо вуҷуди идомаи бӯҳронҳо

Ҳашт сол аз инқилоби мардумии Тунис гузашт ва бо вуҷуди авзоъи иқтисодӣ ва иҷтимоии нобасомони он ба хусус бӯҳрони бекорӣ ва афзоиши таваррум, аммо демукросии навпойи он ҳамчунон ба масири худ идома медиҳад.

Ба гузориши шабакаи Алҷазира, 17 декабр, устони Сайиди Бузейд ҳаштумин солрӯзи оғози инқилоби мардумиро, ки ҷараққаҳои он баъд аз худсӯзии Муҳаммад Буазизӣ зада шуд, ҷашн гирифт, аммо ҳамзамон бо он, шуморе аз мӯътаризон низ ба бекорӣ ва авзоъи нобасомони маишатӣ эътироз карданд.

Бо наздик шудан ба ҳаштумин солрӯзи фирори Зайнулобидин бен Алӣ, раисиҷумҳури пешин ва фирории Тунис дар таърихи 14 январ, ки имрӯзҳо дар Арабистони Саудӣ ба сар мебарад, шумори зиёде аз мардуми Тунис ҳамонанди ҳар сол барои нишон додани шодии худ, дар хиёбони Ҳабиб Бурқиба таҷаммӯъ хоҳанд кард.

Мунҷи Арраҳавӣ, аз ҷабҳаи чапгарои Ашшаъбия, дар мусоҳиба бо шабакаи Алҷазира дар ин бора мегӯяд, ки бо вуҷуди гузашти ҳашт сол аз суқути диктотур, ҳамчунон ҳамон масоил ва мушкилот побарҷост ва далели он ҳам шикасти давлатҳо барои бароварда кардани ниёзҳои миллат, аз иштиғол, тавсиъа ва адолат аст.

Аз замони оғози инқилоби Тунис, ин кишвар то кунун рушди иқтисодии қобили таваҷҷӯҳе надоштааст ва дар беҳтарин ҳолат тавлиди нохолиси дохилии он 2.6 дарсад рушд доштааст, ки рақами бисёр поине аст, чаро ки ин кишвар танҳо тавониста бахше аз мушкили бекорӣ, ки нархи он 15.5 дарсад эълом шуда, ҳал намояд.

Дар ҳоли ҳозир Тунис барои таъмини будҷаи соли ояндаи худ, ба дарёфти ҳудуди 10 милёрд динор (се милёрд дулор) вом ниёз дорад ва барои ин манзур ба Сандуқи байналмилалии пул муроҷиа кардааст.

Юсуф Ашшоҳид, нахуствазири Тунис низ бо ишора ба авзоъи душвори молӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, ӯҳдадор шудааст, ки мушкили бекорӣ ва гарониро ҳал карда ва мизони бадеҳиҳоро коҳиш диҳад.

Илова бар авзоъи муташанниҷи иқтисодӣ ва афзоиши мизони таваррум ва гаронӣ, Тунис бо эътирози коркунони бахши давлатӣ ва устодон ва муаллимоне, ки хоҳони афзоиши ҳуқуқ ва имтиёзҳои худ ҳастанд, мувоҷеҳ аст.

* * *

Кашмакашҳои сиёсӣ

Саҳнаи сиёсии Тунис низ ин рӯзҳо шоҳиди кашмакашҳое аст, ки намуди онро дар низоъ байни Албоҷӣ Қоид Асибсӣ, раисиҷумҳур ва Юсуф Ашшоҳид, нахуствазири вобаста ба Ҷунбиши Аннаҳза метавон дид.

Дар пайи пойбандии Ҷунбиши Аннаҳза ба боқӣ мондани давлат ва мухолифат бо салби эътимод аз Ашшоҳид дар порлумон, раисиҷумҳур Асибсӣ поёни тавофуқ байни Ҳизби нидои Тунис ва Аннаҳза, ки дар соли 2014 имзо шуда буд, эълом кард.

Пас аз он низ бо эъмоли фишори Асибсӣ бар Ашшоҳид барои канорагирӣ аз мақомаш чизе намонда буд, ки кишвар вориди як бӯҳрони сиёсӣ шавад, аммо иҷрои тағйироти вазоратӣ дар дохили давлат ва гирифтани раъйи эътимод аз порлумон, бори дигар суботро ба кишвар бозгардонд.

Бархе маҳофили сиёсӣ низ мегӯянд, ки Ашшоҳид дар интихоботи риёсати ҷумҳурии соли 2019 номзад хоҳад шуд, дар ҳоле, ки низоъ байни ӯ бо Асибсӣ ва писараш Ҳофиз ва бархе дигар аз раҳбарони Ҳизби нидои Тунис идома дорад.

Ахиран низ ба дунболи иттиҳомзании ҷабҳаи Ашшаъбия (опозисиюн) ба Ҷунбиши Аннаҳза, танишҳои сиёсӣ бори дигар шиддат гирифт.

Муҳаммад бен Солим, намояндаи порлумон аз Ҷунбиши Аннаҳза дар мусоҳиба бо Алҷазира мегӯяд, ки ҳадаф аз ин иттиҳомот, бадном кардани Ҷунбиши Аннаҳза ва зарба задан ба раванди сиёсии кишвар бо наздик шудан ба интихобот аст.

Бо вуҷуди ин мушкилот аммо бисёре аз миллати Тунис ҳамчунон ба таҷрибаи демукросӣ дар кишварашон умедвор ҳастанд ва дар ҳамин иртибот Ғозӣ Ашшавошӣ, дабири кулли Ҷараёни демукросии Тунис, бар ин бовар аст, ки “инқилоб муҳимтарин чизе, ки ба мо эъто кард, озодӣ буд.”

Пас аз инқилоби соли 2011, Тунис муваффақ шуд нахустин интихоботи Кумитаи муассисони Қонуни асосиро баргузор кунад, ки ба дунболи он, Қонуни асосӣ дар соли 2014, ки бар ҳуқуқ ва озодиҳо таъкид дорад, тадвин шуд ва ҳамчунин ин кишвар бӯҳрони сиёсии амиқ дар соли 2013-ро пушти сар гузошт ва асли табодули мусолиматомези қудрат низ дар кишвар ниҳодина шуд, ба гунае, ки то кунун ҳафт давлат ташкил шудааст ва дар моҳи майи гузашта низ нахустин интихоботи Шӯрои шаҳр баргузор шуд.

Бо вуҷуди ин дастовардҳо, Тунис ҳамчунон бо чолишҳои сиёсии муҳимме мувоҷеҳ аст, ки шояд барҷастатарини он, интихоби аъзои Додгоҳи Қонуни асосӣ барои назорат барои қавонин, интихоби муҷаддади аъзои Кумитаи интихобот ва раиси он ҷиҳати баргузории интихоботи соли 2019 аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: