Перейти к содержимому

Ислом ва талаботи замона (30)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Мақоми ақл дар истинботи аҳкоми исломӣ (2)

Оё мафҳуми қазияҳо тағйир мекунад?

Масъалаи дуввуме, ки эшон (муҳандис Катироӣ) зикр кардаанд ин аст, ки мегӯянд:

Он чи мавриди гуфтугӯ ва тардид аст, мафоҳими калимот ва дар натиҷа мафоҳими қазияҳост, ки ба таносуби замон дар ҳаракату таҳаввул аст. Мафоҳим дар тағйиру таҳаввул аст ва дар натиҷа шакли қазияҳоро низ собит ва лоятағайяр ҳифз намекунад.”

Мегӯянд, шакли қазияҳо тағйир намекунад, вале мафҳуми қазияҳо тағйир мекунад; вақте, ки мафҳуми қазия фарқ кард, шакли он ба пайрави мафҳум тағйир мекунад. (Идома медиҳанд:)

Масалан, дуздӣ ва таҷовуз ба моли ғайр, дар ҳар ҳол накӯҳида ва маҳкум аст.”

Ин, шакли қазия: дуздӣ набояд бишавад. Мегӯяд, ин тағйир намекунад. Ҳеч вақт дар ҳеч ҷое шакли қазия иваз намешавад, яъне замоне нахоҳад омад, ки бигӯянд дуздӣ хуб аст. Вале худи мафҳум тағйир мекунад, яъне ин ки “дуздӣ чист? “ тағйир мекунад. Пас, ду ҷур тағйир аст: як вақт мо мегӯем ислом мегӯяд дуздӣ маҳкум аст ва дасти дузд бояд бурида шавад, замоне нахоҳад омад, ки бигӯянд дуздӣ хуб аст. Вале ин ки “дуздӣ чист? “ тағйир мекунад; дар замоне як маънӣ медиҳад ва дар замони дигар маънии дигар. (Идома медиҳанд:)

Аммо “дуздӣ чист” бо пешрафти замон ва такомули инсон ва бар ҳасби истинботе, ки фарҳангҳои мавлуди режимҳои сиёсӣ ва иқтисодии мухталиф аз он мекунанд, мухталиф аст. Яке аз бузургони мактаби иқтисодии мутамоил ба чап ва мароми иштирокӣ мегӯяд: “Моликият яъне дуздӣ” дар ҳоле, ки дар мактаби сармоядорӣ дуздӣ фаръ бар шинохтани асли моликият аст ва баъд аз қабули он метавонад мафҳум пайдо кунад.”

Шакли қазияҳо тағйир намекунад, вале ба истилоҳ мафҳуми мавзӯи қазияҳо ва мафҳуми маҳмули қазияҳо тағйир мекунад. Мисол ҳам ба дуздӣ зикр кардаанд. Оё ин ҳарф дуруст аст? Ба назари мо, ин ҳарф — ки хелеҳо ҳам онро гуфтаанд — як ҳарфи шоирона аст. Чун дар замони мо ҷузъи чизҳое, ки хеле мӯд аст, масъалаи тағйиру таҳаввул аст. Ҳар чиро, ки бигӯем мутағайиру мутаҳаввил аст, мисли ин аст, ки ҳарфи наве гуфтаем, аз ҷумла ин ки бигӯем: мафҳуми қазияҳо тағйир мекунад. Мо дар китоби “Усули фалсафа” рӯи ҳамин матлаб, ки тарафдорони мантиқи диалектик мегӯянд, ки ҳақиқат мутағайир аст, баҳс кардаем. Ду масъала аст: яке ин ки воқеият — яъне дунёи хориҷӣ — мутағайир аст. Дигар ин ки, ҳақиқат мутағайир аст, яъне қазияҳои мантиқии росту дуруст тағйир мекунад… Воқеият мутағайир аст, аммо ҳақиқат чӣ гуна метавонад мутағайир бошад? Яъне як қазияи росте, ки баён мекунем, дар тӯли замон, худаш тағйир бикунад! Мо мегӯем, ҳақоиқ агар ҳақоиқанд, барои ҳамеша ростанд, ва агар ҳақоиқ нестанд, барои ҳамеша дурӯғанд. Бале, мумкин аст башар чизеро замоне ҳақиқат бидонад, вале баъд бифаҳмад ҳақиқат набуда. Масалан, дар гузашта башар хаёл мекард, ки пайдоиши шабонарӯз аз гардиши хуршед ба даври замин аст. Инро ҳақиқат медонист, баъд фаҳмид иштибоҳ кардааст. Ин маънояш он нест, ки ҳақиқат мутағайир аст. “Мутағайир” яъне як асли собит ҳаст ва тағйир карда. Он чи ки дар гузашта мегуфтанд, аслан ҳақиқат набуд, иштибоҳ буд, на ин ки дар қадим ҳақиқат он буд ва имрӯз ин. Маънои “ҳақиқат мутағайир аст” ин аст, ки дар гузашта он ҳақиқат буд, имрӯз ин ҳақиқат аст ва ҳамон ҳақиқат худаш тағйир карда. На. Дар гузашта ҳам ҳақиқат он набуд; дар гузашта ҳам он ботил будааст.

Дар мисоли дуздӣ, оё воқеан мафҳуми дуздӣ фарқ мекунад ё истинботҳо фарқ мекунад? Истинботҳо, ки фарқ мекунад, маънояш ин нест, ки ҳамаи истинботҳо дуруст аст, вале як дурусти мутағайире аст. На. Мумкин аст даҳ истинбот роҷеъ ба як мафҳум дошта бошем ва яке аз онҳо дуруст бошад, нӯҳ тои дигар ғалат, ки ҳамеша ғалат буда ва ҳамеша ҳам ғалат хоҳад буд. Фақат яке аз онҳо дуруст аст. Мумкин аст мо дар як замон чизеро дуздӣ бидонем ва дар замони дигар надонем, вале ё он ки дар он замон дуздӣ медонем дуруст аст ва ин ки имрӯз дуздӣ намедонем ғалат, ва ё он замон, ки дуздӣ медонистем ғалат буд, ин замон, ки дуздӣ намедонем дуруст аст. На ин ки ҳар ду дуруст аст, вале ин ҳақиқат аст, ки тағйир карда, дуздӣ дар гузашта он буд, имрӯз ин шуда!

Мафҳуми дуздӣ як чиз аст. Дуздӣ яъне рубудани ҳаққи ғайр. Рубудани ҳаққи ғайр, асле аст, ки ҳеч вақт тағйир намекунад. Бале, мумкин аст замоне мо чизеро ҳаққи ғайр бидонем ва замони дигар надонем. Мумкин аст он рӯз ғалат истинбот карда будем ва истинботи имрӯз дуруст бошад, ё баръакс. Ё гоҳе худи ҳақ тағйир мекунад, ба ин маъно, ки маншаи дуздӣ тағйир мекунад. Боз дуздӣ иваз нашуда, он муҳтаво ва модда ҳам иваз нашудааст.

Эшон мегӯянд, яке аз тарафдорони мактаби чапгароён гуфтааст: моликият дуздӣ аст. Ман мегӯям, аслан чизе, ки ҳеч вақт наметавонад мафҳум дошта бошад, ҳамин ҳарф аст. Мумкин аст моликият ғалат бошад, аммо наметавонад дуздӣ бошад, чун дуздӣ яъне рубудани ҳаққи ғайр. Ин, фаръ бар моликият аст. Мумкин аст бигӯем моликият зулм ё маншаи зулм аст ва аслан бе асосу дурӯғ аст, вале наметавонед бигӯед моликият дуздӣ аст, чун дуздӣ яъне салби ҳаққе, ки ба ғайр таъаллуқ дорад, яъне ғайр, молики он аст. Агар моликият асосан дар ҳеч мавриде маънӣ надошта бошад — на фардӣ ва на иштирокӣ — ва асосан ҳеч кас молики ҳеч чизе набошад, қатъан дуздӣ маънӣ надорад.

Пас, ин ҷур нест, ки мафоҳими қазияҳо тағйир мекунад, масалан дар як рӯз чизе дуздӣ аст ва дар рӯзи дигар чизи дигар. Ҳол гирам, ки тағйир кунад. Ин, беҳтарин далел бар ин аст, ки қонуни ислом иваз намешавад. Қонуни ислом гуфтааст дуздӣ набояд бишавад. Шумо мегӯед, дар фалон рӯз он дуздӣ буд ва имрӯз ин. Бисёр хуб, мо, ки мегӯем вазъи аҳкоми ислом ба наҳви қазияҳои ҳақиқия аст, ҳаминҷо натиҷа медиҳад. Ислом мегӯяд: набояд ҳаққи ғайр рубуда шавад. Баъд шумо мегӯед: дар ҳазор сол пеш, фалон чиз рубудани ҳаққи ғайр буд, вале имрӯз тағйир карда, чизи дигар рубудани ҳаққи ғайр аст. Бисёр хуб, пас мавзӯи ҳукми ислом тағйир карда, на худи ҳукми ислом. Ин ҳамон чизе аст, ки мо мегӯем. Агар чунин чизе бошад, назари моро таъйид мекунад ва ишколе барои мо ба вуҷуд намеоварад. Мегӯянд:

Мактабҳои мухталиф бо фарҳангҳои мухталиф, истинботашон аз дуздӣ мухталиф аст.”

Агар мақсуд ин аст, ки дуздӣ мафҳумҳои мухталифе дорад ва дар ҳар миллате як мафҳум дорад, яъне як мафҳуми нисбӣ аст, пас дуздӣ, минҳои режимҳои иҷтимоӣ, мафҳуми мустақилле надорад, мо ин ҳарфро қабул надорем, ки дар кишварҳои сармоядорӣ дуздӣ як чиз аст ва дар кишварҳои ғайрисармоядорӣ чизи дигар, яъне воқеияти дуздӣ дар онҷо як чиз аст ва дар инҷо чизи дигар. Балки ду истинбот аст. Аз ин ду истинбот, яке дуруст аст ва дигаре ғалат. Ё он истинбот дуруст аст ва ин истинбот ғалат, ва ё баръакс, на ин ки чун ин ду истинбот фарқ мекунад, пас барои онҳо он дуздӣ аст ва барои инҳо ин.

Воқеияти матлаб ин аст, ки ё он ҳарф дуруст аст, ки “арзиш, сад дар сад мавлуди кор аст ва ғайр аз кор ҳеч чизи дигар эҷоди арзиш намекунад ва суде, ки сармоядор мебарад, дар воқеъ маҳсули кори коргар аст, чун муъодили он чи, ки бояд ба ӯ бидиҳад, намедиҳад, камтар медиҳад”, ва ё дуруст нест. Агар ин ҳарф дуруст аст, пас сармоядорӣ ба ҳар шакле, ки бошад воқеан дуздӣ аст, ҳол истинботаш ҳар чӣ бошад ғалат аст. На ин ки барои онҳо дуздӣ нест, барои инҳо дуздӣ аст. Аслан он ғалат аст. Ва агар ин ҳарф сад дар сад дуруст нест, ки арзишро фақат ва фақат кор эҷод мекунад ва ғайр аз кор ҳеч чизи дигаре арзиш эҷод намекунад, пас ин ки инҳо гуфтаанд: “сармоядори дуздӣ аст” ғалат аст; лоақал навъе аз сармоядорӣ — албатта на ҳар сармоядорӣ — мумкин аст дуздӣ набошад.

Пас, ба ин маъно мо наметавонем ин ҳарфро қабул кунем, ки чун истинботи миллатҳо мухталиф аст, пас дуздӣ дар миёни миллатҳо мухталиф аст. Дуздӣ воқеияташ мухталиф нест, яке аз он истинботҳо дуруст аст ва яке ғалат.

* * *

Мисоли дигар

Мисол дигаре зикр кардаанд, боз ба ҳамин ҷиҳат, ки мафоҳим ва дар воқеъ ҳақиқат тағйир мекунад, яъне ҳақиқат нисбӣ аст, ҳам дар тӯли замон ва ҳам дар миёни миллатҳо фарқ мекунад. Мегӯянд:

Масалан, шакл қазия ба таври куллӣ дуруст аст. Ғасби мол ва таҷовуз ба ҳаққи дигарон дар ҳар замон маҳкум аст, вале дар як замон хароб накардани хонаи гилӣ ва зишти бевазане дар муҷовирати қасри салтанатӣ, адолати чашмгир хонда мешавад, дар ҳоле, ки имрӯз тахриби чунин хонаҳои зишту номавзуне дар масири як умрон ва ё зебоии шаҳр, ғасби мол ва таҷовуз ба ғайр талаққӣ нашуда ва бо вазъи муқаррароти содда ва шароити хоссе, муҷоз шумурда мешавад…

Яъне чӣ? Яъне шумо мехоҳед бигӯед дар он замон, он кор дуруст буд ва ғайри он ғалат, ва дар замони мо ин кор дуруст аст ва он яке ғалат? Ё на, яке аз ин ду дуруст аст; агар ҳам дар он замон он ҷур истинбот мекарданд, иштибоҳ мекарданд. Ин, масъалаи ҳаққи фард ва ҳаққи иҷтимоъ аст. Як вақт касе мехоҳад хонаи гилии пиразанеро хароб кунад барои ин ки бар шукӯҳи боғи худаш бияфзояд; он замон ҳам кори ғалате буда, ин замон ҳам кори ғалате аст. Далел надорад, ки банда бихоҳам боғамро тавсиъа бидиҳам, ба хотири боғи ман, хонаи гилии пиразане хароб бишавад. Он замон ҳам хароб кардани он зулм буда, ин замон ҳам зулм аст. Вале як вақт ҳаст, ки маслиҳат, маслиҳати иҷтимоъ аст. Фарз кунед мехоҳанд хиёбоне бикашанд, ки маслиҳати шаҳр инчунин эҷоб мекунад, вагарна тамоми мардум дар заҳматанд. Ақл доир аст байни ин ки ҳаққи моликияти як пиразан ё пирамард — ҳар ки мехоҳад бошад — мӯҳтарам шумурда бишавад ё маслиҳати умум, ба ин маъно, ки хонаро хароб бикунанд ва пулашро бидиҳанд, ӯ ҳам биравад ҷойи дигар. Инҷо ақл мегӯяд, маслиҳати умум муқаддам аст. Ин чӣ рабте дорад ба ин ки “мафҳуми қазияҳо тағйир мекунад”? Ҳаргиз тағйир намекунад. Дар як шаклаш он замон ҳам ғалат буда, дар як шаклаш дар ин замон ҳам дуруст аст. Ин тавр нест, ки муҳтавои қазияҳо фарқ мекунад, то бигӯем дар он замон ҷуре буда ва дар ин замон ҷури дигаре бояд бошад.

Мисоли дигаре зикр мекунанд: “Амир Кабир хеле хубиҳо дошта, вале дар айни ҳол маъруф аст, ки хеле одами қасиюлқалбе будааст. Дар шарҳи ҳоли ӯ навиштаанд: рӯзе аз хиёбонҳои Теҳрон убур мекард, дид як олуфурӯш ва як сарбоз бо ҳамдигар каланҷор мераванд. Омад ҷилав пурсид: чӣ шуда? Олуфурӯш гуфт: ин сарбоз аз ман миқдоре олу гирифта, ҳоло, ки хӯрда пулашро намедиҳад. Амир бидуни ин ки истинтоқ ва муҳокимае кунад ва бибинад, ки ӯ шоҳиде дорад ё на, ё ба фарзи ин ки собит шуд шоҳид дорад ва муҷозоти ӯ чист, то ин ҳарфро шунид гуфт: шиками ин сарбозро пора кунед, бибинем ин олуҳо туи шикамаш ҳаст ё на. Шикамашро пора карданд.”

Эшон (муҳандис Катироӣ) мегӯянд: замоне ин кор адолат буд, вале имрӯз ваҳшигарӣ аст. (Мегӯем: на) дар ҳамон замон ҳам ин кор ваҳшигарӣ буд. Аҷаб ҳарфе аст! Ин чӣ истинботе аст?! Воқеан мардуми он замон, падарони мо дар он замон, ин корро адолат медонистанд?! Мегуфтанд Амири Кабир ба адолат рафтор карда?! Агар дар он замон ин корро адолат медонистанд, пас тамоми мардуми давраи Қоҷор қонунҳои исломро, ки мегӯяд то муддаӣ шоҳид наёварда ҳақ собит намешавад, бояд шоҳид биёварад, ва мункир масалан бояд қасам бихӯрад, баъд қазия чӣ ҷур ҳал мешавад, ва ба фарзи ин ки собит шуд, он вақт бояд бибинем он чи ки дуздӣ карда ё моли ғайре, ки хӯрда чӣ қадр аст, агар дуздӣ бошад, ба як ҳадди нисоби муайян, ки бирасад дасташро бибуранд, вагарна дасташро набуранд. Оре, агар дар он замон ин корро адолат медонистанд, пас мардуми давраи Қоҷор ҳамаи инҳоро золимона медонистанд ва мегуфтанд: ҳукми адолат ҳамони ҳукми Амири Кабир аст, тамоми онҳое, ки ислом гуфта золимона аст! Чунин нест. Кори Амири Кабир ваҳшиёна буда; он замон зулму ваҳшигарӣ буда, замони мо ҳам зулму ваҳшигарӣ аст. Ҳаргиз мафҳуми қазияҳо тағйир намекунад. Дар инҷо, ки ҳатто истинбот ҳам тағйир накарда, амали як фард будааст. Агар ҳам касе таҳсинаш мекарда, ба эътибори як сиёсатмадор буда. Матлаби дигаре зикр кардаанд, мегӯянд:

Дар замони Нодиршоҳи Афшор, сарбозе мости як зани рустоиро хӯрд ва пулашро напардохт. Зан шикоят назди Нодир бурд. Нодир фармон дод, шиками сарбозро пора кунанд, то агар пур аз мост буд, ки ҳеч, ба сазои хеш расидааст, ва агар набуд ва пиразан дурӯғ гуфта буд, масалан сари пиразанро ҷудо кунанд. Ин фармон як шоҳкори адолат ва расидагӣ ба тазаллумоти раият маҳсуб мешуд, аммо имрӯз ин аъмолро ваҳшиёна медонанд.

На. Дар ҳамон замон ҳам ин кор ваҳшиёна буд. Матлаби дигар:

Инки гуфта шуд қонунҳои ислом қонунҳои осмонӣ аст вале бегона аз шароит ва муҳити зиндагӣ вазъ нашудааст, балки бар асоси эҳтиёҷоту муқтазаёту ба таносуби масолеҳу мафосиди ҳамин зиндагии рӯзмарраи мардум ва мувофиқ бо ақлу мантиқ танзим шудааст ва наметавонад беиртибот бо салоҳу фасоди ҳаёти мардум ва ҷомеа бошад, ин матлаб дар мавриди аҳкоми мансусулъилла (яъне ҳукме, ки шариат худаш иллати онро баён карда) агар дуруст бошад, дар бораи аҳкоми мустанбатулъилла (яъне зукме, ки иллаташ тавассути худи фуқаҳо истинбот шуда) дуруст нест. Зеро иллати аслии вазъи аҳкоми мустанбатулъилла, ба дурустӣ равшан ва қобили итминон нест ва ба фақеҳ ҳаққу иҷоза намедиҳад, ки бо истинботи худ онро ба таносуби замон тағйир диҳад. Масалан, нӯшидани ҳар мускире (масткунандае) ҳаром аст, аммо хӯрдани ҳар гӯшти хуке бидуни зикри иллати он, мамнӯъ эълом шуда ва агар фақеҳе бихоҳад бо истинботи шахсии худаш дар мизон ва хусусиёти ҳурмати он ба таносуби замон дахолат кунад, роҳи хато рафтааст.”

Тафсире кардаанд, мегӯянд: баъзе аҳком мансусулъилла ҳастанд ва баъзе мустанбатулъилла. Албатта ҳамаи аҳком ин ҷур нест. Мегӯянд, аҳкоме, ки иллаташро кашф бикунем, баъзе мансусулъилла аст, яъне иллат ва фалсафаашро худи ислом зикр карда, ва баъзе дигар мустанбатулъилла аст, ислом далелашро зикр накарда, худи мо истинбот мекунем, ки далелаш ин бояд бошад. Гуфтаанд, дар ҷое, ки дастуре мансусулъилла аст, фуқаҳо ҳам аз он иллат пайравӣ мекунанд, вале дар ҷое, ки мустанбатулъилла аст, чун итминон надоранд, ки иллат чист, эҳтиёт мекунанд. Ду мисол зикр кардаанд: мускир ва гӯшти хук. Гуфтаанд: чун ислом гуфта шароб ба далели искораш ҳаром аст, фуқаҳо ҳар чиро, ки мускир бошад мегӯянд ҳаром аст, ва ҳар чиро ҳам, ки мускир набошад мегӯянд ҳалол аст. Аммо дар боби гӯшти хук чун ислом далелашро зикр накарда, агар мо далелашро ҳам ба даст биёварем ва дар рафъаш бикӯшем, боз ҳукми ҳурмат ба ҷои худ боқӣ аст. Эшон қаблан дар баҳсашон гуфтанд, ки имрӯз маълум шуда маншаи ҳурмати гӯшти хук “тришин” аст, ки имрӯз онро аз байн мебаранд, вале дар айни ҳол шумо аз ҳар фақеҳе бипурсед гӯшти хуки ислоҳшуда ҳалол аст ё на? Боз ҷуръат намекунад бигӯяд ҳалол аст.

Худашон ҷавоби худашонро додаанд ва мо арз кардем, фарқ аст миёни кашфи қотеъи ақлу илм, ва кашфи эҳтимолӣ. На танҳо аз фақеҳ, аз худи оқои муҳандис Катироӣ ҳам агар бипурсем: оё шумо яқин доред, ки танҳо иллати ҳурмати гӯшти хук ҳамин аст ва ҳеч иллати дигаре надорад ё на? Хоҳанд гуфт: яқин надорем, вале ҳадс мезанем ҳамин бошад. Фақеҳ ҳам мисли мост. Агар барои фақеҳ аз ҳар роҳе сад дар сад муҳраз бишавад, ки иллати мунҳасири ҳурмат ҳамин аст, қатъан фатво ба ҳиллияташ медиҳад. Агар мебинед, ки фақеҳ фатво намедиҳад, чун ӯ ҳам мисли шумо, агар аз ӯ бипурсанд мегӯяд: ба гумонам ҳамин тавр бошад, вале яқин надорам, чӣ медонем шояд сад соли дигар илм омад як чизи дигар ҳам кашф кард, мо наметавонем яқин пайдо кунем. Пас, маншаъаш ин аст, ки ақл ҳанӯз дар кори худаш мураддад аст ва натавониста кашф кунад, ки иллати мунҳасир ин аст.

Мо наметавонем ба фуқаҳои имрӯз айб бигирем, ки шумо мегӯед ақл як далели истинбот аст, пас чаро бо кашфе, ки имрӯз шуда, ба ҳиллияти гӯшти хук фатво намедиҳед? Ӯ ҳам мегӯяд: мо аз худи ақл мепурсем, ки ҷаноби ақл! Ҷаноби илм! Оё ту далели қотеъ дорӣ, ки ғайр аз ин чизи дигаре вуҷуд надорад ва дар оянда ҳам кашф нахоҳад шуд? Ё мегӯед, мо инро феълан кашф кардаем, шояд чизи дигаре ҳам бошад? Бинобар ин, ин ҷур чизҳо нақзе бар баёне, ки мо арз кардем нест. (Идома медиҳанд:)

Зоҳиран чунин чизе дар ислом нест, ки падар, бидуни касби мувофиқати духтараш, ӯро ба издивоҷи касе дарбиёварад. Мегӯянд, духтаре ба ҳазрати Пайғамбар шикоят кард, ки падарам бидуни мувофиқати ман мехоҳад маро ба касе бидиҳад. Пайғамбар фармуд: ту розӣ ҳастӣ? Гуфт: на. Фармуд: бирав, ӯ бехуд мегӯяд.”

Ду масъала аст: яке ин ки оё падар бар духтари кабир вилоят дорад ё на? Бидуни шак вилоят надорад, яъне ихтиёр бо худи духтар аст. Аммо ин баҳс, ҳам дар аҳодис ва ҳам дар фатвоҳо мавриди ихтилоф аст, ки дар мавриди духтари бокира оё иҷозаи падар ҳам шарт аст ё на? Яъне гузашта аз ин ки худаш бояд розӣ бошад, оё иҷозаи падар ҳам шарт аст ё на? Баъзе мегӯянд шарт аст, баъзе мегӯянд шарт нест. Вале дар ин ки падар мустақиллан наметавонад тасмим бигирад, баҳсе нест.

Оқои муҳандис Катироӣ суолашон дар мавриди мавзӯъи дигаре буд, ва он ин ки мегӯянд, падар бар фарзанд — чӣ писар ва чӣ духтар — агар сағир бошад, вилоят дорад. Падар валии фарзандонаш аст. Имрӯз ҳам тақрибан дар ҳамаи масоил, вилояти падар қабул шудааст. Дар моли фарзанд, ки ҳеч шакке нест. Бачча ҳақ надорад дар бонк пул бигузорад, валиаш бояд бигузорад. Вақте ҳам мехоҳад бигирад, боз худаш ҳақ надорад бигирад, валиаш мегирад.

Ин валӣ, вакили шаръии ӯст, вакиле, ки Худо қарор дода, на ин ки худаш вакил карда бошад. Он гоҳ ин баҳс матраҳ аст, ки оё валӣ, ки дар мол ва дигар шуъуни фарзанд вилоят дорад, дар издивоҷаш ҳам вилоят дорад ё на? Яъне оё метавонад барои баччаи сағири худаш зан ақд кунад, ки дар натиҷа вақте болиғ шуд, зани ин писар ё шавҳари ин духтар хоҳад буд? Инҷо фуқаҳо мегӯянд, бале ҳақ дорад, метавонад ин корро бикунад.

Эроди оқои муҳандис ин буд, ки дар мавриди писар мушкили чандоне нест, чун талоқ бо ӯст; вақте, ки болиғ шуд, агар дилаш хост, он занро нигаҳдорӣ мекунад, нахост талоқаш медиҳад. Ишкол дар бораи духтар аст, ки агар падар бо вилояти худаш, барои ӯ шавҳар интихоб кунад, вақте, ки болиғ шуд, иҷборан бояд шавҳареро, ки худаш интихоб накарда қабул кунад ва ҳаққи талоқ ҳам бо ӯ нест ва ин як ҳукми золимона аст.

* * *

Талоқи қазоӣ

Арз кунам вилояте, ки падар дорад, вилояти мутлақ нест. Дар мол ҳам ҳамин ҷур аст. Яъне падар, ки валии фарзанд аст, мисли вакил аст. Вакил бояд бар тибқи масолеҳи муваккилаш амал кунад, валӣ ҳам бояд бар тибқи масолеҳи фарзандонаш амал кунад. Фарз кунед маслиҳати хоссе пайдо шуда, ки падар мебинад алъон маслиҳати ин писари сағир эҷоб мекунад, ки ин занро барояш ақд кунад ё маслиҳати ин духтари сағир эҷоб мекунад, ки ӯро шавҳар бидиҳад, вале барои риояти маслиҳат метавонад чунин кунад, на дилбахоҳӣ. Баъд ин масъала пеш меояд, ки бисёр хуб, валӣ бар асоси маслиҳате, ки худаш фикр мекунад, ин корро кард. Аммо духтар вақте, ки бузург шуд, мебинад ин издивоҷ мутобиқи маслиҳаташ нест. Тоза мешавад мисли хеле издивоҷҳое, ки худи духтарҳо тасмим мегиранд, баъд ҳам пушаймон мешаванд. Ин ишколе аст, ки дар тамоми талоқҳо вуҷуд дорад. Ҳол агар духтаре мисли ҳазорон духтари дигар як дил на сад дил ошиқи касе шуд ва алорағми ҳамаи тавсияҳо издивоҷ кард, баъд фаҳмид сад дар сад иштибоҳ карда, таклиф чист?

Мо ин мавзӯъро дар мақолоте, ки замоне дар “Зани рӯз” менавиштем баҳс карда ва гуфтаем, ки дуруст аст, ки ислом ҳаққи талоқро ба зан надодааст — ки рӯи як асоси мантиқӣ хеле аҷибе ҳам ҳаст — вале мавориде ҳам дорем, ки ба онҳо “талоқи қазоӣ” гуфта мешавад, яъне агар дар ҷое издивоҷ ба шакле даромад, ки дигар маслиҳати хонавода ин нест, ки паймони заношӯӣ боқӣ бимонад ва мард ҳам лаҷоҷат мекунад ва занро талоқ намедиҳад, ҳокими шаръӣ метавонад занро талоқ бидиҳад. Дигар фарқ намекунад, ки ин зан бо ихтиёри худаш ҳамсари ин мард шуда ё падараш рӯи маслиҳате, ки воқеан ташхис медода ӯро ба ақди вай даровардааст.

Пас, тоза матлаб мунтаҳӣ мешавад ба талоқи қазоӣ. Ин ҷур нест, ки роҳ сад дар сад баста шуда бошад. Албатта ман иқрор ва эътироф мекунам, ки фуқаҳо дар мавриди талоқи қазоӣ ҳамеша ҳарфашро мезананд, вале амалан дармераванд. Хеле кам иттифоқ афтода мавориде, ки як фақеҳ ба он вилояти фақеҳонае, ки дорад, амал карда бошад. Худи фақеҳ дар мавориди хоссе навъе вилоят дорад. Бисёре — ҳатто аз муосирин  мо — ин фатворо сареҳ гуфтаанд, вале дар амал кам иттифоқ афтода.

Ин қазияро марҳум оқо Мирзо Сайидалии Кошӣ, ки аҳли Кошон буд, аз падараш — ки шогирди марҳум Мирзои Шерозӣ буда — дар ҳамин Теҳрон нақл кард, ки дар замони Мирзои Шерозӣ зану шавҳаре буданд — зоҳиран шавҳар руҳонӣ ва аҳли илм буда — ки кори издивоҷашон ба шиқоқ (ихтилоф) кашида шуда буд ва ҳар чӣ мекарданд, ислоҳ намешуд. Доиман ҳам меомаданд назди марҳуми Мирзо шикоят мекарданд. Марҳуми Мирзо афроди зиёдеро маъмур карда буд, ки биравед коре кунед, ки онҳо ислоҳ кунанд, вале охираш нашуд. Бар Мирзо мӯҳраз шуд, ки ин шиқоқу ихтилоф дигар қобили ислоҳ нест. Рӯзе дар ҳоле, ки Мирзо омодаи дарс буд ва шогирдҳо ҳама ҷамъ шуда буданд, якмартиба ин зан омад доду фарёд кард. Маълум шуд боз ҷанге байнашон шурӯъ шуда. Марҳуми Мирзо ҳамонҷо ба марҳум оқои Садр — ки ағлаб ба ӯ мегуфта биравед ин корро ислоҳ кунед — гуфт: оқо, бирав талоқашро бидеҳ. Марҳум оқои Садр хаёл кард эшон мехоҳад бигӯяд бирав шавҳарашро розӣ кун. Гуфт: оқо, ман ҳар коре мекунам, розӣ намешавад. Гуфт: намехоҳад, лузуме надорад, бирав ман мегӯям. Рафту талоқаш дод.

Бинобар ин, тоза масъала мунтаҳӣ мешавад ба талоқи қазоӣ. Эшон бар ин асос эрод гирифтаанд, ки падар ба ҳукми вилояте, ки дорад ҳар ҷур дилаш хост як коре анҷом медиҳад, баъд издивоҷ ба ҳар сурате, ки даромад бояд барои абад боқӣ бимонад ва ин кор зидди ақл ва зидди мантиқ аст. На, мо чизе ба ин сурат надорем.

— Қарор шуд оқои Катироӣ масодиқро бигӯянд, ки нагуфтанд.

Суол: молиёти исломӣ закот аст ва маворидаш ҳам мушаххас аст, ки ба қавли яке аз руфақо: фуқаҳо утулро вел карданд, шутурро гирифтанд. Оё бо таваҷҷӯҳ ба пешрафти замон ва илму текник ва иқтисод, дуруст аст, ки закот ба ҳамин сурат боқӣ бимонад ва тағйире дар он эҷод нашавад?

Ман чандин сол аст, ки рӯи ин мавзӯъ фикр ва кор кардаам. Мутаассифона ёддоштҳоям алъон дар Машҳад аст.

Шумо ҳар чи, ки метавонед, мисол пайдо кунед. Ин баҳсҳои куллӣ ба ҷое намерасад. Умда, мисолҳост. Ин мисоле, ки ҷаноби олӣ гуфтед, мисоли тозае нест. Инҷо аз назари ақлӣ каме норасоӣ вуҷуд дорад. Шумо мегӯед: молиёти ислом закот аст. Ислом гуфта закот. Куҷои ислом гуфта закот молиёт аст? Шумо чӣ медонед, ки ислом закотро ба унвони молиёт вазъ кардааст? Баъд мегӯед чун онро ба унвони молиёт вазъ карда, чаро бар нӯҳ чиз вазъ карда ва масалан бар утумобил вазъ накардааст?

Закот молиёт нест. Закот дар мавриди чизҳое вазъ шуда, ки инсон онҳоро бо кӯмаки табиат ба вуҷуд меоварад, он ҳам табиати саҳлу содда, яъне инсон нисбатан кори каме анҷом медиҳад ва табиат кори бештарро анҷом медиҳад ва маҳсулро муфту ройгон дар ихтиёри инсон мегузорад. Масалан, гандум, ки инсон ба вуҷуд меоварад, дар қисмати каме фикру амали ӯ дахолат дорад, қисмати бештари фаъолият табиат аст. Аз ин рӯ ислом ба инсон мегӯяд, инҷо, ки аз саховати табиат истифода мекунӣ, миқдоре аз онро бояд дар роҳҳои дигаре бидиҳӣ. Инҷо агар чизе бо мавориди закот қобили қиёс бошад, мавориди дигаре мисли биринҷ аст: чаро гандум бояд закот дошта бошад ва биринҷ надошта бошад? Ин масъала дар собиқ ҳам матраҳ буда. Дар ҷавоб гуфтаанд, он соддагӣ, ки дар мавориди закот ҳаст, дар биринҷ нест, яъне ба он соддаӣ, ки гандум ба даст меояд, биринҷ ба даст намеояд, биринҷ кори зиёде мебарад, ва закот дар воқеъ ба ин иллат аст, ки як миқдор аз чизеро, ки табиат ройгон дар ихтиёрат мегузорад, ба дигарон бидиҳӣ.

Масъалаи молиёт мавзӯи дигаре аст. Он, амри собите нест; амре мутағайир ва аз ихтиёроти ҳукуматӣ аст. Ислом, ки нагуфта фақат ба унвони закот бигиред ва ба ғайр аз унвони закот ҳақ надоред чизе аз мардум бигиред. Вазъи молиёт, аз ихтиёроти ҳокими шаръӣ аст. Ӯ дар ҳар замоне метавонад барои ҳар чизе утумобил, ғайри утумобил, ҳар чӣ бошад бар тибқи маслиҳате, ки эҷоб мекунад, молиёт вазъ кунад. Ин рабте ба закот надорад.

Бинобар ин, ин дуро набояд бо ҳамдигар муқоиса кард, ки: закот молиёти ислом аст ва дар ғайри ин маворид ҳам закоте нест, пас дар ғайри ин маворид молиёте нест, пас ислом чӣ гуна метавонад бо ин закотҳо кишварро идора кунад?

* * *

Ихтиёроти васеъи ҳокими шаръӣ

Тоза, дар мавриди закот ҳам ин масъала матраҳ аст, ки оё ҳукумати исломӣ метавонад чизи дигареро — ҳарчанд ба номи закот — вазъ кунад ё на? Бале, метавонад. Амирулмӯъминин дар замони ҳукуматашон барои асб закот вазъ карданд ва ин аз мусалламот аст. Фуқаҳои баъд ду ҷур истинбот карданд. Баъзе гуфтанд, закоти асб мутлақан мустаҳаб аст ва Амирулмӯъминин онро мустаҳаб гирифтаанд. Вале дигарон ҷури дигар истинбот карданд, гуфтанд: вазъияти асб ва асбдорӣ ҷуре буд, ки Амирулмӯъминин ба ҳасби маслиҳати он замон, аз ихтиёроте, ки ба унвони як валии амри шаръӣ доштанд истифода карданд ва закоти асбро вазъ карданд. Мумкин аст замони дигаре мушобеҳи замони эшон бошад, ки боз закоти асб воҷиб мешавад, ва мумкин аст тағйир кунад ва закоти асб воҷиб набошад.

Пас, ҳатто ҳокими шаръӣ метавонад дар мавориди махсусе чизҳои дигареро ҳам машмули закот кунад. Агар мо он нӯҳ чизро ба унвони усули собит қабул бикунем — ки баъзеҳо дар ҳамонаш ҳам тардид доранд — маънояш ин аст, ки он нӯҳ чиз ба ҳар ҳол дар ҳамаи замонҳо закот дорад ва ҳокими исломӣ наметавонад онро каму зиёд кунад; он собит аст ва ғайри он дар ихтиёри ҳокими исломӣ яъне дар ихтиёри масолеҳи исломӣ аст. Агар маслиҳат эҷоб кард барои утумобил ҳам ба қавли шумо закот вазъ мекунад, дар сурате, ки утумобил аз он навъ нест, ё барои маҳсули дигаре масалан чуғундари қанд. Вале он дар ихтиёри ҳокими исломӣ аст ва мо баъд хоҳем гуфт, ки яке аз омилҳое, ки кори интибоқи ислом бо муқтазаёти замон ва ба иборати беҳтар, бо ниёзмандиҳои замонро осон мекунад, ихтиёроти бисёр васеъе аст, ки худи ислом ба ҳокими шаръӣ дода. Далелаш худи корҳои Пайғамбар аст. Пайғамбари Акрам (с) бисёре аз корҳоро ба ҳукми ихтиёроте, ки ба ӯ ба унвони соҳиби мусалмонон дода шуда, анҷом медод ва аз ин рӯ хеле чизҳоро дар фосилаҳои мухталиф наҳй мекард, амр мекард, боз наҳй мекард ва боз амр мекард. Ихтиёр дошт, ҳеч кас ҳам намегуфт, ки ин “насх” аст, мисли масъалаи мутъа. Ба иттифоқи шиъа ва суннӣ, Пайғамбар дар замони худаш мутъаро якҷо иҷоза дод, якҷо манъ кард, боз якҷо иҷоза дод, якҷо манъ кард. Сунниҳо ҳам инро қабул доранд. Далелаш ин аст, ки асли ин кор ҷоиз аст, вале ҳоким якҷо метавонад иҷоза бидиҳад, ки анҷом бидиҳед, якҷо ҳам бигӯяд анҷом надиҳед. Якҷо мавриди эҳтиёҷ буда, иҷоза дода. Ҷои дигар эҳтиёҷ набуда, сирф шаҳватронӣ буда, Пайғамбар иҷоза надодааст.

Пас, мавзӯи ихтиёроти васеъи ҳоким роҳе аст, ки ислом дар батни худаш қарор дода барои осон будани интибоқ бо ниёзҳои воқеӣ, на бо писандҳо, ки ҳамеша ин ду бо ҳам иштибоҳ мешаванд ва мо ба ғалат писанди замонро миқёс мегирем. Дине, ки бо писанди мардум бихоҳад интибоқ пайдо кунад, дин нест, ҳамон

وَلَو اتَّبَعَ الْحَقُّ أَهْوَائَهُمْ

(Сураи Мӯъминун, ояти 71) аст. Дин омада, ки писандҳоро бар асоси ниёзҳо бо дастуроти худ татбиқ диҳад, вале худаш ҳам бояд бо ниёзҳои воқеӣ ва фитрӣ ҳамоҳанг бошад.

— Барои ҷилавгирӣ аз ин навъ тасодуфҳо ва тазоддҳо чӣ фикре дар ислом шудааст?

Роҳаш равшан аст. Вақте, ки мо мегӯем ақл, маънояш ин нест, ки ҳар касе биншинад бо худаш хаёле бикунад ва баъд бигӯяд: ақли ман ин ҷур ҳукм мекунад; ҳамон тавр, ки дар соири масоил мебинед як чизе методи илмӣ дорад, рӯи методи илмӣ бояд амал бишавад, вагарна ишколоте ба вуҷуд меояд. Ман дастури он роҳеро, ки дар ислом вуҷуд дорад арз мекунам ва ба роҳе, ки амал мешавад — ва ноқис аст — коре надорам.

Мисоле арз мекунам. Мехоҳам бигӯям нақсе аст, ки дар дастгоҳи мо — ҳам руҳоният ва ҳам ғайри руҳонияти мо — вуҷуд дорад. Марҳум оқои Буруҷердӣ фатвое дошт дар он чи ки маъруф аст ба “либоси машкук”. Мақсуд ин аст, ки чизҳое ҳаст, ки намешавад дар намоз ҳамроҳи инсон бошад, яъне намешавад чизе, ки аз аҷзои ҳайвони ҳаромгӯшт аст, дар намоз бо инсон бошад. Масалан, агар дар бадани инсон мӯи гурба бошад, намоз дуруст нест. Масъалаи дигар ин ки агар чизеро мо намедонем аз чӣ сохта шуда, ҳайвонӣ аст ё ғайриҳайвонӣ, ва агар ҳайвонӣ аст оё аз ҳайвони ҳаромгӯшт аст ё ҳалолгӯшт, инҷо таклиф чист? Ағлаби уламо фатвояшон ин аст, ки вақте намедонем, монеъе надорад. Оқои Буруҷердӣ фатвояшон бар эҳтиёт буд; мегуфтанд: агар намедонем, бояд эҳтиёт кард. Худаш ҳам эҳтиёт мекард. Эшон дандони ория дошт. Вақти намоз, ки мешуд, онро бармедошт. Пурсиданд: оқо чаро дандонро бармедоред? Маълум шуд бар мабнои ҳамин фатво амал мекунанд, гуфтанд: ман намедонам дандонро аз чӣ месозанд, моддае, ки ин дандонро месозанд чист? Аз як пизишк пурсида буд, ки ҳайвонӣ аст ё ғайриҳайвонӣ? Ӯ гуфта буд дохилаш ҳайвонӣ омехта дорад. Баъд, аз касоне дигар пурсиданд. Билохира гуфтанд: ин ҳама, ки мо аз афрод пурсидем, охираш нафаҳмидем, ки ин ҳайвонӣ аст ё ғайриҳайвонӣ.

Матлаб, хеле муаммое нест, ки бояд масалан дар Омрико онро ҳал карда бошанд. Ҳамаи дандонпизишкҳо ва дандонсозҳо медонанд, ки инҳоро аз чӣ месозанд. Ҳол ё таҳқиқи оқои Буруҷердӣ кофӣ набуда ва ё афроде, ки эшон ба онҳо муроҷеа кардаанд, маълумоти кофӣ надоштаанд. Ба ҳар ҳол эрод ба системи исломӣ нест.

Асосан вазифаи муҷтаҳид ҳам нест, ки фатво бидиҳад намоз хондан бо дандони маснуъӣ ҷоиз аст ё ҷоиз нест. Муҷтаҳид бояд фатво бидиҳад, ки намоз бо аҷзои ҳайвони ғайримаъкулуллаҳм ҷоиз нест. Баъд агар аз ҳамон муҷтаҳид суол кунанд, ки намоз хондан бо дандони маснуъӣ чӣ тавр аст? Бояд бигӯяд: бирав аз мутахассисон бипурс, ки оё дар ин, аз аҷзои ҳайвони ғайримаъкулуллаҳм вуҷуд дорад ё на? Агар гуфтанд вуҷуд дорад, нахон. Агар гуфтанд вуҷуд надорад, бихон. Ин дигар вазифаи муҷтаҳид нест. Агар ҳам муҷтаҳид фатво бидиҳад, дар ин ҷиҳат муқаллиди мутахассис аст. Агар муҷтаҳид як рӯз бигӯяд, ки ҷоиз аст, аз мутахассисҳое тақлид карда, ки гуфтаанд дар он чунин чизе нест.

Масъалаи алкули санъатӣ ҳам ҳамин аст. Аслан ин масъала ба муҷтаҳидон марбут нест. Ҳукми ислом ин аст, ки хӯрдани ҳар мойеъи масткунандае ҳаром аст ва аксар мӯътақиданд, ки наҷис ҳам ҳаст. Ҳол фалон муҷтаҳид фатво медиҳад, ки ҳар мойеъи масткунандае хӯрданаш ҳаром аст ва наҷис ҳам ҳаст. Оё алкули санъатӣ мойеъи қобили шурбу масткунанда ҳаст ё нест? Ташхиси ин бо фақеҳ нест, бо дигарон аст. Инҷо агар мебинед фатвоҳо мухталиф аст, дар воқеъ мухталиф нест. Муҷтаҳиде, ки гузоришҳои расида ба ӯ ин аст, ки алкули санъатӣ бо алкули ғайрисанъатӣ ҳеч фарқ намекунад, хусусиёташ ҳамон аст айни ҳаманд, гуфта: наҷис ва ҳаром аст. Он дигаре, ки ба ӯ гузориш расида, ки ин як чизи дигар ва мавзӯи дигаре аст, қобили шурбу масткунанда нест, чизи дигаре гуфта. Ба ҳар ҳол инҳо ба муҷтаҳид марбут нест, вазифаи мутахассисин аст. Дар ҳар сурат агар нақсе бошад, нақс дар кори ислом нест, дар кори муҷтаҳидон аст, вагарна кори бисёр соддае аст: иддае бошанд, ки муҷтаҳидон дар ин гуна маворид аз он идда таҳқиқ кунанд.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: