Перейти к содержимому

Табиати инсонӣ ва адолат

Яке ду мулоҳиза ба ёддошти ахири ҷаноби Ҳафиз Бобоёров

Матлаби ахири ҷаноби Ҳафиз Бобоёров, ки тарҷумаи гуфтугӯи Наум Чомский — забоншинос, файласуф ва мутафаккири омрикоӣ, бо Мишел Фуку — файласуф, таърихдон ва мутафаккири муосири фаронсавиро оварда ва дар ҳошияи он, ба сурати хеле мухтасар дидгоҳи худро коридаанд, баҳона гардид, то нукотеро дар ин замина ёдовар бишавам, албатта хеле ба ихтисор арзамро мерасонам ва тафсилаш нахоҳам дод.

Асли баҳсе, ки миёни он ду андешаманд сурат гирифта ҷолиб аст ва аз ин рӯ кори ҷаноби Бобоёров шоистаи тақдир аст. Баҳси ман дар ин ёддошт, дар бораи сӯҳбати он ду донишманд нест, агарчӣ дар ин мавзӯъ (яъне ин ки оё адолатхоҳӣ реша дар табиати инсонӣ дорад ё хайр), мутамойил ба дидгоҳи Чомский ҳастам, ва албатта, фалосифаи фаровоне бар ҳамин боваранд. Балки баҳсам рӯи ҳамон ду се ҷумлаи ҷаноби Бобоёров аст.

Баҳсамро дар чанд нукта хулоса мекунам:

* * *

1) Пеш аз ҳама, лозим аст асли матлаб андаке тавзеҳ дода шавад. Асли баҳс ин аст: ҳар як аз мо, инсонҳо, дар вуҷуди худ як силсила умуреро виҷдонан меёбем, ки дар мо ҳаст ва касе онҳоро ба мо наёмӯхта ва ба талқини касе ҳам набуда ва чизе хориҷ аз вуҷудамон низ дар пайдоиши онҳо муассир набудааст; умуре мисли ин ки ростӣ ва дурустӣ нек аст, дурӯғ бад, адолат писандида ва некӯ аст ва зулму ситам нописанд ва зишт ва ғайра… Аксари фалосифаи қадим, чӣ юнонӣ ва чӣ мусалмон, боварашон ин будааст, ки ин умур, умуре фитрӣ ҳастанд, яъне инсон аз аввал бо ҳамин умур сиришта ва офарида шуда. Аз миёни фалосифаи ғарбӣ, Эмонуил Конт, файласуфи олмонӣ, сахт ба ин матлаб боварманд аст. Ин ҷумла аз ӯ маъруф аст, ки:

Ду чиз шигифтовар аст ва ҳеч чизе ба андозаи онҳо барои инсон шигифтовар нест: яке, осмони пурситорае, ки болои сари мо қарор гирифтааст. Ва дигар, виҷдоне, ки дар замири мо қарор дорад.”

Аммо ба назари бархе аз фалосифа, ба хусус муосир, мо чизе ба номи “умури фитрӣ” надорем, мегӯянд: умуре, ки мо фитрияш медонем, дар асари омилҳои дигаре дар инсон пайдо мешаванд ҳарчанд нохудогоҳ.

* * *

2) Ҷаноби Бобоёров дар ин мавзӯъ мӯътақид аст: “Нахуст, Фуко ҳақ аст, ки ба худии худ ва ё ба таври азалӣ падидае бо номи “табиати инсонӣ” вуҷуд надорад.” Ва сониян, ба эътиқоди ҷаноби Бобоёров, “майлҳои бунёдии инсон ба хатарҳои вуҷудӣ марбут ҳастанд. Инсон касеро дӯст медорад, дар нисбати дигарон меҳрубонӣ ва некӣ анҷом медиҳад, дар ҷомеа барои адолат мубориза мебарад, то ки дар ботини худ эҳсоси амну осоиш эҷод намояд.”

Муроди эшон аз “табиати инсонӣ”, ҳамон аст, ки дар забони фалосифа аз он ба “фитрат”, “виҷдон” ва гоҳе “ғариза” таъбир шудааст.

* * *

3) Ин дидгоҳ, бо ду ишкол ва эроди асосӣ мувоҷеҳ аст:

а) Яке ин ки: эшон, дар айни он ки аз реша мункири “табиати инсонӣ” аст, вале нохудогоҳ лоақал як “табиат”-ро барои инсон қоил аст. Ва он табиат, табиати “ҳубби зот” аст, ва ба таъбири дурусттар, ғаризаи “ҳубби зот” барои инсон аст. “Ҳубби зот” яъне “алоқа ба худ, дӯст доштани худ, дӯст доштани бақои худ”. Вақте эшон мегӯяд, адолатхоҳӣ фитрии инсон нест, балки инсон агар адолатхоҳ аст, ба хотири он аст, ки “то дар ботини худ эҳсоси амну осоиш эҷод намояд”, мо мепурсем, хуб, чаро ва ба чӣ далел инсон хоҳони ин аст, ки то “эҳсоси амну осоиш” кунад?

Билохира, агар қарор аст адолатхоҳии инсон ба ин “хоҳиш” тавҷеҳ бишавад, худи ин “хоҳиш” низ ниёз ба тавҷеҳ дорад. Намешавад, ки ин падидаро (хоҳони амну осоиш барои худро) бениёз аз тавҷеҳ ангорем. Агар гуфта шавад: ин маълум аст, ки одамӣ хоҳони оромиши худ аст ва ин, ниёз ба далел надорад, мегӯем: ин дуруст ҳамон ҳарфе аст, ки мо мегӯем, яъне ин як ғариза ва табиат дар инсон аст, ки худашро дӯст медорад, бақои худро дӯст медорад. Яъне, инсон ба гунае сиришта ва офарида шудааст, ки худ ва бақои худро дӯст дорад. Ин айни ҳарфи мост.

Пас, агар дар як маврид мо мӯътақид ба вуҷуди “табиат” ва “фитрат” барои инсон бошем, ба кадом далел мавориди дигарро инкор мекунем ва мегӯем: “ба худии худ ва ё ба таври азалӣ падидае бо номи “табиати инсонӣ” вуҷуд надорад”? Агар надошта бошад, пас ғаризаи “ҳубби зот” дар инсонро низ бояд мункир шавем.

* * *

б) Ишколи дигар ва асоситар ба ин дидгоҳ он аст, ки: он чи ҷаноби Бобоёров ба номи “табиат” мехонад, дар як тақсимбандӣ, ба ду қисми: ҳайвонӣ ва инсонӣ тақсим мешавад. Маъмулан, аз табиати ҳайвонӣ ба “ғариза” ва аз табиати инсонӣ ба “фитрат” таъбир мекунанд. Албатта, инсон бо ҳайвон, дар “ғариза” муштарак аст, яъне ҳамон чизҳое, ки барои ҳайвонҳо ба номи ғариза собит мекунем, барои инсон ҳам собит ҳастанд, аммо ҳайвон дар “фитрат” бо инсон шарик нест (ки тафсилаш инҷо нест, зеро ихтилофҳое ҳаст миёни фалосифа дар ин хусус, ки феълан вориди он намешавем).

Ҳол, касе, ки мункири “табиат” барои як мавҷуди зинда (мисли инсон) мешавад ва онро тавҷеҳ мекунад ба “хатари вуҷудӣ” ва ин ки масалан ӯ хоҳони “амну осоиш” аст ва аз ин рӯ адолатхоҳ мегардад, ин мункир, аз назари илмӣ ва фалсафӣ аввал бояд вуҷуди табиат (ғариза) дар кулли мавҷудоти зиндаро тавҷеҳ кунад; зеро инсон, дар ғариза, бо ҳайвонот муштарак аст. Масалан, ғаризаи “ҳубби зот” ва ғаризаи “дифоъ аз худ” (ки он ҳам реша дар ғаризаи ҳубби зот” дорад), дар ҳамаи мавҷудоти зинда аз ҷумла инсон ҳаст. Шумо вақте мехоҳед як ҳашараро бикушед, мебинед, ки ӯ фирор мекунад, намегузорад ӯро бикушед, намехоҳад кушта шавад, ӯ худашро ва бақои худашро дӯст дорад.

Хуб, чаро як ҳашара намехоҳад бимирад?! Оё посухаш ҷуз ин аст, ки мавҷудоти зинда ба гунае офарида шудаанд, ки худ ва бақои худро дӯст медоранд?!

Мисоли дигар: ҳамаи мавҷудоти зинда (ба хусус модина), фарзандони худро дӯст доранд; аз кучактарин ҳашарот бигир то инсон. Ин “алоқа ба фарзанд ва дӯст доштани вай”, оё бениёз аз тавҷеҳи илмӣ ва фалсафӣ аст? Агар касе онро бениёз аз тавҷеҳи илмӣ бидонад, пас нохудогоҳ мӯътақид ба вуҷуди як силсила умур (табиат, ғариза) барои мавҷудоти зинда шудааст, ки онҳо чунину чунон сиришта шудаанд. Касе ҳам наметавонад ин гуна тавҷеҳ кунад, ки алоқаи модар ба фарзанд, огоҳона аст, яъне масалан як пашша аз рӯи огоҳӣ фарзанди худро дӯст медорад.

Як мисоли дигар: занбӯри асал ҳашарае аст, ки корҳои бисёр аҷибу ғарибе аз ӯ содир мешавад, ки одамиро ба ҳайрат бармеангезад. Лонае, ки месозад, аз назари ҳандасӣ бисёр дақиқ аст. Корҳои иҷтимоие, ки занбӯрҳои асал бо ҳам ва ба сурати иштирокӣ анҷом медиҳанд, бисёр шигифтангезанд; корҳо миёни онҳо ба сурати дақиқ тақсим шуда; яке, гард ҷамъ мекунад, яке нигаҳбон аст ва дари лона меистад, то вақте занбӯрҳои корманд баргаштанд, онҳоро тафтиш мекунад, ки як вақт чизи гандидае наёварда бошанд, ки агар оварда бошанд, дар ҷо мекушад.

Хуб, як занбӯр, ки умре беш аз 40-50 рӯз надорад, аз куҷо ба анҷоми ин корҳо қодир шуд? Оё касе ба ӯ омӯхта?! То ба ҳол аҳаде аз донишмандони зистшинос нагуфтаанд, ки занбӯрҳо масалан омӯхта мешаванд ва собиқҳо барои лоҳиқҳо давраҳои махсуси омӯзишӣ баргузор мекунанд. Чӣ касе ба ӯ гуфта чунину чунон кунад? Оё посухаш ҷуз ин аст, ки занбӯри асал, ин ҳашараи аҷибу ғариб, ба гунае сиришта ва офарида шуда, ки нохудогоҳ ин корҳоро анҷом бидиҳад?! Қуръони Карим бисёр зебо ва расо ин ҳақиқатро баён дошта:

وَأَوْحَى رَبُّكَ إِلَى النَّحْلِ أَنِ اتَّخِذِي مِنَ الْجِبَالِ بُيُوتًا وَمِنَ الشَّجَرِ وَمِمَّا يَعْرِشُونَ. ثُمَّ كُلِي مِنْ كُلِّ الثَّمَرَاتِ فَاسْلُكِي سُبُلَ رَبِّكِ ذُلُلًا يَخْرُجُ مِنْ بُطُونِهَا شَرَابٌ مُخْتَلِفٌ أَلْوَانُهُ فِيهِ شِفَاءٌ لِلنَّاسِ إِنَّ فِي ذَلِكَ لَآيَةً لِقَوْمٍ يَتَفَكَّرُونَ 

Ва парвардигори ту ба занбӯри асал ваҳй (илҳоми ғаризӣ) кард, ки аз порае аз кӯҳҳо ва аз бархе дарахтон ва аз он чи дорбаст мекунанд, хонаҳое барои худ дуруст кун. Сипас аз ҳамаи меваҳо бихӯр ва роҳҳои парвардигоратро фармонбардорона бипаймо. Он гоҳ аз даруни он (занбӯри асал) шаҳде, ки ба рангҳои гуногун аст берун меояд; дар он барои мардум дармоне аст. Ростӣ, дар ин зиндагии занбӯрон барои мардуме, ки тафаккур мекунанд, нишонаи қудрати илоҳӣ аст.” (Сураи Наҳл, оятҳои 68-69)

Ҳол, инсон низ, ба иловаи ин ки бо як силсила ғаризаҳо – ки гуфтем, бо ҳайвонот муштарак аст мисли ҳамин алоқаи модар ба фарзанд – офарида шуда, ҳамчунин бо як силсила умуре сиришта шуда, ки махсуси ӯст, ки онро “фитрат” меноманд, мисли адолатхоҳӣ, зулмситезӣ, ростидӯстӣ, нафрат аз дурӯғ ва ғайра (ки феълан мақом, мақоми баршумурдани ҳамаи ин умур нест, ва ихтилофоте миёни донишмандон дар бораи шумори онҳо вуҷуд дорад.)

Бинобар ин, мо мӯътақидем, ки адолатхоҳии инсон фитрӣ аст, ҳатто ҳамон золиме ҳам, ки зулм мекунад, фитратан адолатхоҳ аст, ва далелаш ҳам ин аст, ки дӯст надорад золим хонда шавад, балки дӯст дорад ҳама ӯро одил бихонанд. Фиръавну фиръавнсифатон дӯст доранд ҳокими одил хонда шаванд, на золим, ба ин далел, ки чун дар фитрат ва виҷдони онҳо адолатхоҳӣ вуҷуд дорад.

* * *

Ҳаминҷо баҳсамро ба поён мерасонам. Албатта, ин баҳс як баҳси бисёр доманадор аст, ки дар як фурсати муносиб ба тафсили он, бо баррасии ҳамаи эроду ишколҳое, ки ба он чи арз кардем шудааст, мепардозам.

Саломат бошед

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: