Перейти к содержимому

Тромп бо Ардуғон: “Сурия барои шумо, мо хориҷ мешавем!”

Ба гузориши расонаҳои Омрико, Тромп бидуни дар назар гирифтани пешниҳодҳое, ки ба ӯ дар бораи муколимаи телефонӣ бо Ардуғон дода шуда буд, ба якбора дар ин гуфтугӯи телефонӣ ҳамаро ғофилгир кард ва ба Ардуғон гуфт, нерӯҳои омрикоиро хориҷ мекунад.

Эъломи ногаҳонии хуруҷи нерӯҳои омрикоӣ аз Сурия ва дар пайи он, истеъфои Ҷеймз Мотис, вазири дифоъи Омрико аз кобинаи Тромп, ҳамчунон мавзӯи гузоришу таҳлили расонаҳои омрикоӣ ва ҷаҳон аст.

Рӯзномаи Washington Post бо интишори гузорише дар ин бора, гуфтугӯи телефонии Тромп бо раисиҷумҳури Туркия пеш аз эъломи тасмим ба хуруҷи нерӯҳои низомии омрикоӣ аз Сурияро далели тасмими ногаҳонии Тромп ба эъломи хуруҷ аз Сурия донистааст.

Бар асоси ин гузориш ва ба нақл аз чанд мақоми огоҳи омрикоӣ, Тромп ва Ардуғон дар гуфтугӯи телефонии худ дар бораи Сурия ва вазъияти ҳузури нерӯҳои омрикоӣ дар онҷо ройзанӣ кардаанд.

Дар бахше аз ин гуфтугӯ, Ардуғон ба Тромп гуфтааст, чаро бо вуҷуди иқрори Вошингтун ба шикасти ДОЪИШ дар Сурия, ин кишвар ҳамчунон беш аз 2 ҳазор нерӯи низомии худро дар Сурия нигаҳ доштааст.

Тромп дар посух ба Ардуғон гуфта: “Аслан медонед чист? (Сурия) барои шумо. Мо аз онҷо хориҷ мешавем.”

Ӯ пас аз ин муколимаи телефонӣ, дастури хуруҷи нерӯҳои омрикоӣ аз Сурияро содир кардааст. Тромп пас аз ин гуфтугӯ тасмими худро гирифта буд, аммо ин тасмимро бо тамоми аъзои тими амнияти миллӣ ва кобинаи худ дар миён нагузошта буд, то ин ки бо навиштани твитте онро ба таври ғайримунтазира эълом кард.

Ин дастур ба қадре ногаҳонӣ ва бидуни машварат бо тими амнияти миллӣ ва вазорати дифоъи Омрико буд, ки дар ниҳоят ба истеъфои Ҷеймз Мотис, вазири дифоъи Омрико аз симати худ анҷомид.

Бар асоси гузориши Washington Post, на Кохи сафед ва на сафорати Туркия дар Вошингтун дар бораи ҷузъиёти муколимаи ахири Тромп ва Ардуғон изҳори назар накардаанд.

Туркия ва Иёлоти Муттаҳидаи Омрико, дар бораи таслеҳи курдҳои Сурия аз сӯи Омрико ба баҳонаи муқобила бо ДОЪИШ ихтилофи назар доштанд. Туркия иқдоми Омрико ба таслеҳи курдҳои Сурияро иқдоме муғойир бо амнияти миллии худ медонад.

Аз сӯи дигар, хабаргузории Associated Press низ гузорише дар бораи гуфтугӯи Тромп ва Ардуғон мунташир кардааст.

Бар асоси ин гузориш, як мақоми расмӣ, ки нахоста номаш фош шавад, ба ин хабаргузорӣ гуфтааст: “Ба далели ихтилофи назари Вошингтун ва Онкоро бар сари амалиёти низомии ваъда додашудаи Туркия алайҳи курдҳои Сурия, Мойк Помпео, вазири умури хориҷаи Омрико, вақтеро барои муколимаи телефонии Тромп ва Ардуғон дар ин бора таъйин карда буд.

Дар ин гуфтугӯи телефонӣ, Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Тромп низ ҳузур доштааст.

Барои ин гуфтугӯи телефонӣ, Помпео ва Мотис листе аз пешниҳодҳои Вошингтун ба Туркия дар муқобили адами анҷоми амалиёти низомии Онкоро алайҳи курдҳои Сурияро ба Тромп ироа карданд. Помпео ба Тромп пешниҳод дода буд, ӯ дар ин муколимаи телефонӣ алайҳи таҳдид ба ҳамлаи Туркия алайҳи курдҳои Сурия, мавзеъ бигирад ва дар муқобил, як пирӯзии кучаки диплумотик мисли ба даст гирифтани контроли амнияти як минтақа дар Сурияро ба Онкоро пешниҳод диҳад.

Аммо ба гузориши Associated Press, ин гуфтугӯи телефонӣ он тавр, ки Помпео ва Мотис ва ҷамъе аз мушовирони амниятии кобинаи Тромп интизор доштанд пеш нарафт ва он ҳангоме буд, ки Ардуғон Тромпро дар мавзеъи дифоъӣ қарор дода ва аз ӯ пурсид: “Шумое, ки иддао доред 99 дар сади ДОЪИШ аз байн рафта, чаро ҳанӯз онҷо (Сурия) мондаед? Шумо магар нагуфтед, ки барои шикасти ДОЪИШ онҷо ҳастед? Сипас Ардуғон ба Тромп гуфтааст, шумо нерӯҳоятонро хориҷ кунед ва боқии умурро ба мо бисупоред.”

Дар ин ҳангом, Тромп аз Болтон мепурсад, оё чизе, ки Ардуғон мегӯяд сиҳҳат дорад? Болтон ҳарфҳои Ардуғон – дар бораи иқрори мақомоти Омрико ба шикасти ДОЪИШ — ро таъйид кард, аммо таъкид кард, ки аз назари мақомоти амниятии Омрико шикаст додани ДОЪИШ танҳо пасгирифтани сарзаминҳои таҳти ишғоли онҳо нест, балки бояд мавқеияти пойдор ба даст ояд, ки эҳтимоли таҳдиди дубораи ношӣ аз ин гурӯҳ ба сифр бирасад.

Аммо Тромп бидуни таваҷҷӯҳ ба ин машварати Болтон, ба Ардуғон таъкид мекунад, ки нерӯҳои Омрикоро аз Сурия хориҷ мекунад.

Бино ба гузориши Associated Press ва ба нақл аз як мақоми огоҳи дигари омрикоӣ, ин мавзеъи Тромп ба гунае ногаҳонӣ буда, ки ҳатто таъаҷҷуби худи Ардуғонро ҳам барангехта ва раисиҷумҳури Туркия ба Тромп гуфта, ки аҷулона тасмим нагирад, аммо Тромп бори дигар бар мавзеъи худ пофишорӣ карда ва таъкид карда, ки нерӯҳои омрикоиро аз Сурия хориҷ мекунад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: