Перейти к содержимому

Киштии Тромп дар ҳоли ғарқ шудан аст

Ёддошти Абдулборӣ Атвон дар рӯзномаи Раъюл-явм

Киштии Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, ба далели сиёсатҳо ва тасмимҳои эҳсосиаш дар ҳоли ғарқ шудан аст.

Пас аз истеъфои Ҷеймз Мотис, вазири дифоъи Омрико, дар эътироз ба тасмими ногаҳонӣ ва ғайримунтазираи Тромп барои хуруҷи ҳамаи нерӯҳои омрикоӣ аз Сурия тайи ду моҳ ва ниме аз нерӯҳои омрикоӣ аз Афғонистон (7 ҳазор аз маҷмӯи 14 ҳазор нерӯ), барои раисиҷумҳури Омрико ҳеч кас ба ҷуз Ҷоред Кушнер, мушовир ва домодаш ва низ духтараш Ивонко Тромп ба иловаи Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии зишту қабеҳу тундраваш боқӣ намондааст.

Мотис, ин женероли собиқ, ки аз маҳбубияти зиёде дар миёни ҷумҳурихоҳон ва демукротҳо бархӯрдор аст, мутафовиттар аз касоне аст, ки қабл аз вай истеъфо доданд, зеро истеъфояш шаффоф ва бо далелу иллат буд ва шомили даҳ банд буд, ки дар он, бар ихтилофаш бо Тромп, раисиҷумҳури Омрико дар бораи тасмимаш ҷиҳати хуруҷ аз Афғонистон ва Сурия таъкид кард ва низ зарурати ҳамкории мӯҳтарамона бо ҳампаймонони Омрикоро мавриди таъкид қарор дод.

Ихтилофи Мотис бо Тромп, ки бисёре аз аъзои Кунгра ӯро чеҳраи собит дар миёни ҳарҷу марҷи Тромп тавсиф мекунанд, ҷадид нест ва аз ҳамон ҳафтаи аввали интихобаш ба унвони раҳбари Вазорати дифоъ (Пентогун) аланӣ шуд. Боб Вудворд (Bob Woodward) — рӯзноманигори омрикоӣ дар китоби ахираш “Тарс…Тромп дар Кохи сафед” ба нақл аз Мотис навишт, ки Тромп аз вай ба унвони вазири дифоъ хостааст, ки барномаҳое барои лашкаркашӣ ба Венезуэло ва сарнагунии Никулос Модуру, раисиҷумҳури ин кишвар тадвин кунад.

Бархе манобеъ дар Вазорати дифоъи Омрико таъкид карданд, ки Мотис ба муддати 45 дақиқа бо Тромп дидор кард ва талош кард, ки вайро қонеъ кунад, ки нерӯҳои омрикоиро аз Сурия ба далели хатарҳои ин иқдом бар амнияти миллии Омрико хориҷ накунад ва замоне, ки раисиҷумҳури Омрико далоили вайро напазируфт, аз мақоми худ истеъфо дод ва гуфт: “Раисиҷумҳур ниёз ба вазири дифоъе дорад, ки бо дидгоҳҳо ва сиёсатҳояш ҳамсӯ бошад.”

Инчунин шуд, ки Мотис ба феҳристи баландболои давлатмардоне пайваст, ки ба далели он ки натавонистанд бо Тромп таъомул карда ва бо дамдамимизоҷ буданаш ва низ дахолатҳои духтару домодаш дар умури истротежик ва чигунагии мудирияти кишвар канор биёянд, аз мақоми худ истеъфо доданд; давлатмардоне монанди Рикс Тилерсун, вазири хориҷа, МакМостер (H. R. McMaster), мушовири амнияти миллӣ ва салафи вай Мойкел Флин (Michael Flynn), ки фақат 22 рӯз давом овард, Ҷон Кели (John F. Kelly), дабири кулли Кохи сафед, Риён Зинк (Ryan Zinke), вазири кишвар, Истив Бенон (Stephen K. Bannon), коршиноси истротежик, Гори Куҳн (Gary Cohn), мушовири иқтисодӣ, Ҷеф Сишонз (Jeff Sessions), вазири додгустарӣ ва дар ниҳоят Ники Ҳейли, намояндаи доимии Омрико дар Созмони Милал.

Бе тардид, Мотис охирин фарде нест, ки аз мақоми худ истеъфо медиҳад, зеро соли ҷадид соли чолиши Тромп раисиҷумҳури Омрико ва чӣ басо соли сарнагуниаш аз мақомаш бошад. Ин мард ба монанди раҳбарони диктотур дар Ховари Миёна ва ҷаҳони севвум рафтору амал мекунад ва на фақат барои амният ва саломати ҷаҳон, балки барои амният ва саломати худи Омрико хатари ҷиддӣ шакл медиҳад.

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: