Перейти к содержимому

Нобиғаҳое, ки аз бемориҳои руҳӣ-равонӣ ранҷ мебурданд

Вақте исми бемории равонӣ ва шахси равонӣ ба миён меояд, эҳсоси нохушоянде ба мо даст медиҳад, ингор, ки бо як бемории ҳавлнок ё як ҳаюло рӯ ба рӯ шудаем. Ба ҳамин далел шояд бадтарин тавҳин ба ҳар шахсе ин бошад, ки ӯро равонӣ номид ё гуфт, ки мушкили равонӣ дорад ва бояд ба равоншинос ва равондармонгар муроҷиа намояд.

Бемориҳои равонӣ таъсироти нохушоянди иҷтимоӣ бо худ ба ҳамроҳ доранд. Дар оянда шояд дигар шоҳиди дидгоҳи манфии инчунинӣ ба бемороне, ки аз ихтилолоти равонӣ ранҷ мебаранд набошем, зеро мушаххас шуда, ки ин бемориҳои равонӣ гоҳ бо таъсирҳои ҷонибии бисёр муфиде ҳамроҳ ҳастанд.

Мутолеоти мутаъаддид нишон дода, ки бархе аз ихтилолоти равонӣ бо худ неъматҳо ва қобилиятҳои зеҳниро ба армуғон меоваранд, ки ҳар инсоне орзуи доштани онҳоро дорад ва қобилиятҳои фароинсонӣ шинохта мешаванд.

Дар идома қасд дорем шуморо бо бархе аз афроди машҳур ва нобиға дар замони худ ва ҳатто дар ин даврон ошно кунем, ки алорағми бемории равонӣ, ки доштанд, осор ва хадамоташон дар таърих сабт шудааст.

28 нобиғае, ки бо бемории руҳӣ мубориза карда ва ҷаҳонро тағйир доданд, онҳо дар заминаи ҳунар, шеър, фалсафа, риёзӣ ва ғайра яккатоз буданд, ва воқеан агар чунин афроде таваллуд нашуда буданд, чӣ бар сари дунёи мо меомад?

Агар замоне барои мушовира пеши як равонпизишк рафтед ва ӯ ишора кард, ки мумкин аст бемории равонӣ дошта бошед, нороҳат нашавед, эҳтимоли ин ки дар ояндаи наздик як нобиғаи машҳур шавед хеле зиёд аст:

Эрнест Ҳемингуей (Ernest Hemingway)

Яке аз бузургтарин нависандагони қарни бистум аст, ки аз афсурдагӣ ранҷ мебурд. Ӯ, ки талош кард аз тариқи шоки дармонӣ худро муолиҷа кунад, муваффақ нашуд ва дар соли 1961 бо шиллики гулӯла худкушӣ кард.

Олберт Эйнштейн (Albert Einstein)

Замоне, ки кӯдак буд, дар мадраса бо дарсҳо ва нумароти (баҳоҳои) худ дасту панҷа нарм мекард. Ӯ то 4-солагӣ наметавонист сӯҳбат кунад. Бисёре аз мутахассисон мӯътақиданд, ки ӯ бемории аутизм (autism) ва ё синдроми Asperger доштааст. Ба ҳар ҳол Эйнштейн дар замони ҷавонӣ ҳеч як аз нишонаҳои бемории аутизмро надошт ва чун то замони марги ӯ алоими аспергер ҳам ношинохта буд, наметавон мутмаин буд, ки ӯ бемории равонӣ дошта ё на?

Винсент ван Гок (Vincent van Gogh)

Ван Гок то замоне, ки зинда буд, муваффақиятҳои чандоне надошт. Ӯ дучори бемории таваҳҳум буд ва дар гузоришҳои таърихӣ омадааст, ки гӯши худро бурид (таърих исбот карда худи ӯ ин корро анҷом надода, балки дар як дуэл бо дӯсташ, гӯши худро аз даст дод.) Дар соли 1890 Ван Гок бо шиллики гулӯла ба сина, худкушӣ кард, ва бар асоси ривояте аз бародараш, ҷумлае, ки дар лаҳазоти охир гуфта ин буд: “Ғаму андӯҳ то абад пойдор аст!

Силвиё Плет (Sylvia Plath)

Ӯ умдатан ба хотири шеърҳои орифонааш машҳур аст. Силвиё дар колеҷ беҳтарин буд, вале дар айни ҳол аз афсурдагии доимӣ ранҷ мебурд ва саъй кард чандин бор худкушӣ кунад. Саранҷом дар соли 1963 ӯ сари худро дохили як кӯра кард ва ба зиндагиаш дар синни 30-солагӣ поён дод.

Исҳоқ Нютон (Isaac Newton)

Нобиғаи риёзидон ва кошифи нерӯи ҷозиба ба назар мерасад, ки навасоноти руҳии каме дар ҷиҳати мусбат доштааст. Ӯ рӯи тахт дароз мекашида ва муддате бе ҳаракат дар афкораш ғӯтавар мешудааст.

Микеланҷело (Michelangelo)

Наққош ва муҷассамасози маъруф, ки наққошии Sistine Chapel ва муҷассамаи David аз осори маъруф аст ва пизишкон мӯътақиданд ӯ аутизми бисёр фаъоле доштааст.

Никуло Тесло (Nikola Tesla)

Физикдон, мухтареъ ва муҳандиси бисёр муваффақ, ки дар даврони зиндагиаш ношинохта буд. Никуло васвоси фикрии шадиде дошт. Ӯ ихтилоли васвосии сегонаро ҳамроҳ бо Germaphobe дошт, ки аз ламс кардани чизҳои атрофи худ худдорӣ мекард.

Корл Юнг (Carl Jung)

Корл Юнг рақиб ва дӯсти Зигмунд Фрейд, равоншиноси нобиғае буд, ки дар табйини бисёр аз назарияҳои равонковӣ баъд аз Фрейд нақши басазое дорад. Ӯ дар бурҳае аз зиндагии худ таваҳҳум гирифта буд. Эҳсос мекард садое ҳамеша дар гӯшаш замзама мекунад. Бо ин ҳол Юнг аз он ба нафъи худ истифода кард ва дидгоҳҳоеро дар ин замина барои илми равоншиносӣ ба ҷо гузошт.

Одом Смит (Adam Smith)

Ӯ барои назарияҳои иқтисодии дурахшоне, ки дошт бисёр маъруф буд ва китоби “Сарвати милал” аз осори ӯст. Одом низ таваҳҳум дошт ва бо як мавҷуди хаёлӣ дар иртибот буд ва бо ӯ ҳашру нашр дошт. (Албатта бархеҳо мегӯянд, бо худаш сӯҳбат мекарда ва худашро мавриди хитоб қарор медода.)

Фридриш Ниче (Friedrich Nietzsche)

Шахсияте, ки назарияҳояш фалсафаи ғарбро ба таври васеъе таҳти таъсир қарор дод ва мӯҷиби тағйироти бузурге дар ин замина шуд. Аммо мутааассифона ӯ дар зиндагии шахсии худ дучори афсурдагии шадиде буд.

Имрӯза равоншиносон мутмаин нестанд, ки Ниче чӣ тавр беморе буда, вале бо таваҷҷӯҳ ба номаҳое, ки аз ӯ баҷо монда мутаваҷҷеҳ шуданд, ки гоҳе ҳам дучори ҳамлаи параноя (paranoia) мешуда. Аз соли 1889 то соли 1900 ӯ таҳти муроқибат буд.

Чорлз Дорвин (Charles Darwin)

Ин хеле аҷиб ба назар меояд, ки бигӯем Дорвин, ки аксари умри худро дар сафар гузаронда бемории равонӣ дошта. Касе, ки назарияи такомулро ба дунё ироа кард. Аммо бояд гуфт: ӯ ҳам аз ихтилолоти руҳӣ ранҷ мебурдааст. Ӯ дар миёнсолӣ бисёр гӯшагир ва дучори изтироби собите шуда буд ва ҳолатҳои асабии зиёде дошт.

Оброҳом Линколн (Abraham Lincoln)

Дар таърих омада, ки ӯ афсурдагии шадиде дошт, ва ҳатто шеъре ба исми “Инҳисори худкушӣ” (The Suicide’s Soliloquy) суруда. Ҳамсараш низ пас аз марги Оброҳом дучори афсурдагӣ ва барои дармон бистарӣ мешавад.

Ветҳовен (Ludwig van Beethoven)

Нобиғаи мусиқидон, ки таркиботи мусиқии шигифтеро халқ кардааст. Ӯ, ки камшунаво ҳам буда бемории ихтилоли дуқутбӣ ҳам доштааст. Дар як даврае ҳам афсурдагии шадиде дошт ва наметавонист чизе бинависад. Саранҷом ӯ дар соли 1827 бар асари бемории кабидӣ, ки дошт ҷони худро аз даст дод.

Чорлз Дикенз (Charles Dickens)

Бузургтарин румоннависи давраи Викториё буд, ки бархе аз шахсиятҳои шинохташуда дар адабиётро халқ кард. Даврони кӯдакии сахте дошт ва падараш пас аз марг онҳоро танҳо гузошта буд.

Дикенз дар зиндагии худ афсурдагии шадидеро таҳаммул мекард. Пас аз ин ки саҳнаи инфиҷори қаторе дар истгоҳи роҳи оҳанро дид, афсурдагиаш шадидтар шуд ва дигар натавонист чизе бинависад.

Черчил (Winston Churchill)

Сиёсатмадори беҳамтои англисӣ, ки бо ҳушу тадбири худ ҷанги ҷаҳонии дуввумро раҳбарӣ кард. Аммо ин марди зирак афсурдагӣ дошт ва дар таърих омадааст, ки чандин бор дар ин фикр буда, ки худро бикушад. Бархе ҳам мӯътақид ҳастанд, ки ӯ ихтилоли дуқутбӣ доштааст.

Вирҷиниё Волф (Virginia Woolf)

Ӯ то охири умраш даргири бемории ихтилоли дуқутбӣ буд. Дар тӯли зиндагиаш рафторе аз худ нишон медод, ки ин бемориро таъйид мекард. Дар соли 1941 ҷайбҳояшро пур аз санг ва худро дар дарё ғарқ кард, дар ҳоле, ки танҳо 59 сол дошт.

Лев Толстой (Leo Tolstoy)

Нависандаи бузурги русӣ, ки бо вуҷуди сарвату шӯҳрати хонаводагӣ, нишонаҳои афсурдагиро дошт, ва бархе вақтҳо рафторҳои аҷибу ғарибе аз худ нишон медод.

Эзро Пунд (Ezra Pound)

Ӯ, ки шоире тавоно буд, таъсире амиқ бар адабиёти мудерн дошт. Дар нимаи аввали қарни 20-ум аз Омрико ба Урупо муҳоҷират кард. Бисёре аз мутахассисон мӯътақид ҳастанд, ки ӯ норсист (худшефта) буда. Пунд ҷазби идеяҳои Ҳитлер ва Мусилинӣ шуд ва дар соли 1945 зидди Омрико суханронӣ кард.

Фронс Кофко (Franz Kafka)

Адабиёти экзистентсиалистии Кофко дар қарни 20 боиси шӯҳрати ӯ дар ҷаҳон шуд. Ӯ нобиғае буд, ки аз бемории изтироб ва афсурдагии шадид ранҷ мебурд ва ин сабаб шуд, ки ҳамеша гӯшагир ва дар инзиво бошад. Бархе аз мутахассисон ҳам бар ин ақида ҳастанд, ки Кофко дучори ихтилоли скизуид буд.

Мутзорт (Wolfgang Amadeus Mozart)

Танҳо замоне, ки 3 сол дошт, аввалин оҳанги худро сохт. Мутзорт аз кӯдакӣ дорои ҳушу истеъдоди мусиқии болое буд ва ба кучактарин садоҳо вокуниш нишон медод. Равонпизишкон мегӯянд, ӯ дучори ихтилоли ҳиссии аспергер ва васвоси фикрӣ буд. Аммо бархе ҳам мӯътақиданд, ки ӯ бемориҳои неврулужикӣ доштааст.

Филип Дик (Philip K. Dick)

Нависандаи машҳуре, ки аксари достонҳояшро коргардонони бузурги дунё ба сурати филм дароварданд. Аммо ӯ низ таваҳҳум дошт ва ағлаб фикр мекард аз баданаш ҷудо мешавад. Бархеҳо гуфтаанд, ки ӯ шизофренӣ дошта ва худаш низ дар соли 1965 роҷеъ ба бемории руҳӣ ва равонии худ чизҳое навиштааст.

Курт Вонегут (Kurt Vonnegut)

Ба унвони як нависанда таъсири зиёде дар сиёсатҳои Омрико дошт бо китобҳое, ки менавишт. Бемории афсурдагӣ дар хонаводааш собиқае тӯлонӣ дошт. Модараш дар рӯзи модар замоне, ки ӯ кӯдак буд, худкушӣ кард. Замоне, ки бо таваҷҷӯҳ ба интишори китобҳояш дар дунё маъруф шуд, бемориаш шиддат гирифт ва дар талош барои дармон буд, аммо зоҳиран муваффақ нашуд.

Пикосу (Pablo Picasso)

Ӯ, ки поягузори сабки кубизм дар ҷаҳон аст, дар даврае аз зиндагӣ дучори афсурдагии шадиде шуд. Дар тӯли ин давра тамоми наққошиҳояшро бо мавзӯъ ва мафҳуми ғаму ҳузну андӯҳ кашид ва ранги обӣ унсуре ҷудонашуданӣ аз осораш буд. Баъдҳо ба ин бурҳа аз зиндагиаш “Давраи обии Пикосу” мегуфтанд.

Боби Фишер (Bobby Fischer)

Бузургтарин шатранҷбоз дар тамоми даврони таърих, ки дар 13-солагӣ машҳур шуд. Бисёре аз пизишкон мӯътақиданд, ӯ ихтилоли параноид дошта. Фишер аз ғалаба бар рақибонаш лаззат мебурд ва гӯӣ инҳо ҳама бар асари уқдаҳое буд, ки ӯ дар кӯдакӣ дошт. Дар тӯли зиндагӣ талоши зиёде барои дармони бемории худ кард ва дар соли 2008 аз дунё рафт.

Ҷон Нос

Нобиғаи риёзидон, ки бемории шизофренӣ дошт ва бо ин ҳол тавонист ҷоизаи Нубели улуми иқтисодӣ дар соли 1994-ро касб кунад. Мутаассифона ӯ ва ҳамсараш дар соли 2015 бар асари тасодуф ҷони худро аз даст доданд.

Ҳокинг (Stephen Hawking)

Ӯ дар натиҷаи бемории асабии фалаҷкунандае, ки дошт дучори афсурдагии шадиде шуда буд. Вақте дар давраи докторӣ буд, ин беморӣ рӯз ба рӯз ҳодтар мешуд ва фикр мекард, ки дигар ҳеч умеде барои идомаи таҳсил надорад, аммо яке аз устодонаш ӯро ташвиқ ва мутақоъид кард, ки дар донишгоҳ бимонад ва идома диҳад.

Робин Вилём (Robin Williams)

Бисёре аз мунтақидон ӯро нобиғаи кумедӣ медонанд. Навъи бозӣ ва наҳваи тағйири ҳолоти чеҳраи ӯ дар филмҳо ва сериёлҳое, ки бозӣ карда воқеан назари мунтақидонро исбот мекунад. Аммо ӯ дар зиндагии шахсӣ, аз афсурдагии шадид ранҷ мебурд ва дору масраф мекард, аммо мутаассифона дармон нашуд ва дар соли 2014 худкушӣ кард.

Манбаъ: Faradeed ба нақл аз CNN

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: