Перейти к содержимому

Толибон: “Танҳо абарқудрати дунёро шикаст додем!”

Гурӯҳи Толибон аз тасмими Дунолд Тромп ба хуруҷи ниме аз нерӯҳои низомии Омрико аз Афғонистон, истиқбол кардааст.

Як фармондеҳи аршади Толибон дар вилояти Ҳилманди Афғонистон дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии NBC-и Омрико бо истиқбол аз тасмими ахири Тромп ба хуруҷи ниме аз нерӯҳои низомии Омрико аз Афғонистон, ин иқдомро як пирӯзӣ барои гурӯҳи Толибон донист.

Иёлоти Муттаҳидаи Омрико наздик ба 14 ҳазор нерӯи низомӣ дар Афғонистон дорад, ки қарор аст беш аз 7 ҳазор нафар аз онҳо тайи моҳҳои оянда аз Афғонистон хориҷ шаванд. Толибон ҳамвора бар хуруҷи нерӯҳои ишғолгари омрикоӣ аз хоки Афғонистон таъкид доштааст.

Фармондеҳи Толибон ба NBC гуфтааст: “17 сол муҷоҳидатҳои мо ва мардуми Афғонистон билохира натиҷа дод… Мо ба дунё нишон додем, ки қодир шудем танҳо абарқудрати дунёро шикаст диҳем. Мо ба ҳадафи худ наздиктар шудаем.”

Ҳамчунин ба гузориши NBC, Мавлавӣ Шермуҳаммад, яке аз раҳбарони Толибон дар вилояти Кунор дар шарқи Афғонистон гуфтааст: “Мардуми Иёлоти Муттаҳида ва ба вежа ҳокимони он бояд дар мавриди он чи ки бо ҳамла ба Афғонистон ва куштори шаҳрвандони ин кишвар ба даст оварданд дарси ибрат бигиранд, онҳо танҳо манобеъи худро дар ин ҷанги тӯлонӣ ва беҳосил талаф карданд.

Тасмими Тромп ба хуруҷи тамоми нерӯҳои низомии Омрико аз Сурия ва низ ниме аз нерӯҳои низомии ин кишвар аз Афғонистон, вокунишҳои эътирозии густурдаеро дар миёни муттаҳидони Омрико ва ҳатто бисёре аз мақомоти аршади ин кишвар дар пай доштааст.

Дар охирин намуна аз ин эътирозҳо, Брет МакГурк (Brett McGurk) — намояндаи Омрико дар эътилофи ҷаҳонии мубориза бо гурӯҳи ДОЪИШ дирӯз аз мақоми худ истеъфо кард. Ӯ 11 рӯз пеш дар изҳори назаре гуфта буд, хуруҷи нерӯҳои низомии Омрико аз Сурия дар шароити кунунӣ, ба ҳеч ваҷҳ ба салоҳи манофеъ ва амнияти миллии Омрико нест.

Чанд рӯз пеш низ женерол Ҷеймз Мотис, вазири дифоъи Омрико, пас аз эъломи тасмими ногаҳонии Тромп ба хуруҷи нерӯҳои омрикоӣ аз Сурия, аз мақоми худ истеъфо кардааст.

Бар асоси гузориши расонаҳои омрикоӣ, Тромп тасмими худро бидуни машварат бо мақомоти аршади низомӣ ва кобинаи худ ва дар ҳини муколимаи телефонии 9 рӯз пеши худ бо Раҷаб Тайб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, гирифтааст.

Ду ҳафта пеш низ женерол Ҷузеф Донфурд (Joseph Dunford) — раиси ситоди муштараки артиши Омрико, дар изҳори назаре гуфта буд, ӯ хуруҷи нерӯҳои омрикоӣ аз Афғонистонро тавсия намекунад.

Бисёре аз сенотурҳои аршади ҷумҳурихоҳ низ бо тасмими Тромп мухолифат карда ва аз он интиқод кардаанд. Сенотур Линдси Гроҳом, ки худ аз ҳомиёни Тромп маҳсуб мешавад, таъкид карда ин кор як пирӯзӣ барои Эрон ва Русия хоҳад буд ва ба зарари амнияти миллии Омрикост.

Бо ин ҳол Тромп тайи рӯзҳои гузашта бо навиштани твиттҳое аз ин тасмими худ дифоъ кардааст.

Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дирӯз дар вокуниш ба тасмими хуруҷи нерӯҳои омрикоӣ аз Сурия ва Афғонистон, зимни таъкид бар ин ки ҳузури нерӯҳои омрикоӣ дар минтақа аз омилҳои аслии ноамнӣ ва бесуботӣ аст, аз ин тасмими ҷадиди Тромп истиқбол кардааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: