Перейти к содержимому

Чаро наздикони Бобоев Абдусаттор мураттаб бозпурсӣ мешаванд?

Ба гузориши сойти Паём, бародару хоҳари Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон аз тарафи мақомоти интизомии Тоҷикистон мавриди бозпурсӣ қарор гирифтаанд.

Бар пояи ин гузориш, пас аз тазоҳурот дар назди сафорати Тоҷикистон дар Берлин, ки бо ташаббуси КШНГЗТ ташкил шуда буд, Бобоев Фазлиддин ва Бобоева Моҳишамс, бародар ва хоҳари раиси ин кумита, ба шӯъбаҳои ВКД даъват ва бозпурсӣ шудаанд.

Бобоев Фаздиддини 39-сола рӯзи 15-уми декабр ба шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бурда шуда ва то шом мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст. Моҳи августи соли 2017 ҳам кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ду рӯз баъд аз даргузашти модараш Фазлиддинро боздошт ва мавриди шиканҷа қарор дода буданд, дар натиҷаи он ӯ ду рӯз роҳ рафта наметавонист.

Бооева Моҳишамси 43-сола низ ҳамон рӯз, 15 декабр аз тарафи кормандони ВКД-и ноҳияи Рудакӣ ба шӯъбаи наздики маҳаллаи Шарора қарордошта бурда шуд ва мавриди пурсиш қарор гирифт. Баъди як соати пурсуҷӯ, бино бар баланд шудани фишори хун ва даъвои шавҳараш, озод шуд.

Моҳи июли соли 2017 Моҳишамс Бобоева мехост барои дидорбинии модараш, ки дар хориҷа дар бемористон бистарӣ буд биравад, аммо аз тарафи кормандони КДАМ аз ҳавопаймо баргардонда шуд.

Чанд моҳ қабл Фазлиддин Бобоев хостааст, ки ҳамроҳи дӯстонаш барои саёҳат ба Ӯзбекистон биравад, аммо аз тарафи марзбонон аз марзи байни ноҳияи Масчоҳи Тоҷикистон ва марзи Бекободи Ӯзбекистон баргардонда шуд.

Тибқи гуфтаи раиси КШНГЗТ, на танҳо бародару хоҳар ва наздиконаш, балки хешовандони дураш ҳам ҳаққи хуруҷ аз Тоҷикистонро надоранд.

Ӯ гуфтааст: “Як хеши дурамон, ки модараш духтари амаки падарам аст, ба исми Ятимов Заробидин, чанд моҳ қабл мехостаст ба Ӯзбекистон ба саёҳат биравад, дар марзи ноҳияи Турсунзода аз тарафи мақомоти Точикистон пас гардонида шудааст. Сабабашро мақомот хешу табор буданаш ба ман мегӯянд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: