Перейти к содержимому

Як шоҳзодаи саудӣ мурд

Дарбори подшоҳии Арабистони Саудӣ аз марги Талол бен Абдулазиз Оли Сауд, шоҳзодаи милёрдери ин кишвар ва бародари Малик Салмон, дар синни 88-солагӣ хабар дод.

Талол бен Абдулазиз Оли Сауд, бародари шоҳи кунунӣ ва падари Абдулазиз бен Талол бен Абдулазиз Оли Сауд, дирӯз (шанбе, 22.12.2018) дар синни 88-солагӣ мурд.

Дафтари подшоҳии Арабистони Саудӣ дар сафҳаи Твиттери худ марги ин шоҳзодаи милёрдерро таъйид кард.

Талол 18-умин писари Малик Абдулазиз, бунёнгузори Оли Сауд аст, ки дар соли 1952 ба унвони вазири иртиботот вориди арсаи сиёсӣ шуд ва ду симати вазири молӣ ва иртибототро бар ӯҳда гирифт.

Талол бен Абдулазиз пас аз он ба унвони сафири кишвараш дар Фаронса мансуб шуд ва ҳамчунин намояндаи вежаи Арабистони Саудӣ дар Созмони Милал буд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: