Перейти к содержимому

Ислом ва талаботи замона (31)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Оё иҷтиҳод нисбӣ аст?

Оё воқеияти воҳид вуҷуд надорад?

Нуктаеро, ки дар ҷаласаи қабл гуфтем, боз такрор мекунем, чун дар асру замони мо хеле такрор мешавад, ва он ин аст, ки: истинботҳои башар дар замонҳои мухталиф дар бораи масоил фарқ мекунад ва ин махсус ба замонҳои мухталиф нест, дар замони воҳид ҳам истинботҳо дар бораи баъзе масоил фарқ мекунад. Дар замонҳо ва маконҳои мухталиф, дар замони воҳид ва макони мухталиф, дар мактабҳо ва тарбиятҳои мухталиф истинботҳо мутафовит аст, вале оё ин далели он аст, ки як воқеияти воҳид вуҷуд надорад? Вақте, ки истинботҳо мухталиф шуд, воқеият ҳам мухталиф аст? Ё воқеият, воқеият аст. Истинботҳо, ки мухталиф аст, ё ин аст, ки тамоми он истинботҳо ғалат аст ва воқеият чизе дигар аст, ва ё аз миёни он истинботҳои мухталиф, яке дуруст аст ва боқӣ ғалат.

* * *

Мухаттиъа ва мусаввиба

Ин, масъалае аст, ки дар миёни мутакаллимони исломӣ ба як шакл тарҳ шудааст ва дар миёни фалосифаи қадиму ҷадид ба шакли дигар. Баъзе мутакаллимон худашонро “мухаттиъа” меноманд ва баъзе дигар “мусаввиба”. Мутакаллимони шиъа мегӯянд, мо мухаттиъа ҳастем. Баъзе аз мутакаллимони аҳли тасаннун — на ҳама — мӯътақид ба тасвиб буданд (яъне мусаввиба буданд).

Ин тасвибу тахтиъа маънояш ин аст: мухаттиъа мӯътақид буданд, ки матни воқеии ислом (ҳукми воқеии Худо) як чиз бештар нест. Мо, ки истинбот мекунем, мумкин аст истинботи мо саҳеҳ ва мутобиқ бо воқеъ бошад ва мумкин аст хато ва иштибоҳ бошад. Иҷтиҳоди муҷтаҳид мумкин аст саҳеҳ бошад, мумкин аст ғалат бошад. Мегуфтанд, Пайғамбар ҳам фармудааст:

للمصيب أجران وللمخطئي أجر واحد

(”Муҷтаҳиде, ки иҷтиҳодаш мутобиқ бо воқеъ буда дорои ду аҷр аст, ва муҷтаҳиде, ки иҷтиҳодаш хато буда (пас аз кулли талош албатта) дорои як аҷр аст.”)

Вале мусаввиба иҷтиҳодро ба шакли дигаре таҳлил мекарданд. Мегуфтанд, ҳар муҷтаҳиде ҳар ҷур, ки истинбот мекунад, воқеият ҳамон аст. Яъне воқеият амрест нисбӣ. Агар ман дар ин масъала иҷтиҳод мекунам, ки фалон чиз ҳалол аст, нисбат ба ман воқеан ҳалол аст, барои ман ғайр аз ин чизе нест. Ва агар дигаре истинбот мекунад, ки фалон чиз ҳаром аст, барои ӯ ва нисбат ба ӯ воқеан ҳаром аст, ва як воқеияте ғайри он чи ки ин ё он иҷтиҳод карда вуҷуд надорад. Ва дар замонҳои мухталиф агар иҷтиҳодҳо тағйир кард, масалан, замоне муҷтаҳидон ба шакле иҷмоъ ва иттифоқ карданд, ки ҳукм ин аст, дар он замон воқеан ҳукм ҳамон буда, ки онҳо иҷтиҳод карданд ва дар замонҳои дигар, ки иҷтиҳодҳо тағйир мекунад ва муҷтаҳидон ҷури дигаре истинбот мекунанд, боз воқеият ҳамон аст, ки онҳо иҷтиҳод кардаанд; ҳол, иллатҳои тағйири иҷтиҳод ҳар чӣ мехоҳад бошад, масалан тағйир ё пешрафти фарҳангҳо бошад. Иҷтиҳод ва воқеият мусовӣ бо якдигар аст ва монеъе надорад, ки ислом дар они воҳид роҷеъ ба як мавзӯъ сад ҷур ҳукм дошта бошад аз боби ин ки мо сад ҷур иҷтиҳод дорем.

Мухаттиъа мегуфтанд: ин ҳарфҳо яъне чӣ?! Воқеият як чиз бештар нест. Иҷтиҳодҳо мухталиф аст, аз ин иҷтиҳодҳои мухталиф ҳаддиаксар яке дуруст аст ва боқӣ ҳама иштибоҳу ғалат.

Дар масоили илмӣ ва масоили фалсафӣ ҳам айни ҳамин матлаб дар Юнони қадим матраҳ буда. Суфастоиҳо мегуфтанд: миқёси ҳама чиз, инсон аст. Ҳақиқат ва воқеияти мутлақе вуҷуд надорад. Воқеият нисбат ба ҳар кас ҳамон ҷуре аст, ки ӯ истинбот мекунад. Инро дар маҳсусот ҳам мегуфтанд, ва иттифоқан дар маҳсусот шояд беҳтар ҳам ҳаст. Агар дуруст ҳам бошад, дар маҳсусот дуруст аст. Мегуфтанд: масалан мо мегӯем гармӣ ва сардӣ. Гармӣ ва сардӣ воқеияте нест, нисбат ба афрод аст. Як чиз барои фарде гарм аст ва барои фарди дигаре сард. Сардии воқеии мутлақ ва гармии воқеии мутлақ надорем, ки бигӯем агар касе шайъеро гарм эҳсос мекунад ва дигаре сард, воқеият як чиз аст ва ҳаддиаксар яке аз ин ду дуруст аст; ин ҷур нест. Ва мисол мезаданд, ки агар яке дасташро дар оби доғ фурӯ бибарад ва дигаре дар оби сард, баъд оби нимгарме биёварем ва ҳар ду дасташонро дар он об фурӯ бибаранд, он ки дасташ дар оби доғ буда эҳсоси сардӣ мекунад ва он ки дасташ дар оби сард буда эҳсоси гармӣ; ду эҳсоси мухталиф. Воқеият чӣ тавр аст? Ин оби нимгарм барои яке сард аст ва барои дигаре гарм, худаш ҳам воқеияте надорад. Ва ҳатто агар касе яке аз дастонашро дар оби доғ карда бошад ва дигареро дар оби сард, баъд ҳар дуро дар оби нимгарм бибарад, бо ду дасташ ду ҷур эҳсос мекунад.

Ин буд, ки асосан мегуфтанд ҳеч чизе воқеияти мутлақ надорад. Аз инҷо масъалаи тағайюри илм ба мафҳуми воқеии он, яъне тағайюри ҳақиқат — на он гуна, ки мо мегӯем яъне тавсиъаи илм — матраҳ шуд. Тағайюри илм яке ба мафҳуми тавсиъаи илм аст. Чун илм дар бораи масоиле изҳори назар мекунад. Ҳар изҳори назарро агар таҷзия кунем, чанд ҷузъ мешавад. Мумкин аст як ҷузъаш саҳеҳ бошад, як ҷузъаш ғалат. Дар асри баъд тасҳеҳ мешавад, яъне ғалатҳояш ислоҳ мешавад. Ин, такомули илм аст. Онҳо мегуфтанд “илм мутакомил аст” ба маънои ин аст, ки аслан ҳақиқат мутакомил аст, яъне дар ҳар замоне илм ҳақиқат аст ва дар замони дигар ҳамон ҳақиқат ғайри ҳақиқат аст. Яъне он чи, ки дар қарни пеш ҳақиқат буда, дар ин қарн ҳақиқат нест, вале дар қарни пеш воқеан ҳақиқат буда. Худи ҳақиқат мутағайир аст. Худи илми мутобиқ бо воқеъ, ҳамон ҷузъе, ки мегӯед “мутобиқ бо воқеъ”, дорад тағйир мекунад, на ин ки як ҷузъ саҳеҳ буда, як ҷузъ ғалат ва маънии такомули илм ин аст, ки ғалатҳояш ислоҳ мешавад. Сӯҳбати ислоҳ шудани ғалат нест. Саҳеҳи дар як замон, ғалати дар замони дигар аст.

Ин баёне ҳам, ки оқои муҳандис карданд, агар дуруст диққат кунем, бармегардад ба ҳамон ҳарфи мусаввибаи мо нисбат ба аҳкоми исломӣ ва ба ҳарфи қоилин ба нисбӣ будани улум дар замони ҷадид ё суфастоиёни қадим, ки аслан мункири як воқеият буданд ва мегуфтанд: чун ин илми мутобиқ бо воқеъ ғалат аст, пас милоки илм, ғайр аз мутобиқат бо воқеъ чизи дигаре аст, аз ин рӯ монеъе надорад, ки ҳақиқат мутағайир бошад.

Мо арз мекунем ин ҷур нест, ки воқеият ба ҳасби истинботҳо тағйир бикунад. Мегӯянд:

Дар замоне мегуфтанд моликият дуруст аст ва дар замони дигар истинботҳо тағйир кард ва гуфтанд моликият дуздӣ аст…

Инро ба ҳисоби тағйир гузоштанд. Ин ҷур нест. Моликият ё ҳақ аст ва дар ҳамаи замонҳо ҳақ аст — ва он чи ҳақ аст, дар ҳамаи замонҳо ҳақ аст — ё дуздӣ аст ва аз ҳамон қадимулайём дуздӣ буда, на ин ки дар он замон дуздӣ набуда, ҳоло дуздӣ шуда. Албатта ҳеч кас намегӯяд моликият мутлақан ҳақ аст. Бояд бигӯем: шумо моликиятро таъриф кун. Агар гуфт: ҳар касе молики чизе аст, ки худаш тавлид карда ё дигаре барои ӯ тавлид карда ё агар касе чизеро тавлид кард ва баъд ба шахси дигаре мунтақил кард, он шахс дигар молик мешавад. Ин таъриф ё дуруст аст ё нодуруст. Агар дуруст аст, аз ҳамон сад ҳазор сол пеш дуруст буда, ва агар ҳам нодуруст аст, аз ҳамон сад ҳазор сол пеш нодуруст буда, на ин ки дар як замон дуруст буда ва дар замони дигар нодуруст. Бале, чизҳои дигаре ба номи моликият дорем, ки инҳо ҳам агар нодуруст аст, аз ҳамон сад ҳазор сол пеш нодуруст будааст.

Агар масалан гуфтем: ин ки як одам сармояаш ва нерӯи як идда афроди дигарро ба кор биандозад ва бо кӯмаки ин сармоя ва нерӯ, сарвати ҷадиде ба даст биёварад, он суди изофӣ ба кори коргар таъаллуқ пайдо мекунад, на ба сармояе, ки дар инҷо ҳаст. Агар ин ҳарф дуруст аст, аз сад ҳазор сол пеш дуруст буда, мунтаҳо имрӯз ин ҳақиқатро кашф кардаанд. Дар гузашта намедонистанд, хаёл мекарданд, ки ҳам кор муваллиди суд аст ва ҳам сармоя. Ҳамон тавр, ки қадим хаёл мекарданд об як унсури басит аст, баъд кашф карданд, ки хайр, об як унсури мураккаб аст, на ин ки дар қадим об басит буд, имрӯз мураккаб шуд. Об дар сад ҳазор сол пеш ҳам мураккаб буд, вале намедонистанд ва хаёл мекарданд басит аст. Имрӯз кашф карданд, ки аз аввали олам, об мураккаб буда.

Инҷо ҳам айнан ҳамин ҷур аст. Хаёл мекарданд, ки сармоя ва кор, ҳар ду метавонанд муваллиди суд бошанд, ки ислом ҳам музорабаро бар ҳамин асос таъсис карда ва мегӯяд: мешавад як нафар сармоя бидиҳад ва дигаре корашро бигузорад, ин кору сармоя бо ҳамдигар таркиб бишаванд, ӯ омили музораба бишавад, баъд ҳар суде, ки ба даст оварданд тибқи қарордод миёнашон тақсим мешавад. Албатта ислом таъйин накарда, ки чӣ миқдор аз суд моли сармоя аст, чӣ миқдор моли кор, (балки) гуфта тобеъи қарордод аст. Вале вақте гуфта тобеъи қарордод аст, маълум мешавад асли ин матлабро, ки сармоя ҳам дар эҷоди суд таъсир дорад қабул кардааст.

Ин матлаб агар дуруст аст, аз сад ҳазор сол пеш дуруст буда. Агар ҳам ғалат аст ва имрӯз кашф кардаанд, аз асос ғалат буда, на ин ки дар собиқ дуруст буда ва имрӯз ғалат шудааст. Агар эроде дар ин масоил бошад, на аз ин назар аст, ки мутағайир шуда, балки ба ин хотир аст, ки он ҳукм ғалат буда; дар қадим ғалат буда, имрӯз ҳам ғалат аст. Мо агар ҷавобе ба ин ҳарф доштем, ҷавоб медиҳем, ки хайр, ин ҳарф дуруст нест, ки “суд фақат мавлуди кор аст”, сармоя ҳам метавонад муваллид бошад. Ва агар натавонистем ҷавоб бидиҳем, дар масъалаи дигаре ғайр аз масъалаи тағайюри замон ва муқтазаёти замон натавонистаем ҷавоб бидиҳем.

Аз ин масъала ъаҷолатан мегузарем, гӯ ин ки масъалаи фавқулъода муҳимме аст ва борҳо тарҳ шуда ва тарҳ хоҳад шуд ва як масъалаи мӯди рӯз ҳам ҳаст. Чун такомули илмро ба ин шакл тафсир мекунад, қаҳран такомули ҳуқуқро ҳам ба ин унвон, ки нафси воқеияти ҳуқуқ тағйир мекунад, тафсир мекунад.

* * *

Ниёзҳои собит ва ниёзҳои мутағайир

Баҳси аслии мо дар бораи ин буд, ки он чи дар ислом вуҷуд надорад, насхи аҳком ва тағйир ба сурати насх аст, ки баъд аз Пайғамбар, ҳеч қудрате — ҳатто имом — наметавонад ҳукме аз аҳкоми исломро насх кунад. Вале тағйир мунҳасир ба насх нест, тағйироте ҳаст, ки худи ислом иҷоза додааст.

Ниёзҳои башар дугуна аст: собит ва мутағайир. Дар системи қонунгузории ислом, барои ниёзҳои собит, қонуни собит вазъ шуда ва барои ниёзҳои мутағайир, қонуни мутағайир. Вале қонуни мутағайир қонуне аст, ки ислом онро ба як қонуни собит вобаста карда ва он қонуни собитро ба манзилаи руҳи ин қонуни мутағайир қарор дода, ки худи он қонуни собит ин қонуни мутағайирро тағйир медиҳад, на мо, то бишавад насх. Дар воқеъ худи ислом аст, ки онро иваз мекунад. Мисоле арз мекунам. Асле дар ислом аст, ки мегӯяд:

طلب العلم فريضة على كلّ مسلم

(“Талаби дониш, бар ҳар мусалмоне фарз аст.”) Ҳол мехоҳад “муслима” дунболаш бошад ё набошад, чун ин “муслим” маънояш марди муслим нест; муслим яъне мусалмон. Дар инҷо суоле тарҳ мешавад, ки он илме, ки бар ҳар мусалмон воҷиб аст чист?

Ғаззолӣ — ки мутаъаллиқ ба ҳудуди 900 сол пеш аст — дар китоби “Эҳёул-улум” ва дигарон ҳам ин суолро тарҳ карда ва гуфтаанд: наметавон инро ба илми хоссе маҳдуд кард. Матлабро ин ҷур баён кардаанд — ва дуруст ҳам баён кардаанд – ки: мо дар ислом ду навъ илм дорем: баъзе илмҳо ҳаст, ки нафси илм худаш мавриди таклиф аст. Яъне чизе аст, ки худашро бояд донист, мисли илм ба Худо ва ба истилоҳ, “эътиқодот”, ки худаш лозим аст. Чунин илме худаш воҷиб аст. Вале илмҳое ҳам дорем, ки ба истилоҳи фуқаҳо воҷиби “таҳайъӣ” аст, тақрибан яъне воҷиби муқаддамӣ аст, яъне илми муқаддимаи амал аст, аз он ҷиҳат воҷиб аст, ки агар мусалмонон бихоҳанд вазифаашонро анҷом бидиҳанд, бидуни он илм мумкин нест. Воҷиб аст, вале на воҷиби нафсии зотӣ, балки воҷиби нафсии таҳайъӣ, барои омода шудан.

Он гоҳ Ғаззолӣ ин ҷур мегӯяд: мо як силсила воҷибот дорем, ки бидуни таҳсили як илм, имкони анҷомаш нест. Масалан, табобат воҷиби кифоӣ аст. Ин аз мусалламот аст. Чун ҷомеаи мусалмонон ниёз ба табиб дорад, пас вуҷуди табиб ба қадре, ки мавриди ниёз аст воҷиб аст. Илми тиб чӣ тавр? Одам ҳамин тавр яхро бишканад ва дар об фурӯ биравад, баъд берун биёяд, ки табиб намешавад. Агар бихоҳад табиб бишавад, бояд дарси тиб бихонад. Пас, хондани дарси тиб ҳам воҷиб аст, чун то дарси тиб нахонад, табиб намешавад. Ҳол, дарси тиб чӣ миқдор воҷиб аст? Оё агар касе “Тӯҳфаи ҳакими мӯъмин” ё “Қонун”-и Бӯалиро бихонад, воҷибашро анҷом дода? Ин дигар мутағайир аст. Ин он чизе аст, ки мутағайир аст. Яъне агар рӯзе равиши муолиҷаи бемории саратон кашф шуд ва маълум гардид, ки он маълумотро ба чӣ шакле ва дар куҷо бояд ба даст овард, воҷиб аст ҳамаи он чи ки дар анҷоми дурусти ин вазифа лозим аст таҳсил шавад. Бинобар ин, хондани илми ҷадиде, ки имрӯз пайдо шуда, дирӯз воҷиб набуд, вале имрӯз воҷиб аст.

Пас, мебинем, ки чизе дар гузашта воҷиб набуд, имрӯз воҷиб аст. Чӣ тавр шуда? Замон иваз шудааст. Замон, ки иваз шуда, ҳукми ислом ҳам иваз шуда? На. Ҳукми ислом ин аст: табобат воҷиб аст ва ҳар чӣ ҳам, ки барои табиб лозим аст, воҷиб аст. Дар замонҳои мухталиф он “ҳар чи лозим аст” тағйир мекунад, вазифа ҳам ба ҳамин андоза тағйир мекунад.

Биравем суроғи масоили дигар назири иқтисод. Вуҷуди як идда афроде, ки иқтисоди мусалмононро бичархонанд зарурӣ аст. Масалан, бидуни шак тиҷорат ба таври куллӣ, яъне висотат барои нақли коло аз тавлидкунанда ба масрафкунанда — ҳол ба ҳар шакл мехоҳад бошад — воҷиб аст. Замоне он миқдоре, ки мавриди ниёзи мусалмонон буд, бо ҳамон таҷрибиёти оддӣ ҳам ба даст меомад. Як рӯзи дигар он ниёзе, ки мусалмонон доранд, бо ин маълумоте, ки касе пеши бобояш кор карда бошад ба даст намеояд. Ҳатто бояд маълумоти риёзӣ ба даст оварад, то бишавад дар дунёи имрӯз иқтисодеро чархонд. Бинобар ин, имрӯз анҷом додани он воҷиби кифоӣ, машрут ба фаро гирифтани як силсила маълумоти бисёр зиёде аст. Пас, бояд он маълумотро ба даст овард.

Мисоли дигар: Қуръон мегӯяд:

وَأَعِدُّوا لَهُمْ مَا اسْتَطَعْتُمْ مِنْ قُوَّةٍ وَمِنْ رِبَاطِ الْخَيْلِ

Дар муқобили душман то охирин ҳадди имкон нерӯ таҳия кунед…” (Сураи Анфол, ояти 60) Замоне буд, ки чаҳорто оҳангар метавонистанд он васоили нерӯро бо ҳамон маълумоти таҷрибии замони худашон таҳия кунанд. Вале як замони дигар анҷоми ин вазифа маълумоти бисёре мехоҳад, илми сохтани бомби атомӣ ҳам лозим аст. Пас, барои он ки он вазифа анҷом дода шавад, воҷиб аст, ки ин мабҳас ҳам хонда шавад. Шояд бигӯед: магар Паёмбар гуфт: айюҳаннос! Биравед атомшиносӣ ёд бигиред, то мо имрӯз ёд бигирем? Мегӯем: Пайғамбар чунин чизе нагуфта, лозим ҳам набуда бигӯяд, вале Пайғамбар чизе гуфта, ки агар бихоҳем ба он амал кунем, бояд ин муқаддимаро ҳам анҷом бидиҳем, чун руҳи ин ҳукм он аст.

Он гоҳ фатвоҳо фарқ мекунад. Як муҷтаҳид вақте, ки мехоҳад фатво бидиҳад, ки фалон илм воҷиб аст, бояд дар бораи илми замони худаш фатво бидиҳад ва муҷтаҳиди дигар ҳам дар бораи илми замони худаш. Аз ин назар фатвои муҷтаҳидҳо дар ҳар замоне тағйир мекунад бидуни он ки дар он дастуре, ки руҳи ислом аст кучактарин тағйире пайдо шуда бошад, чун инҳо — ҳамон тавре, ки қаблан арз кардем — ба шакли иҷроӣ бармегардад. Шарти аслӣ дар ҳамаи инҳо иҷтиҳоду истинботи саҳеҳ, яъне дахолати саҳеҳи ақл аст. Уламои уммат — ки дар ислом вазоифи бисёр сангине ба ӯҳдаашон гузошта шуда — ҳастанд, ки бояд ин печу лӯлоҳоро гардиш диҳанд ва ба ҳаракат дароваранд. Онҳо ҳастанд, ки бояд бифаҳманд воҷиби кифоӣ дар чист, ва онҳо ҳастанд, ки бояд хусусиёти замони худашонро ташхис диҳанд ва баъд бигӯянд: он воҷиби кифоии ислом дар ин замон бо ин васоил анҷом мешавад ва дар замони дигар бо васоили дигар. Инҳоро ба ҳасби замонҳо ташхис бидиҳанд. Пас, маълум мешавад иҷтиҳод ва ақл нақше бисёр асосӣ дар ин масоил дорад.

Мисоли дигар: ислом роҳе боз кардааст ба номи боби “тазоҳум”. Решааш ҳам ин аст, ки аҳкоми ислом заминӣ аст, яъне бар асоси як силсила масолеҳ аст ва ҳудуду дараҷаи он масолеҳро ё худи ислом баён карда, ки ин дар чӣ дараҷа аст, он дар чӣ дараҷа, ё агар баён накарда, мо ба ҳукми далели ақл метавонем бифаҳмем, ки ин дар чӣ дараҷа аст, он дар чӣ дараҷа. Пайғамбар фармуд:

اذا اجتمعت الحرمتان طُرِحَتِ الصغرى للكبرى

Вақте, ки ду амри мӯҳтарам — ба сурати воҷиб бошад ё ба сурати ҳаром — дар якҷо ҷамъ шуд, кучактарро ба хотири бузургтар бояд раҳо кард.” Дар мавориде, ки ҳурматҳо бо якдигар меҷанганд, тазоҳум пайдо мекунанд, яъне амр доир аст миёни ду ҳукме, ки ислом дорад ва мо амалан бояд яке аз он ду ҳукмро раҳо кунем, то ҳукми дигарро ҳифз кунем. Инҷо вазифаи муҷтаҳид аст, ки ташхиси саҳеҳ дошта бошад, муҳимтарро бигирад ва муҳимро раҳо кунад. Исмашро “аҳамму муҳим” мегузоранд. Миёни муҳим ва аҳамм (муҳимтар), аҳаммро бигирад ва муҳимро раҳо кунад.

Хатари иҷтиҳодҳои суъ ҳам дар ҳамин ҷо пайдо мешавад. Чӣ басо муҷтаҳиде, ки муҳимро аз аҳамм ташхис намедиҳад, аҳаммро раҳо кунад муҳимро бигирад, гоҳе воҷибро раҳо кунад, мустаҳабро бигирад ва гоҳе ҳаромеро раҳо кунад ва макрӯҳеро бигирад. Яке аз инҳирофоти бузурге, ки дар ҷомеаи мусалмонон рух медиҳад ва рух дода ҳамин аст. Шеъре аз қадим ҳаст, ки мегуфтанд:

Аз ҷониби шери Худо овардаем,

Тарки воҷиб кардаем, суннат баҷо овардаем.

Гоҳе дар ҷомеа — вақте, ки тарбияташ ғалат бошад — ҳассосиятҳое барои баъзе мустаҳабҳо ба вуҷуд меояд, ки мардум воҷибҳояшонро тарк мекунанд, ба суннат мечаспанд ва гоҳ ҳассосиятҳое нисбат ба бархе макрӯҳҳо пайдо мешавад, ки мардум садҳо ҳаромро фидои як макрӯҳ мекунанд. Онҳое, ки мутасаддии тарбияти саҳеҳи ҷомеа ҳастанд, бояд муроқиби ин умур бошанд.

Фарз кунед, мо мехоҳем як зиёрати мустаҳабби Сайидушшуҳадо биравем. Бигзаред аз ин матлаб — ақидаи шахсии ман ҳам ин аст — ки ҳамон зиёрати Сайидушшуҳадо мумкин аст дар шароити махсусе воҷиб ҳам бишавад (ҳамин мисолро фуқаҳо зикр кардаанд) ба ҳасби ин ки замоне арзиши зиёрати Имом Ҳусайн ва арзиши зинда кардани мактаби Имом Ҳусайн он қадр бузург мешавад, ки ба ҳадди вуҷуб мерасад, вале замоне ҳам дар ҳадди як мустаҳабби оддӣ аст. Ҳол, дар вақте, ки дар ҳадди ҳамон мустаҳабби аслии оддӣ аст, мо мехоҳем ба зиёрати Имом Ҳусайн биравем. Бидуни шак дар ислом дурӯғ гуфтан ҳаром аст. Мехоҳем як зиёрати оддии Карбало биравем ва баргардем, хусусан зиёратҳои мо, ки медонед чӣ қадр ҳам арзиш дорад! Ба хотири як зиёрат, дар гузарнома гирифтан чанд то дурӯғ мегӯем. Пуламонро бихоҳем табдил кунем, чандто дурӯғи дигар мегӯем. Барои ин ки ин суннатро баҷо биёварем, садто дурӯғ мумкин аст бигӯем ва баъд бигӯем: чун дурӯғ дар роҳи дин аст ҷоиз аст! На. Худи дурӯғ ҳам, ҷузъи дин аст, ки набояд гуфт. Мо бояд бибинем, ки алъон аз назари ислом арзиши ин мустаҳаб ва суннате, ки мехоҳем анҷом бидиҳем, чӣ қадр аст; оё воқеан ин зиёрат рафтан аз назари ислом он қадр арзиш дорад, ки мо садто дурӯғ бигӯем ё на?

Гоҳе ҳассосияти мардум нисбат ба дурӯғ нагуфтан кам мешавад ва кам мешавад ва наздик ба сифр мерасад ва ҳассосияташон нисбат ба зиёрат рафтан он қадр зиёд мешавад ва зиёд мешавад, ки ба ҳадди як воҷиби дараҷаи аввал мерасад. Вале асли матлаб дуруст аст, куллии матлаб дуруст аст.

Ташхиси ин мавзӯъ бо кист? Боз бо ҳамон раҳбарони иҷтимоъ аст, ки инҳоро дараҷабандӣ кунанд ва дар ихтиёри мардум бигузоранд ва бигӯянд дурӯғро ба хотири ҳар чизе намешавад гуфт, магар ба хотири фалон чиз ва фалон чиз ва ғайра…

Ба ҳар ҳол, боби тазоҳум яъне боби ҷанги маслиҳатҳои ҷомеа. Дар инҷо як фақеҳ метавонад фатво бидиҳад, ки аз як ҳукм ба хотири ҳукми дигар амалан даст бардоранд, ва ин насх нест.

Замоне мехостанд ин хиёбонеро, ки дар Қум аз канори Ибни Бобавайҳ мегузарад ва то поини шаҳр ва масҷиди ҷумъа меравад эҳдос кунанд. Аз марҳум оқои Буруҷердӣ суол карданд, ки ин корро бикунем ё накунем? Чун он замон бидуни иҷозаи эшон ин ҷур корҳо сурат намегирифт. Эшон гуфтанд: агар масҷиде хароб намешавад монеъе надорад, ин корро анҷом диҳед ва пули моликҳоро ҳам бидиҳед.

Бадеҳӣ аст, ки ин тасарруф аст ва ҳол он ки асли ислом мегӯяд ва оқои Буруҷердӣ аз ҳар касе беҳтар медонист, ки вақте касе молики хонае ҳаст, бидуни ризои ӯ намешавад онро тасарруф кард ва вақте давлат ё ғайри давлат ба ӯ гуфтанд хонаатро ба мо мефурӯшӣ ё на, ки мехоҳем харобаш кунем ва ӯ гуфт ман намехоҳам хонаи падариамро бифурӯшам, касе ҳақ надорад ба ӯ зӯр бигӯяд, ҳарчанд бихоҳанд сад баробар бихаранд. Вале вақте, ки маслиҳати як шаҳр эҷоб мекунад, ки хиёбоне эҳдос шавад, дигар ризояти ӯ шарт нест. Гуфтем “маслиҳати як шаҳр”, на ба хотири ин ки фақат шаҳр зебо бишавад, ба хотири чизҳои дигар. Масалан, дар ин кӯчаҳо ва паскӯчаҳо, ки бо шароити қадим ҷур шуда, аҳёнан мехоҳанд маризе ё занеро, ки мехоҳад вазъи ҳамл кунад ба бемористон бибаранд. Агар хиёбоне кашида шуда бошад, метавонанд бо токсӣ дар зарфи муддати се дақиқа ба бемористон бирасонанд, вале дар он кӯча паскӯчаҳо агар бихоҳанд бо горӣ ва улоғ бибаранд, як соат тӯл мекашад ва аҳёнан мумкин аст он шахс аз байн биравад. Мусаллам инҷо маслиҳат иқтизо мекунад, ки ин васоил барои рифоҳи ӯ фароҳам бишавад. Дар замони қадим чунин маслиҳате вуҷуд надошт, яъне хароб кардани хиёбон чунин манофеъи бузургеро барои мусалмонон дарбар надошт, вале имрӯз, ки хароб кардани хонаҳо барои эҷоди хиёбон чунин маслиҳати бузурге дорад, фақеҳ аст, ки бар ин асос ҳукм мекунад, ки маслиҳатҳои кучактарро бояд фидои маслиҳатҳои бузургтар кард.

Вазъи молиёт ҳам аз ин қабил аст. Вазъи молиёт яъне ба хотири масолеҳи умумӣ, қисмате аз амволи хусусиро ҷузъи амволи умумӣ қарор додан. Агар воқеан ниёзҳои умумӣ иқтизо мекунад, ки бояд молиёти тасоъудӣ вазъ кард ва ҳатто агар зарурати таъдили сарвати иҷтимоӣ эҷоб мекунад, ки молиёт ба шакле вазъ шавад, ки аз маҷмӯъи даромад масалан фақат саде панҷи он ба дасти молики аслӣ бирасад ва саде наваду панҷ гирифта шавад, бояд чунин кард ва ҳатто агар маслиҳати ҷомеаи исломӣ иқтизо мекунад, ки аз як молик ба таври куллӣ салби моликият шавад, ҳокими шаръӣ ташхис дод, ки ин моликият, ки ба ин шакл даромада ғуддаи саратонӣ аст, ба хотири маслиҳати бузургтар метавонад чунин кореро бикунад.

Ин куброи куллӣ. Хаёл накунед, ки дар ин куброи куллӣ касе шак дорад. Ҳеч фақеҳе дар ин куброи куллӣ шак надорад, ки ба хотири маслиҳати бузургтари ислом бояд аз маслиҳати кучактар даст бардошт ва ба хотири мафсадаи бузургтаре, ки ислом дучораш мешавад, бояд мафсадаҳои кучактарро мутаҳаммил шуд. Дар ин матлаб аҳаде шак надорад. Агар мебинед амал намешавад, ба ислом марбут нест, (балки) ё ба ин далел аст, ки фақеҳи замон масолеҳро ташхис намедиҳад ё фақеҳи замон хуб ташхис медиҳад, вале аз мардум метарсад, ҷуръат намекунад. Боз ҳам тақсири ислом нест, фақеҳ шаҳоматеро, ки бояд дошта бошад надорад. Вале ҳукми ислом ин аст. Ислом чунин роҳи дурустеро боз кардааст.

Пас, бибинед инҳо тағайюрҳое аст дар дохили қонунҳои ислом ба ҳукми худи ислом, на тағйире, ки дигаре бихоҳад бидиҳад; насх нест, тағйири қонун аст ба ҳукми қонун.

* * *

Қонунҳои контролкунанда

Роҳи дигар — ки чизи аҷибе ҳам ҳаст — ин аст, ки дар матни қонунҳои ислом як силсила қонунҳое вазъ шуда, ки корашон контроли қонунҳои дигар аст. Ман хаёл намекунам, ки дар ҳеч системи қонунгузории дигаре чунин таъбияи бисёр олӣ дар матни худаш шуда бошад, ки онро қобили инъитоф кунад. Дар мақолоте, ки дар маҷаллаи “Зани рӯз” менавиштам, се мақола таҳти унвони “Ислом ва муқтазаёти замон” навиштам. Онҷо таъбир кардам, ки ислом барои ин қонунҳои контролкунанда, ҳаққи вето қоил шудааст.

Фуқаҳо таъбири бисёр зебое пайдо кардаанд, ки аз Шайхи Ансорӣ аст. Аз замони эшон дар тарзи истинбот, тағйироти бисёре пайдо шудааст. Он чи ҳам, ки эшон гуфта, кашф аст; чизе аз худаш ҷаъл накардааст.

Қабл аз эшон қонунҳоеро, ки нозир ба якдигар буданд, фақат ба ду се шакл баён мекарданд, мегуфтанд: агар қонуне бо қонуни дигар тасодум дошта бошад, ё ба шакли насх аст, ки онро насх мекунад ё ба шакли тахсис аст ва ё ба шакли тақйид.

Тахсис яъне аз умум ва куллияти он қонун баъзе афрод истисно мешаванд. Мисоле, ки худашон зикр мекунанд — ки мисоли шаръӣ нест, мисоли урфӣ аст — ин аст, ки агар шореъ гуфт:

أَكْرِمِ الْعُلَمَاءَ

Уламоро эҳтиром кун!” Вақте, ки гуфт, олим, ин умум дорад ва ҳар олимеро дарбар мегирад. Баъд меояд дар миёни олимҳо як иддаро истисно мекунад, масалан мегӯяд: “илло мусиқидонон”. Ин истисност. Инро “тахсис” мегӯянд.

Тақйид бо тахсис наздик аст, вале айни он нест. Мегуфтанд: мисли ин ки шореъ як табиатеро зикр мекунад, мегӯяд: агар фалон амалро муртакиб шудӣ, каффора бидеҳ. Каффораат ин аст, ки банда озод кунӣ. Баъд дар як далели дигар барои банда як сифат зикр мекунад, мегӯяд: бандаи мӯъмин озод кун! Онҷо гуфта: банда озод кун, мутлақ гуфтааст. Инҷо мегӯяд: бандаи мӯъмин озод кун, яъне сифат барояш зикр карда. Ин тақйид аст. Дигар беш аз ин намегуфтанд.

Шайхи Ансорӣ гуфт: на, гоҳе далеле бар далели дигар ҳоким аст; на носихи ӯ, на мухассиси ӯ ва на муқаййиди ӯст, ҳоким бар ӯст ва бар ӯ ҳукумат мекунад. Ҳукумат, навъе тафсир аст, ба шакли дигаре аст, руҳаш ҳамон руҳи тахсису тақйид аст, вале забонаш бо он фарқ мекунад. Масалан, мегӯяд: ҳар олимеро икром кун. Баъд намеояд истисно кунад ва бигӯяд: магар уламои наҳвро, балки ин ҷур мегӯяд: наҳвӣ, ки олим нест.

Мисоли беҳтараш ин аст, ки шореъ мегӯяд: агар дар намоз шак байни ақаллу аксар кардӣ, биноро бар ақал бигузор, баъд ҳам чунин намози эҳтиётӣ анҷом бидеҳ. Баъд мегӯяд: вале шакки касирушшак, ки шак нест. Намегӯяд: илло касирушшак, (балки) мегӯяд: шакки касирушшак, ки шак нест. Аслан инкор мекунад, ки ин шак бошад. Намехоҳад бигӯяд воқеан шак нест, балки забонаш забони инкор аст.

Баъд Шайхи Ансорӣ гуфт: мо бисёре аз чизҳо дар лисони ислом дорем, ки забонаш забони тафсир аст. Ҳол дар забони тафсир, гоҳе фардеро мавзӯъан хориҷ мекунад ва гоҳе фардеро мавзӯъан дохил мекунад.

Дар қадим ҳам қоъидаҳои контролкунандаро кашф карда буданд, вале тарзи тасарруфи қоъидаҳои контролкунандаро ба ин сурат (ба шакли ҳукумат) баён намекарданд, ба наҳви дигаре мегуфтанд.

Ислом қоъидае ба номи “Ло зарар” ва қоъидае ба номи “Ло ҳараҷ” вазъ кардааст. Ин қоъида бар тамоми қоъидаҳо ва қонунҳое, ки ислом дар ибодатҳо, муомилот ва дар ҳар маврид вазъ карда ҳокиму нозир аст. Дар якҷо мегӯяд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِذَا قُمْتُمْ إِلَى الصَّلاةِ فَاغْسِلُوا وُجُوهَكُمْ وَأَيْدِيَكُمْ إِلَى الْمَرَافِقِ

Хостед намоз бихонед, вузӯ бигиред… (Сураи Моида, ояти 6) Ин қонуне аст дар ибодат. Ҷойи дигар мегӯяд:

وَمَا جَعَلَ عَلَيْكُمْ فِي الدِّينِ مِنْ حَرَجٍ

(“Ва дар дин, бар шумо ҳараҷ (душворӣ) қарор надод…” (Сураи Ҳаҷ, ояти 78)) ва якҷо мегӯяд:

لا ضرر ولا ضرار في الاسلام

Дар ислом зарару зирор нест.” (Ҳадис) Гуфта мо вузӯ бигирем. Ман агар бихоҳам об ба дастам бизанам, бароям зарар дорад. “Ло зарар” мегӯяд: вузӯ нагир, яъне инҷо қонуни вузӯро контрол ва маҳдуд мекунад. Ояти дигар мегӯяд:

كُتِبَ عَلَيْكُمُ الصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلَى الَّذِينَ مِنْ قَبْلِكُمْ

(“Бар шумо рӯза навишта шуд (воҷиб гардид) ҳамон тавр, ки бар касоне, ки пеш аз шумо буданд навишта шуда буд…” (Сураи Бақара, ояти 183)) “Ло зарар” мегӯяд: вале на зарар, яъне он қонунро маҳдуд мекунад ба онҷо, ки рӯза барои ман зарар надошта бошад.

Мумкин аст бигӯед: назари афрод дар ташхиси зарар фарқ мекунад. Ин ғайр аз он аст, ки воқеияти замон мутағайир бошад. Як вақт аст, ки табибҳо ё худи шахс дарк намекунад, ки рӯза барои ӯ зарар дорад, як рӯзе каси дигаре дарк мекунад. Як деҳотӣ то вақте, ки рӯза ӯро беҳуш накунад ва ба таби чиҳилдараҷа гирифтор нашавад, фикр намекунад барояш зарар дорад, аммо як нафар табиби мутахассис мумкин аст бигӯяд: оқо, ин рӯзае, ки ту имрӯз мегирӣ ва ҳеч дарде ҳам эҳсос намекунӣ, бароят зарар дорад. Ман медонам, ки ту захми меъда дорӣ, имрӯз, ки рӯза бигирӣ, ду моҳи дигар асари зарари рӯза бароят пайдо мешавад. Пас, ин рӯза барои ту зарар дорад. Як қадре ташхисаш амиқтару дақиқтар аст. Вале ба ҳар ҳол ислом гуфта агар рӯза зарар дошта бошад ҳаром аст.

Ин қоъидаҳои контролкунанда (қоъидаи “ҳараҷ” ва қоъидаи “зарар” ва як силсила қоъидаҳои дигар) қонунҳоро контрол мекунад ва аз ин рӯ дар мавориди мухталиф тағйир медиҳад. Дар як замон мумкин аст дастуре ба ҳукми қонуни “зарар” ё ба ҳукми қонуни “ҳараҷ” бардошта шавад. Дар як макон дар шароити мухталиф мумкин аст баъзе дастурот ба ҳукми ин қонунҳо бардошта шавад.

Ин ҳам омиле аст, ки нармишу инъитофе дар қонуни ислом эҷод мекунад ва онро бо шароити мухталиф, қобили интибоқ мекунад. Ислом сарсахтӣ нишон намедиҳад, ки бигӯяд вақте гуфтам вузӯ, бимирӣ ҳам бояд вузӯро бигирӣ! Вақте гуфтам намоз, бимирӣ ҳам бояд намоз бихонӣ. На, ин ҷур нест.

Омили дигар, ихтиёроти ҳокими шаръӣ аст. Билоташбиҳ ҳамин тавр, ки дар қонунҳои башарӣ мебинед дар аксари кишварҳо қонунҳоро қувваи муқаннина вазъ мекунад ва дар ихтиёри қувваи муҷрия мегузорад, вале дар мавориде маслиҳат чунин иқтизо мекунад, ки барои ҳамеша ё ба таври муваққат қувваи муқаннина ихтиёрро ба қувваи муҷрия бидиҳад ва бигӯяд инро дар ихтиёроти худат амал кун ё дар баъзе аз қонунҳои дунё дар бархе масоил ба таври куллӣ ба як мақом ихтиёрот медиҳанд, мисли ихтиёроте, ки раисиҷумҳури Омрико ба ҳасби қонунҳо дорад магар ин ки баъд Кунгра он ихтиёротро аз ӯ бигирад; ибтидоан ихтиёротро ба ӯ медиҳанд, дар ислом низ як силсила ихтиёрот ба Пайғамбар дода шуда; ваҳй ба Пайғамбар ихтиёр дода на ин ки дар онҷо бахусус ваҳй нозил мешавад. Дар масоили идораи ҷомеаи исломӣ ғолибан чунин аст, Пайғамбар тибқи ихтиёроти худаш амал мекунад. Ва аз ин рӯ муҷтаҳид бояд ташхис бидиҳад кадом кори Пайғамбар ба ваҳй буда ва кадом кори Пайғамбар ба мӯҷиби ихтиёри ӯ, ки чун ба мӯҷиби ихтиёри худи Пайғамбар буда, тобеъи замони худи Пайғамбар аст. Замон, ки иваз шуд, мумкин аст ин ҷур набошад…

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: