Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (348)

Адаб кардани шер гургро, ки дар қисмат беадабӣ карда буд (1)

* * *

Гургро барканд сар он сарфароз,

То намонад дусариву имтиёз.

Он шери сарфарозу гаронқадр сари гургро барканд, то ду раис ва ду имтиёз вуҷуд надошта бошад (ва имтиёзу муғойират аз байн биравад.)

Дусарӣ: вуҷуди ду раис, ду ҳоким ҳукумат кардан.

“Фантақамно минҳум” аст, эй гурги пир!

Чун набудӣ мурда дар пеши амир.

Эй гурги пир! Ту мисдоқи ҳақиқии ояти шарифаи 136 сураи Аъроф ҳастӣ, ки мефармояд:

فَانْتَقَمْنَا مِنْهُمْ فَأَغْرَقْنَاهُمْ فِي الْيَمِّ بِأَنَّهُمْ كَذَّبُوا بِآيَاتِنَا وَكَانُوا عَنْهَا غَافِلِينَ

Пас, аз онҳо интиқом гирифтем ва ба дарё ғарқашон кардем, барои он ки оятҳои моро такзиб карда ва аз он ғофил монда буданд.” Зеро ту, эй гург, дар муқобили амир ва шоҳи вуҷуд фонӣ ва мурда нашуда будӣ.

Баъд аз он рӯ шер бо рӯбоҳ кард,

Гуфт: инро бахш кун аз баҳри х(в)ард.

Шер пас аз ҳалокати гург, рӯ ба рӯбоҳ кард ва гуфт: ин сайдҳоро ту барои ғизои рӯзона ва субҳона тақсим кун.

Саҷда карду гуфт, к-ин гови самин

Чоштхурдат бошад, эй шоҳи гузин.

Рӯбоҳ дар баробари шер саҷда кард ва гуфт: эй шоҳи баргузида! Ин гови фарбеҳу чоқ барои субҳонаи шумо ихтисос дорад.

Самин: чоқ, фарбеҳ.

В-ин буз аз баҳри миёни рӯзро

Яхние бошад шаҳи пирӯзро.

Ва ин буз барои ноҳори шоҳи пирӯзу ғолибу султони ҷангал ихтисос ёфтааст.

Яхнӣ: гӯшти пухтаи сардшуда.

В-он дигар харгӯш баҳри шом ҳам,

Шабчарай ин шоҳи болутфу карам.

Ва он харгӯш ҳам ба ҷиҳати шоми шоҳ аст. Хулоса, шабчараи шоҳи меҳрубону бузургвор аст.

Шабчара: шириниву мева, ки дар шабнишинӣ маъмулан пас аз шом мехӯранд, ба маънии чаридани ҳайвонот низ омадааст.

Гуфт: эй рӯбаҳ, ту адл афрӯхтӣ,

Инчунин қисмат зи кӣ омӯхтӣ?

Шер аз ин суханони рӯбоҳ сархушу бонишот шуд ва гуфт: эй рӯбоҳ! Ту адлу додро фурӯзон сохтаӣ, бигӯ бибинам, ин гуна тақсимро аз кӣ омӯхтаӣ?

Аз куҷо омӯхтӣ ин, эй бузург?

Гуфт: эй шоҳи ҷаҳон, аз ҳоли гург.

Эй бузургвор! Ин масъаларо аз чӣ касе омӯхтаӣ? Рӯбоҳ гуфт: эй шоҳи ҷаҳон! Ин матлабро аз фарҷому сарнавишти гург омӯхтаам. (Ба ростӣ, ки ибрат аз ҳаводиси таърих чароғи роҳи одамӣ аст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.903))

Гуфт: чун дар ишқи мо гаштӣ гарав,

Ҳар серо баргиру бистону бирав.

Шер ба рӯбоҳ гуфт: чун ту раҳини ишқи мо гаштӣ ва худро фидову фано намудӣ, пас ҳар се сайдро якҷо бигиру бирав, ки туро ба ҷиҳати он ки изҳори вуҷуд накардӣ, ба давлату иқбол расондем.

Нукта: Дар ин байт ва абёти баъдӣ ишора ба ин аст, ки чун худро аз миён бардоштӣ ва ҷумлагӣ худро дар роҳи маҳбуб фидо сохтӣ, ночор ӯ зоту сифоту афъоли худро ба ту ато мекунад ва туро ҷонишину халифаи худ месозад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.903)

Рӯбаҳо, чун ҷумлагӣ моро шудӣ,

Чунат озорем? Чун ту мо шудӣ.

Эй рӯбоҳ! Аз он рӯ, ки ту комилан ба “мо” табдил шудӣ, туро чӣ гуна озор диҳем! (Озор додан ба ту монанди озор додан ба худамон аст.)

Мо турову ҷумла ишкорон туро,

Пой бар гардуни ҳафтум неҳ, баро.

Мо туро, яъне ҳамаи ҳастӣ аз туст ва ҳама сайдҳо аз они туст, инак, бар фалаки ҳафтум по бигузор ва боло биё.

Нукта: Ҳол, ки аз ҳастии маҷозии худ гузаштӣ ва худбиниро тарк кардӣ ва ваҳдатро шуҳуд намудӣ, мақому мартибаи маънавияти бас волое ёфта ва бар маротибу дараҷоти осмонҳо ноил шудаӣ ва асрору ҳақоиқро дар бешаи маъно сайд кардаӣ. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.903)

Чун гирифтӣ ибрат аз гурги данӣ,

Пас ту рӯбаҳ нестӣ, шери манӣ.

Аз он рӯ, ки аз сарнавишти он гурги фурӯмоя, ки ҳамвора изҳори вуҷуд мекард ва худбинӣ менамуд, ибрат гирифтӣ, дигар аз ин пас, ту рӯбоҳ нестӣ, балки шери манӣ ва мавриди қабули ман воқеъ шудаӣ.

Нукта: Ҳар ки вуҷуди мавҳуми худро нафй кунад ва аз худбинӣ ва иноният бигзарад, шери бешаи тариқат мешавад ва ба инсони комил ва халифатуллоҳ мубаддал мегардад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.904)

Оқил он бошад, ки гирад ибрат аз

Марги ёрон дар балои мӯҳтараз.

Хирадманд касе аст, ки дар балое, ки парҳезу гурез аз он муяссар аст, аз марги ёронаш ибрат бигирад.

Балои мӯҳтараз: Балое, ки ҳарчанд вуқӯъаш ҳатмӣ аст, лекин гурез аз он ба шарти ба кор гирифтани хирад ва таҷриба, мумкин бошад.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: