Перейти к содержимому

Ҳалоку ва ҳукумати бе дарди сари вай

Дар “Ахлоқул-ашроф” ҳикояти аҷиберо дар бораи Ҳалокухони муғул ва ин ки чаро ҳукумати вай ва фарзандонаш наздик ба 100 сол бе ҳеч дарди саре идома дошт оварда, ки ҳол инҷо ба мазмун онро нақл мекунам:

Мегӯяд: Ҳалокухон вақте Бағдод — маркази хилофати исломиро тасхир кард, дастур дод, то мардумро гирд оваранд. Аз таки-таки онҳо мепурсид, ки ту чӣ кораӣ ва шуғлат чист? Яке гуфт: ман тоҷирам. Дигаре гуфт: ман пизишкам. Севвуме гуфт: ман мударрисам ва ҳоказо…

Он гоҳ Ҳалоку гуфт: туҷҷор бигузор бошанд, чун аз барои мо ва ҳукумати мо бозаргонӣ мекунанд ва ҳар ҷомеае ниёз ба бозаргону бозаргонӣ дорад. Дар бораи пизишкон ҳам ҳамин гуфт… то расид ба донишмандон ва ҳакимон. Пурсид:

— Ин ҷамоат чӣ кораанд ва дар ҷомеа чӣ нақше доранд?

Атрофиёнаш гуфтанд:

— Корашон ин аст, ки китоб менависанд, фарзандони мову шуморо дарс меомӯзанд, ҳар аз гоҳе ҳокимонро насиҳат мекунанд, ки агар Худой нокарда ҳоким зулму ситаме бар мардум раво бидорад, инон бо насиҳат ва панду андарз ӯро аз ин кораш бозмедоранд, ва хулоса, инон меҳтаранд ва чунонанд, ки ҳамвора ҳокимон пеши онон зону мезананд, на баръакс…

Ҳалоку гуфт:

— Пас он чӣ ман аз суханони шумо фаҳмидам, инон як дарди саранд! Сипас гуфт: инон дар ҷомеа афроде зиёдӣ ҳастанд ва нақше надоранд. Ҳукм дод, то ҳамаи ононро ҳамроҳ бо китобҳояшон дар дарё ғарқ кунанд ва ҷомеа аз вуҷуди эшон пок гардад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: