Перейти к содержимому

Ба баҳонаи зодрӯзи Муҳаммадалӣ Ҷиноҳ

Ҳамзамон бо фаро расидани 143-умин солрӯзи вилодати бунёнгузори Покистон, мардуми ин кишвар бо барпоии ҷашн ёди ӯро гиромӣ доштанд; шахсе, ки таърих хадамоташро ба мусалмонон аз ёд нахоҳад бурд.

Дунё мардони бузург ба худ кам надидааст; ашхосе, ки ранҷу сахтиҳои масири озодагиро чашида ва самараи талоши шабонарӯзии онон, миллатеро аз банди зиллат раҳо кардааст.

Муҳаммадалӣ Ҷиноҳ, бунёнгузори фақиди Покистон, аз зумраи ин афрод аст; сиёсатмадор ва ҳуқуқдоне, ки солҳо ҷангид, то мусалмонони шибҳиқорраи Ҳиндро аз чанги истеъмори Англис ва зулми ҳиндуҳои мутаассиб раҳо кунад. Хонадони падарии Муҳаммадалӣ аз шибҳиқорраи Ҳинд буданд, вале хонадони модарии онон эрониюласл буданд.

* * *

Оғози мубориза

Аз замоне, ки Англис дар шибҳиқорра тасалут пайдо кард, бо кӯмаки дастнишондаҳои худ мусалмонони ин минтақаро ба канор ронд ва онҳоро ба зиллат кашонд, аз ин рӯ ҳадафи бархе раҳбарони исломӣ ин буд, ки алайҳи Англис мубориза кунанд ва бо баҳрагирӣ аз зарфияти азими инсонии мусалмонон солҳои шукӯҳи ислом дар шибҳиқорраро дубора рақам бизананд.

Солҳое, ки нидои ислом дар гӯшаву канори шибҳиқорра бутхонаҳоро вайрон мекард ва ҳар рӯз шаҳру қавмеро ба сӯи тавҳид фаро мехонд, нахустин ҷанги тамомаёр миёни мусалмонон ва нерӯҳои англисӣ ва ҳамдастонашон дар даҳаи 50 аз қарни 18-ум рух дод, ки натиҷаи он шикасти мусалмонон буд.

Ба дунболи ин шикаст, авзоъ барои мусалмонон баду бадтар шуд, то ҷое, ки куштори мусалмонон амре оддӣ шуда буд ва ҳеч мусалмоне ба мақоме шоиста даст намеёфт, ҳатто бими он мерафт, ки бо аз байн рафтани шукӯҳи забони форсӣ дар шибҳиқорра ва таҳоҷуми ваҳшатноки фарҳанги ғарбӣ, ки тавассути бумиёни мутаассиб бар сари мусалмонон кӯфта мешуд, мавҷудияти исломро дар шибҳиқорра ба хатар биандозад.

Хонаводаи падарии Чиноҳ дар он солҳо аз туҷҷори муваффақи шаҳри Карочӣ буданд. Бо ин ҳол, Муҳаммадалӣ руҳи бузурге дошт ва ҳеч гоҳ нахост ва натавонист худро ба тиҷорате содда маҳдуд кунад, ӯ руъёи бузург дар сар мепарваронд: озодии мусалмонони шибҳиқорра. Вале дар ибтидо тарҳи комиле дар зеҳн тарсим накарда буд.

Гардиши рӯзгор ӯро ба Ландан кашонд, то идомаи таҳсил диҳад ва дар ин шаҳр буд, ки барои аввалин бор бо Алломаи Машриқзамин Иқболи Лоҳурӣ мулоқот кард. Иқбол аз орзуи худ мегуфт: кишваре поку мутаҳҳар, ки аз куфр барӣ бошад. Мусалмонон танҳо дар ҳисори як марзи ҷудо метавонистанд амният ёфта ва аз чанги зулми истеъмори Англис ва мутаассибони минтақаӣ раҳо шаванд. Шояд Иқбол танҳо қасд дошт орзуи худро таъриф кунад, вале суханонаш руҳи озодихоҳ ва пурталоши Ҷиноҳро бедортар аз қабл кард.

Вақте ба Ҳинд бозгашт, соли 1905 шуда буд ва Муҳаммадалӣ, ки 29 сол дошт ва як ҳуқуқдони ҳирфаӣ шуда буд, барои аввалин бор вориди дунёи сиёсат шуд; сиёсате, ки ҳеч гоҳ бар Муҳаммадалӣ таъсир нагузошт, балки ин Муҳаммадалӣ буд, ки сиёсатро мақҳури иродаи худ кард. Ӯ дар роҳи озодии мусалмонон ҳамсарашро аз даст дод, вале одоти муназзами ҳамешагии худро фаромӯш намекард ва ҳамчунон пеш метохт.

* * *

Гондӣ ва афкори Ҷиноҳ

Дар соли 1918 Гондӣ по ба арсаи сиёсат гузошт ва масъулияти Кунграи миллии Ҳиндро ба ӯҳда гирифт. Афкори ӯ ба маротиб аз пешинонаш беҳтар буд ва талош мекард, то оромишро ба шибҳиқорра бозгардонад, вале авзоъ бадтар аз оне буд, ки ин талошҳо ба анҷом бирасад.

Гондӣ ва Ҷиноҳ дар майдони сиёсат бо ҳам иртиботи хубе доштанд ва мавозеъи муштараки фаровоне низ доштанд, вале мавзӯе, ки сабаби ихтилоф байни онҳо мешуд, идеяи Иқболи Лоҳурӣ буд, ки Ҷиноҳ дар пайи анҷом ва иҷрои он буд.

Дар соли 1940 иттифоқи тозае рақам хӯрд ва дар як ҷаласаи расмӣ ва бузург дар шаҳри Лоҳур, Ҷиноҳ бо шӯри фаровон руъёи Аллома Иқболро барои мардум бозгӯ кард ва ба ин тартиб муборизот барои ҷавона задани як бедории исломии бузург дар шибҳиқорра вориди марҳилаи тозае шуд.

7 сол муборизаи шабонарӯзии Ҷиноҳ боис шуд нахлистони талошаш самар дода ва саранҷом дар 14 августи 1947 кишвари Ҷумҳурии Исломии Покистон ба расмият шинохта шавад.

Муҳаммадалӣ Ҷиноҳ дар ҳудуди 13 моҳ дар раъси ҳукумати Покистон қарор дошт ва хатти машйи куллии сиёсати хориҷии онро мушаххас кард. Вай ҳамеша дунболи ҳалли масъалаи Кашмир барои эҷоди равобити дӯстона бо Ҳиндустон буд ва ҳамчунин бар гиреҳгушоӣ аз масъалаи Фаластин исрор меварзид.

* * *

Ваҳдати мусалмонон, орзуи Ҷиноҳ

Ҷиноҳ аз ҳамаи мусалмонон ба некӣ ёд мекунад ва ононро ба сӯи ваҳдат ва ташкили уммати исломӣ фаро мехонад, ӯ аз мусалмонони Миср, Андунезӣ, Арабистони Саудӣ, Эрон, Афғонистон мехоҳад, ки барои ҳамкорӣ ва мусоидат бо ҳам талош кунанд.

Ӯ мегӯяд: “Вазифаи мост, ки ба бародарони мусалмонамон дар ҳар ҷойи дунё, ки ҳастанд кӯмак кунем!” Ҷиноҳ самбули муборизаи ақлонии мусалмонон аст ва ба ҳамин далел ба ӯ лақаби “Қоиди Аъзам” доданд. Гондӣ ӯро сарсахттарин фарди миллӣ ва мояи умеди Ҳинд хитоб мекард. Иқболи Лоҳурӣ ӯро “мунҷии мусалмонони Ҳинд” ва ҳатто мунҷии тамоми мусалмонони ҷаҳон медонист.

Бедории исломие, ки ӯ рақам зад, иззату эътибори аз дастрафтаи мусалмонони шибҳиқорраро ба онон бозгардонд, ҳарчанд кишвари Покистон дар солҳои пас аз пирӯзӣ ва ба далели марги Муҳаммадалӣ Ҷиноҳ дар соли 1948, ҳаводиси талху ширини фаровонеро таҷриба кард.

Ба қалами Ҳисом Киён Муқаддам

Tasnimnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: