Перейти к содержимому

ПМТ; таваллуд, ангезаҳо, дастовардҳо ва чолишҳои пеши рӯй

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Инак, соли 2018 милодӣ рӯ ба поён аст ва чанд рӯзи дигар соли ҷадиди 2019 фаро мерасад. Лозим донистам дар поёни сол андаке дар бораи муҳимтарин иттифоқ дар соли 2018 барои опозисиюни тоҷик, ки таъсиси Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) мебошад бинависам.

Ароизамро дар чанд нукта баён медорам:

1) Таваллуди ПМТ:

Дар таърихи 9 сентябри 2018, дар Варшав, пойтахти Лаҳистон, опозисиюни тоҷик эътилоферо таҳти унвони “Паймони Миллии Тоҷикистон” (ПМТ) таъсис дод. Санади таъсиси ин эътилофро намояндагони чаҳор ташаккул имзо карданд: Алим Шерзамонов (аз Анҷумани Озодандешони Тоҷик), Шарофуддин Гадоев (аз Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон), Илҳомҷон Ёқубов (аз Ҷунбиши муҳоҷирини Осиёи Марказӣ дар Иттиҳодияи Урупо) ва Муҳиддин Кабирӣ (аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон). Аҳдофи аслии ин эътилоф, дар санади таъсисии он омадааст.

* * *

2) Ангезаҳо аз таъсиси ПМТ:

а) Эҳсоси масъулият: Муҳимтарин ангезаи муассисони ПМТ ин аст, ки онҳо худро дар баробари истиқлоли Тоҷикистон ва аҳдофе, ки бунёнгузорони истиқлоли Тоҷикистон 27 сол қабл дар тазоҳуроте дар пойтахти кишвар пеши худ гузошта буданд, масъул медонанд. Ба сухани дигар, ПМТ дар воқеъ идомадиҳандаи роҳи ҳамонҳое аст, ки 27 сол пеш дар муқобили порлумони кишвар таҷаммӯъ намуда, хостори истиқлоли Тоҷикистон шуданд ва саранҷом ба ҳадафи худ ноил омаданд. Аммо бо рӯи кор омадани Раҳмон ва тимаш, ҳамаи он аҳдоф ба фаромӯшӣ супурда шуд. Ва мутаассифона, касе, ки ба шаҳодати таърих мухолифи сарсахти истиқлоли кишвар буд, имрӯз на танҳо дам аз истиқлолхоҳӣ мезанад, балки бо тамоми пуррӯӣ худро “поягузор”-и истиқлоли кишвар ҳам унвон мекунад. Аз ин рӯ, интихоби таърихи 9 сентябр барои эълони таъсиси ПМТ, дақиқан барои расондани ҳамин паём будааст.

б) Мумониат аз табдили Тоҷикистон ба як кишвари маврусӣ: Ангезаи дигари муассисон аз таъсиси ПМТ ин аст, ки онҳо намегузоранд кишвари азизамон ба як кишвари маврусӣ ва шибҳисалтанатӣ табдил ёбад. Тавзеҳ ин ки: иқдомҳо ва сиёсатҳои Эмомалӣ Раҳмон дар чанд соли ахир ҳамагӣ ҳокӣ аз ин аст, ки ӯ мехоҳад Тоҷикистонро ба як кишвари маврусӣ — ки қудрат аз падар ба писар мунтақил ёбад – табдил намояд; ҳарчанд бо ҳифзи зоҳири демукросӣ, ки гӯё дар он порлумон ҳаст, интихобот баргузор мешавад ва ғайра… Ҳадафи ӯ аз манъи фаъолияти ҲНИТ ва ба зиндон андохтани раҳбаронаш ва эҷоди маҳдудиятҳо барои фаъолияти аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеаи маданӣ ин аст, ки тамоми монеъаҳо аз сари роҳи табдили Тоҷикистон ба як кишвари маврусӣ бардошта шуда ва Тоҷикистон барои ӯ ва хонаводааш тамоман холӣ гардад. Аммо ПМТ бо эҳсоси масъулият дар баробари кишвар ва ҷомеа ва наслҳои оянда, ҳаргиз нахоҳад гузошт кишвари азизамон ба як кишвари подшоҳӣ табдил гардад.

* * *

3) Дастовардҳои ПМТ:

ПМТ, бо вуҷуди ин ки тоза таъсис шуда ва аз назари замонӣ фаъолияти чандоне ҳам надошта, вале дар ҳамин замони бисёр кӯтоҳ — ва он ҳам дар хориҷ аз кишвар ба хусус дар Урупо – тавонист нерӯҳои парокандаро ба ҳам оварад ва муборизаи худро ба сурати мунсаҷим ва барномарезишуда пеш бибарад.

Ва ҳамон тавре, ки роқими ин сатрҳо пеш аз ин низ дар мақолае ёдовар шуда буд, таъсиси ПМТ кори чандон саҳлу осоне набуд, ба вежа бо таваҷҷӯҳ ба монеъаҳои мутаъаддиде, ки мақомоти амниятӣ зарфи як соли ахир пеши роҳи таъсиси он гузошта буданд — аз рахна дар суфуфи опозисиюн ва эҷоди ихтилофу дудастагӣ дар байни онҳо гирифта то бурдани чанд тан аз фаъолони опозисиюн бо равишу тарфандҳои гуногун ба дохили кишвар — аммо хушбахтона, ПМТ бо сабру ҳавсала ва барномарезии дақиқ, тавонист аз ҳамаи ин мавонеъ ва саддҳо убур кунад.

Ширкати фаъолона дар нишастҳои солонаи САҲА, баргузории тазоҳурот ва гирдиҳамоиҳои мутаъаддид, эҷоди иртибот бо созмонҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ ва порлумонҳои кишварҳои урупоӣ ба хусус Иттиҳодияи Урупо, байналмилалӣ кардани парвандаи зиндониёни сиёсии тоҷик аз қабили парвандаи Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров, Муҳаммадалӣ Ҳаит ва ҳамчунин ҷамъе аз зиндониёни ҲНИТ ва ғайра, аз боризтарин дастовардҳои фаъолияти ПМТ дар ин сол буд.

* * *

4) Чолишҳои пеши рӯй:

Дар заминаи чолишҳое, ки ПМТ бо онҳо рӯ ба рӯст, Бобоҷон Қаюмзод чанде пеш мақолае ба риштаи таҳрир дароварда ва масоили ба назарам бисёр муҳиммеро мавриди ишора қарор дода буд. Ҳол, дар инҷо ба баёни чанд масъалаи дигар мепардозам:

а) Муҳимтарин чолише, ки имрӯз ба назарам ПМТ бо он рӯ ба рӯст ва лозим аст ба саломат аз он убур кунад ин аст, ки ҳукумат тамоми талоши худро ба харҷ хоҳад дод, то дар миёни ташаккулҳо ва шахсиятҳои узви ПМТ ихтилоф андозад ва дар натиҷа ин эътилоф аз ҳам бипошад. Албатта, талошҳои ҳукумат дар ин замина то ин лаҳза бесамар буданд ва натиҷае надоштанд, аз ин рӯ, ба равишҳо ва шигирдҳои ҷадид дар ин росто рӯй овардааст, ки ба гумонаш натиҷа хоҳанд дод.

Тавзеҳ ин ки: нигоҳе ба фаъолиятҳое, ки имрӯзҳо алайҳи ПМТ дар фазои маҷозӣ сурат мегиранд, нишон медиҳад, ки ҳукумат зоҳиран дар шеваҳои худ таҷдиди назар карда ва рӯй ба равишҳои ҷадид овардааст. Яъне агар пештар мақолот алайҳи опозисиюн ва раҳбаронаш, бештар дар расонаҳои давлатӣ ва тавассути афроде ба номҳои мустаъор (фейкҳо) навишта мешуд, аммо имрӯз ин навъ мақолот аз сӯи бархе рӯзноманигорони ба зоҳир “мустақил” (ки дар Тоҷикистон ҳам сокин нестанд) ва низ афроди маълумулҳол – ки собиқаи ҳузур дар саффи опозисиюн ҳам доштанд – навишта мешаванд, он ҳам ба ин сурат, ки: ин афрод аввал мақолоти худро дар сафаҳоти корбарии худ дар Фейсбук ё Одноклассники мекоранд, сипас “фейкҳои” ҳукуматӣ ва расонаҳои давлатӣ билофосила ин мақолотро ба сурати бисёр васеъ бознашр мекунанд.

Таваҷҷӯҳ ба муҳтавои ин мақолот, ба вузуҳ нишон медиҳад, ки танҳо бо ҳадафи коштани базри ихтилоф дар суфуфи ПМТ навишта шудаанд. Масалан, нависандаҳо бештар афроде аз аъзои ПМТ-ро ҳадафи ҳамалоти худ қарор медиҳанд, ки аз ҲНИТ нестанд, мисли Темур Варқӣ, Равшан Темуриён, Алим Шерзамонов, Ҳумайро Бахтиёр ва амсоли онҳо. Ва аҷибаш он, ки зишттарин ҳарфҳо ва бадтарин тӯҳматҳоро нисбати онҳо раво медоранд. Ва лобуд гумонашон ин аст, ки ин ҳарфҳо рӯи афроди мазкур ва дар руҳияи онҳо таъсиргузор хоҳад афтод.

Хулоса, истифода аз рӯзноманигорони ба зоҳир “мустақил” ва чеҳраҳое, ки собиқаи ҳузур дар суфуфи опозисиюн доштаанд, шигирди ҷадиди ҳукумат дар ҷанги нармаш бо опозисиюн ва мухолифони сиёсиаш гардидааст.

Ва аз тарафи дигар, равишеро, ки барои костан аз шумори ҳаводорони ҲНИТ (ва куллан ҷавонони пойбанд ба дину шариат) баргузидаанд ин аст, ки мураттаб менависанд, ҲНИТ аз “исломият”-и худ даст бардоштааст ва барои “курсӣ” рӯй аз аҳдофи исломии худ бартофта ва аз ин қабил хузаъбалот.

Ин нависандаҳои ҷирахор, ки барои миқдоре пуле ночиз, даст ба чунин корҳои паст мезананд, ба канор, мутаассифона аммо афроде ҳам аҳёнан даст ба ин гуна корҳо меёзанд ва қаламфарсоӣ мекунанд, ки ҳеч гуна вобастагӣ ба ҳукумат надоранд, ва ангезаашон ҳам аз “душманӣ” бо ПМТ, ҷуз ин нест, ки ҲНИТ ҷузъе аз он аст. Ва ин, воқеан ҷойи таассуф дорад!

Таассуф аз ин ҷиҳат, ки он нависандаҳои ҷирахор, ҳадафе ҷуз ба даст овардани миқдоре пуле ночиз надоранд, аммо шумо чаро? Шумо – ки зоҳиран ҳеч вобастагие ба низоми кунунӣ надоред ва аз тарафе ҳам мехоҳед адолат дар кишвар барқарор шавад – оё Тоҷикистон ва ҷомеаи онро мешиносед? Оё шумо ба дунболи Тоҷикистоне ҳастед, ки ҲНИТ дар он ҳузуре надошта бошад? Оё ин қобили тасаввур аст, ки касе дар кишварамон ба дунболи барқарории адолати сиёсӣ ва иҷтимоӣ бошад аммо бидуни ҳузури як ҳизби решадор дар саҳнаи он?!

Бар хилофи шумо аммо ҲНИТ ҷомеаи Тоҷикистонро хуб шинохтааст. Ӯ мисли шумо ҳаргиз ба дунболи сохтани ҷомеаи якранг нест. Инки шумо Тоҷикистони бидуни ҳузури ҲНИТ-ро мехоҳед, дар воқеъ ба дунболи Тоҷикистони якранг ҳастед; Тоҷикистоне, ки фақат афроди ҳамранги шумо зимоми идораи умури онро дар даст дошта бошанд. Аммо ҲНИТ мисли шумо нест. Агар ҲНИТ имрӯз ҷузъе аз ПМТ ва балки ҷузъи фаъоли он аст ва дар канори гурӯҳҳо ва шахсиятҳое қарор гирифтааст, ки аз назари идеулужик бо ӯ ихтилофи назар доранд, ва агар ҲНИТ мегӯяд, ба дунболи сохтани Тоҷикистони озод ва демукротик аст, на ба дунболи як низоми исломӣ, далелаш ин нест, ки даст аз “исломият”-и худ бардошта ва ё ба хотири “курсӣ” рӯй аз аҳдофи худ бартофта, ҳаргиз, балки ӯ ба ин бовар расидааст, ки наметавон Тоҷикистоне сохт, ки дар он як ранг ҳоким бошад ва як фикру ақида соя афканад.

Ба ҳамин ҷиҳат, роқими ин сатрҳо мӯътақид аст, ПМТ бо таваҷҷӯҳ ба ҳузури ҲНИТ дар саффи он, воқеънигартар аз режими ҳоким ва балки аз бисёре аз шахсиятҳо ва аҳзобе аст, ки дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон ҳузур ва ё ҳарфе барои гуфтан доранд. Дар мақолае таҳти унвони “Чаро ПМТ воқеънигартар аз режими ҳоким аст?” ин мавзӯъро бештар тавзеҳ додаам.

Андаке аз асли мавзӯъ дур шудем. Асли мавзӯъ ин буд, ки яке аз бузургтарини чолишҳо пеши рӯйи ПМТ, ин, талоши ҳукумат барои эҷоди дудастагӣ дар саффи он ва дар натиҷа фурӯпошии он аст. Хуб, бо таваҷҷӯҳ ба равишҳо ва шигирдҳои ҷадиди ҳукумат дар ин замина, оё ПМТ қодир хоҳад буд ин барномаҳои ҳукуматро хунсо ва ба саломат аз онҳо убур кунад? Инро оянда нишон медиҳад. Аммо ба ҳар ҳол, шарти убур аз онҳо, ин шинохти онҳост. Ҳамин ки нисбат ба онҳо шинохт ҳосил намуд, метавонад барномаҳое барои хунсосозиии онҳо бирезад, ки қатъан ҳамин корро хоҳад кард.

* * *

б) Чолиши бузурги дигар дар пеши рӯйи ПМТ, ин ҳифзи робита бо ҷомеа ва мардум дар дохили Тоҷикистон аст. Ва то ин ҷойи кор, тавониста ин робитаро ҳифз кунад. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ҳукумат дар се соли ахир тамоми саъйи худро барои гусастани ин робита ба харҷ додааст, ПМТ низ бояд барномаҳое ҷиҳати ҳифз ва ҳатто тақвияти ин робита бирезад.

Як нуктаро лозим аст дар инҷо арз кунам. Ва он ин ки: ҷаҳон дар қарни 20-ум шоҳиди инқилобҳои мутаъаддиде буд, ки дар шеваҳо ва равишҳо бо ҳам чандон ихтилофу тафовут надоштанд, аммо дар охирҳои қарни 20-ум ва бо вуруд ба қарни 21, интернет, ҳамон тавре, ки дар равобити байни инсонҳо таҳаввуле решаӣ падид овард, дар шеваҳо ва равишҳои инқилобҳо низ таҳаввуле асосӣ эҷод намуд, ки дар инқилобҳои арабӣ (баҳори арабӣ) метавон ба равшанӣ ин тағйиру таҳаввулро эҳсос кард. Яъне, агар дар инқилобҳои пешин нақши асосиро дар расидани ҷунбишҳо ба аҳдофашон, ин таҳарруки онҳо дар фазои ҳақиқӣ аз тариқи расондани “варақаҳо” ба дасти мардум ва баргузории ҷаласот бо онҳо мебозид, аммо имрӯза он чи онҳоро ба ҳадафашон зудтар мерасонад, ин фаъолият ва таҳарруки онҳо дар фазои маҷозӣ аст; бо таваҷҷӯҳ ба ин ки имрӯз интернет вориди ҳар манзиле шуда ва назик ба 90 дарсади мардуми рӯйи замин аз ҷумла Тоҷикистон сару корашон бо он аст.

Бинобар ин, яке аз асоситарини василаҳо ҷиҳати ҳифз ва тақвияти робита бо дохил ва мардум дар ин рӯзгор, ин ҳузури пуррангтар дар фазои маҷозӣ ва дар сурати имкон, роҳандозии як шабакаи телевизиюнӣ аст.

Албатта, ҳукумат низ ба нақши фазои маҷозӣ дар эҷоди афкори умумӣ дар ин рӯзгор огоҳ аст ва ба ҳамин ҷиҳат аст, ки дида мешавад имрӯзҳо бештарин нерӯи худро дар ҳамин замина сарф мекунад. Бинобар ин, мо бояд таваҷҷӯҳ дошта бошем, ки ҳузур ва фаъолияти мо дар фазои маҷозӣ барномарезишуда ва ҷиҳатдор бошад, на пароканда ва бе барнома. Яъне, бояд ҳавосси мо ҷамъ бошад, ки як вақт фаъолияти мо дар фазои маҷозӣ, тибқи нақшае, ки ҳукумат тарсим мекунад сурат нагирад. Ҳукумат, барои ин ки таваҷҷӯҳи опозисиюнро аз аҳдофи аслиаш мунсариф созад, гоҳе мавзӯъеро ҷаъл мекунад яъне “месозад”, то шумо ба онҳо андармон шавед. Ҳоло як мисол бизанам: масъалаи қонуни манъи вуруди хоҳарон бо сатр ба идорот, ба назари ман, як мавзӯи комилан “сохтагӣ” барои андармон кардани опозисиюн аст, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки бештари аъзои опозисиюн ҷавонони пойбанд ба дину шариат ҳастанд. Вақте опозисиюн тамоми ҳамму ғаммаш ҳамин шавад ва фаъолияти худро рӯи ҳамин масъала мутамаркиз намояд, қатъан аз аҳдофи аслиаш мунсариф хоҳад шуд. Ва ҳамин, ки ин мавзӯъ ба ҷойе расид, боз як мавзӯи дигареро ҷаъл мекунанд ва опозисиюнро бо он андармон месозанд. Ин шӯхибардор нест. Бояд ҳавоссамон ҷамъ бошад.

Ман намегӯям ин масъала аз назари шаръӣ, як масъалаи камаҳаммият аст, ҳаргиз, як вақт суибардошт нашавад. Балки муродам ин аст, ки аввалан, авлавиятҳо ҷобаҷо нашаванд, ва сониян, ба доми ин гуна нақшаҳои шайтонӣ наяфтем. Вагарна, ҳукумат бо ин кораш, яъне бо вазъи ин гуна қонунҳо, дар воқеъ қабри худро кандааст ва бар саффи душманонаш афзудааст. Сониян, дар Тоҷикистоне, ки мо мешиносем, ҳаргиз ин қабил қонунҳои зидди мардумӣ (намегӯям, зидди динӣ, балки болотар аз он, зидди мардумӣ) ба иҷро дарнамеоянд ва дар сурати қабул, иншоаллоҳ рӯи варақҳо мемонанд, ҳамон тавр ки то ба имрӯз хеле аз қонунҳои инчунинӣ рӯйи коғаз мондаанд. Лизо, ҳеч ҷойи нигаронӣ вуҷуд надорад.

* * *

Яке ду то чолиши дигари пеши рӯй буд, ки мехостам дар бораи он баҳс кунам – мисли эҷоди робита бо кишварҳои ҳамсоя ва ҳамчунин интихоботи соли 2020 ва масъалаи ҲНИТ ва исломияти он – ки дигар фурсат нест, мақола ҳам ба дарозо кашида шуд, аз ин рӯ ҳаминҷо баҳсамро ба поён мерасонам ва ба ин чанд мавзӯъ дар як фурсати дигар мепардозам.

Саломат бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: