Перейти к содержимому

Раиси Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низоми Эрон даргузашт

Оятуллоҳ Сайид Маҳмуди Ҳошимии Шоҳрудӣ, раиси Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низоми Эрон ва яке аз донишмандон ва мароҷеъи тақлид, пас таҳаммули як бемории тӯлонӣ даргузашт.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Оятуллоҳ Сайид Маҳмуди Ҳошимии Шоҳрудӣ дар соли 1327 ҳиҷрии шамсӣ (1948) дар шаҳри Наҷафи Ироқ зода шудааст. Падараш аз уламои маъруфи Ироқ буда.

Ӯ шогирди Сайид Муҳаммадбоқири Садр, мутафаккири исломӣ ва раҳбари мазҳабӣ-сиёсии Ироқ буд. Аз дигар устодони Ҳошими Шоҳрудӣ, Имом Хумайнӣ ва Оятуллоҳ Хӯиро метавон ном бурд.

Дар соли 1974, Ҳошимии Шоҳрудӣ дар пайи юриши мақомоти амниятии режими Саддом ба уламо ва андешамандон дар Наҷафи Ироқ, ба зиндон афтод ва замоне, ки инқилоби исломӣ дар Эрон пирӯз шуд, ба Эрон интиқол пайдо кард.

Дар оғози инқилоби исломӣ дар Эрон, Ҳошимии Шоҳрудӣ ба дастури Имом Хумайнӣ масъулияти наҳзати исломӣ дар Ироқро ба ӯҳда гирифт ва ҳамроҳ бо Сайид Муҳаммадбоқири Ҳаким, “Маҷлиси аълои инқилоби исломии Ироқ”-ро таъсис дод.

Ӯ узви Шӯрои нигаҳбони Эрон буд ва ҳамчунин дар Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ низ ҳузур дошт. Шоҳрудӣ дар замони риёсати ҷумҳурии Сайидмуҳммади Хотамӣ раиси қувваи қазоияи Эрон гардид. Ҳамчунин дар соли 2017 пас аз даргузашти Ҳошимии Рафсанҷонӣ, ба ҷойи ӯ, ба унвони раиси Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом интихоб шуд.

Ӯ, яке аз уламои маъруф ва аз мароҷеъи тақлид дар Эрону Ироқ маҳсуб мешуд. Дарсҳои фиқҳ ва усули хориҷ (иҷтиҳод)-и ӯ то охирҳои умраш барпо буданд. Ва дар заминаи “фиқҳи ҳукуматӣ” назариёти қобили таваҷҷӯҳе дошт.

* * *

Осори илмӣ:

— Буҳусун фи илмил-усул (7 ҷилд, арабӣ);

— Азвоъ ва ороъ (арабӣ);

— Дурусун фи илмил-усул (арабӣ);

— Дарсномаи усули фиқҳ (5 ҷилд, форсӣ);

— Қоъидатул-фароғ ват-таҷовуз (арабӣ);

— Қироъотун фиқҳия муосира (2 ҷилд, арабӣ);

— Буҳусун фил-фиқҳиз-закот (4 ҷилд, арабӣ);

— Буҳусун фил-фиқҳил-хумс (2 ҷилд, арабӣ);

— Буҳусун фил-фиқҳил-музораба (арабӣ);

— Буҳусун фил-фиқҳиш-ширка (арабӣ);

— Буҳусун фил-фиқҳиз-зироъӣ (арабӣ);

— Мавсуъатул-фиқҳил-исломӣ (дар 32 ҷилд, арабӣ)

— Донишномаи фиқҳи исломӣ (дар 32 ҷилд, форсӣ)

ва ғайра…

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: