Перейти к содержимому

Русия ба дунболи овардани писари Қаззофӣ ба сари қудрат дар Либӣ?

Бо таваҷҷӯҳ ба изҳори назари ахири яке аз муовинони Вазорати умури хориҷаи Русия дар бораи нақши писари диктотури собиқи Либӣ дар ин кишвар, ҳоло гумоназаниҳои мухталифе матраҳ шуда, ки оё Русия қарор аст нақше дар таъйини давлати Либӣ ифо кунад?

Михаил Богданов, муовини вазири умури хориҷаи Русия дирӯз (душанбе, 24.12.2018) дар як мусоҳибаи матбуотӣ таъкид кард: “Сайфулислом Қаззофӣ нақше дар ояндаи сиёсии кишвараш ифо хоҳад кард.”

Бино бар гузориши хабаргузории Reuters, Богданов гуфт, ки аввалҳои моҳи ҷорӣ, яке аз намояндагони Сайфулислом Қаззофӣ номае аз ҷониби вай ба Маскав оварда, ки дар ин нома, писари Қаззофӣ тарҳҳо ва барномаҳояш барои ояндаи сиёсии Либиро шарҳ додааст.

Ин мақоми аршади Вазорати умури хориҷаи Русия ҳамчунин таъкид кард, ки писари Муаммар Қаззофӣ дар тамоси мудовим бо Русия аст.

Богданов дар ин робита гуфт: “Мо аз ҳама ҳимоят мекунем. Мо мӯътақидем, ки ҳеч кас набояд мунзавӣ шавад ва ё аз ифои нақши созанда дар ояндаи кишвараш канор гузошта шавад.”

Вай идома дод: “Ба ҳамин далел аст, ки мо тамосҳои худро бо тамоми гурӯҳҳое, ки дар ғарб, шарқ ва ҷануби ин кишвар (Либӣ) ҳастанд, ҳифз мекунем… Сайфулислом аз ҳимояти қабоили хосс дар манотиқи хоссе аз Либӣ бархӯрдор аст. Тамоми инҳо бояд бахше аз фароянди куллии сиёсӣ бо мушорикати дигар нерӯҳои сиёсӣ дар ин кишвар бошад.”

Ин изҳороти муовини вазири умури хориҷаи Русия, суолҳои бисёреро дар зеҳни фаъолони расонаӣ ва сиёсии арсаи байналмилал матраҳ карда, ба гунае, ки хабарнигорон дар конфронси хабарии сухангӯи Кремлин аз вай дар бораи номае, ки Сайфулислом Қаззофӣ ба Маскав фиристода суол пурсиданд.

Аммо Дмитрий Песков, сухангӯи риёсати ҷумҳурии Русия, дар посух ба ин суол, сирфан гуфт, ки Кремлин дар бораи номаи писари Қаззофӣ, ки гуфта шуда аз тариқи конолҳои диплумотик ба раисиҷумҳури Русия таҳвил дода шуда, ҳеч иттилое надорад.

Вай дар идома ин мавзӯъро ба Вазорати хориҷаи Русия ирҷоъ дод ва гуфт: “Ман намедонам, шумо бояд дар Вазорати хориҷаи Русия ба дунболи иттилоот дар ин робита бошед, чаро ки ман ҳанӯз иттилоъе надорам, ки оё чунин номае аз конолҳои диплумотик ба Маскав расидааст ё на.”

Бо ин вуҷуд, расонаҳои ғарбӣ аз ҷумла Bloomberg гузориш карданд, ки Сайфулислом Қаззофӣ аз мақомоти Русия дархост карда, то аз вай дар интихоботи пеши рӯйи Либӣ ҳимоят кунанд.

Гузориши расонаҳо аз ин амр ҳикоят дорад, ки бо дархости кӯмак аз Русия, писари Қаззофӣ ҳам рӯйи таъмини молии корзори интихоботиаш ҳисоб карда ва ҳам рӯйи миёнҷигарӣ дар ройзаниҳо бо марокизи қудрат дар Либӣ.

Бархе манобеъи Либӣ низ аввалҳои моҳи ҷорӣ аз тарҳи Сайфулислом барои ҳалли бӯҳрони ин кишвар бо кӯмаки Русия хабар дода буданд. Муҳаммад Алқилушӣ, узви гурӯҳи “Иқдоми сиёсӣ” вобаста ба Сайфулислом, дар мусоҳиба бо рӯзномаи саудии Ашшарқул-авсат гуфта буд, ки дар ин моҳ, номае аз ҷониби Сайфулислом ба Вазорати умури хориҷаи Русия ироа кардааст.

Дар ҳамин иртибот, бархе сиёсатмадорони Либӣ низ дар ҳамон замон, сафари фиристодаи Сайфулислом ба Маскавро ба маънои талаби мусоидат аз хориҷ талаққӣ карда ва гуфтанд, ки мушкили феълии Либӣ бештар аз ин ки дохилӣ бошад, марбут ба мудохилаи хориҷӣ аст.

Як намояндаи порлумон аз шаҳри Мисрота дар ин бора гуфта буд, ки чунин сафарҳое ба манзилаи тазъифи ҳалли масоили кишвар дар дохил аст ва ба тӯлонӣ шудани бӯҳрон кӯмак мекунад.

Ин намояндаи порлумон таъкид кард: “Писари Қаззофӣ ахиран таҳаррукоти худро ба хусус аз тариқи Русия афзудааст… Оё 42 соли вайронии Либӣ барои онҳо кофӣ набуд?

Иртибот миёни писари Қаззофӣ ва мақомоти Русия махсуси як моҳи ахир нест ва пеш аз он низ хабарҳое аз вуҷуди ин иртибот мунташир шуда буд. Лев Денгов, раиси гурӯҳи тамоси Русия барои ҳаллу фасли бӯҳрони Либӣ аз вуҷуди тамос байни Маскав ва Сайфулислом, фарзанди Муаммар Қаззофӣ, раҳбари пешини Либӣ хабар дод ва таъкид кард: “Сайфулислом дорои вазнаи сиёсӣ дар Либӣ аст ва дар ояндаи ин кишвар нақш хоҳад дошт.”

Бо интишори ин гузоришҳо аз як сӯ ба назар мерасад, ки бо таваҷҷӯҳ ба изҳороти мақомоти аршади Русия, Маскав ин дархости кӯмакро дарёфт карда ва ба ин дархост низ посухи мусбат дода, ва аз сӯи дигар, ин тавр ба назар мерасад, ки зоҳиран давлати Русия тамоюле ба пурранг шудани чунин ҳимояте надорад ва моил аст агар ҳам кӯмаке сурат мегирад, дар пушти парда бошад, то баъдҳо тамоми ҷавониби авзоъ санҷида шуда ва тасмими ниҳоӣ.

Ва ин дар ҳоле аст, ки ҳудуди се моҳ пеш, маъмурони иттилооти Англис дар ҳушдор ба Тереза Мэй, нахуствазири ин кишвар, муддаӣ шуданд Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, барнома дорад низомиёни русро дар Либӣ мустақар кунад. Як мақоми давлати Англис низ ҳушдор дода буд, дар сурате, ки Русия контроли савоҳили Либиро ба даст бигирад, муҳоҷирон ба дунболи он хоҳанд буд, то бо гузар аз дарёи Медитарона, ба Урупо ворид шаванд. Ин манбаъ гуфт, ки раисиҷумҳури Русия дар талош барои тасаллут бар фазое аст, ки бидуни контрол аст, то таъсири худро бар ғарб таҳмил кунад.

Дуруст пас аз интишори ин гузориши иттилоотӣ дар Англис ва ҳушдори афсарони иттилоотии ин кишвар дар бораи талоши Маскав барои ҳузур дар Либӣ, намояндагони порлумони Англис аз давлат хостанд, то дар тақобул бо ин таҳдиди ҷадид аз сӯи Владимир Путин, иқдоме анҷом диҳад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: