Перейти к содержимому

Ҳикояти ҷолиби ду ҳамсояи мусалмон ва насронӣ

Дар ривояте аз Имом Содиқ (а) омадааст:

Ду ҳамсоя, ки яке мусалмон ва дигаре насронӣ буд, гоҳе бо ҳам роҷеъ ба ислом сухан мегуфтанд. Мусалмон, ки марди обид ва диндоре буд, он қадр аз ислом тавсифу таъриф кард, ки ҳамсояи насрониаш ба ислом мутамойил шуд ва қабули ислом кард.

Шаб фаро расид. Ҳангоми саҳар буд, ки насронии тозамусалмон дид дари хонаашро мекӯбанд. Ҳайрону нигарон пурсид:

— Кистӣ?

Аз пушти дар садо баланд шуд:

— Ман фалон шахсам, ва худашро муаррифӣ кард. Ҳамон ҳамсояи мусалмонаш буд, ки ба дасти ӯ ба ислом ташарруф ҳосил карда буд.

— Дар ин вақти шаб чӣ кор дорӣ?

— Зуд вузӯ бигир ва ҷомаатро бипӯш, ки биравем масҷид барои намоз.

Тозамусалмон барои аввалин бор дар умри хеш вузӯ гирифт ва ба дунболи рафиқи мусалмонаш равонаи масҷид шуд. Ҳанӯз то тулӯи субҳ хеле боқӣ буд. Мавқеи нофилаи шаб буд.

Он қадр намоз хонданд, то сапеда дамид ва мавқеи намози субҳ расид. Намози субҳро хонданд ва машғули дуо буданд, ки ҳаво комилан равшан шуд. Тозамусалмон ҳаракат кард, ки биравад ба манзилаш, рафиқаш гуфт:

— Куҷо меравӣ?

— Мехоҳам баргардам ба хонаам. Фаризаи субҳро, ки хондем, дигар коре надорем.

— Муддати каме сабр кун ва таъқиби намозро бихон, то хуршед тулӯъ кунад.

— Бисёр хуб.

Тозамусалмон нишаст ва он қадр зикри Худо кард, то хуршед дамид. Бархост, ки биравад, рафиқи мусалмонаш Қуръоне ба ӯ дод ва гуфт:

— Феълан машғули тиловати Қуръон бош, то хуршед боло биёяд, ва ман тавсия мекунам, ки имрӯз нияти рӯза кун, намедонӣ рӯза чӣ қадр савобу фазилат дорад!

Кам-кам наздики зуҳр шуд, гуфт:

— Сабр кун, чизе ба зуҳр намонда, намози зуҳрро дар масҷид бихон.

Намози зуҳр хонда шуд. Ба ӯ гуфт:

— Сабр кун, тӯле намекашад, ки вақти фазилати намози аср мерасад, онро ҳам дар вақти фазилаташ бихонем.

Баъд аз хондани намози аср гуфт:

— Чизе аз рӯз намонда… Ӯро нигоҳ дошт, то вақти намози мағриб расид.

Тозамусалмон баъд аз намози мағриб ҳаракат кард, ки биравад, ифтор кунад. Рафиқи мусалмонаш гуфт:

— Як намоз бештар боқӣ намонда ва он намози ишо (хуфтан) аст. Сабр кун.

Вақти намози ишо расид ва намози ишо ҳам хонда шуд. Тозамусалмон ҳаракат кард ва рафт.

Шаби дуввум ҳангоми саҳар буд, ки боз садои дарро шунид, ки мекӯбанд, пурсид:

— Кистӣ?

— Ман ҳамсояат ҳастам, зуд вузӯ бигир ва ҷомаатро бипӯш, ки ба иттифоқи ҳам ба масҷид биравем.

— Ман ҳамон дишаб, ки аз масҷид баргаштам, аз ин дин истеъфо кардам. Бирав як одами бекортаре аз ман пайдо кун, ки коре надошта бошад ва вақти худро битавонад дар масҷид бигузаронад. Ман одаме фақир ва аёлмандам, бояд дунболи кору касбу рӯзӣ биравам.

* * *

Имом Содиқ баъд аз ин ки ин ҳикоятро барои асҳоб ва ёрони худ нақл кард, фармуд:

— Ба ин тартиб, он марди обиди сахтгир бечораеро, ки вориди ислом карда буд, худаш аз ислом берун кард. Бинобар ин, шумо ҳамеша мутаваҷҷеҳи ин ҳақиқат бошед, ки бар мардум танг нагиред, андоза ва тоқату тавоноии мардумро дар назар бигиред. То метавонед коре кунед, ки мардум мутамойил ба дин шаванд ва фирорӣ нашаванд. Оё намедонед, ки роҳу равиши мо бар нармӣ ва мудоро ва ҳусни муошират ва ба даст овардани дилҳост?!

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Васоил”)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: