Перейти к содержимому

ҲНИТ: “Манъи вуруди занони сатрпӯш ба идораҳо, хилофи қонун аст”

Раёсати Олии ҲНИТ бо интишори баёнияе, зимни маҳкум кардани талоши мақомот барои қабули қонуне, ки бар мабнои он, хоҳарони сатрпӯш аз вуруд ба идораҳо манъ мешаванд, ин иқдомро хилофи моддаи 5-и Сарқонуни Тоҷикистон шумурдааст.

Дар ин баёния омадааст:

Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (РО ҲНИТ), талоши аз роҳи қонунӣ манъ намудани вуруди занони сатрпӯш ба бинои вазоратҳо, идораҳо ва корхонаҳои хусусиро шадидан маҳкум намуда, нигаронии амиқи худро аз ин амали зидди қонунии мақомоти Тоҷикистон изҳор медорад.

Интихоб ва тарзи пӯшиши либос, аз ҷумлаи ҳуқуқу озодиҳои ҳар шаҳрванд ба ҳисоб рафта, ин амали мақомоти кишвар хилофи моддаи 5-и Сарқонуни Тоҷикистон аст, ки дар он омадааст: “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Бинобар ин, талоши мақомоти Тоҷикистон ҷиҳати маҳдуд намудани бахше аз озодии виҷдон, хилофи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” мебошад, ки дар банди 1 — моддаи 4 – қонуни мазкур чунин омадааст: “Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, аз ҷумла ҳуқуқи ба танҳоӣ ва ё ҳамроҳи дигарон пайравӣ кардан ба ҳар гуна дин ё пайравӣ накардан ба ягон дин, ба таври озод интихоб, паҳн намудан ва дигар кардани ҳама гуна эътиқоди динӣ ва эътиқодҳои дигар, инчунин мутобиқи онҳо амал кардан кафолат дода мешавад.

Чанде пеш Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ Тоҷикистонро ба хотири поймол намудани ҳуқуқи динии мардум дар доираи “кишварҳои мавриди нигаронии хосс” қарор дода, аз маҳдуд кардани ҳуқуқи диндорон ибрози нигаронӣ карда буд. Ин амали ҳукуматдорон муҳри таъйид бар нигаронии кишварҳо ва созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар аз вазъияти ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аст.

Қобили зикр аст, ки рафтори навбатии мақомоти Тоҷикистон нисбати шаҳрвандон, давоми қонуншиканӣ ва поймол намудани ҳуқуқу озодиҳои асосии ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бешак дар рушди ифротгароӣ дар ҷомеа таъсири зиёд мерасонад.

РО ҲНИТ бори дигар бо маҳкум намудани ин амали зиддиқонунии мақомоти Тоҷикистон, аз созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар ва кишварҳои ҳомии демократия даъват ба амал меорад,ки пеши роҳи қонуншикании мақомоти Тоҷикистонро бигиранд.

Ҳамчунин аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш мешавад, ки барои дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳои худ ба идораву созмонҳои дахлдор шикоят баранд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: