Перейти к содержимому

Ҳузури Ҳусни Муборак дар додгоҳ барои баёни шаҳодат алайҳи Муҳаммад Мурсӣ

Диктотури собиқи Миср барои шаҳодат додан алайҳи Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури барканоршудаи ин кишвар, дар додгоҳ ҳузур ёфт.

Ба гузориши пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Алявмус-собеъ, Ҳусни Муборак асри имрӯз (чаҳоршанбе, 26.12.2018) вориди додгоҳи ҷиноии Қоҳира шуд, то алайҳи Муҳаммад Мурсӣ шаҳодат диҳад.

Бар асоси ин гузориш, Муборак дар ин ҷаласа ба баёни шаҳодати худ пардохт ва гуфт, ки сарлашкар Умар Сулаймон, раиси дастгоҳи собиқи истихбороти Мср ба ӯ гуфта буд, ки 800 нафар аз марзҳои шарқӣ ба дохили кишвар нуфуз кардаанд ва ин афрод бо силоҳу худрав аз марз ворид шудаанд, аммо иллати нуфузи онҳоро ба ман иттилоъ надод.

Вай афзуд, ки аносуре, ки аввалҳои ҳодисаи 25 январ (2011) аз марзҳои шарқӣ нуфуз карданд, шуморе аз аносури гурӯҳи Ихвонулмуслимин, Ҳизбуллоҳи Лубнон ва Ҳамосро аз зиндонҳо фирорӣ доданд.

Муборак гуфт: “Ихвонулмуслимин ва ғайра дар ҷинояти юриш ба марокизи пулис ва қатли нерӯҳои пулис дар ҷараёни ҳаводис 25 январ шарик ҳастанд.”

Вай афзуд, ки қатъан афроди нуфузӣ аз Ғазза ва аз сӯи Ҳамос вориди кишвар шуданд ва муртакиби иқдомоте шуданд, ки ман ба далели он ки ба амнияти кишвар латма мезанад, наметавонам бозгӯ кунам.

Диктотури пешини Миср изҳор дошт, ки афроди нуфузӣ барои эҷоди ҳарҷу марҷи бештар ва кӯмак ба Ихвонулмуслимин вориди кишвар шуданд, онҳо дар Ариш (минтақае дар марзи Миср ва Фаластин) аз силоҳ истифода карда ва аносури Ихвонулмуслимин ва Ҳамосро аз зиндонҳо фирорӣ доданд.

Муборак изҳор дошт: “Афроди нуфузӣ аз тариқ тунелҳои воқеъ дар марзҳои шарқӣ нуфуз карда ва марокизи пулис дар Рафаҳ, Шайх Зувейд ва Алишро ҳадаф қарор доданд ва сипас ба дохили кишвар ворид шуда ва дар майдонҳо ба хусус майдони Таҳрир мустақар шуданд.”

Вай афзуд: “Ҳадафи ин афрод фирорӣ додани аносури Ихвон, Ҳизбуллоҳи Лубнон ва Ҳамос аз зиндонҳо буд ва афроди мусаллаҳ аз пушти боми сохтмонҳои воқеъ дар майдонҳо тирандозӣ мекарданд.”

Муборак ҳамчунин бо ишора ба тахриби ҳазорон тенел дар марзи навори Ғазза гуфт: “Ба ҳангоми тахриби тунелҳо, аз навори Ғазза ба самти онҳое, ки дар ҳоли тахриби тунелҳо буданд, тирандозӣ мешуд.”

Диктотури собиқи Миср гуфт, ки ба хотири адами фурӯпошии Миср, қудратро ба нерӯҳои мусаллаҳ вогузор кард.

Додситонии Миср, Мурсӣ ва дигар муттаҳамони ин парванда: Муҳаммад Бадеъ, Рашод Албаюмӣ, Муҳйӣ Ҳомид, Саъд Алкатотнӣ ва 20 нафари дигар ва низ теъдоде аз аъзои Ҳамос ва Ҳизбуллоҳи Лубнонро ба иртикоби ҷурм дар ҷиҳати барҳам задани истиқлоли кишвар дар ҷараёни инқилоби 25 январи 2011 муттаҳам кардааст.

Гуфтанист, пас аз инқилоби 25 январи 2011 ва баргузории интихоботи риёсати ҷумҳурӣ, Муҳаммад Мурсӣ дар як интихоботи комилан озод ва шаффоф, ба унвони нахустин раисиҷумҳури Миср, ки бо раъйи мардум омадааст, интихоб шуд, аммо низомиён ба саркардагии Абдулфаттоҳ Сисӣ ба кӯмаки Арабистони Саудӣ алайҳи Мурсӣ ва давлаташ кудето карда, ӯро сарнагун карданд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: