Перейти к содержимому

Беназир Буту, бонуи сиёсатмадори ҷаҳони ислом, ки номи худро ҷовидона кард

Ба баҳонаи 11-умин солгарди терури Беназир Буту

Имрӯз (27.12.2018) мусодиф аст бо 11-умин солгарди терури Беназир Буту. Бинобар ин, имрӯз аъзои Ҳизби мардум аз саросари Покистон роҳии оромгоҳи Беназир Буту шуданд ва дар вилояти Синд таътили умумӣ эълом шуда.

Беназир Буту номи худро ба унвони аввалин нахуствазири зани Покистон ва ҷаҳони ислом дар таърих сабт кардааст. Вай дар 21-уми июни 1953 дар шаҳри Карочии Покистон дар як хонаводаи асил ва маъруф аз модари эронитабор мутаваллид шуд. Буту фарзанди як хонаводаи сиёсии муташаххис буд: Зулфиқор Алӣ Буту, муассиси Ҳизби мардуми Покистон.

Вақте Беназир 4-сола буд, падараш Зулфиқор Алӣ Буту тавассути Искандар Мирзо, раисиҷумҳури вақти Покистон, ба унвони намояндаи ин кишвар ба Созмони Милал эъзом шуд. Сипас ба унвони вазири бозаргонӣ дар замони риёсати ҷумҳурии Аюбхон, вазири нерӯ ва вазири умури хориҷа интихоб гардид.

Кӯдакӣ ва навҷавонии Беназир бо мудирияти падаре гузашт, ки тамоми имконоти рафоҳӣ, омӯзишӣ ва фарҳангиро дар ихтиёри ӯ қарор медод. Бо ин ки модари эронии Беназир шиъа буд, аммо бо ин ҳол, зиндагии вай дар канори дигар аъзои суннимазҳаби хонавода ва хешони ҳамсар, ба роҳатӣ ҷараён дошт ва ҳеч танишу ихтилофе дар миёни онҳо вуҷуд надошт.

Падари Беназир ағлаб фарзандонашро дар ҷаласоти дидорҳои сиёсии худ ширкат медод ва ҳарчанд даврони кӯдакии Беназир ба таври умда дар оромишу рафоҳи вежа сипарӣ шуд, аммо даврони навҷавонии вай, ҳамзамон бо шароите буд, ки илтиҳобот ва бӯҳронҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, на танҳо Покистон, балки бисёре аз нуқоти ҷаҳонро таҳти таъсир қарор дода буд.

Беназир дар синни 16-солагӣ ватани худро ба қасди идомаи таҳсил дар колеҷе вобаста ба Ҳорворд тарк кард ва пас аз итмоми таҳсилоташ дар колеҷ, барои идомаи таҳсил дар риштаи ҳуқуқ вориди Донишгоҳ Оксфорди Англистон шуд.

Вай, ки дар нахустин солҳои ҷавонӣ тамоюле ба сиёсат ва идомаи роҳи падар аз худ нишон намедод, аммо дар ҳангоми таҳсил дар ӯ ин ангеза пайдо шуд. Муҳимтарин ангезае, ки баъдҳо роҳи Беназир ба арсаи сиёсат дар Покистонро боз кард, тамоюли дарунии вай барои “дарҳам шикастан ва нобудии бисёре аз суннатҳои ғалати роиҷ” аз роҳи ҳузури хеш ба унвони як зани мусулмон дар саҳнаи сиёсати кишвар буд.

Беназир дар ин бора мегӯяд: “Бо нигоҳе ба таърихи ҷаҳон ба ин бовар ва натиҷа метавон расид, ки дар воқеъ теъдоди афроде, ки тавфиқ доштаанд мӯҷиби тағйироте дар дунё шаванд, чандон ҳам зиёд нест; афроде, ки битавонанд даврони пешрафт, навоварӣ ва тамаддунро ба кишваре биёваранд, ки нақши занон дар онҷо чандон ҳоизи аҳаммият нест.”

Пас аз солҳо таҳсил дар хориҷ аз ватан, замоне, ки падараш Зулфиқор Алӣ Буту нахуствазир буд, ба Покистон бозгашт, чанд рӯз пас аз вурудаш ба Покистон, артиш қудратро ба даст гирифт ва ҳукуматро ба тасарруфи худ даровард ва падари ӯро зиндонӣ кард. Падараш дар сол 1979 тавассути режими низомии женерол Зиёулҳақ ба дор овехта шуд.

Беназир дар солҳои баъд низ чандин бор дастгир шуд ва ба муддати се сол пеш аз ин ки иҷозаи хуруҷ аз кишварро дар соли 1984 ба даст оварад, дар тавқиф ва боздошт буд.

Вай сипас кишварро тарк ва дар Ландан иқомат гузид; дар онҷо ба ҳамроҳии ду бародараш, ташкилоти маҳрамонае барои мухолифат ва мубориза бо ҳукумати мустабидди низомии вақт оғоз кард.

Дар соли 1985 бародараш даргузашт. Замоне, ки Буту барои маросими хоксупории бародараш ба Покистон бозгашт, ба далели ҳузур ва ширкат дар гирдиҳамоии зиддиҳукуматӣ дубора дастгир шуд ва пас аз озодиаш ба Ландан рафт, аммо ҳангоме, ки дар апрели 1986 тазоҳурот зидди Зиёулҳақ аз сар гирифта шуд, ба Покистон бозгашт.

Вокуниши умумии мардум дар қиболи бозгашти ӯ ошуфта буд ва ӯ ба таври куллӣ, хостори канорагирӣ ва истеъфои Зиёулҳақ, ки сабагари марги падараш буд, шуд. Марги Зиёулҳақ дар сонеҳаи ҳавопаймоӣ дар августи 1988, ба коҳиши хушунатҳои низомӣ дар саросари кишвар анҷомид, ба тавре, ки Буту дар декабри ҳамон сол тайи интихоботи озоди мардумӣ, нахуствазир шуд.

Дар синни 35-солагӣ ӯ яке аз ҷавонтарин раҳбарон ва қонунгузорон дар дунё буд; нахустин зане, ки ба унвони нахуствазир дар Покистон хидмат мекард. Танҳо ду сол пас аз давраи нахуствазириаш, Ғулом Исҳоқхон, раисиҷумҳури вақт, Бутуро аз мақомаш барканор кард.

Вай дар соли 1993 барои бори дуввум як муборизаи интихоботӣ ва ҳамчунин наҳзате алайҳи фасодро поягузорӣ кард ва дубора ба унвони нахуствазир интихоб шуд.

Вай, тайи ин солҳо барқро ба маҳаллоти дурафтодаи Покистон кашид. Мубориза бо фақр ва гуруснагӣ, таҳияи маскан ва сарпаноҳ ва беҳдошти умумӣ ва мубориза бо ришвахорӣ ва фасоди молӣ, аз авлавиятҳои иқдомоташ буд.

Ҳамчунин озодсозии зиндониёни сиёсӣ, густариши робита бо Ҳинд, лағви мамнӯъияти фаъолияти иттиҳодияҳои донишомӯзӣ, қонунӣ кардани ҳуқуқи иттиҳодияҳои коргарӣ, эҷоди тасҳилот барои фаъолияти гурӯҳҳои ҳуқуқи башарӣ ва созмонҳои занон, чопи озод ва бидуни сонсури ахбор дар родию, телевизиюн ва нашриёт, ҷудосозии низоми қазоӣ аз низоми иҷроии кишвар, тамаркуззудоӣ аз иқтисод ва эҳёи бахши хусусӣ, иҷрои тарҳҳои умронии густурда дар кишвар ва эҷоди вазорати занон дар кобина ва ғайра, аз ҷумлаи фаъолиятҳои Беназир дар даврони нахуствазирӣ аст.

Дар соли 1996 раисиҷумҳури Покистон, Беназир Бутуро аз симаташ барканор кард. Пешниҳоди интихоби муҷаддади Буту ба мақоми нахуствазирӣ дар соли 1997 бо шикаст мувоҷеҳ шуд ва ҳукумати мунтахаби баъдӣ бо Навоз Шариф ба рӯи кор омад, ки худи ӯ сипас тавассути артиш саргун шуд.

Ҳамсари Буту зиндонӣ шуд ва ӯ маҷбур шуд як бори дигар ватанро тарк кунад. Вай 9 сол ба ҳамроҳи фарзандонаш дар Ландан дар табъид ба сар бурд.

Хотираи бозгашти ӯ дар октябри 2007 ҳамонанди истиқболе, ки дар апрели 1986 тавассути садҳо ҳазор нафар аз тарафдорони вай анҷом пазируфт, дубора зинда шуд. Дар соатҳои аввалияи вурудаш тавассути мардум мавриди истиқбол қарор гирифт, издиҳоми тазоҳуроткунандагон баёнгари бузургтарин саҳнаи норизоятӣ аз давлати вақт буд.

Тайи интихоботи миллии барномарезишуда барои январи 2008 Ҳизб, мардуми Покистон Беназир Бутуро мехост ба мақоми нахуствазирӣ бирасонад. Беназир Буту дар ҳоле, ки барои тасддии мақоми нахуствазирӣ дар интихоботи соли 2008 талош мекард, дар таърихи 27 декабри 2007 дар як ҳамлаи теруристӣ-интиҳорӣ дар шаҳри Ровалпиндӣ ба қатл расид.

Дар пайи терури вай, давлати Покистон Толибон ва Алқоъидаро масъули ин амалиёт донист ва эълом шуд фарде ба номи Кароматуллоҳ Билол аз аъзои Алқоъида ин терурро анҷом додааст, аммо дар пайи он Алқоъида эълом кард дар терури Буту нақше надоштааст. Ҷасади Беназир Буту дар вилояти Синди Покистон канори маҳалли дафни падар ва ду бародари худ ба хок супурда шуд.

Албатта корномаи сиёсии Беназир Буту ҳама дурахшон нестанд, дар корномаи ӯ сафаҳоти торике низ мушоҳида мешавад. Яке аз онҳо, таъсиси гурӯҳи Толибони Афғонистон ва низ ҳимоят аз гурӯҳи теруристии Алқоъида дар ҷангаш дар Афғонистон аст; гурӯҳе, ки ба дасти ҳаводорони покистонии он, саранҷом ин бонуи сиёсатмадор терур шуд. Ӯ дар як мусоҳибаи таърихии худ, ба ин воқеияти талх ишора кардааст.

Аз вай ду духтар ва як писар ба номҳои Бловел Буту Зардорӣ, Бахтовар Буту Зардорӣ ва Осифа Буту Зардорӣ баҷо мондааст.

Равонаш шод ва ҷойгоҳаш биҳишт!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: