Перейти к содержимому

Кашфи деворе монанди девори бузурги Чин дар Осиёи Марказӣ

Раҳбари ҳайъати эъзомии бостоншиносии Институи бостоншиносии Окодемии улуми Русия гуфт: “Девори бузурги Бохтар шабеҳи девори Чин кашф шудааст.”

Ба гузориши сойти Интикатор, Нигора Двуреченскоё, раҳбари ҳайъати эъзомии бостоншиносии Институи бостоншиносии Окодемии улуми Русия, дар як нишасти хабарӣ дар Тошканд гуфт: “Девори бузурги Бохтар шабеҳи девори бузурги Чин кашф шудааст.”

Бохтар, ки вожае юнонист ҳамон Тахористон аст ва номи сарзамини бостонии васеъе аст, ки қисматҳои васеъе аз манотиқи шарқии Эрони бостонро дарбар дорад. Бохтар аз шимол бо сарзамини Суғд ва Омударё ва аз машриқ бо Чин ва аз ҷануб бо Ҳиндустон ва риштакӯҳҳои Ҳиндукуш маҳдуд будааст.

Двуреченскоё дар ин нишасти хабарӣ афзуд: “Пажӯҳишҳои бостоншиносии анҷомшуда дар қалъаи Узундара (ки мутаъаллиқ ба қарни севвуми қабл аз милод аст) нишон доданд, ки девори бузурги Бохтар мушобеҳи девори бузурги Чин дар даврони Сулукиён барои ҳифозат аз марзҳои шимолӣ дар баробари таҷовузи кӯчнишинон сохта шудааст.”

Вай тасреҳ кард: “Қалъаи Узундара дар кӯҳҳои Бойсун, ки ба гуфтаи донишмандон, марзи табиии давлат дар он замон буд қарор дошта.”

Двуреченскоё идома дод: “Ба гумони бостоншиносон, дар қалъаи Узундара подагони мақдунӣ, ки марзҳои шимолии давлатро аз таҷовузи берунӣ ҳимоят мекарда, мустақар буда ва ин қалъа метавониста аз онон дифоъ кунад ва дар сурати ниёз аз тариқи дуд ё оташ ҳамлаҳоро ба дигарон иттилоъ диҳанд.”

Вай ёдоварӣ кард: “Бостоншиносон дар ҳаффориҳои худ чанди қитъа кулоҳи филизӣ, аслиҳа, ҳудуди 200 сикка ва қатаъоти мухталифи зуруфи сафолиро кашф карданд.”

Ин коршинос афзуд: “Таҳлилҳои ин иктишофот нишон медиҳад, ки ин қалъа фақат ҳудуди 150 сол мавриди истифода қарор доштааст.”

Нигора Двуреченскоё дар поён гуфт: “Бад-ин тартиб, матолиби қалъаи Узундара имкони пажӯҳиши тамоми ҷанбаҳои зиндагии қалъаҳои сулукӣ ва юнониро фароҳам хоҳад кард.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: