Перейти к содержимому

Кишварҳои арабӣ яке пас аз дигар дар ҳоли бозгушоии сафоратхонаҳои худ дар Сурия

Кишварҳои арабӣ, ки дар ҳашт соли гузашта ба ҳамроҳи муттаҳидони ғарбии худ талоши густурдае барои соқит кардани Башшор Асад ва низоми сиёсии Сурия ба харҷ доданд, акнун дар ҳоли талош барои эҳёи равобити худ бо давлати Асад ҳастанд.

Дар ҳамин росто, пас аз сафари чанд ҳафта пеши Умар Башир, раисиҷумҳури Судон, ба Сурия ва дидор бо Башшор Асад, гузоришҳо ва хабарҳо ҳокӣ аз он аст, ки соири кишварҳои арабӣ низ фаъолиятҳое барои азсаргирии равобит бо Сурия оғоз кардаанд.

Дар ин робита, имрӯз (панҷшанбе, 27.12.2018) Амороти Муттаҳидаи Арабӣ сафоратхонаи худ дар Димишқро бозгушоӣ намуд.

Аз сӯи дигар, хабарҳое аз эҳтимоли даъват аз Башшор Асад барои ширкат дар нишасти ояндаи Иттиҳодияи Араб дар соли 2019 ба гӯш мерасад.

Дар ҳамин замина, рӯзномаи Guardian дирӯз (чаҳоршанбе, 26.12.2018) ба нақл аз манобеъи диплумотик навишт, ки Иттиҳодияи Араб ба зудӣ курсии Сурияро ба давлати ин кишвар бозмегардонад, ҳарчанд ки Омрико чанд кишвари арабиро барои ҷилавгирӣ аз ин кор таҳти фишор қарор додааст.

Бино бар ин гузориш, манобеъи огоҳ мегӯянд, дар соли оянда Башшор Асад, раисиҷумҳури Сурия, бори дигар ба нишасти Иттиҳодияи Араб даъват шуда ва ҷойгоҳи Сурия дар ин иттиҳодияро бозхоҳад ёфт. Ҳашт сол пеш бо шаклгирии нооромиҳо дар Сурия, Иттиҳодияи Араб курсии Сурияро аз давлати ин кишвар салб карда буд.

Guardian ба нақл аз манобеъи диплумотик навишта, ки миёни 22 узви ин иттиҳодия, иттифоқи назаре барои бозгардондани курсии Сурия дар ҳоли шаклгирӣ аст; ҳарчанд Омрико бар Риёз ва Қоҳира фишор меоварад, то аз дархост барои раъйгирӣ дар ин маврид худдорӣ кунанд.

Бино бар ин гузориш, пазируфтани Сурия ба Иттиҳодияи Араб, аз диди Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ роҳбурде ҷадид барои дур кардани низоми Сурия аз Эрон аз тариқи эътои кӯмакҳои молӣ ва мушорикат дар бозсозии Сурия аст. Баровард шуда, ки барои бозсозии Сурия дастикам 400 милёрд дулор сармоя лозим аст.

Бар асоси ин гузориш, Арабистони Саудӣ низ аз тариқи Аморот хоҳони барқарории равобит бо давлати Сурия аст. Ин рӯзнома дар гузориши худ, аз сафари ахири Умар Башир, раисиҷумҳури Судон ба Димишқ, дидори вузарои хориҷаи Баҳрайн ва Сурия ва ҳамчунин бозгушоии марзи Ӯрдун бо Сурия, ба унвони дигар нишонаҳое ёд карда, ки аз эҳтимоли оддисозии равобити кишварҳои арабӣ бо Сурия дар моҳҳои оянда хабар медиҳанд.

Бо вуҷуди ин, Guardian навишта, кишварҳои ғарбӣ эҳтимолан ҳамчунон ба мавзеъгирӣ алайҳи давлати Сурия идома хоҳанд дод. Як диплумоти урупоӣ дар ин маврид ба ин рӯзнома гуфтааст: “Қатъан ин пурсиш ҳамвора матраҳ аст, ки инзивои байналмилалӣ чӣ қадр тӯл мекашад ва ба чӣ наҳв шурӯъ ба шикастан мекунад. Эҳтимолан ин амр аз дохили ин минтақа оғоз мешавад.”

Вай афзуда: “Бо вуҷуди ин, мавзеъи мо муҳкаму побарҷост. Алъон ҳеч раванди ҳаллу фасли воқеӣ ва мӯътабаре дар Сурия дар ҷараён нест; бинобар ин, асосан ҳеч далеле барои оштӣ бо ин режем вуҷуд надорад.”

Ба навишта Guardian, яке аз аъзои муъорзони сурӣ бо интиқод аз тасмими кишварҳои арабӣ барои азсаргирии равобит бо Сурия, гуфтааст: ”Бародарони араби мо, мисли бародар рафтор намекунанд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: