Перейти к содержимому

Ислом ва талаботи замона (32)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Ҷабри таърих аз ду дидгоҳ (1)

Ҳамон тавр, ки арз кардаем, баҳси мо дар бораи ислом ва муқтазаёти замон дар ду бахш баён мешавад; чун ишколе, ки дар ин баҳс ҳаст, ишколи ҳамоҳангии як амри собит дар зоти худ (яъне ислом) ва як амри мутағайир дар зоти худ (яъне муқтазаёти замон) аст. Ҳамаи ишколҳо аз инҷо пайдо мешавад.

Баҳсе дар бораи ислом бояд бишавад, ки оё инчунин аст? Оё ислом — ки мусаллам як дини ҷовидон ва собит ба маънии ғайриқобили насх аст — вазъи дохилии он ба гунае ҳаст, ки бидуни он ки насхе дар кор бошад, ба таври худкор ва ба истилоҳ диномик, худаш дар даруни худаш тағйироте бипазирад ва худ ба худ тағйироте бидиҳад, ки бо такомули замон ҷур дарбиёяд? Оё ислом дорои чунин вазъе ҳаст ё нест? Ин бахши аввали баҳси мо буд, ки баҳс кардем ва натиҷа гирифтем, ки:

Ҳар тағйире мусталзими насх нест ва метавонад қонуне дар даруни худаш таҳти як силсила усули собит, вазъи мутағайиреро пешбинӣ кунад.

Бахши дуввуми баҳси мо роҷеъ ба асли дуввум яъне замон аст. Дар ишкол чунин фарз шуда буд, ки муқтазаёти замон сад дар сад мутағайир аст ва наметавонад собит бошад ва замон ҳеч чизеро ҷовид нигаҳ намедорад ва намегузорад ҷовид бимонад. Танҳо асле, ки дар ҷаҳон ҷовид аст ин аст, ки ҳеч чиз ҷовид нест.

Роҷеъ ба он асли собит баҳс кардем ва натиҷа гирифтем, ки ин ҷур нест, ки ислом муқаррароташ собит бошад, ба маънии ин ки дар даруни худаш тағйир напазирад. Пас, аз он тараф қобилияти инъитофӣ собит шуд.

Дар мавриди замон чӣ тавр? Оё мо бояд ин аслро ба ҳамин куллияту умумият бипазирем, ки замон ҳама чизро кӯҳна мекунад? Яъне ин асли таваллуд ва баъд рушд ва баъд кӯҳнагӣ ва пирӣ ва баъд мурдан ва фано ва аз байн рафтан, асле аст, ки дар ин ҷаҳон бар ҳама чиз ҳоким аст? Ё ин ки ин ҷур нест, фақат дар бораи падидаҳо (яъне таркиботи моддии ҷаҳон) ин тавр аст. Мо ҳеч падидае аз падидаҳои ҷаҳон ба маънии як падидаи табиӣ ва моддӣ надорем, ки чунин набошад. Вале сухани мо дар бораи як падида нест, дар бораи қонун аст.

* * *

Оё идеулужӣ ҳам кӯҳна мешавад?

Қаблан арз кардам, ки як вақт сухани мо масалан дар ин бора аст, ки оё Пайғамбар барои ҳамеша дар ҷаҳон боқӣ аст ё на? Бадеҳӣ аст, ки на, Пайғамбар ҳам мавҷуде аст аз мавҷудоти ин ҷаҳон, дер ё зуд мемирад:

إِنَّكَ مَيِّتٌ وَإِنَّهُمْ مَيِّتُونَ

(Сураи Зумар, ояти 30). Аммо як вақт сухан дар бораи нафси ислом аст ба унвони як қонун, яъне ба унвони як дастгоҳи фикрӣ, ки дорои як силсила маориф ва ҷаҳонбиниҳо ва як силсила муқаррароти амалӣ-тарбиятӣ аст ва ба истилоҳ ба унвони як идеулужӣ. Оё як идеулужӣ ҳам ҳатман бояд сарнавишти падидаҳои ҷаҳонро дошта бошад?

Инро боз бояд дар ду қисмат баҳс кунем: яке, он назариёти куллие, ки мегӯянд идеулужӣ ҳам наметавонад барои ҳамеша боқӣ бимонад, яъне ҳамаи идеулужиҳо ҳам ҳамон сарнавиштеро доранд, ки падидаҳо доранд. Албатта инҷо баҳс хеле ҷанбаи куллӣ пайдо мекунад. Мо бояд бибинем ин асли куллӣ дуруст аст ё дуруст нест?

Қисмати дуввуми ин баҳс, баҳси ҷузъӣ аст, яъне ангушт гузоштан рӯи масоиле мушаххас аст — ки ин муҳимтар ва умдатар аст — ва он ин аст, ки мо на рӯи ин асли куллӣ, ки “ҳар идеулужӣ маҳкум ба заволу фано ва нестӣ аст” баҳс мекунем, балки рӯи ин баҳс мекунем, ки фалон муқаррароти ислом мутаносиб бо шароиту авзоъи хоссе аз зиндагии башар аст, он шароит тағйир карда, пас он муқаррарот дигар наметавонад вуҷуд дошта бошад? Ин буд, ки рӯзи аввал ҳам арз кардем, ки бояд рафт дунболи мисолҳо ва мисдоқҳо, ва масоил бояд ба таври ҷудогона матраҳ бишавад.

* * *

Назари морксизм

Аввал он баҳси куллиро арз мекунем. Назарияе, ки беш аз ҳар назарияи дигаре лозимааш ин аст, ки ҳеч идеулужие собиту доиму ҷовид набошад, назарияи морксистҳо ва ба таври куллӣ назарияи материалистҳост дар бораи инсон, аз ду назар: яке, аз назари хостаҳои инсон ва ба иборати дигар ғароизи аслии инсон, ва он ин ки инсон — ки бидуни шак таърихро инсон ба вуҷуд меоварад — таҳти чӣ нерӯе аст? Яъне нерӯҳои аслии ҳоким бар ғароизи инсон чист? Ва дигар, аз назари фикри инсон, ки оё нафси фикр, як падидаи моддӣ ва тобеъи қонунҳои моддии олам аст, ки бо тағйири шароити моддӣ ҷабран фикр ҳам бояд тағйир кунад? Ва ба истилоҳ ақл ба ҳеч унвон асолат надорад? Аз модда ва шароити моддӣ истиқлол надорад, ки бо тағйири шароити моддӣ, ақлу фикр ё усули ақлонӣ ва усули фикрӣ собит бошанд?

Медонем, ки морксистҳо бар асоси назарияи материалистии худашон аз ду назар қоил ба ҷабри таърих ҳастанд: ҳам аз ин назар, ки инсонро як мавҷуди сад дар сад моддӣ медонанд, ва ҳам аз ин назар, ки инсонро аз назари хостаҳо моддӣ медонанд. Яъне хоста ва ҳадафи аслии инсон дар ҷаҳон ва зиндагӣ, ҳамон манофеъ аст; инсон зарруратан ва ба ҳукми сиришти худаш манфиатҷӯ ва манфиатпараст офарида шуда. Албатта манфиатро метавонем ба як маъное таъмим бидиҳем, яъне “хайр”, вале мақсуд он хайре, ки ҳукамо мегӯянд нест, ки онро ҳатто ба умури ғайримоддӣ таъмим медиҳанд, балки мақсудашон ҳамон умуре аст, ки қобили табдилу мубодила аст, яъне умури моддӣ умуре, ки бишавад бо пул харид ва фурӯхт ва табдил кард, ва хулоса умури иқтисодӣ. Ҳар чизи дигар, ки шумо фикр кунед аз қабили фарҳанг, ахлоқ, дин, ҳунар, ҳеч як аз инҳо барои инсон асолат надорад, балки инҳо туфайлиҳое ҳастанд барои масоили иқтисодии башар. Зербино масоили иқтисодӣ аст ва инҳо рӯбиност, дар воқеъ таҷаллёте аст аз он хостаҳо ва аз он зербино ва аз он ташкилоте, ки бар зиндагии моддии башар ҳукмфармост, ва чун шароити моддии зиндагӣ тағйир мекунад яъне зербино тағйир мекунад, ҳама чиз тағйир мекунад; фикр тағйир мекунад, усули фикрӣ ва ҳатто усули аввалияи фикрӣ иваз мешавад. Усули аввалияи фикри инсон — ки онҳоро бадеҳиёти аввалия мешуморад — асолате надорад. Он зербино, ки тағйир кард, усули аввалия ва сонавияи фикр ва қонунҳо ва муқаррарот, худ ба худ ва ҷабран — на ба таври ихтиёрӣ — иваз мешавад; наметавонад собит бимонад. Виҷдони инсон — чӣ виҷдони фалсафиаш, чӣ виҷдони ахлоқиаш, чӣ виҷдони ҳунариаш ва ҳар виҷдоне, ки барои инсон дар назар бигиред — бо тағйири шароити иқтисодӣ тағйир мекунад ва табъан муқаррароте, ки инсон дар ҳар замина вазъ бикунад, аз ҷумла дар заминаи худи иқтисод, шароит, ки иваз мешавад, муқаррароте, ки мутаносиб бо шароити қаблӣ аст бояд иваз шавад ва соири чизҳо ҳам худ ба худ тағйир мекунад.

Ин ҳамон чизе аст, ки инҳо имрӯз аз он ба “ҷабри таърих” таъбир мекунанд.

Роҷеъ ба ҷабри таърих калимае арз мекунам. Ҷабри таърих яъне зарурате, ки лозимаи шароити таърихӣ аст. Ин ҳамон пиёда шудани қонуни иллият дар таърих ва саргузашти башар аст. Масалан, як вақт ҳаст, ки шумо мехоҳед қонуни иллиятро дар масоили ҷаввӣ пиёда кунед, ин ҷабр дар масоили ҷаввӣ аст. Қонуни иллият яъне ҳар маълуле тобеъи шароити хосс ва иллатҳои муайян аст, ки бо пайдоиши он иллатҳо, пайдоиши он маълул қатъӣ ва зарурӣ ва ҳатмӣ ва лоятахаллаф аст ва бо набудани он иллатҳо, пайдоиши он маълул маҳол ва мумтанеъ аст. Ин, маънии ҷабр ва қонуни иллият.

Як вақт мо қонуни иллиятро дар масоили ҷаввӣ пиёда мекунем, як вақт дар маъодин пиёда мекунем, як вақт дар гиёҳон ва як вақт дар ҳайвонот. Як вақт ҳам ҳаст, ки онро дар зиндагии инсон пиёда мекунем. Дар ин сурат агар онро ба мафҳуми мутлақ дар назар бигирем, ҳарфе аст ғайриқобили инкор, яъне таърихи инсон аз қонуни иллият хориҷ ва мустасно нест.

Ин ки Қуръони Маҷид дар мавриди суннатҳо сухан мегӯяд ва ба хусус, ки суннатҳоро дар таърихи башар пиёда мекунад ва мегӯяд:

فَلَنْ تَجِدَ لِسُنَّةِ اللَّهِ تَبْدِيلا وَلَنْ تَجِدَ لِسُنَّةِ اللَّهِ تَحْوِيلا

(Сураи Фотир, ояти 43), ин таъбири дигаре аст аз ҳамон ҷабри таърих, яъне суннатҳои лоятағайяр дар зиндагии башар. Ин ки Қуръон мегӯяд:

إِنَّ اللَّهَ لا يُغَيِّرُ مَا بِقَوْمٍ حَتَّى يُغَيِّرُوا مَا بِأَنْفُسِهِمْ

(Сураи Раъд, ояти 11), ки сарнавишти башарро ба вазъи руҳӣ ва фикрӣ ва ахлоқии худи башар марбут мекунад ва мегӯяд: то ин тағйир накунад, маҳол аст он тағйир бикунад, таъбири дигаре аст аз ҷабри таърих.

Ин матлаб ба сурати куллӣ мавриди қабул аст, вале талаққии афрод аз ҷабри таърих аз ду назар мухталиф аст: яке аз ин назар, ки иллатҳои ҳоким бар таърих чист? Он касе, ки иллати ҳоким бар таърихро фақат моддиёт медонад, ҷабри таърихро ҳам фақат ҷабри моддӣ медонад. Вале агар мо мӯътақид шудем, ки омилҳои ҳоким бар таърих, мунҳасир ба ҷанбаҳои моддӣ ва ба хусус иқтисодии зиндагии башар нест ва ҷанбаҳои маънавӣ (маънавӣ дар муқобили ин моддӣ) ва омилҳои дигаре ҳам дар гардиши таърих нақш доранд, боз ҳам қоил ба ҷабри таърих ҳастем, вале ин ҷабр мунҳасир ба ҷабри моддӣ нест. Бинобар ин, мо ҷабри таърихро нафю инкор намекунем, вале агар ҷабри таърих ба мафҳуми ҷабри моддии иқтисодии таърих ва хулоса ҷабри иқтисодӣ бошад, қобили муноқиша аст.

Дигар ин ки маънои ҷабри таърих ин аст, ки то иллатҳои таърихӣ ҳастанд, маълулоти таърихӣ ҳам ҷабран вуҷуд доранд. Он иллатҳои таърихӣ, ки аз миён рафт, маълулоти таърихӣ ҳам ҷабран аз миён мераванд. Вале худи иллатҳои таърихӣ чӣ вазъе дорад? Оё иллатҳои таърихӣ ҳамеша мутағайир аст ё иллатҳои таърихии собит ҳам дорем?

Агар мо як силсила иллатҳои таърихии собити ношӣ аз сиришти инсон дошта бошем, қоил ба сиришт барои инсон бишавем ва ин сириштро собит бидонем ва табъан ин сиришти собит таъсире дар сарнавишти инсон дошта бошад, дар ин сурат ҷабри таърих саботро эҷоб мекунад на тағйирро. Яъне чунин нест, ки боз мо хаёл кунем лозимаи ҷабри таърих ҳатман тағйир аст. Маънои ҷабри таърих ҳамон қонуни иллият аст. Маълул то иллаташ боқӣ аст, боқӣ аст; иллаташ, ки маъдум шуд, қатъан маъдум мешавад.

Ҳол, мо бибинем иллатҳои таърихӣ чӣ вазъе доранд. Бидуни шак баъзе аз иллатҳои таърихӣ мутағайир ва баъзе аз иллатҳои таърихӣ мумкин аст собит бошанд. Аз калимаи “таърих” набояд ҳатман мафҳуми тағайюрро фаҳмид. Иллатҳои таърих яъне иллатҳои ҳоким бар зиндагии башар дар таърих.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: