Перейти к содержимому

Русия: “Бен Салмон комилан ҳақ дорад подшоҳи Арабистон шавад”

Русия бар ҳимояти комили худ аз Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистон, ки ба далели даст доштан дар қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигор ва мунтақиди саудӣ дар дуввуми октябр дар консулгарии Арабистон дар Истонбул дар маърази фишорҳои байналмилалӣ қарор гирифтааст, таъкид кард.

Дар ҳамин росто, Михаил Богданов, фиристодаи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ба Ховари Миёна, дар гуфтугӯ бо Bloomberg гуфт: “Шоҳзода Муҳаммад бен Салмон комилан ҳақ дорад пас аз даргузашти Салмон бен Абдулазиз, подшоҳи Арабистон (82-сола), тахти подшоҳиро ба ирс бибарад ва бар он биншинад.”

Вай, ки муовини вазири хориҷаи Русия низ аст, тасреҳ кард: “Қатъан мо мухолифи дахолат дар хусуси ҷонишинии подшоҳи Арабистон ҳастем ва ин амр ба мардум ва раҳбарии Арабистон марбут мешавад.”

Богданов афзуд:“Салмон бен Абдулазиз тасмиме гирифтааст, ман ҳатто наметавонам тасаввур кунам бар чӣ асосе шахсе дар Омрико мехоҳад дар ин мавзӯъ дахолат кунад, ки алъон ё дар оянда чӣ касе дар Арабистон бояд бар тахти подшоҳӣ биншинад?! Ин масъала марбут ба худи Риёз аст.”

Гуфтанист, шуморе аз намояндагони аршади омрикоӣ Муҳаммад бен Салмонро масъули қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигор ва мунтақиди саудӣ донистаанд; натиҷае, ки Созмони иттилооти марказии Омрико (CIA) онро таъйид мекунад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: