Перейти к содержимому

Сафири Саудӣ: “Кӯмакҳо ба Тоҷикистон беғаразона тақдим мешавад”

Акс аз Родию Озодӣ

Cафири Арабистони Саудӣ дар Душанбе изҳор доштааст, ки ёрии кишвараш ҳадафҳои башардӯстонаро дунбол мекунад ва “кӯмакҳо ба Тоҷикистон беғаразона тақдим мешавад.”

Ба гузориши Родию Озодӣ, Аҳмад Ал-Баис, намояндаи Маркази Шоҳ Салмон, рӯзи 27-уми декабр ҳангоми имзои созиш дар бораи кӯмакҳои нав ба наҷотдиҳандагони тоҷик дар Душанбе гуфтааст, ки кӯмакҳои ин кишвар ба Тоҷикистон аз ангезаҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ орӣ аст ва “сирф хусусияти башарӣ дорад.” Ин кӯмакҳо аз булдозеру экскаватор, автотрейлери пурқудрат, мошини навъи “Пикап” иборат буда, арзиши умумиаш 500 ҳазор дулор арзёбӣ мешавад.

Родию Озодӣ дар идомаи гузориши худ менависад, Аҳмад Ал-Баис дар маросими тақдими кӯмакҳо гуфт, ки маркази онҳо бо кишварҳои, ба қавли ӯ, дӯсте чун Тоҷикистон, “ҳамкории беғараз” ба роҳ мондааст. Ӯ гуфт: “Марказ ба тамоми кишварҳои дӯсту бародар, ки дар ҷаҳон ҳастанд, ёрӣ мекунад. Бояд бигӯям, ки ҳеч ангезаи сиёсӣ надорад, мустақил аст, дар байни ҳеч дин ва давлату шаҳрванд фарқ намегузорад ва бетараф аст.”

Ба таъкиди Ал-Баис, Маркази Шоҳ Салмон ба унвони як муассисаи хайрия соли 2015 таъсис шуда, ба 44 кишвари ҷаҳон 84 милёрд дулор ёрии бебозгашт ироа мекунад.

Бино ба ин гузориш, сафири Арабистони Саудӣ дар Душанбе Муҳаммад Абдулазиз Ал-Бодӣ низ изҳор дошт, ки ёрии кишвараш танҳо бо дарназардошти ниёзи сокинони кишварҳои мухталиф ироа шуда, ҳадафҳои башардӯстонаро дунбол мекунад. Ӯ гуфтааст: “Кӯмакҳо бо дастури подшоҳи Арабистони Саудӣ ва валиаҳд сурат мегирад. Кӯмакҳо ба Тоҷикистон беғаразона тақдим мешавад.”

Дар ҳамин росто, Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, мегӯяд, ин кӯмакҳо пас аз тармафароии соли 2016-ум сурат мегирад, ки 28 кушта бар ҷо гузошт ва раҳбари Маркази Шоҳ Салмон бахше аз он вазъиятро бо чашми худ дидааст. Назарзода гуфт, он шабу рӯз раҳбари Маркази Шоҳ Салмон дар Душанбе буд ва онҳо якҷо ба дараи Варзоб рафтаанд.

Рустам Назарзода

Ба гузориши Родию Озодӣ,  ӯ гуфт: “Дар километри 47-ум тарма роҳро баста буд. Баландии тарма беш аз 30 метр буд. Ҳамроҳи раҳбари созмон болои тарма баромадем ва худаш бо вазъи ногувор ошно шуд. Ба ман гуфт, ки чӣ кӯмак мехоҳед. Ман барояш чанд мушкилро гуфтам ва аз он замон ҳамкории мо оғоз ёфт.”

Назарзода афзуд, ба шарикони араби худ пешниҳод кардааст, ки нахуст барои наҷотдиҳандагони тоҷик як маркази омӯзишӣ ва тамринӣ созанд. Ӯ афзуд: “Соли 2017 чунин марказ бо арзиши 1 миллюн дулор сохта ва ба истифода дода шуд.”

Дар идомаи сӯҳбат, Рустам Назарзода гуфт, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳамчунин аз Маркази шоҳ Салмон дархости сармоягузории чаҳор тарҳи дигареро кардааст. Аз ҷумла, ин кумита мехоҳад бо сармоягузории Арабистони Саудӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон маркази наҷотдиҳӣ бо таҷҳизоти зарурӣ таъсис диҳад. Ҳамчунин бо ҷониби Арабистони Саудӣ музокирот барои таъсиси нахустин маркази омодасозии ғаввосон дар Осиёи Марказӣ ҷараён дорад.

Ба гуфтаи раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, аз аввали имсол ҳудуди 140 сокини Тоҷикистон дар рӯдхонаҳову обанборҳо ғарқ шудаанд ва барои таъсиси чунин марказ ниёз ҳаст.

Гуфтанист, Тоҷикистону Арабистони Саудӣ соли 1992 равобити дипломатӣ барқарор карданд, вале марҳилаи нисбатан фаъоли ҳамкориҳои сиёсиву иҷтимоии ду кишвар бештар дар солҳои охир мушоҳида мешавад.

Мақомоти Арабистони Саудӣ мегӯянд, Тоҷикистон баъди Ямани ҷангзада, дуввумин кишвари бузурги кӯмакгиранда аз Маркази имдодии Шоҳи Саудӣ мебошад. Дар се соли охир Маркази имдоди Шоҳи Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон бо арзиши тақрибан 9 милюну 500 ҳазор дулор барнома иҷро карда ва ё кӯмаки башарӣ тақсим кардааст.

Бар пояи гузориши Родию Озодӣ, таҳлилгарон мегӯянд, ки кӯмакҳои башарӣ ва молии Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон соли 2015 ва баъди сард шудани муносибатҳои Тоҷикистон бо яке аз шарикони дерина ва наздикаш Эрон зиёдтар шуд.

Дар се соли охир Тоҷикистон фаъолияти тақрибан ҳамаи намояндагиҳои тиҷоративу фарҳангии Эронро масдуд карда ва бо рақиби аслии Эрон дар Халиҷи Форс – Арабистони Саудӣ ҳамкориҳои наздик барпо кард.

Бино ба гузориши Родию Озодӣ, Арабистони Саудӣ як муттафиқи калидии Омрико дар Ховари Миёна ба шумор меравад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: