Перейти к содержимому

Коршиноси омрикоӣ: “Иддаои мақомоти тоҷик, ки ҲНИТ ҳамла ба дучархасаворонро созмондиҳӣ карда беасос аст”

Дуктур Эдворд Лемун, пажӯҳишгари Муассисаи мутолеоти байналмилалии Кинон дар Донишгоҳи Донил Мургони Вошингтун (DMGS-Kennan Institute Fellow at the Daniel Morgan Graduate School in Washington) дар мусоҳиба бо пойгоҳи Diplomat, бо баёни ин ки “иддаои ДОЪИШ дар хусуси ҳамлаи июл, ки мунҷар ба кушта шудани 4 дучархасавори ғарбӣ шуд бисёр бештар қобили пазириш аст ва “Аъмоқ”, хабаргузории вобаста ба гурӯҳи ДОЪИШ, пас аз ҳодиса видеое мунташир карда буд, ки байъати муҳоҷимони он ҳамла бо Абӯбакри Бағдодӣ, саркардаи ин гурӯҳ ва иртибототи пешин миёни онҳоро нишон медод”, гуфт: “Изҳороти такрории ҳукумат, ки иддао мекард Ҳизби наҳзати исломӣ ин ҳамларо созмондиҳӣ карда беасос буда ва метавон онро бахше аз кампини густурдатаре барои бадном кардани опозисиюни сиёсӣ дар назар гирифт.”

Инак, машрӯҳи гуфтугӯи Diplomat бо Эдворд Лемун:

Диплумот: Дар миёнаҳои моҳи ноябр бо ҳаёҳуи зиёде Тоҷикистон маросими амалиётӣ шудани нахустин фози нерӯгоҳи Роғунро ҷашн гирифт. Пружае, ки 40 сол аз оғози сохти он мегузашт. Оё ин пружа посухгӯи ниёзҳои Душанбе аст? Чӣ чолишҳое пеши рӯи он боқӣ мондааст?

Лемун: Агар нигоҳе ба расонаҳои давлатии тоҷик биандозед, мутаваҷҷеҳ мешавед, ки масоили бисёре перомуни Роғун вуҷуд дорад. Ин пружа дар ҳақиқат самараи 26 соли риёсати ҷумҳурии Эмомалӣ Раҳмон аст. Агар такмил шавад, ин пружа метавонад зарфияти лозим барои иртиқои иқтисоди дар ҳоли зуҳури Тоҷикистонро фароҳам оварад. Ин нерӯгоҳ 3600 меговот барқ тавлид мекунад, ки беш аз ниёзи ин кишвар аст. Масъалаи қатъи барқҳо ҳам, ки маъмулан дар охирҳои зимистон буруз медиҳад бо ин бартараф мешавад. Ба илова, бо такмили нерӯгоҳи Роғун, зарфияти қобили таваҷҷӯҳе низ барои содироти барқ ба кишварҳои ҳамсоя фароҳам мешавад.

Содиқона бигӯям, агар ба гузашта бозмегаштем, ман мутмаин набудам, ки чӣ замоне Роғун тавлиди барқро оғоз мекунад ва ин ки оё чунин рӯзе фаро хоҳад расид ё хайр? Тавсиъаи равобит миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон пас аз марги Ислом Каримов ва судури беш аз 1 милёрд дулор авроқи қарза нуқтаи ҷаҳиши калидии ин пружа буд. Аммо чолишҳо ҳамчунон боқӣ мондаанд. Аз миёни 6 турбини ин нерӯгоҳ танҳо аввалин маврид амалиётӣ шуда ва 5 турбини дигар ҳанӯз боқӣ мондаанд. Иртифоъи садди нерӯгоҳ дар ҳоли ҳозир 75 метр аст, ки бо пешбинии 335-метрии давлати Тоҷикистон ҳамчунон фосилаи зиёде дорад. Ман тавоноии изҳори назар дар бораи масоили фаннии сохту сози саддро надорам, аммо метавонам бигӯям, ки такмили сохту сози он бисёр пурҳазина хоҳад буд. Агарчи бароварди дақиқе вуҷуд надорад, аммо Вазорати умури молии Тоҷикистон изҳор дошта 4 милёрд дулор барои такмили пружаи Роғун ниёз аст. Раҳмон низ дар суханронии худ дар маросими ифтитоҳияи нахустин турбини садди Роғун дар моҳи ноябр гуфта буд ниме аз ин ҳазина мустақиман аз будҷаи давлат таъмин хоҳад шуд. Таъмини молии ин пружа аз қадим як мушкили асосӣ будааст. Русия, Бонки ҷаҳонӣ ва дигар сармоягузорони молии Роғун баъзан эъломи ҳимоят карда ва дар бархе маворид низ канор кашидаанд. Давлат ҳамчунон роҳе тӯлонӣ барои фоиқ омадан бар тамоми мушкилоти Роғун дорад.

Диплумот: ДОЪИШ дар паёме эълом карда буд, ки ҷангҷӯёнаш масъули ошӯби моҳи ноябри зиндони Хуҷанд дар шимоли Тоҷикистон будаанд. Ин дуввумин ҳодисаи хушунатбор дар ин кишвар дар соли 2018 аст, ки ДОЪИШ масъулияти онро бар ӯҳда гирифтааст. Арзёбии шумо аз ин ду иддаои ДОЪИШ чист? Чӣ тавр метавон аз ин ҳодисаҳо таҳдиди бештари теруризм дар Тоҷикистонро фаҳмид?

Лемун: Акнун шояд ба сахтӣ битавон иддаои инро, ки ДОЪИШ пушти шӯриши маргбори зиндони Хуҷанд дар моҳи ноябр будааст исбот кард. Ҳамон тавр, ки дар хусуси парвандаҳои ҳаводиси амниятии пеш аз ин низ шоҳид будем, ҳукумати Тоҷикистон талош карда то аз ҳар таҳқиқоти мустақилле дар ин мавзӯъ пешгирӣ кунад ва изҳороти худро фақат чанд ҳафта пас аз шӯриш мунташир кунад. Бо ин вуҷуд мумкин аст ҳеч вақт мутаваҷҷеҳ нашавем, ки ин шӯриш чӣ гуна шиддат гирифт. Танҳо чизе, ки мо медонем ин аст, ки беш аз 20 зиндонӣ ва 2 нафар аз нерӯҳои амниятии зиндон кушта шуда ва хонаводаҳои онҳо бидуни ҳеч тавзеҳе раҳо шудаанд.

Иддаои ДОЪИШ дар хусуси ҳамлаи июл, ки мунҷар ба кушта шудани 4 дучархасавори ғарбӣ шуд аммо бисёр бештар қобили пазириш аст. “Аъмоқ”, хабаргузории вобаста ба гурӯҳи ДОЪИШ пас аз ҳодиса видеое мунташир карда буд, ки байъати муҳоҷимони он ҳамла бо Абӯбакри Бағдодӣ, саркардаи ин гурӯҳ ва иртибототи пешин миёни онҳоро нишон медод. Изҳороти такрории ҳукумат, ки иддао мекард Ҳизби наҳзати исломӣ ин ҳамларо созмондиҳӣ карда беасос буда ва метавон онро бахше аз кампини густурдатаре барои бадном кардани опозисиюни сиёсӣ дар назар гирифт.

Ҳамлаи моҳи июл ба навъе ғайри оддӣ буд. Аз замони поёни ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон дар даҳаи 1990, ин нахустин ҳамлаи теруристӣ буд, ки афроди хориҷиро ҳадаф қарор дода буд. Ҳамчунин ин нахустин ҳамлаи теруристӣ дар Осиёи Марказӣ буд, ки ДОЪИШ ба сурати мувассақ масъулияти онро бар ӯҳда гирифта буд. Фикр мекунам ин навъ аз ҳамлаи теруристӣ бо истифода аз худрав ва чоқу ва ҷавононе, ки ба назар мерасад аз роҳи дур ба ин афкори ифротӣ ҷалб шудаанд, муҳимтарин таҳдид барои Тоҷикистон ба шумор меравад. Чунин ҳамалоте ба соддагӣ тарроҳӣ шуда ва ба иҷро дармеоянд ва дар айни ҳол, пешгирӣ аз онҳо бисёр душвор аст.

Илова бар ин, ҳарфу ҳадисҳое дар бораи таҳдиди эҳтимолии бозгашти ҷангҷӯён вуҷуд дорад. Аммо ман фикр мекунам ин як эҳтимоли баъид аст. Баровардҳои ҷадиди ҳукумат, шумори тоҷикҳоеро, ки дар Ироқ, Афғонистон ва Сурия меҷанганд 1900 нафар муҳосиба кардааст. Бисёре аз онҳо кушта ва ё дастгир шудаанд. Беш аз 100 нафар низ бо ваъдаи бахшиш ба кишвар бозгаштаанд. Дар ҳамин ҳол мо набояд ин таҳдидро беш аз он чизе, ки ҳаст дар назар бигирем. Тағйироти обуҳавоӣ, ҳукумати диктотурӣ ва фуқдони фурсатҳои иқтисодӣ, таҳдиди бузургтаре нисбат ба зиндагии мардуми маҳаллӣ дар Тоҷикистони имрӯз маҳсуб мешаванд.

Диплумот: Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар моҳи сентябр сафаре ба Вилояти худмухтори Бадахшон дошт ва тайи он аз мақомоти маҳаллӣ дар хусуси набудани амният дар ин вилоят ба шиддат интиқод кард. Оё ин сафари Раҳмон ба шарқи кишварро бояд ҷиддӣ гирифт? Дар пайи шикоятҳо ва интиқодоти ӯ, чӣ иқдомоте сурат хоҳад гирифт?

Лемун: Суханронии Раҳмон дар Хоруғ як рӯйдоди самбулик ва намодини муҳим буд. Ҳукумат дар Тоҷикистон, дар манзари як хонавода тасвир мешавад. Раҳмон, ба унвони падари хонавода, бар фарзандонаш амру наҳй мекунад, ба онҳо ҳушдор медиҳад, ки онҳо ба хотири рафторашон танбеҳ мешаванд. Помириҳо ҳамвора чӣ дар ҷанбаи ҷуғрофиёӣ ва чӣ ба лиҳози намодин, аз марказ дур будаанд. Онҳо ба забони маҳаллии худ сӯҳбат мекунанд. Помириҳо ба мазҳаби мутафовите низ эътиқод доранд; онҳо шиъаёни исмоилӣ ҳастанд, ки пайрави Оқохон мебошанд. Дар тӯли ҷанги дохилӣ бештари помириҳо дар ҷабҳаи опозисиюн қарор доштанд ва бо назар ба замони пасоҷанг аст, ки метавон муқовимати феълии онҳоро тавзеҳ дод. Пас аз ҷанг ҳукумат як тавофуқ бо опозисиюн сурат дод, ки ба онҳо иҷоза медод 30 дар сади мансабҳои давлатиро дар ихтиёр дошта бошанд. Бо таваҷҷӯҳ ба умқ ва вусъати фасод дар Тоҷикистон, ин машоғил метавонистанд бисёр пурсуд бошанд. Бо ин ҳол, ба тадриҷ ва дар фароянди таҳкими низоми иқтидоргарои феълӣ, ин афрод аз давлат поксозӣ шуданд.

Талошҳо барои ҳазфи фармондеҳони собиқ ва қудратманди опозисиюн ағлаб вокунишҳои сиёсиро барангехтааст. Дар соли 2008 эътирозоте дар Бадахшон ба вуҷуд омад. Дар июли соли 2012 низ Душанбе пас аз он ки яке аз ин раҳбарони ғайрирасмии Бадахшон ба номи Толиб Аёмбеков тавассути раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар он минтақа ба қатл муттаҳам шуд, нерӯҳои низомии худро бо ҳадафи аз миён бардоштани ин фармондеҳон ба Бадахшон фиристод. Даҳҳо нафар аз мардуми оддӣ ва яке аз раҳбарони маҳаллӣ дар он даргириҳо кушта шуданд. Бо ин ҳол, бо афзоиши танишҳо миёни мардум ва нерӯҳои давлатӣ, нуфузи ғайрирасмии онҳо дар иқтисоди маҳаллӣ ва сиёсати минтақа боқӣ мондааст. Дар моҳи майи соли 2014 ду нафар аз сокинони маҳаллии Бадахшон тавассути нерӯҳои пулис кушта шуданд, ки ин мавзӯъ низ мунҷар ба бурузи эътирозоте гардид. Таҳдидоти ахири Раҳмон бахше аз ин фароянд аст, ки мақомоти марказӣ дар талош барои бозёбии контроли худ бар муҳити перомун ва ғалаба бар муқовимати маҳаллӣ аст. Фикр мекунам дар соли 2019 низ мавориди дигаре барои мушоҳида вуҷуд дошта бошад.

Диплумот: Рустам, писари бузурги Раҳмон, ағлаб дар канори падараш дида мешавад. Оё ин ҷойгоҳи Рустамро ба унвони раҳбари ояндаи ин кишвар мебинед?

Лемун: Раҳмон дар ҳоли ҳозир 66-сола аст. Ӯ аз соли 1992 раисиҷумҳури Тоҷикистон аст. Ӯ бо ислоҳот дар Қонуни асосӣ, дар соли 2016 “Пешвои миллат” шуд ва маҳдудияти давраи риёсати ҷумҳуриаш низ бартараф гардид. Аммо нишонаҳое аз ин ки ӯ дар фикри интиқоли қудрат аст вуҷуд дорад. Авлавияти феълии ӯ ҳифзи нуфузи хонаводааш бар сиёсат ва иқтисоди Тоҷикистон аст. Ӯ хонаводае бузург ва густурда бо 9 фарзанд дорад. Бисёре ҳам бо аъзои хонаводаи ӯ издивоҷ карда ва ҷойгоҳе барои нуфуз ва султа бар кишвар ёфтаанд. Бародарзани Раҳмон низ бузургтарин ширкати ҳавопаймоии хусусӣ ва яке аз бузургтарин бонкҳои кишварро дар ихтиёр дорад. Домодаш ҳам муовини раиси Бонки миллӣ аст ва зоҳиран молики ҷоддаи аворизӣ байни ду шаҳри бузурги кишвар мебошад. Дар Тоҷикистон воқеан як хешовандсолорӣ ҳоким аст. Яъне як низоми клептократӣ (дуздсолор)-и мубтанӣ бар хешвандсолорӣ. Хонаводаи Раҳмон дар ин систем сарватманд шуда ва акнун ба дунболи ҳифзи он ҳастанд.

Писари аршади Раҳмон ба назар мерасад ҷонишини мунтахаби ӯ бошад. Дар синни 31-солагӣ, Рустам ба ҷойгоҳҳои олирутба дар идораи гумрук ва Ожонси мубориза бо фасод даст ёфтааст. Ӯ аз соли 2017 низ ба унвони шаҳрдори пойтахт машғул ба кор аст. Ҳамон тавр, ки пештар ҳам ишора кардам, дар ислоҳоти Қонуни асосии соли 2016 синни номзадҳои риёсати ҷумҳурӣ ба 30 сол коҳиш ёфт. Ин амр ба Рустам иҷоза медиҳад, то дар даври баъдии интихобот, ки қарор аст дар соли 2020 баргузор шавад, ширкат кунад. Рустам бозигари пештози ин арса аст, аммо хоҳари ӯ, Озода, ки аз соли 2016 раиси дафтари падараш дар ниҳоди риёсати ҷумҳурӣ будааст низ аз қудрати кофӣ бархӯрдор аст ва ба унвони як ҷонишини эҳтимолӣ дар бархе ҳалқаҳо маҳсуб мешавад. Дигар ҷиноҳҳои қудратманд, ки Рустам мумкин аст бо онҳо вориди рақобат дар қудрат шавад, хонаводаи қудратманди Соҳибовҳо мебошанд. Онҳо бо хонаводаи раисиҷумҳур васлат карда ва кам-кам ба ҳавзаҳои муҳимме дар бахшҳои иқтисодии кишвар ва дигар ҳавзаҳои муртабит бо Ҳасан Асадуллозода, бародарзани раисиҷумҳур, даст ёфтаанд. Раҳмон ба хубӣ дар заминаи мувозина миёни ҷиноҳҳои мухталифи кишвар амал кардааст ва ҷонишини ӯ низ чунин хоҳад кард.

Диплумот: Пас аз он ки Шавкат Мирзёев дар Ӯзбекистон раисиҷумҳур шуд, яхи равобити он кишвар бо Тоҷикистон шурӯъ ба об шудан кард. Равобити дӯстонатар бо Ӯзбекистоне, ки дар минтақа дар ҳоли тараққӣ аст, чӣ таъсироте метавонад дошта бошад?

Лемун: Фикр мекунам таъсироти ин мавзӯъ густурда бошад. Ба лиҳози иқтисодӣ, ҳамон тавр, ки пеш аз ин ишора шуд, поёни мухолифати Ӯзбекистон бо сохти нерӯгоҳи Роғун, Тоҷикистонро ба шиддат додани талошҳояш барои пешбурди ин пружа умедвор сохт. Тиҷорат миёни ду кишвар низ пас аз бозгушоии муҷаддади 10 гузаргоҳи марзӣ равнақ гирифтааст. Дар сатҳҳои маҳаллӣ, хонаводҳҳое, ки пеш аз ин аз ҳам ҷудо шуда буданд, акнун метавонанд бо якдигар дидор карда ва дар маросимҳо ва барномаҳои суннатии ҳам ширкат кунанд. Азсаргирии дубораи равобит бо Ӯзбекистон ҳамчунин ба Тоҷикистон кӯмак мекунад, то бар инзивои пешини худ ғалаба кунад. Тоҷикистон содироти барқ ба Ӯзбекистонро низ пас аз 9 соли вақфа оғоз кардааст, масирҳои релӣ бозгушоӣ шуда ва парвозҳое миёни ду кишвар барои нахустин бор пас аз соли 1992 бозгаштаанд. Ин амр ба Душанбе иҷоза медиҳад, то ҷойгоҳи беҳтаре ба унвони як кишвари тронзитӣ пайдо карда ва аз имтиёзҳои пружаи камарбанд ва ҷоддаи Чин баҳраманд шавад.

Бо ин вуҷуд аммо осор ва паёмадҳои сиёсӣ мумкин аст Душанберо бештар нигарон кунад. Агар либеролиза кардани иқтисод дар Ӯзбекистон бо муваффақият сурат бигирад, пас аз он мумкин аст дар Тоҷикистон низ мутолиботе барои боз шудани кишвар ба вуҷуд биёяд. Дар ҳоли ҳозир давлатҳои минтақа боз шудани иқтисодӣ ва сиёсии Қирғизистонро шикастхӯрда бардошт мекунанд ва мудом мавриди сарзаниши онҳост, чаро ки мунҷар ба ду инқилоби пушти сар ҳам гардид. Онҳо аз ин масъала ба унвони як тавҷеҳ барои вазъияти феълӣ истифода мекунанд: субот ва контрол. Бо ин вуҷуд агар Ӯзбекистон битавонад боз шудани худро бидуни вуқӯи бесуботӣ мудирият кунад, тоҷикҳо мумкин аст нисбат ба рокид мондани низоми худ мӯътариз шаванд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: