Перейти к содержимому

Нигаронӣ дар бораи сарнавишти Алъарифӣ баъд аз ҳазфи сафҳааш дар Твиттер

Фаъолони арабистонӣ аз ҳазфи ногаҳонии сафҳаи корбарии Муҳаммад Алъарифӣ, мубаллиғи саудӣ, дар Твиттер ба далоили номушаххас хабар доданд. Ин мавзӯъ боиси афзоиши нигарониҳо дар бораи сарнавишти ӯ шудааст.

Ба гузориши шабакаи Алҷазира, ҳанӯз маълум нест, ки оё Алъарифӣ ба дасти масъулони саудӣ боздошт шудааст ё хайр. Алъарифӣ ҳамвора дар бораи рухдодҳо ва тағйироте, ки дар Арабистон рух медиҳад сукут кардааст, аммо ахиран дастгоҳи амниятии Арабистон Абдурраҳмон Алъарифӣ, писари Муҳаммад Алъарифиро боздошт кард.

Сафҳаи корбарии “Боздоштшудагони ақидатӣ” дар Арабистон эълом карда, ки масъулони Арабистон маҳдудиятҳоеро барои рафту омади Алъарифӣ эҷод карда ва вай беш аз як сол аст, ки мамнӯъуссафар аст.

Қабл аз ҳазфи сафҳаи корбарии Алъарифӣ дар Твиттер, вай аз суханронӣ ва тадрис дар тамоми масоҷиди Арабистон манъ шуда буд. Ба назар мерасад сукути Алъарифӣ дар қиболи масоили ахир аз ҷумла парвандаи қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди арабистонӣ ва боздошти уламо ва мубаллиғон, мақомоти арабистониро қонеъ накардааст.

Алъарифӣ як мубаллиғи динӣ аст, ки беш аз 21 милюн дунболкунанда дар Твиттер дошт.

Мамнӯияти Алъарифӣ аз эроди хутба ҳамзамон бо муҳокимаи мубаллиғони барҷастаи арабистонӣ аз ҷумла Салмон Алъавда ва Аваз Алқарнӣ сурат гирифта буд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: