Перейти к содержимому

Онҷелино Ҷулӣ рақиби Тромп дар интихоботи 2020

Онҷелино Ҷулӣ (Angelina Jolie) аз қасди худ барои номзад шудан ба мақоми риёсати ҷумҳурии Омрико хабар дод.

Рӯзномаи Washington Examiner гузориш дод Онҷелино Ҷулӣ, ҳунарпеша ва коргардони машҳури омрикоӣ, қасди номзадӣ барои мақоми риёсати ҷумҳурии Омрикоро дорад. Ӯ, ки фиристодаи вежаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон аст, рӯзи ҷумъа гуфт, ки барои эҷоди тағйир шояд вориди дунёи сиёсат шавад.

Демукротҳо барои интихоботи баъдии риёсати ҷумҳурии Омрико, номзадии Онҷелино Ҷулиро мадди назар доранд.

Ҷулӣ бо ишора ба ҳамкории худ бо Созмони Милали Муттаҳид, гуфт, кореро хоҳад кард, ки бидонад тағйироте ба дунбол хоҳад дошт.

Ин ҳунарпешаи саршинос, дар посух ба суоли BBC дар бораи эҳтимоли вурудаш ба арсаи сиёсат гуфт, феълан тарҷеҳ медиҳад дар ин бора сукут кунад.

Вай ҳамчунин афзуд: “Агар 20 сол пеш аз ман мепурсидед, механдидам. Аммо ҳоло намедонам. Ҳамеша гуфтаам, ки ба ҷое хоҳам рафт, ки ба ман ниёз ҳаст.”

Онҷелино Ҷулӣ гуфт: “Ман бо давлат метавонам кор кунам, бо низомиён ҳам метавонам кор кунам. Ман ҷои ҷолибе қарор дорам; корҳои зиёде анҷом медиҳам, бидуни он ки унвоне дошта бошам ё он кор марбут ба ман ё сиёсатҳоям бошад.”

Дар идома вақте Ҷостин Веб, муҷрии ин барнома гуфт, ки ҳудуди 30 ё 40 нафар дар феҳристи номзадҳои Ҳизби демукрот барои интихоботи ояндаи риёсати ҷумҳурӣ қарор доранд ва ман шуморо ҳам дар ин феҳрист қарор медиҳам, Онҷелино Ҷулӣ фақат гуфт: муташаккирам!

Ба ин тартиб, Ҷулӣ ба яке аз рақибони Дунолд Тромп дар интихоботи риёсати ҷумҳурии 2020 табдил мешавад. Тромп чанд рӯз пеш, дар сафар ба пойгоҳҳои низомии Омрико дар Ироқ ва Олмон, кулоҳ‎ҳоеро бо имзои “Тромп 2020” ба сарбозон дод ва нишон дод, ки мехоҳад дар ин арса барои мондан дар даври дуввум биҷангад.

Ҷулӣ то кунун тавониста чаҳор бор ҷоизаи Golden Globe, ду бор ҷоизаи Иттиҳодияи бозигарони синамо ва як бор ҷоизаи Ускорро бибарад.

Ӯ дар солҳои ахир фаъолиятҳои оммулманфиаро дунбол мекунад ва ба унвони сафири Омрико дар умури паноҳандагон ба кишварҳои дучори бӯҳрон сафар мекунад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: