Перейти к содержимому

Ҳадаф аз тағйироти густурда тавассути подшоҳи Арабистон чист?

Ёддошти Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм

Малик Салмон бен Абдулазиз, подшоҳи Арабистони Саудӣ, тағйироти амниятӣ ва вазоратии мутаъаддиде анҷом дод, ки ба лиҳози навъу замони он, мунҳасир ба фард аст; тағйироте, ки аломати суолҳои зиёде дар бораи ҳадафи воқеӣ аз онҳо ва иқдомоти баъдӣ, ки мумкин аст пас аз ин тағйирот дар робита бо курсии подшоҳӣ ва валиаҳдӣ сурат гирад, барангехтааст.

Зоҳиран, тағйири барҷаста ва муҳим, барканории Одил Алҷубайр, вазири хориҷа ва таъйини Иброҳим Алъассоф — вазири дороии собиқ ва аз боздоштшудагони собиқ ба иттиҳоми фасод дар ҳутели Ритз Корлтун — ба ҷойи вай аст ва низ барканории Туркӣ Оли Шайх, шахсияти ҷанҷолӣ аз мақомаш ба унвони раиси Созмони варзиш ва интиқолаш ба Созмони рифоҳ аст.

Вале ба бовари мо, тағйироти муҳимтар, дар мақомҳои амниятӣ сурат гирифтааст ва ба шакли хосс таъйини шоҳзода Абдуллоҳ бен Бандар бен Абдулазиз ба унвони вазири горди миллӣ, Мусоъид бен Муҳаммад Алъибён ба унвони мушовири амнияти миллӣ, Холид бен Қарор Алҳарбӣ ба унвони мудири амнияти миллӣ ва барканории шоҳзода Муҳаммад бен Навоф бен Абдулазиз аз мақомаш ба унвони сафири Арабистони Саудӣ дар Ландан ва таъйинаш ба унвони мушовир дар девони подшоҳӣ. Чӣ басо дур кардани шоҳзода Муҳаммад бен Навоф аз сафорати Ландан ба ин бармегардад, ки вай ба шоҳзода Аҳмад бен Абдулазиз наздик аст, ки бо байъат бо шоҳзода Муҳаммад бен Салмон ба унвони валиаҳд мухолифат кард. Бархе аз аъзои хонадони ҳоким Аҳмад бен Абдулазизро номзади ҷойгузини валиаҳд медонанд, зеро камсинну солтарин писари подшоҳи муассиси Арабистон аст ва маҳорати тӯлонӣ дар ҳукумат дорад ва аз шохаи қудратманди Ассудейрӣ аст. Сафири барканоршудаи Арабистон замоне, ки шоҳзода Аҳмад аз тазоҳуркунандагони яманӣ дар Ландан хост, ки хонадони ҳокимро масъули ҷанг надонанд, балки подшоҳ ва валиаҳдашро масъул бидонанд, ҳамроҳаш буд.

Ин қобили таваҷҷӯҳ буд, ки шоҳзода Муҳаммад бен Салмон ҳамаи мақомҳои худро ба унвони валиаҳд, вазири дифоъ, муовини нахуствазир, раиси Шӯрои умури сиёсӣ ва амниятӣ ва раиси Шӯрои умури иқтисодӣ ҳифз кард, ва ба иборате, Бен Салмон ҳамаи мақомҳояш дар ҳукуматро — чӣ муҳим бошанд ва чӣ сонавӣ, чӣ сиёсӣ ва чӣ иқтисодӣ, чӣ низомӣ ва чӣ амниятӣ, чӣ динӣ ва чӣ секулор — ҳифз кардааст.

Чанд ҳадаф вуҷуд дорад, ки подшоҳи Арабистони Саудӣ аз ин тағйирот — ки пас аз бозсозии пайкараи дастгоҳи иттилооти умумӣ ва эъломи будҷаи солиёна, ки бузургтарин будҷа дар таърихи Арабистони Саудӣ (як трилюн риёл) ва касрии 35 дулории ин будҷа сурат мегирад — дунбол мекунад:

1) Нахуст, талош барои тағйир ё беҳбуди чеҳраи Арабистони Саудӣ ва ҷойгоҳи ҳокимият дар он; чеҳрае, ки дар асари амалиёти терури Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори саудӣ дар консулгарии Арабистон дар Истонбул ва қитъа-қитъа кардани ҷасадаш ва фош шудани соддалавҳӣ ва надоштани маҳорат дар иҷрои ин терур ва набуди ҳирфаи лозим дар мудирияти сиёсӣ ва расонаии бӯҳрон, ба шиддат осеб дид;

2) Дуввум, вонамудсозӣ ба дур кардани аносури муҳим аз давру бари шоҳзода Бен Салмон аз мақомҳояшон монанди Одил Алҷубайр, ки шоҳзода Бен Салмон вайро ба унвони вазири хориҷа (дар соли 2015) интихоб кард ё Туркӣ Оли Шайх, раиси Созмони варзиш, ки сиёсатҳо ва мавзеъгириҳояш ба вежа дар қиболи бархе аз тимҳои бошгоҳии Миср (Алаҳлӣ) ё тазоҳураш ба раъй надодан ба Марокаш дар парвандаи баргузории Ҷоми ҷаҳонӣ дар соли 2026 боиси ба вуҷуд овардани бӯҳрон миёни ду кишвар дар арсаҳои расмӣ ва мардумӣ шуд. Мегӯем, вонамудсозӣ, зеро он чи иттифоқ афтод, “ҷобаҷоӣ”-и мақомҳо миёни ин афрод аст, ва ба иборате, мондани онҳо дар ҳокимият бо ба ӯҳда гирифтани мақмоҳои дигар;

3) Севвум: дар пеш гирифтани сиёсати хориҷии ҷадид аст, ки бар асоси иттихози мавзеъи ором дар бӯҳронҳо ва наздик шудан ба Сурия ва меҳвараш (меҳвари муқовимат) ва таъомул ба шакли мутавозин бо тарафҳои сиёсӣ ва тоифаӣ дар Лубнон, беҳбуди равобит бо Ӯрдун ва Ироқ ва бистарсозӣ барои хуруҷи тадриҷӣ аз бӯҳрони Яман ва чӣ басо ташкили меҳвари ҷадид алайҳи Қатар ва Туркия ва гушудани конолҳои гуфтугӯ бо Ироқ ва Эрон аст. Интихоби Алъассоф — як марди кӯҳнакор, ки дорои маҳорати зиёде аст ва бо се подшоҳ фаъолият карда — ба унвони вазири умури хориҷа ва мукаллаф барои анҷоми ин маъмурият, ҳикоят аз ин тамоюл дорад.

Ду таҳлил ё ба иборате, ду гумоназанӣ аз ин иқдом вуҷуд дорад, ки метавонад пас аз ин тағйирот, дар моҳҳои нахусти соли ҷадид дар пай биёяд:

1) Таҳлили нахуст мегӯяд, ки чӣ басо ин тағйирот ба манзури бистарсозӣ барои тағйири шоҳзода Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистон ва интихоби валиаҳди ҷадид аст, то аз шиддати бархӯрд бо ниҳоди ҳоким бар Омрико ба вежа Маҷлиси Сенои Омрико пас аз тасвиби маҳкумияти Бен Салмон ва масъул донистани вай дар терури Хошуқҷӣ — он ҳам бо иҷмоъ ва таваққуфи ҳар гуна ҳимоят аз Арабистон дар ҷанг алайҳи Яман — коста шавад;

2) Таҳлили дуввум ин ки: шоҳзода Муҳаммад бен Салмон ба унвони ҳокими кунунии Арабистон, пушти бештари ин тағйирот истодааст агар нагӯем пушти ҳамаи онҳо истода ва роҳро барои барканории падараш аз ҳокимият ба баҳонаи беморӣ ва нишастани худ бар курсии подшоҳӣ ва қарор додани хонадони ҳокимият ва бархе аз мунтақидонаш дар дохил ва хориҷ дар баробари амали анҷомшуда аст.

Барои мо душвор аст, ки яке аз ин ду гузинаро интихоб кунем, агарчи гузинаи дуввумро баъид намедонем яъне подшоҳ шудани шоҳзода Бен Салмонро, зеро гузоришҳои пизишкӣ, ки дар бораи саломати Малик Салмон ба берун дарз кардааст ҳикоят аз он дорад, ки авзоъи ҷисмиаш рӯз ба рӯз бадтар мешавад. Илова бар ин ки валиаҳд муҳкам ба мақоми худ часпида ва таҳдид ба муқовимат то пойи марг дар баробари ҳар гуна талоше барои канор заданаш аз он ё коҳиши ихтиёроташ мекунад ва низ ҳеч гуна таҳдиди дохилии воқеӣ ҳаддиақал то кунун вуҷуд надорад то Бен Салмонро таҳдид кунад.

Тағйироти сиёсӣ зоҳирӣ аст ва чандон муҳим нест, лекин тағйироти амниятӣ ба вежа тағйири раиси горди миллӣ, ки таҳдиди хатарноктар барои вай ба шумор меравад, бисёр муҳим аст, зеро бозуи кӯбандаи мухолифон ба шумор меравад ва мутаъаллиқ ба шохаи Малик Абдуллоҳ, подшоҳи собиқи Арабистон ва писаронаш ва ҳампаймононаш аст. Ҳаминро метавон дар бораи таъйини мушовири ҷадиди амнияти миллӣ ва бозсозии пайкараи дастгоҳи иттилооти умумӣ тавассути кумитае ба раҳбарии валиаҳд гуфт. Ин тағйирот муҳимтар аст, ки бозтобдиҳандаи он аст, ки Бен Салмон онҳоро дар қабзаи худ гирифтааст ва ҳамаи нуқотеро, ки мумкин аст манбаъи таҳдид барои ҳукумати вай ё ба иборате беҳтар, барои баландпарвозиҳояш шакл медиҳанд аз байн бурдааст.

Таваққӯъи сурпройзҳое аз Арабистони Саудӣ дорем, ки дигар “мамлакати сукут” ҳамон тавр, ки қаблан ба он гуфта мешуд, нест. Валиаҳди Арабистони Саудӣ шахсе “моҷароҷӯ” аст ва дар иттихози тасмимҳое, ки ба бовари бисёре аз мунтақидонаш хатарнок ва мутаҳаввирона аст тардид намекунад… Валлоҳу аълам!

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: