Перейти к содержимому

Ақлоният ва эҳсосот

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар ин дунё, шояд ҳеч чиз барои як раҳбар — ҳоло чӣ як раҳбари сиёсӣ бошад ё динӣ — душвортару сахттар аз ин набошад, ки мавзеъеро, ки ақлу хирад мегӯяд, бар мавзеъе, ки бархоста аз эҳсосот ва авотиф аст, тарҷеҳ диҳад.

Барои як раҳбари сиёсӣ аз он ҷиҳат аст, ки мардуме дунболи ӯ ҳастанд, ки барангезандаи онҳо дар ҳаракоту саканоту фаъолиятҳояшон ағлаб ин эҳсосоту авотифашон аст, на ақлу хирадашон. Асосан, аз Одам то ба Хотам ва шояд то рӯзи қиёмат, ин авотифу эҳсосот аст, ки муҳаррики тӯда будааст. Аз ин рӯст, ки ғолибан, раҳбароне муваффақ хонда мешаванд, ки дар оғози корашон, бо суханрониҳо ва хитобаҳои оташини худ тӯдаи мардумро ҷазби худ сохтаанд, яъне рӯи ҳамон нуқтаи заъфи мардум ангушт гузоштаанд; рӯи авотиф ва эҳсосоти онҳо, афроде чун Ҳитлер ё Мусилинӣ ва ё касе чун Дунолд Тром ва амсолаш.

Ва дар арсаи дин ҳам чунин будааст. Байни мардуми диндор ба назари шумо, кадом “раҳбарони динӣ” пурнуфузу пуртарафдоранд? Оё муҷтаҳидон ва соҳибназарони динӣ, ё хатибон ва мубаллиғоне, ки дар хитоба ва суханронӣ аз маҳорати хоссе бархӯрдоранд, ҳарчанд аз дониши кофии динӣ бархӯрдор набошанд? Кадом як?

Қатъан, мубаллиғон ва хатибҳо, на муҷтаҳидон. Албатта, агар дониш бо маҳорати суханварӣ дар як инсон ҷамъ шавад, ки чӣ беҳтар, аммо мутаассифона хеле андак ва балки ангушшуморанд чунин афрод. Паёмбаре мисли ҳазрати Мӯсо (а) вақте Худованд маъмураш мекунад, то биравад пеши Фиръавн ва ӯро панду андарз намояд, мегӯяд:

وَأَخِي هَارُونُ هُوَ أَفْصَحُ مِنِّي لِسَانًا فَأَرْسِلْهُ مَعِيَ رِدْءًا يُصَدِّقُنِي إِنِّي أَخَافُ أَنْ يُكَذِّبُونِ

Ва бародарам, Ҳорун аз ман забоновартар аст (яъне забонаш фасеҳтар аст), пас ӯро бо ман ба дастёрӣ бифирист, то маро тасдиқ кунад, зеро метарсам (қавм) маро такзиб кунанд.” (Сураи Қасас, ояти 34)

Яъне ҳазрати Мӯсо (а) медонад, он мардум яъне Фиръавну фиръавниён, коре ба мантиқу истидлоли мантиқӣ надоранд, ин танҳо як суханвари моҳир аст, ки метавонад бо як хитобаи оташин, авотифу эҳсосоти онҳоро барангезад. Вагарна, Ҳазрати Мӯсо (а), ки як паёмбари улулазм аст, дараҷааш бас волотару болотар аз ҳазрати Ҳорун (а) аст. Аммо барои тӯда, дараҷаи маънавӣ муҳим нест, суханвар будан муҳим аст.

Ва дуои ҳазрати Мӯсо (а) ба даргоҳи илоҳӣ вақте мехост ҳамроҳи бародараш Ҳорун барои ҳидояти қавм раҳсипор шавад ин буд:

قَالَ رَبِّ اشْرَحْ لِي صَدْرِي. وَيَسِّرْ لِي أَمْرِي. وَاحْلُلْ عُقْدَةً مِنْ لِسَانِي. يَفْقَهُوا قَوْلِ

Парвардигоро! Синаамро гушода гардон, ва корамро барои ман осон соз, ва аз забонам гиреҳ бигушой, то суханамро бифаҳманд…” (Сураи Тоҳо, оятҳои 25-28)

* * *

Фаҳми ин матлаб дар мавриди раҳбарони сиёсӣ – ки гуфтем барояшон сахт аст тарҷеҳи як мавзеъи мубтанӣ бар ақлоният бар мавзеъи бархоста аз авотифу эҳсосот — осон аст, ниёз ба мисол ҳам надорад; ишорае, ки дар боло шуд, кофист то хонанда бифаҳмад манзурам чист, аммо дар арсаи дин, фаҳми ин матлаб чандон саҳлу осон нест, бинобар ин, яке ду мисол мезанам:

Масалан, душвортарин мавзеъгирӣ барои як фақеҳ ва соҳибназари исломӣ, ин ташхиси авлавиятҳост, ва ба иборати дигар, ташхиси “муҳимтар” аз “муҳим” аст. Ин кори хеле душвор аст ва ҳар фақеҳе муваффақ ба ташхиси он намешавад. Масалан (инро фақат ба унвони мисол зикр мекунам): мо дар шариат дорем, ки ламси бадани як зани номаҳрам ҳаром аст ва набояд мусалмон ба бадани як зан, ки барои ӯ номаҳрам аст даст занад. Ва ҳамчунин инро ҳам дар шариат дорем, ки наҷоти инсон аз марг, як кори воҷиб аст барои мусалмон. Ҳоло фарз кунед, ин ду ҳукм дар як маврид ҷамъ шуда ба гунае, ки шумо агар ба яке амал кунед, ба дигарӣ амал кардан имконнопазир аст. Масалан, шумо аз канори рӯдхонае рад мешавед ва мебинед, як зан, ки барои шумо номаҳрам аст, дар рӯдхона ғарқ мешавад. Дар инҷо шумо агар ӯро наҷот диҳед, кори воҷиберо анҷом додаед яъне воҷиб аст наҷоташ диҳед, аммо дар айни ҳол, муртакиби як амали ҳаром шудаед, ки ламси он номаҳрам аст. Инҷо бояд фақеҳ ташхис бидиҳад, ки кадом як аз ин ду, муҳимтар аз дигарӣ аст.

Албатта, ин мисол хеле мисоли содда аст ва ҳар инсоне ҳатто агар фақеҳ ҳам нест метавонад ташхис бидиҳад, ки наҷоти он зан муҳимтар аст ва бояд наҷоташ диҳад агарчи мусталзими даст задан ба бадани ӯ бошад. Аммо мо мавориде дорем, ки ташхисашон воқеан душвор аст ва танҳо фуқаҳои комилан ошно бо маорифи исломианд, ки дар он маворид метавонанд “муҳимтар”-ро аз “муҳим” ташхис бидиҳанд.

Ва дар ҳамин маворид аст, ки шумо мебинед, мутаассифона гоҳе авотифу эҳсосот бар ақлонияти ҳатто як фақеҳ чира мегардад.

* * *

Мисолаш дар ин рӯзгор, ба назарам, яке ин аст: ислом, талаби донишро барои ҳар марду зани мусалмон фарз медонад, Паёмбар (с) мефармоянд:

طَلَبُ العِلْمِ فَرِيْضَةٌ عَلَىْ كُلِّ مُسْلِمٍ

(Ривояти Ибни Моҷа) Ва дар бархе ривоятҳо, вожаи “муслима” ҳам изофа шудааст, яъне зани мусалмон. Яъне, ҳамон тавр, ки намоз хондан фарз аст, донишандӯзӣ низ барои ҳар марду зани мусалмон як фариза аст, ки агар ба он амал накард, рӯзи қиёмат пеши Худо бояд ҷавоб диҳад. Ва аз тарафе ҳам, фарз кунед, шароите пеш омада, ки донишандӯзӣ барои як зани мусалмон, мусталзими ин аст, ки муртакиби як амали ҳаром шавад, мисли ин ки дар кишваре зиндагӣ мекунад, ки қонуни он кишвар барои хоҳарон сатр бар сар гирифтанро манъ кардааст.

Дар инҷо, як зани мусалмон бо ду ҳукми шаръӣ рӯ ба рӯст: яке, талаби дониш, ки фарз аст, ва дигар сатр бар сар кардан, ки он ҳам барояш фарз аст. Дар ин гуна маворид, агар тавонист ҳар дуро ҷамъ кунад, ки чӣ беҳтар, яъне ҳам ба мадраса биравад ва дониш андӯзад ва ҳам сатраш маҳфуз бошад. Ва имрӯза ҷамъи ин ду комилан имконпазир аст. Вале фарз кунед, дар ҷойе ҷамъи ин ду имконпазир нест, ҳоло ба ҳар далел. Ин ҷост, ки ташхиси “муҳимтар” аз “муҳим” бисёр душвор аст ва ба назарам, сахттар аз он қобили тасаввур нест.

Ҳоло, он чи дар боло гуфтам — яъне авотифу эҳсосот гоҳе бар ақлонияти ҳатто як фақеҳ чира мегардад – инҷо бароятон равшан мешавад. Чаро? Фарз кунед, як фақеҳи воқеан ошно бо маорифи исломӣ, бо такя ба далоили шаръӣ, ташхисаш ин буда, ки “муҳимтар” дар ин гуна маворид, донишандӯзӣ будааст ва сатр албатта “муҳим”, яъне дараҷаи аҳаммияти донишандӯзӣ, бештар аз сатр гирифтан будааст. Хуб, оё ин фақеҳ, бар асоси ҳамин ташхисаш, фатво медиҳад?

Ба назарам, барояш бисёр сахт аст. Зеро, агар чунин фатвое дод, матруди ҷомеаи мусалмонон мешавад, чаро ки тӯдаи мусалмонон, ки маорифи диниашонро бештар аз хатибону суханварон мегиранд (яъне аз хитобаҳои рӯзи ҷумъа), фаризаи сатр барояшон бештар гӯшзад мешавад, то фаризаи донишандӯзӣ, ва ба ҳамин хотир таваҷҷӯҳашон бештар ба он маътуф аст. Вақте он фақеҳ фатво дод, ки феълан то иттилоъи баъдӣ (яъне то замоне, ки ин қонуни золимона аз миён рафт), биравед дониш андӯзед ҳарчанд бидуни сатр, дар инҷо фикр мекунед, бештари мардуми мусалмон чӣ вокунише нишон хоҳанд дод?! Инҳо, ки таваҷҷӯҳе ба сатҳи дониш ва шариатдонии он фақеҳ надоранд, аз ин рӯ лобуд ӯро ба тарсуӣ ва бешаҳоматӣ ва гоҳе ба беномусӣ муттаҳам мекунанд, агар нагӯем ба куфру иртидод муттаҳамаш кунанд. Дар ҳоле, ки воқеан ташхиси ӯ бо такя бар далоили шаръӣ ҳамин будааст ва ин Худотарсии ӯ будааст, ки чунин фатвое дода.

* * *

Роқими ин сатрҳо на иддаои фақоҳат дорад ва на иддаои иҷтиҳод, балки ин масъаларо фақат ба унвони мисол ва суол зикр мекунад. Ва ба назарам, як масъалаи “мубтало биҳӣ” аст ва муҷтаҳидон ва фуқаҳои соҳибназар бояд таклифи бонуи мусалмонро дар ин гуна маворид мушаххас кунанд.

Ба ҳар сурат, ташхис дар ин гуна маворид, бисёр сахту душвор аст, кори саҳлу осон нест, дар шариати исломӣ ҳеч чиз ба андозаи ташхиси “аҳамму муҳим” яъне “муҳимтар” аз “муҳим” душвор нест. Гоҳе як ташхиси нодуруст садҳо ва балки ҳазорон мушкилотро барои ҷомеаи исломӣ падид овардааст. Ёдам ҳаст (ва касоне, ки ҳамсинну соли ман ва ё аз ман бузургсолтар ҳастанд инро медонанд), ки дар даврони Шӯравӣ баъзе аз муллоҳо, рафтан ба мактабро ба унвони “мактаби кофирӣ”, барои фарзандон ва аҳёнан муридҳои худ “ҳаром” карда буданд, яъне ташхисашон ин будааст, ки нарафтани онҳо муҳимтар аз рафтанашон будааст.

Дар оғози ҷавонӣ замоне, ки дар Тошканд дарси динӣ мехондам, ҳамроҳам ҷавононе таҳсил мекарданд яъне бо ман ҳамдарс буданд, ки ё аслан мактаб надидаанд ва ё ҳаддиақал то килоси панҷум-шишум дарс хондаанд ва мутаассифона бесавод буданд, манзурам, бесаводӣ дар ноҳияи донишҳое аст, ки дар мактабҳо омӯзонида мешуданд, ин ҳам ба хотири ҳамон “фатвоҳо” ва “ташхисҳои ғалат андар ғалат”. Устодам, Худо ҳифзаш кунад, гоҳе ба ҷойи дарсҳои динӣ, ночор мешуд дарсҳои килоси шишуму ҳафтуми мактабро барои онҳо биомӯзад.

Хулоса, мо бояд саъй кунем, ҳамеша авлавиятҳоро мадди назар дошта бошем ва дар мавориди таъоруз, ҳаргиз “муҳимтар”-ро қурбони “муҳим” накунем, балки “муҳим” бояд қурбони “муҳимтар” шавад. Ва ин, айни тадайюн ва диндорӣ ва шариатмадорӣ аст, на баръакс.

Хеле ҳам ба фикри “рафтани обрӯи худ” дар ҷомеа набошем, яъне агар дар мавриде пойбандӣ ба “муҳимтар” лозимааш ин бошад, ки мардум шуморо ба беғайратӣ ва бединӣ муттаҳам кунанд, шумо, ки барои Худо гом бардоштаед, фақат Худоро пеши чашм оваред, на назари мардумро.

Саломат бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: