Перейти к содержимому

Кабирӣ дар паёми солинавии худ: “Бояд намунаи волои эҳтиром ба арзишҳо бошем!”

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) дар паёме, бо табрики соли нави милодӣ ба ҳамаи тоҷикистониён, изҳор дошт: “Миллати азияткашидаи мо, ки ҳам таҷрибаи бойи ҳамзистӣ ва ҳам таҷрибаи талхи низоъҳои идеологиву қавмиро дорад, бояд намунаи волои эҳтиром ба арзишҳо, анъана ва эътиқодоти ҳамаи сокинони кишвар гашта, ин ҳолатҳоро на омили ихтилоф, балки омили ваҳдат ва ҳамгаройии бештар байни ҳамаи миллиятҳо бигардонанд.”

Машрӯҳи ин паём ба нақл аз сойти Озодандешон ба шарҳи зерин аст:

Дӯстони арҷманд, ҳамватанони азиз ва ҳамаи тоҷикистониёни гиромӣ чӣ дар дохил ва чӣ дар берун аз он, ки ба хотири мушкилоти иқтисодӣ, фишорҳои сиёсӣ ва ё ҳар сабаби дигаре, дар хориҷ аз ватан зиндагӣ мекунед!

Инак, мо, тоҷикистониён, мисли ҳамаи сокинони рӯи замин бо соли 2018 падруд ва ба истиқболи соли нави 2019 меойем.

Кишвари мо як кишвари чандмиллиятӣ ва чандмазҳабӣ аст; кишваре, ки дар он, тоҷикҳо, ӯзбекҳо, русҳо, қазоқҳо, қирғизҳо, туркманҳо, украинҳо, яҳудҳо, татарҳо, арманҳо, гурҷиҳо, озарбойҷонҳо, литваиҳо, латвияиҳо, олмониҳо ва корейиҳо дар фазои эҳтироми мутақобил ва ҳамкорӣ зиндагӣ мекунанд; миллатҳое, ки ҳазорсолаҳо дар паҳлӯи мо зиндагӣ доранд; онҳое, ки дар даврони сахти асри гузашта ба Тоҷикистон паноҳ оварданд; онҳое, ки дар ободии Тоҷикистон саҳм гузоштанд; онҳое, ки бо вуҷуди таҳаввулоти бузурги асри гузашта, дар кишвар боқӣ монданд.

Медонам, ҳатто дар сахттарин солҳои асри гузашта, намояндагони миллиятҳо ва динҳои гуногунамон ба доди ҳамдигар расиданд, ҷони якдигарро наҷот доданд, ба арзишхои якдигар эҳтиром гузоштанд, дар ғаму шодии якдигар шарик буданд. Дар солҳои гуруснагӣ, ин мардум бо як пиёла чой ва як бурида нон, ба кӯмаки ниёзмандоне шитофтанд, ки ноне барои хӯрдан надоштанд. Ба дин, мазҳаб ва миллати фарди ниёзманд аҳаммият надоданд, балки каромату арзишҳои муштараки инсониро боло гузоштанд.

Ин, асос ва мабнои як ҷомеи солим аст, ки дар он, инсонҳо дар ғаму шодии якдигар шарик ҳастанд. Инсонҳо дар як ҷомеаи солим аз ҷашну шодӣ, идҳо ва расму анъанаҳои якдигар барои ҳамбастагӣ, ҳамдилӣ ва ваҳдати бештар истифода мебаранд. Дар як ҷомеаи носолим ингуна ҳолатҳо баръакс, боиси баҳсу ҷанҷолҳо, ҷабҳагириҳо ва ҳатто ихтилофоти мазҳабиву қавмии бештар мегардад.

Миллати азияткашидаи мо, ки ҳам таҷрибаи бойи ҳамзистӣ ва ҳам таҷрибаи талхи низоъҳои идеологиву қавмиро дорад, бояд намунаи волои эҳтиром ба арзишҳо, анъана ва эътиқодоти ҳамаи сокинони кишвар гашта, ин ҳолатҳоро на омили ихтилоф, балки омили ваҳдат ва ҳамгаройии бештар байни ҳамаи миллиятҳо бигардонанд.

Ба намояндагӣ аз Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) — ки қишрҳои гуногуни ҷомеаи моро намояндагӣ мекунанд ва аз манофеъи ҳамаи бахшҳои ҷомеаи чандмиллиятиамон дифоъ менамоянд – ба унвони раҳбари ПМТ, фаро расидани соли нави 2019-ро ба ҳамаи шумо, ҳамватанони азиз, табрику таҳниат мегӯям! Барои яко-яки шумо ва низ хонаи муштараки ҳамаамон – Тоҷикистони азиз, орзуи сулҳу осоиш мекунам.

Умедворам, ки соли нав умеди бозгашт ба хонаҳои худро барои миллионҳо шаҳрвандоне, ки дар кишварҳои дигар ба дунболи зиндагии беҳтар ё паноҳгоҳи амн ҳастанд, баргардонад. Соли нав, соле бошад, ки дар он ҳар инсон дар кишвари мо худро соҳибкаромат ҳис намояд, соли барқарории адолат барои бародарони зиндониамон ва ҳамаи мазлумону муҳоҷирон бошад.

Беҳбудии Тоҷикистон бастагӣ ба ин дорад, ки амният, каромат, сулҳ, нур, гармӣ, рафоҳу роҳатӣ, боварӣ ба ояндаи дурахшон, вориди зиндагӣ ва хонаи яко-яки мо мешавад ё на?! Ин, танҳо ба талоши мову шумо вобаста аст, фақат мову шумо метавонем ба он дар якҷоягӣ даст биёбем. Танҳо мову шумо — шаҳрвандони баробарҳуқуқи ҷомеаи гуногунранги тоҷик, ҳар ҷойе, ки ҳастем, бо ҳам метавонем ба ин даст биёбем; бо ҳамбастагӣ, бо талош барои ба даст овардани ҳуқуқи худ ва бо эҳтиром ба ҳуқуқ, фарҳанг ва арзишҳои дигарон ва бо эҳсоси масъулияти мутақобил дар баробари ҳамдигар.

Орзу мекунам, ки Соли Нав барои шумо соли хубу пурборе бошад. Аз Худованд барои яко-яки Шумо муваффақияту сарбаландӣ, тансиҳатӣ, шодмонӣ ва оромишу муҳаббати наздиконатонро таманно дорам.

Соли Наватон муборак бошад дӯстони азиз!

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон

30 декабри 2018

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: