Перейти к содержимому

Пажӯҳишгари Бунёди Корнеги: “Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоли баҳрабардории сиёсӣ аз ҳамлаи ДОЪИШ аст”

Пол Стронски (Paul Stronski), пажӯҳишгари барномаи Урупо ва Уруосиёи Бунёди Корнеги, бо баёни ин ки “Тоҷикистон дар июли 2018 мавриди як ҳамлаи ДОЪИШ қарор гирифт” гуфт: “Ҳукумати ин кишвар ба ҷойи пардохтан ба иллатҳои родиколиза шудан, дар ҳоли баҳрабардории сиёсӣ аз ин ҳамла барои саркӯби бештари боқимондаҳои ҳизби мухолифи Наҳзати исломӣ мебошад.”

Инак, машрӯҳи мақолаи Пол Стронски, пажӯҳишгари барномаи Урупо ва Уруосиёи Бунёди Корнеги дар сойти East Asia Forum

Бо гузашти 27 сол аз фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, ҳамгароии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳоли пешрафт аст. Ин пешрафт бо вуҷуди либеролиза шудани сиёсӣ ва иқтисодии Ӯзбекистон, ташдиди иқтидоргароӣ дар дигар кишварҳои минтақа, мушкилоти иқтисодии густурда ва нуфузи фазояндаи Чин — ба унвони дағдағаҳои аслии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2018 – дар ҳоли вуқӯъ аст.

Чашмандозҳои навини ҳамкории минтақаӣ, дар Ӯзбекистон беш аз дигар кишварҳо намоён шудааст. Шавкат Мирзиёев ба либеролиза кардани сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ӯзбекистон ҳамчунон идома медиҳад.

Ӯ, бахши умдае аз соли 2018-ро сарфи ҳаллу фасли танишҳои минтақаӣ, ағлаб ҳамроҳ бо Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон кард. Бар хилофи раисиҷумҳури асбақи Ӯзбекистон, Ислом Каримов, Мирзиёев Ӯзбекистонро ба самти сиёсати амалгароёнаи “адами вуҷуди мушкил” бо ҳамсоягон, пеш бурдааст.

Ин рӯйкарди ҷадид, нерӯи ҳаракатдиҳандае барои пардохтан ба мушкилоти минтақаӣ ба вуҷуд овардааст. Тиҷорати марзӣ байни Қазоқистон ва Ӯзбекистон дар нимаи нахусти соли 2018 ҳудуди 52 дар сад рушд ёфтааст.

Ду кишвар ҳамчунин дар садади эҷоди як минтақаи озоди тиҷории байналмилалӣ дар имтидоди марзҳои муштараки худ, ки бисёр фақир ҳастанд, мебошанд.

Ӯзбекистон ва Тоҷикистон низ 10 гузаргоҳи марзиро бозгушоӣ кардаанд, ки ин амр ба солҳо равобити хасмона ба далели ихтилофот дар манобеъ ва захоири манотиқи марзӣ поён додааст.

Тошканд ба ҳамин тартиб равобити тӯлонимуддати худ бо Қирғизистонро низ бозсозӣ кард. Тасмими Ӯзбекистон барои бозгушоии пости марзии “Дӯстлик” дар соли 2017 ва озод кардани режими омаду рафти марзӣ, мунҷар ба беҳбуди фаъолиятҳои иқтисодӣ ва байнимардумӣ дар соли 2018 гардид.

Мирзиёев ҳамчунин ба талошҳои “аз боло ба поини” худ барои беҳбуд кардани зиндагии сиёсӣ ва иқтисодӣ дар Ӯзбекистон идома медиҳад. Ӯ дар соли 2018 тағйиротеро дар ҳавзаи умури қазоӣ, хадамоти амниятӣ ва ҳавзаҳои иҷроӣ эъмол кард, ки ба таҳкиму тасбити қудраташ кӯмаки шоёне кард. Ба назар мерасад, ки Мирзиёев мутаваҷҷеҳ шудааст, ки мудели иқтисодии кишвараш нопойдор аст ва ислоҳот барои беҳтар кардани тасвири Ӯзбекистон ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, амре зарурӣ аст.

Иқдомоти Мирзиёев барои либеролиза кардани кишвар аммо ба пешрафтҳои демукротик мунҷар нашудааст. Ӯзбекистон ҳамчунон яке аз саркӯбгартарин кишварҳои минтақа боқӣ монда ва ӯҳдадориҳои давлат ба либеролизм то кунун бо ҳеч бесуботии дохилӣ ва ё хориҷӣ мувоҷеҳ нашудааст.

Ҳамчунон, Мирзиёев мақомоти давлатиро ба посухгӯӣ ба мардум фаро мехонад ва тамоюли вай барои иҷоза додан ба баҳсу ҷадалҳои умумӣ дар хусуси фасод ва мушкилоти иқтисодӣ- иҷтимоӣ, қадамҳои муҳимме маҳсуб мешавад.

Ҳатто агар ин фарояндҳо барои пешрафт дар демукросӣ дар Ӯзбекистон кофӣ набошанд, ин ислоҳот метавонад меъёрҳои зиндагиро боло бурда ва қудрати кишварашро барои дар даст гирифтани фазои перомунии худ афзоиш диҳад.

Боқии кишварҳои минтақа ба назар мерасад дар масири мухолифи Ӯзбекистон дар ҳоли ҳаракат ҳастанд. Фазои шабакаҳои иҷтимоӣ ва фаъолияти созмонҳои мардумниҳод ҳамчунон дар Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон маҳдуд аст. Аммо ин кишварҳо ҳамчунон дар миёнаи роҳи интиқоли сиёсӣ буда ва тамоюли камтаре нисбат ба таҳаммули паёмадҳои он аз худ нишон додаанд.

Бо наздик шудан ба интихоботи барномарезишуда барои соли 2020, давлати Қазоқистон дар ҳоли поксозии фазо аз мунтақидон аст, ки шойеъотеро мабнӣ бар баргузории интихоботи зудҳангом дар соли 2019 ба вуҷуд овардааст.

Нурсултон Назарбоев дар синни 78-солагӣ танҳо раҳбаре аст, ки шаҳрвандони қазоқистонӣ ӯро ба ёд меоваранд ва дар хусуси ин ки интиқоли қудрат пас аз Назарбоев сурат мегирад ё ин ки ӯ дубора бар курсии риёсати ҷумҳурӣ такя хоҳад дод, суолҳоеро дар зеҳни онҳо эҷод кардааст.

Қазоқистон бо як раванди нобаробари тавзеъи сарват рӯ ба рӯст. Ҳамзамон, бо вуҷуди фурсатҳои иқтисодие, ки танҳо дар шаҳрҳо метавон ба онҳо даст ёфт, муҳоҷират аз рустоҳо ба шаҳрҳо сурат гирифта, ки мунҷар ба холӣ шудани манотиқе аз кишвар ва эҷоди мушкилоте дар зерсохтҳои шаҳрӣ шудааст.

Носиюнолизми қавмии қазоқӣ низ дар ин кишвари чандқавмӣ, дар ҳоли рушд аст; ҳамчунонки носиюнолизм ба таври куллӣ дар Осиёи Марказӣ дар ҳоли интишор аст.

Ин фоктурҳо ба хубӣ нишон медиҳад, ки чаро Остона мунтақидони давлатро тайи моҳҳои ахир саркӯб кардааст. Бо афзоиши шумори афроде, ки ба далели фаъолиятҳои худ дастгир шудаанд, ба назар мерасад рӯйкарди иқтидоргароии нарми Қазоқистон дар ҳоли сахт шудан аст.

Кишварҳои кучактари Осиёи Марказӣ низ бо ҳамин гуна масоил рӯ ба рӯ ҳастанд. Туркманистон дар остонаи фурӯпошии иқтисодӣ қарор дорад. Ин амр пурсишҳоеро дар бораи мудели ҳукуматии ин кишвар ба вуҷуд овардааст. Абарпружаҳои беҳосили Ишқобод захоири арзии кишварро ба итмом расонд; дуруст дар замоне, ки қимати манобеъи ҳидрукарбонӣ дар ҳоли коҳиш ва монеъ аз пур шудани муҷаддади хазонаи ин кишвар гардидааст. Бо афзоиши таваррум, мардум дучори фақри шадидтаре шуданд. Давлат низ тасмим гирифта то аз 1 январи 2019 субсидҳоро аз колоҳои асосӣ назири барқ, гоз, об ва намак бардорад. Ин амр қарордоди иҷтимоиеро, ки аз соли 1992 дар ин кишвар фаъол буд низ мешиканад.

На давлати Тоҷикистон ва на Қирғизистон ба назар намерасад, ки аз тавоноии лозим барои муқобила бо мушкилоти амиқи иқтисодӣ бархӯрдор бошанд ва ин амр фазое барои як бесуботӣ фароҳам овардааст. Шумори зиёде аз ҷавонон ба муҳоҷират аз кишвар ба унвони муҳоҷири корӣ идома медиҳанд.

Илова бар ин, Тоҷикистон дар июли 2018 мавриди як ҳамлаи ДОЪИШ низ қарор гирифт. Ҳукумати ин кишвар ба ҷойи пардохтан ба иллатҳои родиколиза шудан, дар ҳоли баҳрабардории сиёсӣ аз ин ҳамла барои саркӯби бештари боқимондаҳои ҳизби мухолифи Наҳзати исломӣ аст.

Вазъияти сиёсӣ дар Қирғизистон, ба унвони танҳо кишвари демукротики минтақа, беҳтар аст. Бо ин ҳол, афзоиши ихтилофот миёни раисиҷумҳур Ҷеенбеков ва раисиҷумҳури собиқ Отамбоев ва расвоиҳои густурдаи ношӣ аз фасод, дар амалкарди сиёсии кишвар халалҳое ба вуҷуд овардааст.

Мушкилоти иқтисодӣ ҳар ду кишварро водор карда то бадеҳиҳои бештареро ба вежа ба Чин мутаҳаммил шаванд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ибтикори эҷоди камарбанд ва ҷоддаи Чин ба унвони як хатти ҳаёти иқтисодӣ, истиқбол намуданд.

Аммо ҳуҷуми густурдаи ҷараёни пул ва пружаҳои Чин, заминаи тахриби муҳити зист, шиддат гирифтани муҷаддади фасод, шикаст дар эҷоди машоғили пойдор ва ҳуҷуми коргарони чинӣ падид овардааст. Ин мушкилот дар санойеъи сементи Тоҷикистон, ки ба тозагӣ бо сармояи чиниҳо эҳё шудааст ба вузуҳ қобили мушоҳида мебошад.

Ҳузури фазояндаи Чин дар минтақа, риски мувоҷеҳа бо вокунишҳои умумиро низ мӯҷиб шудааст. Дар ҳамин росто, раҳбарони Осиёи Марказӣ бояд миёни таҳдиди эҳсосоти зиддичинии мардум ва ниёзи мубрам ба сармоягузорӣ ва ҳимояти Чин мувозина барқарор кунанд.

Eastasiaforum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: