Перейти к содержимому

Ҷузъиёти тоза аз фойли савтии қатли Хошуқҷӣ ва ифшои сабаби қатли ӯ

Рӯзномаи Daily Sabah матни муколимоти се тан аз аъзои барҷастаи тими терури Ҷамол Хошуқҷӣ дар ҷараёни амалиёти терурро мунташир ва ҷузъиёте аз фойли савтиеро, ки аз муҳимтарин мадорики марбут ба парвандаи қатли ин рӯзноманигори мунтақиди саудӣ аст, бармало кард.

Ин рӯзнома бо истинод ба китоби “Ваҳшигарии диплумосӣ… Асрори сиёҳ аз қатли Хошуқҷӣ”, ба ҷузъиёти навори савтӣ мепардозад, ки марбут ба музокирот байни раҳбари тими терур яъне Моҳир Алмутриб, коршиноси пизишки қонунӣ, Салоҳ Аттубейқӣ, узви горди салтанатии саудӣ ва Соир Алҳарбӣ аст. Онҳо як соат қабл аз расидани Хошуқҷӣ ба консулгарии Арабистон дар Истонбул, дар ҳоли баҳс бо якдигар ҳастанд ва мегӯянд, ду роҳ пеши рӯи ӯ мегузоранд: ё ӯро ба Риёз бифиристанд ё дар сурати мухолифат, ӯро бикушанд.

Ин рӯзнома меафзояд, ин фойли савтӣ ҳамон фойле буда, ки Ҷино Ҳоспел, раиси Созмони иттилооти марказии Омрико (CIA)-ро дар бораи ин ки қатли ин рӯзноманигор барномарезишуда буд на як иттифоқи ғайримунтазира, мутақоъид кард.

Ин рӯзнома ба Алмутриб ишора мекунад, ки дар ин фойли савтӣ мегӯяд, “медонам чӣ гуна ӯро мусла (қитъа-қитъа) кунам” ва дар ҳоли гӯш додани мусиқӣ ва нӯшидани қаҳва аҷзои бадани Хошуқҷиро қитъа-қитъа мекунад.

Тибқи гузориши ин рӯзнома, Алмутриб мегӯяд, то кунун бо бадани гарм бархӯрд надошта, аммо метавонад ин корро ба роҳатӣ анҷом диҳад. Ӯ идома медиҳад: “Маъмулан вақте ҷасадҳоро мусла (қитъа-қитъа) мекунам, ҳедфун (наушник) мегузорам ва мусиқӣ гӯш медиҳам ва дар айни ҳол қаҳва ҳам менӯшам.”

Ба навиштаи ин рӯзнома, Хошуқҷӣ замоне, ки пешниҳоди фиристодан ба Риёзро шунид, бо он мухолифат кард, баъд аз он Алмутриб ба ӯ гуфт, дар сурати ҳамкорӣ бахшида хоҳад шуд ва аз Хошуқҷӣ мехоҳад барои писараш, Салоҳ, ки дар Риёз аст паёме фиристода ва бигӯяд, ки дар Истонбул аст ва ҳолаш хуб аст, то ҳеч гуна шубҳае ба вуҷуд наёяд.

Алмутриб ва дӯстонаш аз Хошуқҷӣ мехоҳанд ба писараш бигӯяд, ки дар сурате, ки муддате натавонист бо ӯ тамос барқарор кунад нигарон нашавад, аммо ин рӯзноманигори саудӣ ин пешниҳодҳоро рад мекунад. Бар асоси ин фойли савтӣ, Хошуқҷӣ аз Алмутриб мепурсад: “Мехоҳӣ манро бикушӣ? Қасд дорӣ манро хафа кунӣ?

Бар асоси китоби таълифшуда дар ин замина, Хошуқҷӣ вақте мефаҳмад наметавонад аз консулгарӣ зинда берун биравад, оромиши худро ҳифз карда ва дар ҷойи худ мемонад, ки ногаҳон панҷ тан аз аъзои тими терур ба дастури Алмутриб ба самти ӯ юриш мебаранд, то ӯро хафа кунанд ва сари ӯро дохили кисаи пластикӣ мекунанд.

Тибқи гузориши рӯзномаи Daily Sabah, охирин ҳарфҳои Хошуқҷӣ ин буда, ки: “Даҳонамро набандед, ман осм (астма) дорам, манро хафа хоҳед кард.”

Бар асоси гузоришҳои расонаӣ, Хошуқҷӣ барои панҷ дақиқа муқовимат мекунад.

Бар асоси китоби таълифшуда, навори савтии қатли Хошуқҷӣ ҳатто барои аъзои созмони иттилоот, ки бо ин гуна масоил ошно ҳастанд, нороҳаткунанда аст, ҳатто Ҳоспел бо шунидани ин фойли савтии тарҷумашуда бисёр мутаассир шуда буд.

Ҳамчунин ба рағми ин ки Арабистон муддаӣ шуда аъзои тими терурро боздошт карда, аммо ин китоб ҷузъиёте бар хилофи инро мунташир кардааст. Як манбаъ, ки хоста номаш фош нашавад ба рӯзномаи Daily Sabah гуфта, Аттубейқӣ дар ҳоли ҳозир дар Ҷидда дар канори хонаводааш аст.

* * *

Ифшогарии дӯсти Хошуқҷӣ дар бораи сабаби қатлаш

Се рӯзноманигори ин рӯзнома китоберо бо унвони “Ваҳшигарии диплумосӣ… Асрори сиёҳ аз қатли Хошуқҷӣ” таълиф карданд, ки дар ин бора бо дӯсти Ҷамол Хошуқҷӣ, ки як мухолифи саудии муқими Конодо аст сӯҳбат кардаанд. Умар Абдулазиз, дӯсти Хошуқҷӣ, ишора мекунад, ки сабаби қатли Хошуқҷӣ нияти ӯ барои эҷоди артиши сойберӣ алайҳи Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди саудӣ мебошад.

Умар Абдулазиз ба ин се рӯзноманигор гуфтааст, Хошуқҷӣ бо ӯ як кори муштарак барои роҳандозии артиши сойбериро шурӯъ карда буд.

Ин мухолифи саудӣ мегӯяд, давлати Арабистон аз иқдоми Хошуқҷӣ огоҳ шуда буд ва Риёз ба расона ба унвони як таҳдид нигоҳ мекунад.

Умар Абдулазиз ба рӯзноманигорони Daily Sabah фош мекунад, ки бархе паёмҳое, ки Хошуқҷӣ фиристода буд нишондиҳандаи мухолифати шадиди ӯ бо Бен Салмон буд. Ӯ валиаҳдро “ғул” (дев) тавсиф карда буд.

Умар Абдулазиз қаблан низ иттилооте дар ин бора барои шабакаи CNN фош карда буд.

Ба гуфтаи Умар Абдулазиз, Хошуқҷӣ шахсан рӯи ин пружа 5000 дулор сармоягузорӣ карда ва ваъда дода буд, ки сармоягузороне аз байни мухолифони саудиро барои ин пружа пайдо кунад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: