Перейти к содержимому

Нақди ислом ё эҷоди ҳарос аз ислом?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Имрӯзҳо “равшанфикр” хонда шудан мисли об хӯрдан осон гардида; зеро касе, ки дӯст дорад ба ин унвон хонда шавад, барояш кофист чаҳор-панҷ ҷумлаи бе асосу поя алайҳи ойини ислом ва маорифи исломӣ ва ё паёмбари он бинависад. Ва агар эътирозе ҳам бикунед, ҳамон лаҳза ҷавобаш бароятон омода аст; мегӯяд, ин як нақд аст!

Аммо суоли асосӣ ин аст, ки оё воқеан метавон он чиро, ки инҳо ба унвони “нақд” изҳор медоранд, “нақд” номид?! Ҳоло фарз кунед, тараф аз андак саводе ҳам бархӯрдор аст ва он чи менависад, аз китобе ё манбаъе нақл кардааст. Аммо оё ин воқеан “нақд” аст?

Посух манфист. Яъне, ба лиҳози илмӣ, ин нигоштаҳо ҳаргиз шоистаи ин нестанд, ки рӯяшон унвони “нақд” ё “интиқод” (ҳар ду тақрибан ба як маъно ба кор мераванд) гузошта шавад, балки унвоне, ки сазовор аст рӯи онҳо ниҳода шавад, ин “эҷоди ҳарос” аст. Ва ба иборати беҳтар, ин нависандаҳо “мунтақид” ё “наққод” нестанд, балки исломҳарос ва исломситезанд. Чаро?

Дар ин ёддошт, ба чароии ин масъала пардохта мешавад, бо баёни чанд нукта:

1) Ибтидо лозим аст бо маънои “нақд” дар луғат ва истилоҳ хуб ошно бишавем. “Нақд” дар луғат, ба маънои “ҷудо кардани дирамҳои сара аз носара” (Нозимул-атиббо) ва ё “назар кардан дар дирамҳо ва ҷуз онҳо ва хубу бади онҳоро аз ҳам ҷудо кардан” (Ҳамон) омадааст. (Ба нақл аз Луғатномаи Деҳхудо, вожаи “нақд”) Дар қадим, ба касе, ки “пулҳоро сара мекунад ва хубу бади онҳоро аз ҳам ҷудо мекунад” наққод мегуфтанд. (Луғатномаи Деҳхудо, вожаи “наққод”), масалан, битавонад дираму динорҳои ҳақиқиро аз тақаллубӣ ташхис бидиҳад.

Корбурди ин вожа дар луғат, барои мо чандон муҳим нест, балки он чи аҳаммият дорад, маънои “нақд” (ё “интиқод”) дар истилоҳ (термин) аст, масалан онҷо, ки мегӯянд “нақди адабӣ” ё “нақди филм”, манзурашон чист? Дар нуктаи баъдӣ, роҷеъ ба ин матлаб мепардозем.

* * *

2) Корбурди вожаи “нақд” дар истилоҳ чандон беиртибот бо маънои он дар луғат нест. Зеро дар истилоҳ, нақд ба маънои “доварӣ ва қазовати дуҷониба дар мавриди як гузора” аст. (Зарринкӯб). Лафзе ҳам, ки имрӯз дар фарҳангҳои урупоӣ барои ин маъно ба кор меравад (critica), ба маънои “қазоват ва доварӣ кардан дар бораи неку бади умур” аст. (Criticism is the practice of judging the merits and faults of something. (Wikipedia))

Ба сухани дигар, нақд ё интиқод лузуман ба маънои “айбҷӯӣ” ва нишон додани айбҳои як асар ё мактаб ва ё андеша нест, балки мунтақид ҳамон тавр, ки айбҳо ва костиҳо ва нуқоти заъфи чизеро бармало мекунад, хубиҳо ва нуқоти қуввати онро низ ошкор месозад. Бинобар ин, дуктур Муъин “интиқод”-ро ингуна маънӣ кардааст: “Холис кардан, ҷудо кардани хуб аз бад, хӯрда гирифтан, баршумурдани дурустиҳо ва нодурустиҳои як асари адабӣ ё ҳунарӣ.”

Ва дуруст ба ҳамин далел аст, ки дар таърифи “нақди адабӣ” гуфта шудааст: “Нақди адабӣ ё сухансанҷӣ, донише барои баррасии вежагиҳо ва тафсири нуқоти қуввату заъфи як асари адабӣ ва таҳлилу арзёбии он дар канори ташреҳи ҷанбаҳои печидаи осори адабӣ, ва равише барои санҷиши эътибор ва мақоми онҳост. Ба касе, ки нақди адабӣ медонад, мунтақиди адабӣ мегӯянд.” (Wikipedia)

Ва низ ба ҳамин далел аст, ки фориғ будани мунтақид аз “ҳуббу буғз”-ро муҳимтарин шарти нақд баршумурдаанд: “Матне, ки дарбардорандаи ҳуббу буғз бо соҳиби асар аст, нақди адабӣ маҳсуб намешавад, ва бархӯрди эҳсосӣ, умдатарин заъф дар нигориши як матн ба унвони нақди адабӣ аст.” (Ҳамон манбаъ)

* * *

3) Бо таваҷҷӯҳ ба он чи дар шарҳу тавзеҳи маънои нақду интиқод дар луғат ва истилоҳ омад, равшан мешавад, ки он чи ба унвони “нақди ислом” аз сӯи ин нависандаҳо ироа мешавад, ба ҳеч ваҷҳ “нақду интиқод” нестанд, зеро:

а) Аввалан, шумо дар ҳеч як аз онҳо намебинед, ки нависандаҳояш дар канори сухан гуфтан аз “айбҳо” ва “костиҳо”-и ислом (албатта, айбу костӣ аз назари онҳо), аз нуқоти қувват ва хубиҳои ойини ислом ҳам гуфта бошанд, балки тамоми саъяшон мутаваҷҷеҳи ёфтан (ва дар мавориде, бофтани) айб дар ин ойин аст.

Мо дар миёни донишмандони ғарбӣ дорем касонеро, ки баҳақ “мунтақиди ислом” буданд; касоне мисли Вил Дуронт ё Густов Ле Бун ва ё Эдворд Броун ва ғайра… ва имрӯз ҳам ҳастанд. Ин донишмандон – ки баъзеҳо ба иштибоҳ аз онҳо ба унвони донишмандони алоқаманд ба ислом ёд мекунанд – донишмандоне буданд, ки баҳақ метавон аз онҳо ба унвони “мунтақиди ислом” ёд кард. Ба ин далел, ки воқеан бетарафона дар бораи ислом, Қуръони Карим, таърихи ислом, шахсиятҳои исломӣ ва ба хусус паёмбари азимушшъани он, ба қазоват ва доварӣ пардохтаанд ва ҳеч ғаразу маразе надоштанд. Вил Дуронт, ки ба лиҳози фикрӣ як материалист аст, дар китоби гаронмояи “Таърихи тамаддун”-аш ҳамон тавр ки аз хубиҳо ва нуқоти қуввати ислом мегӯяд, ҳамчунин маворидеро ба унвони айбҳо ва костиҳои мактаби ислом зикр кардааст. (Албатта, айбу костӣ аз назари ӯ). Эдворд Броун ҳам – ки бештари пажӯҳишгарони исломӣ дӯст доранд фақат суханони мусбати ӯ дар бораи исломро иқтибос намоянд – дар ҷой-ҷойи осораш маворидеро ба унвони айбҳо ва костиҳои ислом зикр намудааст. Аз ин назар аст, ки аз ин донишмандон баҳақ метавон ба унвони “мунтақиди ислом” ёд кард.

Аммо фарде мисли Шуҷоуддини Шифо – ки ба ғалат “мунтақиди ислом”-аш мехонанд – бо таваҷҷӯҳ ба меъёрҳое, ки барои “мунтақид” баршумурдаанд, ҳаргиз шоистаи ин унвон нест, балки як исломҳарос ва исломситез ба тамоми маънои калима аст.

б) Сониян, чунонки дар боло ишора шуд, муҳимтарин шарти “нақд”, ин фориғ будани наққод (ё мунтақид) аз ҳуббу буғз аст. Яъне, мунтақид, нисбат ба чизе, ки дар садади нақди он аст (чӣ як асари адабӣ аст он, ё андеша ва мактаби хосс аст), на бояд ба соҳиби он алоқаманд бошад ва на дорои адоват ва хусумат.

Бо ин васф, ҳоло нигоҳе биандозед ба навиштаҳои афроде мисли Шуҷоуддини Шифо ва тарафдорони тоҷики вай! Ин навиштаҳо моломол аз буғзу кинаву адоват аст. Асосан, чизе ҷуз кинаву адовату душманӣ дар онҳо пайдо намекунед, ба ҳадде, ки ин нависандаҳо ҳатто маворидеро ҳам, ки муҳаққиқони ғайримусалмонон ба унвони нуқтаи қуввати ислом зикр кардаанд, тавҷеҳ мекунанд ва саъй мекунанд ҳамонҳоро низ ба унвони як айб барои ислом ёдовар шаванд. Оё ин навиштаҳо ба унвони “нақди ислом” талаққӣ бишавад? Абадан!

Касе, ки тамоми саъю талоши худро ба харҷ медиҳад ва бо як такаллуфи бисёр аҷибу ғариб, мегӯяд “рӯсарӣ” барои бонувон аз назари “илмӣ” зиёновар ва мӯҷиби бурузи беморӣ дар онҳо мешавад, оё ӯ мунтақиди ислом аст ё душмани ислом?! Баъд иддао мекунад, ки ӯ бо касе ё чизе адовату хусумат надорад ва фақат дар садади баёни як ҳақиқати илмӣ аст!

Касе, ки таърихи 1400-солаи сарзамини моро — яъне давронеро, ки ислом дар ҷомеаи мо ҳоким аст — саросар торику зулмонӣ мехонад ва ба гунае ба тасвир мекашад, ки дар он ҳеч нуқтаи дурахшоне пайдо намешудааст, оё мунтақиди ислом аст ё душмани ислом?! Ва чашмонаш ҳам ҷуз ба яке ду сафҳаи торики он барнамехӯрад ва ҳамеша ҳамон сафаҳотро барҷаста месозад ва намехоҳад мардум мутаваҷеҳи сафаҳоти дурахшони ин таърих бишавад, оё ӯ мунтақиди ислом аст ё душмани ислом?!

Аз ин рӯ мегӯям, инҳо исломситез ва исломҳаросанд, на мунтақиди ислом, ки рисолаташ “қазоват ва доварӣ кардан дар бораи неку бади умур” аст.

Вақте бо таърифи “исломҳаросӣ” ва “исломситезӣ” ошно мешавед, он вақт мефаҳмед чаро ин тоифаро исломҳарос хондаам, на мунтқиди ислом. Дар нуктаи чаҳорум андаке бештар пиромуни ин матлаб баҳс мекунам.

* * *

4) Исломҳаросӣ (ба англисӣ: Islamphobia) ба падидаи пешдоварӣ ё табъиз алайҳи ислом ва мусалмонон гуфта мешавад. (Sandra Fredman, Discrimination and Human Rights, Oxford University Press, ISBN 0-19-924603-3, p.121) Ва исломҳарос ба касе гуфта мешавад, ки бо пешдовариҳои хоссе дар бораи ойини ислом ва мусалмонон, саъй мекунад исломро ба унвони идеулужии “фоқиди арзиши муштарак бо дигар фарҳангҳо” ҷилва диҳад ва онро “дар муқоиса бо дигар фарҳангҳо” ба хусус фарҳанги ғарбӣ, дар мавқеияти фурӯдаст қарор бидиҳад. (Ҳамон манбаъ)

Ва ба иборате соддатар, исломҳарос рисолати худро дар “эҷоди фазои тарсу ҳарос аз ислом ва мусалмонон дар ҷомеа” хулоса кардааст. Ӯ, бо истифода аз ҳар василаи мумкин – қалам, расона, пул ва ҳатто зӯри бозу дар сурати имкон – мекӯшад, то мардуми бештареро аз ислом ва мусалмонон мутанаффир созад, ва ҳадафи ӯ ин аст, ки ё мусалмонон куллан аз ислом даст бардоранд ва ё дар ғайри ин сурат, замин аз вуҷуди ислому мусалмонон куллан “пок” бишавад.

Аммо ин ки чаро баъзеҳо исломҳарос мешаванд ва асбоби он кадом аст, муҳаққиқон ва пажӯҳишгарон барои он, асбобу авомили мутаъаддеро ёдовар шудаанд, ки инҷо маҷоли зикри ҳамаи онҳо нест, танҳо ба яке дутои он ба сурати хулоса ишора мекунем:

а) Эҳсоси нигаронӣ аз густариши ислом ва мусалмонон ва инки агар ҷилави он гирифта нашавад, ҷомеаи ӯро хатари нобудӣ ва фурӯпошӣ таҳдид мекунад. Ин омилро муҳаққиқон муҳимтарин омили бурузи падидаи исломҳаросӣ дар ҷомеаҳои ғарбӣ зикр кардаанд.

б) Аксуламали равонӣ. Пажӯҳишгарон ин омилро ба унвони муҳимтарин омил дар исломситезӣ ва исломҳаросии афроде зикр кардаанд, ки онҳо аз батни ҷомеаҳои исломӣ бархостаанд, яъне мусалмонзодаҳо. Мегӯянд, аз онҷо, ки як дигарандеш ва дорандаи афкору ақоиди зидди исломӣ наметавонад дар як ҷомеаи исломӣ барои худ ҷойгоҳе муносиб пайдо кунад ва ин ки агар бихоҳад зиндагӣ кунад, чорае ҷуз ин надорад, ки ё ақоиди худро пинҳон нигаҳ дорад ва ё тазоҳур ба мусалмон будан намояд, аз ин рӯ ин ҳолат дар руҳу равони ӯ таъсири манфӣ мегузорад ва ба тадриҷ дар дили ӯ уқда пайдо мешавад. Ва дар сурати пайдо шудани фурсати зиндагӣ дар маконе дигар, уқдаҳои ҷамъшудаи дарунии ӯ ба сурати “душманӣ бо ислом ва мусалмонон” зуҳуру буруз менамояд.

* * *

Феълан ба ҳамин миқдор аз баҳс иктифо мекунам.

Саломат бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: