Перейти к содержимому

Фатвои Шайх Қарзовӣ дар бораи табрики ғайримусалмонон ба идҳояшон

Шайх Юсуф Қарзовӣ, раиси собиқи Иттиҳодияи байналмилалии уламои мусалмон, тасреҳ кардааст: “Табрики ғайримусалмонон ба идҳояшон, агар бо равобити хуби дуҷониба ҳамроҳ бошад, ҷоиз аст ба вежа ин ки онҳо аз ақвом, ҳамсоя, ҳамкор ё ҳамкилосии мусалмонон бошанд.”

Ин донишманди исломӣ дар посух ба пурсише дар ин хусус, ки дар пойгоҳи иттилоърасонии ӯ мунташир шудааст, ояти 86 сураи Нисоро ба унвони далел бар ин матлаб ёдовар шуда, ки дар он омадааст:

وَإِذَا حُيِّيتُمْ بِتَحِيَّةٍ فَحَيُّوا بِأَحْسَنَ مِنْهَا أَوْ رُدُّوهَا إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ حَسِيبًا

Ҳар гоҳ ба шумо таҳийят гуфта шуд, шумо ба сурате беҳтар аз он таҳийят гӯед ё ба ҳамон гуна посух гӯед, ки Худованд ҳамвора ба ҳар чизе ҳисобрас аст.”

Шайх Қарзовӣ, табрики ғайримусалмонон ба идҳояшонро навъе “некӣ кардан” ба онҳо ва “риояти адолат” нисбат ба онон шумурда ва ба ояти 8 сураи Мумтаҳина ба унвони далел бар ин муддао ишора карда, ки Худованд дар он фармудааст:

لا يَنْهَاكُمُ اللَّهُ عَنِ الَّذِينَ لَمْ يُقَاتِلُوكُمْ فِي الدِّينِ وَلَمْ يُخْرِجُوكُمْ مِنْ دِيَارِكُمْ أَنْ تَبَرُّوهُمْ وَتُقْسِطُوا إِلَيْهِمْ إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ الْمُقْسِطِينَ

Худо шуморо аз некӣ кардан ва риояти адолат нисбат ба касоне, ки дар роҳи дин бо шумо пайкор накарданд ва аз хонаву диёратон берун наронданд наҳй намекунад; чаро ки Худованд адолатпешагонро дӯст дорад.”

Ӯ дар идома, дар посух ба ин пурсиш, ки агар ҳамдиёрони масеҳии мо аз ба кор бурдани вожаи “аҳли зимма” дар бораи онҳо хушашон наояд ва бигӯянд, дӯст надорем моро “аҳли зимма” бихонед, талифамон чист?, мегӯяд: “Аҳли зимма, ба таъбири имрӯзин, ҳамон “мувотин” (ҳамватан) аст, пас бинобар ин, агар он вожа мояи озору азияти онҳост, мо бояд вожаи “ҳамватан” ё “ҳамдиёр”-ро дар бораи онҳо ба кор барем.” Шайх Қарзовӣ ба унвони далел бар ин матлаб, достони ҳазрати Умар (р) бо як араби ғайримусалмонро зикр кардааст, ки ба халифа эътироз кард ва гуфт, мо намехоҳем “аҳли ҷизя” хонда шавем, ва халифа дар баробари ӯ кӯтоҳ омад ва ин вожаро дар мавриди онҳо дигар ба кор набурд.

Шайх Юсуф Қарзовӣ ҳамчунин изҳор доштааст, уламои мусалмон бар ин ақида ҳастанд, ки масеҳиёне, ки дар кишварҳои исломӣ зиндагӣ мекунанд, бояд аз ҳуқуқи шаҳрвандии мусовӣ ва баробар бархӯрдор бошанд.

Вай ҳамчунин тасреҳ кардааст, ки мусалмонон бояд дар дунёи имрӯз зиндагӣ кунанд ва воқеъгаро бошанд, чаро ки имрӯз бисёре аз шайхҳо дар лобалои китобҳо зиндагӣ мекунанд, на дар дунёи воқеӣ. Онҳо ҳанӯз китоби зиндагиро чун китоби уламои аввал мавриди мутолеа қарор надодаанд.

Шайх Қарзовӣ афзудааст, риояти тағйири замон (ки шарти иҷтиҳоди муҷтаҳид аст) боис шуда, ман бо Шайх Ибни Таймия дар мавриди ҳаром донистани вай табрики насоро ва ғайри онҳоро ба идҳояшон мухолифат намоям ва фатво бар ҷоиз будани он бидиҳам.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: