Перейти к содержимому

Беҳтарин китобҳои чопи 2018 дар бораи Осиёи Марказӣ

Пойгоҳи Voices  on Central Asia ҳафт китобро ба унвони беҳтарин китобҳое, ки ба забони англисӣ дар соли 2018 дар ҳавза Осиёи Марказӣ чоп шудаанд муаррифӣ кардааст.

Пойгоҳи таҳлилии Voices  on Central Asia дар гузорише беҳтарин китобҳоеро, ки дар соли 2018 дар бораи минтақаи Осиёи Марказӣ ба забони англисӣ ба чоп расидаанд муаррифӣ кардааст. Ин китобҳо ҳамагӣ дар ҳавзаи улуми инсонӣ ва умдатан таърихӣ ва сиёсӣ ҳастанд. Ин пойгоҳ вобаста ба “Барномаи Осиёи Марказӣ” ва “Шабакаи таҳлилгарони Осиёи Марказӣ” аст, ки ҳар ду зери “Муассисаи мутолеоти Урупо, Русия ва Уруосиё” дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вошингтун мебошанд. Ба сурати мухтасар ин китобҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳем.

1) “Фарозу фуруди Хӯқанд (1876-1709): Осиёи Марказӣ дар асри ҷаҳонӣ шудан”

Нависанда: Скот Леви (Scott Levi)

Ин китоб, ба таҷзияву таҳлили ин ки чӣ гуна ҷомеаҳои Осиёи Марказӣ ба сурати фаъолонае дар фароянди ҷаҳонӣ шудан дар қарнҳои 18 ва 19 мушорикат кардаанд мепардозад. Скот Леви дар ин китоб, зуҳури як ҷомеаи фавқулъода диномик ва пӯё дар дараи Фарғонаро баррасӣ мекунад. Вай менависад, хоноти Хӯқанд, дар фароянди ҷаҳонӣ шудан, пешрафтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҷамъиятшинохтӣ ва муҳитизистии чашмгиреро таҷриба кардааст. Леви мӯътақид аст, ки ҳамин пешрафтҳо заминаи суқути хоноти Хӯқандро фароҳам сохт. Мутолеаи ин китоб метавонад барои мухотабони риштаҳои мухталифе аз ҷумла донишҷӯён ва пажӯҳишгарони таърихи Осиёи Марказӣ, Русия, Чин ва таърихи ҷаҳон, ва ҳамчунин мутолеаи татбиқии имперотуриҳо ва таърихи ҷаҳонӣ шудан, муфид бошад.

2) “Қирғизистон: амнияти режим ва сиёсати хориҷӣ”

Нависанда: Камол Тӯхтамишев

Қирғизистон намунаи ҷолибе аз як давлат дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст, ки бо таърихи кӯтоҳе аз истиқлол, ду раисиҷумҳур дар он барканор шуда, ду инқилобро таҷриба карда, аз ду муноқишаи қавмӣ наҷот ёфта ва ҳанӯз ба саломат ба кори худ идома медиҳад. Дар ин китоб нишон дода шуда, ки чӣ гуна сиёсати хориҷии ин кишвар иртиботи танге бо пойгоҳи ҳавоии Монос — ки тавассути нерӯҳои омрикоӣ барои пуштибонии ҳавоӣ дар Афғонистон мавриди истифода қарор мегирифт — пайдо кардааст. Ҳамчунин нишон дода мешавад, ки чӣ гуна маҷмӯае аз нерӯҳои жеупулитик ва падидаҳои печидаи маҳаллӣ дар канори ҳам таъсири қобили таваҷҷӯҳе бар сиёсати хориҷии Қирғизистон мегузорад.

3) “Нерӯи суннат: қонун ва назми зиндагии рӯзмарра дар Қирғизистон”

Нависанда: Ҷуди Бейер (Judith Beyer)

Китоби ”Нерӯи суннат…” як мутолеаи қавмнигории зариф аст. Нависанда бо анҷоми як таҳқиқи майдонии густурда ва таҷрибиёти мустақим, нишон медиҳад, ки чӣ гуна қирғизҳо дар вилояти Толос аз тариқи суннатҳо, ки назди мардуми маҳаллӣ ба унвони “Солт” шинохта мешавад, муваффақ ба ҳаллу фасли ихтилофот ва мушкилот мешаванд. Дар ҳоле, ки ”Солт” як суннати таърихӣ ва куҳан аст, аммо мардум ҳанӯз бо тавассул ба он, метавонанд мушкилоти сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва мазҳабии худро ҳаллу фасл кунанд. Ин қонуни нонавишта (Солт) ба зиндагии рӯзмарраи мардуми ин минтақа назм мебахшад.

4) “Рӯйкардҳои интиқодӣ ба амният дар Осиёи Марказӣ”

Гирдоваранда: Эдворд Лемун

Осиёи Марказӣ ҳамчунон дар ҳошия мондааст; ҳам дар муҳит ва ҳам дар тасаввуроти мардум. Ҳангоме, ки ин минтақа таваҷҷӯҳоти байналмилалиро ҷалб мекунад, ағлаб бояд иллати онро дар масоили амниятӣ ҷустуҷӯ кард, ки шомили мавориде назири теруризм, муноқишоти қавмӣ ва қочоқи маводди мухаддир мешавад. Ин китоб ба ҳиммати ҷамъе аз мутахассисони риштаҳои мухталифи илмӣ шомили ҷуғрофиё, мардумшиносӣ, ҷомеашиносӣ ва улуми сиёсӣ перомуни ин ки дар Осиёи Марказӣ шаҳрвандон ва давлатҳо чӣ гуна ба амнияти фикр ва ба он амал мекунанд мепардозад.

Нависандагони ин китоб дар пайи онанд, ки нишон диҳанд, давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба хусус Тоҷикистон, чӣ гуна бо эҷоди “ҳарос аз бесуботӣ”, барои тақвияти ҳокимияти худ истифода мекунанд, ва чӣ гуна мардуми минтақа бо ин фазосозии давлатҳо канор меоянд.

Ин китоб метавонад барои донишҷӯён ва пажӯҳишгарони ҳавзаи Осиёи Марказӣ ва низ мутолеоти амниятӣ ва улуми сиёсӣ ҷаззоб бошад.

5) “Озмоишгоҳи пешрафти сусиёлистӣ: сиёсати ҷанги сард ва истеъморзудоӣ аз Тоҷикистони Шӯравӣ”

Нависанда: Артёмий Калиновский

Китоби “Озмоишгоҳи пешрафти сусиёлистӣ” даричаи ҷадидеро барои мутолеаи Тоҷикистони сусиёлистӣ дар даврони пас аз ҷанги ҷаҳонии дуввум гушудааст. Мутолеоти мубтакиронаи Калиновский ба хонандагон шабоҳатҳои пешрафтҳои сусиёлистӣ бо нусхаи сармоядориро ироа мекунад.

6) “Давлатсозӣ дар Қазоқистон: тадовум ва гузор аз ниҳодҳои ғайрирасмӣ”

Нависанда: Дино Шарипова

Ин китоб дидгоҳи роиҷеро, ки мегӯяд ниҳодҳои ғайрирасмӣ – шабкаҳо, ҳомигароӣ ва иртиботот — мебоист ба манзури либеролиза кардани иқтисод, шаҳрнишинии сареъ ва санъатисозӣ дар ҷомеаҳои мудерн аз саҳна ҳазф шаванд ба чолиш мекашад. Мутолеа дар ин мавзӯъ дар Қазоқистон нишон медиҳад, ки ниҳодҳои дуҷонибаи ғайрирасмӣ ҳамчунон ба ифои нақши муҳим ва калидии худ дар зиндагии рӯзмарраи мардум идома медиҳанд. Либеролиза кардани иқтисод ва истеҳкомсозии давлат дар муқобили ҳавзаҳои иҷтимоӣ, арзаи колоҳои умумӣ ва ҳимояти иҷтимоӣ тавассути мардум дар давраи пас аз истиқлолро коҳиш додааст. Бо муқоисаи давраи Шӯравӣ ва пас аз он, нависандаи китоб нишон медиҳад, ки мардум бештар тамоюл доранд ба ҷойи дарёфти кӯмак аз давлат барои ба даст овардани манобеъи камёб, ба шабакаҳои хонаводагӣ ва равобити ҳомигароёна такя кунанд.

7) “Нуфузи Иттиҳодияи Урупо дар Осиёи Марказӣ: чолишҳои жеупулитикӣ ва посухҳо”

Нависанда: Олга Олиндо Спойзер (Olga Alinda Spaiser)

Осиёи Марказӣ бо қарор гирифтан дар як мавқеияти бисёр истротежик тавониста манофеи қудратҳои бузурги ҷаҳониро ба далели бархӯрдорӣ аз манобеи ғании энержӣ ва мавқеияти ҷуғрофиёии мунҳасир ба фард, ба худ ҷалб кунад. Русия, Чин ва Иттиҳодия Урупо ба ин минтақа ба унвони як манбаи зарурӣ барои нуфузи сиёсӣ ва иқтисодии худ дар минтақаи васеъи Уруосиё менигаранд. Аз ин рӯ, бо таваҷҷӯҳ ба рақобати шадид, Иттиҳодия Урупо дар талош аст то ҳудро ба унвони як бозигари бонуфуз тасбит кунад. Бар хилофи дигар манотиқи пасокумунистӣ, Иттиҳодия Урупо наметавонад дар Осиёи Марказӣ бар ҷаззобиятҳои мудели сиёсии худ такя кунад, аз ин рӯ суоли калидӣ акнун ин аст, ки “Иттиҳодияи Урупо чӣ нуфузе метавонад дар чунин заминаи жеупулитикии пурчолише дошта бошад? Чӣ истротежиеро Иттиҳодия Урупо барои табдил шудан ба як бозигари қобили итминон мебоист иттихоз кунад?” Ин китоб ба ин мавзӯъ мепардозад, ки Иттиҳодияи Урупо ба сурати огоҳона нақши як бозигари дуввумдараҷаро иттихоз карда, ки ба унвони як “мушовир” амал мекунад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: