Перейти к содержимому

Муҳимтарин рӯйдодҳои соли 2018 барои опозисиюни тоҷик (тасовир)

Соли 2018 барои опозисиюни тоҷик, соле буд моломол аз рӯйдодҳои талху ширин, ки дар ин гузориш ба муҳимтарини онҳо ишора мешавад:

1) Ҳазфи номи Кабирӣ аз феҳристи Интерпол:

Дар охирҳои моҳи феврали 2018 пулиси байналмилал (Интерпол) эълом кард, ки ин ниҳод номи Муҳидин Кабирӣ, раиси ҲНИТ-ро аз феҳристи афроди таҳти пайгирд ҳазф кардааст.

Гуфтанист, баъди манъи фаъолияти расмии ҲНИТ дар дохили Тоҷикистон, Додситони кулли Тоҷикистон гуфта буд: “Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнӯи Наҳзати исломии Тоҷикистон дар рӯйхати Интерпол қарор дорад ва бояд дар ҳол боздошт шавад. Вале баъзе кишварҳои урупоӣ ба ҷойи дастгир ва истирдод кардани ҷинояткорон, ба онҳо паноҳгоҳи сиёсӣ медиҳанд.”

Худи Муҳиддин Кабирӣ, дар гуфтугӯ бо пойгоҳи EADaily, бо ишора ба ин мавзӯъ тасреҳ кардааст: “Интерпол ба сиёсӣ будани иттиҳомҳои ҳукумати Тоҷикистон алайҳи ҲНИТ, мутақоъид шуда. Акнун, мо барои ҳазфи номи ҳамаи аъзоёни ҲНИТ аз феҳристи Интерпол, аз созукорҳои қонунӣ истифода хоҳем кард.”

2) Баргузории ҳамоиши Дортмунд-2:

Дар 15 июли соли 2018 дар шаҳри Дортмунди Олмон ҳамоише ба муносибати 21-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳ, ки ба ҷанги шаҳрвандии 5-сола дар Тоҷикистон хотима гузошт, баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш, илова бар Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, ҳамчунин: Шарофиддин Гадоев, узви Шӯрои сиёсии “Ҷунбиши Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон”, Вайсиддин Одинаев, фаъоли сиёсӣ, Николай Николаев, ҳомии ҳуқуқи башар аз Русия, Сайидюнуси Истаравшанӣ, узви Шӯрои раҳбарии “Анҷумани Озодандешони Тоҷик”, Муҳаммадиқболи Садриддин, фаъоли сиёсӣ ва мудири масъули сойти “Ислоҳ” ва Илҳомҷон Ёқубов, раҳбари “Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ” суханронӣ карданд.

3) Озодии Ҳамзаи 4-сола аз асорат:

Дар охирҳои моҳи июл ва оғози моҳи августи 2018, Ҳамза Тиллозода (Кабирӣ), наваи Муҳиддин Кабирӣ, ба мавзӯи аслии афкори умумӣ ва расонаҳои тоҷик табдил шуд. Ҳамзаи 4-сола мубтало ба бемории саратон буд ва равишҳои дармонии пизишкони тоҷик барои дармони вай муваффақ набуданд. Гурӯҳҳои пизишкӣ дар Русия, Туркия ва Олмон тавсия намуданд, ки Ҳамза бояд фавран барои дармон ба хориҷ аз Тоҷикистон мунтақил шавад. Аммо мақомоти тоҷик монеъи хуруҷи Ҳамза ва модараш аз Тоҷикистон шуданд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, расонаҳои хориҷӣ ва созмонҳои ҳуқуқи башарӣ нисбат ба ин иқдоми ғайриинсонии мақомоти тоҷик, даст ба эътирозоти зиёде заданд. Дар ниҳоят, мақомоти тоҷик таҳти фишори афкори умумӣ, чорае ҷуз иҷоза додан надоштанд. Саранҷом Ҳамза ва модараш муваффақ шуданд ба Туркия интиқол пайдо кунанд ва билофосила дармони Ҳамза шурӯъ шуд ва дар ҳоли ҳозир ӯ ва модараш дар Олмон қарор доранд ва дармонҳои ӯ идома доранд.

4) Озодии Фотимаи 10-сола аз асорат:

Пас аз қазияи Ҳамза Тиллозода, мақомот иҷозаи хуруҷ ба Фотима Давлатова — духтари 10-солаи Шабнам Худойдодова, фаъоли ҳуқуқии тоҷикро надоданд. Ба ҳамин хотир, тоҷикони муқими Урупо аз аввалҳои моҳи августи 2018 шурӯъ ба баргузории эътирозот алайҳи ин иқдоми ҳукумати Тоҷикистон намуданд. Эътирозот дар ин замина ба ҳадде буд, ки 7 созмони ҳуқуқи башарӣ баёнияи муштараке алайҳи давлати Тоҷикистон дар ин замина мунташир кардаанд.

Дар натиҷаи фишорҳои афкори умумӣ ва созмонҳои байналмилалӣ саранҷом ҳукумати Тоҷикистон маҷбур шуд, ки ба Фотима ва модарбузургаш иҷоза бидиҳад, то ба модараш бипайвандад.

5) Таъсиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ:

Бо расонаӣ шудани хабари бемории Ҳамза, гурӯҳе аз муҳоҷирон ва паноҳандагони тоҷик дар Урупо ситодеро ҷиҳати пайгирии қазияи ин кӯдак ба номи “Наҷоти Ҳамза” таъсис дода ва дар шаҳрҳои мухталифи Урупо бо дархости озодии Ҳамза тазоҳурот баргузор карданд. Бо ҳаллу фасл шудани кори Ҳамза ва низ қазияи Фотима, ин гурӯҳ расман ниҳодеро ба номи “Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ” таъсис намуд.

Абдусаттор Бобоев, раиси ин кумита, дар гуфтугӯе бо расонаҳо, шаклгирии ин кумитаро инчунин баён доштааст: “Ҳадафи мо аввал танҳо озодӣ ва наҷоти Ҳамза буд. Ба ҳамин далел ҳам номи ситодро “Наҷоти Ҳамза” гузоштем… Баъд аз қазияи Ҳамза вақте масъалаи Фотима пеш омад, мо тасмим ба идомаи кор гирифтем. Тасмими мо, табдили ситод ба як кумита буд, то чеҳраҳо ва шахсиятҳои мустақил дар он узв шаванд. Ниҳоятан мо ин кумитаро “Кумитаи шаҳрвандӣ барои наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ” номгузорӣ кардем. Ҳадаф аз номгузории ин кумита ҳам мушаххас аст. Қарор шуд, то замоне, ки охирин зиндонии бегуноҳ ва гаравгони сиёсӣ дар Тоҷикистон озод нашавад, ин кумита ба кори худ идома диҳад… Ба ростӣ, ки ин ҳолати Ҳамза ва Фотима мардумро бетафовут нагузошт, канори ҳам ҷамъ шуданд ва ваҳдате ба вуҷуд омад. Мо ҳам аз тариқи расонаҳо афкори умумии ҷаҳонро огоҳ кардем, ки мардуме дар Тоҷикистон вуҷуд доранд, ки чунин масоиле бар онҳо раво мешавад. Модароне, ки солҳои тӯлонӣ наметавонанд фарзандони худро бибинанд ва ҳатто тамос бигиранд ва кӯдаконе, ки наметавонанд ба дидори волидайни хеш бираванд. Чунин тавонистем ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам сиёсатмадорон ва аҳзоби худро барои иқдоми муштарак мутақоъид кунем ва навъе ваҳдат ва муборизаи сиёсӣ барои як ҳадафи муштарак ба вуҷуд биёяд.”

6) Ифшогариҳои “Сноуден”-и тоҷик:

Дар охирҳои моҳи августи 2018 Муҳаммадалӣ Расулов, афсари КДАМ бо пахши як навори видеоӣ дар саҳифаи фейсбукиаш эълон кард, ки кор дар ин кумитаро қатъ мекунад. Ӯ дар ин навори видеоӣ аз ҷумла гуфтааст: “Соли 2015 бо фармони пӯшидаи роҳбарияти КДАМТ, дар қаламрави Федератсияи Русия як гурӯҳи махсуси корӣ, гурӯҳи ғайрирасмии махсуси корӣ ташкил шуд, ки дар ин гурӯҳ 3 нафар афсари КДАМТ тариқи фармон шомил шуданд ва ман низ ба ҳамин гурӯҳ шомил будам. Сардори ҳамин гурӯҳ бар зиммаи полковник Назаров вогузошта шуда буд. Корманди севвум майор Абдруҳимов буданд.”

Расулов ҳамчунин афзудааст: “Аз соли 2016 ман вазифадор шудам, ки чанд маротиба ба кишварҳои урупоӣ сафар намоям. Ҳадафи сафар ин омӯзиши вазъи оперативӣ дар байни мухолифин буд, алалхусус дар байни аъзоёни ҲНИТ. Аз соли 2016 то моҳи марти 2018 ман 8 маротиба ба кишварҳои урупоӣ сафар намудам. Зимни сафарам чанд маъракаҳои оперативиро гузарондам, амалиётҳои тарҳрезишударо амалӣ гардонидам. Дар натиҷа ба мо муяссар шуд, ки дар байни гурӯҳҳои мухолифин дар ҳақиқат низоъ ворид намоем ва.. ба.. гӯем фракцияи ҲНИТ, ки аз чанд гурӯҳҳои дигар иборат аст, як фракцияи алтернативӣ созем.”

Вай аз ҷумла гуфтааст: “Тарҳи нав ин буд ки бояд, ки ман ба Урупо бармегаштам. Дар масъалаи ҷамъ овардани маълумотҳои дақиқ фаъолият менамудам. Мавзӯъи тарҳ ин ба қатл расонидани раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ буд.”

Расулов дар поён гуфтааст: “Ман робитаро бо Кумитаи амният аз ҳамин рӯз эътиборан пурра қатъ менамоям ва намехоҳам, ки дар куштори шаҳрванди худамон, шаҳрванди Тоҷикистон ширкат намоям. Намехоҳам, ҳодисае, ки дар Туркия нисбати Умаралӣ Қувватов шуда гузашта буд, боз такрор ёбад ва умуман ҷонибдори он ҳастам, ки як фазои ороми сиёсӣ дар Тоҷикистон барпо гардад ва ҳамаи мухолифон, ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҳиҷрат ҳастанд, ба хонаи худ, ба ватани худ баргарданд.”

7) Ширкати опозисиюн дар нишасти солонаи САҲА:

Дар миёнаҳои моҳи сентябри соли 2018 дар Варшав, пойтахи Лаҳистон, мисли ҳамеша нишасти Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо бо меҳварияти мавзӯи ҳуқуқи башар ва фаъолияти ҷомеаҳои шаҳрвандӣ баргузор шуд. Ин навбат низ опозисиюни тоҷик бо ҳамаи аҳзобу гурӯҳҳояш дар ин нишаст ширкати фаъолона доштанд.

Лозим ба зикр аст, ки нишасти соли 2018 барои тоҷикон ҳамроҳ бо ҳошия буд. Намояндагони ҳукумати Тоҷикистонба мухолифин ҳамла карданд. Яке аз онҳо ба рӯи Сулаймон Орзуев бо мушт зад ва дигаре пои Шӯҳрати Раҳматуллоҳро бо мошин пахш кард. Ин лаҳзаро Шӯҳрати Раҳматулло, хабарнигори Паём сабт мекунад. Ин ҳамлагари ҳукуматӣ боз ду-се маротиба ба онҳое, ки наворбардорӣ мекарданд ҳуҷум мекунад.

8) Таъсиси Паймони Миллии Тоҷикистон:

Дар ҳошияи нишасти САҲА, дар таърихи 9 сентябри соли 2018 ҳамзамон бо Рӯзи истиқлол, опозисиюни тоҷик эътилофи фарогиреро таҳти унвони “Паймони Миллии Тоҷикистон” таъсис дод. Санади таъсиси ин эътилофро намояндагони чаҳор гурӯҳи сиёсӣ имзо карданд. Аз Анҷумани Озодандешони Тоҷик Алим Шерзамонов, аз Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон Шарофуддин Гадоев, аз Ассосиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ дар Иттиҳодияи Урупо Илҳомҷон Яъқубов ва аз сӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ.

Матни ин эъломия ба ин шарҳ аст:

Бо дар назар гирифтани зарурати иттиҳод барои муқобила бо солҳо диктатории беқонунӣ ва беадолатӣ, нокоромадӣ ва каҷрафториҳо, ки Тоҷикистонро ба яке аз чаҳор кишвари фақиртарини дунё табдил додааст; ғайриқобили қабул ва ғайриконститутсионӣ будани табдил ёфтани Тоҷикистон ба салтанати хонаводагӣ; бо таваҷҷӯҳ ба зарурати ислоҳоти решаӣ дар баробари рушди таҳдидҳо ба кишвар ба хотири фасоди саросарии мақомоти давлатӣ, масъулияти худ дар баробари насли ҳозир ва ояндаи Тоҷикистонро эҳсос намуда,

мо, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар зер имзои худро гузоштаем,

— баҳри татбиқи сохтори демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар Тоҷикистон;

— ба мақсади эҷоди шароити ҳуқуқӣ ва иқтисодии баробар барои ободии ҳар хонавода ҳамчун асоси рушд, субот ва шукуфоии кишвар;

— барои сохтани ҷомеаи ҳамоҳанг ва масъул бо вуҷуди танаввуъ (гуногунӣ)–и шаҳрвандонаш; ҷомеае, ки руҳияи эҳтироми мутақобил, таҳаммул, дастгирӣ ва бародарӣ байни шаҳрвандонаш ҳукмфармост; ҷомеаи, ки маънавият ва арзишҳои волои инсонӣ афродашро гирди ҳам оварда, ва дар як калом, барои эҷоди зербинои хонаи муштараки ҳамаи мо, ки дар он, ваҳдати миллии воқеӣ ҳоким бошад; ваҳдате бархоста аз ҳар як аз мо ва муҳофизаткунанда ҳар якамонро;

— ба манзури эҷод ва ҳифзи шароит барои эҳёи ҳуқуқи ҳар шаҳрванд; ҳаққи озодии баён, андеша, виҷдон, чамъомад ва гирдиҳамоӣ, ҳаққи ҳаёт, меҳнат, рафту омад, ҳаққи дарёфти хизматрасонии босифати тиббӣ, омӯзиш, ҳаққи таъмин шудан ба манзил, ҳаққи интихоб кардан ва интихоб шудан ва дигар ҳуқуқҳои асосии инсон ва шаҳрванд;

— ба хотири эҷод ва ҳифзи шароит барои баргузории интихоботҳои озод ва шаффоф дар ҳамаи сатҳҳо, эҷоди як принсипи бечунучаро барои интиқоли мусолиматомез ва қонунии қудрат дар муддати муайяншуда барои ҳамагон;

— ба манзури анҷоми ислоҳоти решаӣ ва ҳамаҷониба ҷиҳати бинои як кишвари қавӣ ва аз назари иқтисодӣ рушдёфта, ки сиёсати дӯстӣ ва ҳамкориро, чӣ дар робитаҳои дуҷониба ва чӣ дар шаклҳои дигар, барои манофеъи миллӣ пеш мебарад; бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ҳамаи мо озод таваллуд шудаем, бо истифода аз ҳаққи фитрии худ дар таъсиси созмонҳо,

Эълом медорем:

Мо, имрӯз, дар 27-умин солгарди қабули Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон, ки бо дархости нерӯҳои ислоҳотхоҳ дар тазоҳурот дар Душанбе дар муқобили бинои парлумон сурат гирифта буд, бо идомаи муборизаи касоне, ки барои истиқлоли Тоҷикистон талош кардаанд, тамоми нерӯҳои худро муттаҳид сохта, Паймони Миллии Тоҷикистонро, ки рӯи он барои ҳама боз аст, таъсис намудем.”

9) Баргузори роҳпаймоӣ дар назди Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ва Бундестаг:

Дар 10 декабри соли 2018 ду роҳпаймои бузург дар кишвари Олмон тавассути опозисиюни тоҷик баргузор гардид: яке, дар назди Сафорати Тоҷикистон бо дархости озодии зиндониёни сиёсӣ, ва дигар дар назди Бундестак (порлумони Ҷумҳурии Федероли Олмон):

Дар бахше аз қатъномаи поёнии гирдиҳамоӣ дар назди Сафорати Тоҷикистон омадааст: “Аз ҳукумати Тоҷикистон талаб менамоем, ки дархости Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар бораи озодии фаврӣ ва бе қайду шарти муассиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, Зайд Саидов ва муовини раҳбари ҲНИТ, Муҳаммадалӣ Ҳаит ва ҳамчунин дархостҳои созмонҳои байналмилалии мудофеи ҳуқуқи башар дар хусуси озодии фаврии вакили дифоъ, Бузургмеҳр Ёровро ба иҷро гузошта ва ин се зиндонии сиёсиро фавран озод кунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони узви Созмони Милали Муттаҳид вазифа дорад дархости ин созмонро иҷро намояд, ҳамчунин амволи ғасбшудаи ин се зиндонӣ махсусан Зайд Саидовро баргардонад ва низ тибқи дархости Созмони Милали Муттаҳид, ба хотири ғайриқонунӣ зиндон кардани онҳо, ба онҳо ғаромат пардохт намояд.”

Кимиёи саодат

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: