Перейти к содержимому

Паёми солинавии Ардуғон

Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, дар паёми видеоӣ ба муносибати оғози соли нави милодӣ, гуфт: “Тамоми талоши мо бар ин аст, ки миллат ва бародарон ва хоҳарони мо дар минтақа, дар амнияту оромиш зиндагӣ кунанд. Кишвари мо мусаббиби мушкилоти минтақа нест.”

Ба гузориши хабаргузории Онотулӣ, вай идома дод: “Воқеият ин аст то замоне, ки масоили минтақа ҳал нашаванд, Туркия наметавонад сулҳу оромиш ва ояндаи худро тазмин кунад. Бар ин асос, Туркия сиёсати фаъол ва мубтанӣ бар диплумосӣ барои ҳалли масоили минтақа иттихоз кардааст.”

Ардуғон изофа кард: “Туркия аз ҳамон ибтидои бӯҳрони Сурия рӯйкарди инсонӣ иттихоз кард ва ҳамвора дар канори мазлумон буд. Мо барои барқарории субот дар Ироқ низ талош кардаем.

Раисиҷумҳури Туркия афзуд: “Дар ҳоли ҳозир наздик ба чаҳор милюн паноҳҷӯ меҳмони мо ҳастанд. Туркия бо ин рӯйкарди башардӯстонае, ки иттихоз кардааст, ба улгуе дар ҷаҳон табдил шудааст.”

Ӯ дар идомаи паёмаш бори дигар таъкид кард: “Туркия дар мубориза бо теруризм ба муваффақиятҳои бузурге даст ёфтааст ва ин мубориза дар соли ҷадид низ идома хоҳад дошт.”

Ардуғон изҳор дошт: “Туркия азми худро дар заминаи ҳимоят аз ҳуқуқаш дар Қибрис, шарқи Медитарона ва дарёи Эже дар сатҳи майдонӣ ва сиёсӣ ҳифз мекунад.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: