Перейти к содержимому

Паёми солинавии Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, “ба кор даровардани чархаи якуми нерӯгоҳи барқи обии Роғун”, пазируфта шудани пешниҳоди Тоҷикистон дар СММ дар робита бо муъзали об дар ҷаҳон ва низ гушоиш дар равобит бо Ӯзбекистонро ба унвони се рӯйдоди муҳимми соли 2018 барои Тоҷикистон унвон кард.

Ба гузориши сойти риёсати ҷумҳурӣ, вай гуфт: “Ба кор даровардани чархаи якуми нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз ҷумлаи рӯйдодҳои дар ҳақиқат таърихии соли 2018 маҳсуб меёбад.”

Вай афзуд: “Ин рӯзро мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамчун қадами бузург дар таъмин намудани истиқлолияти энергетикии мамлакат солҳои зиёд интизор буданд.”

Раҳмон дар робита бо рӯйдоди дуввум гуфт: “Моҳи марти соли 2018 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси чоруми Тоҷикистон дар ҷодаи ҳалли яке аз проблемаҳои глобалии сайёра таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал: об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” пазируфта шуд.”

Ва аммо дар хусуси рӯйдоди севвум баён дошт: “Соли 2018 боз аз он ҷиҳат хотирмон аст, ки дар муносибатҳои ду давлати дӯсту бародар – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон гардиши куллӣ ба амал омад.”

Вай афзуд: “Бо иродаи қавии роҳбарони ҳар ду давлат дар як муддати кӯтоҳ ҳамаи мушкилоту масъалаҳои солҳои тӯлонӣ дар байни ду кишвари ҳамсоя бавуҷудомада ҳаллу фасл гардида, барои амалӣ шудани нияту орзуҳои деринаи халқҳои бародари мо заминаи мустаҳкам фароҳам оварда шуд ва муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи шарикии стратегӣ бардошта шуданд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: