Перейти к содержимому

Як бону намояндаи доими Афғонистон дар Созмони Милал таъйин шуд

Давлати Афғонистон Одила Роз, муовини вазири умури хориҷаи ин кишварро ба унвони намояндаи доими Кобул дар Созмони Милали Муттаҳид мансуб кард.

Ба гузориши Тулӯънюз, дафтари намояндагии сиёсии Созмони Милал дар Афғонистон бо истиқбол аз ин тасмими Кобул, интихоби Одила Розро ба унвони намояндаи доими Афғонистон дар Созмони Милал табрик гуфт.

Ин аввалин бор аст, ки бонуе аз Афғонистон барои намояндагии ин кишвар дар Созмони Милал мансуб мешавад.

Дуронӣ Вазирӣ, муовини сухангӯи риёсати ҷумҳурии Афғонистон

Бар пояи ин гузориш, бону Дуронӣ Вазирӣ, муовини сухангӯи риёсати ҷумҳурии Афғонистон, дар ин бора гуфт: “Мушорикати занон дар мақомҳои тасмимгирандаи давлат, аз авлавиятҳои давлат ва ба вежа раисиҷумҳур аст.”

Одила Роз мақтаи коршиносии аршад дар риштаи диплумосиро дар Омрико таҳсил кардааст. Ӯ пеш аз ин ба унвони муовини иқтисодии вазири умури хориҷаи Афғонистон кор мекард.

Ӯ дар даврони Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури пешини ин кишвар, муовини сухангӯи риёсати ҷумҳурӣ ва замоне ҳам муовини раиси дафтари ӯ буд.

Одила Роз муддате барои Созмони Милали Муттаҳид дар Кобул низ кор кардааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: