Перейти к содержимому

Ҳама чиз дар бораи Крисмас

Крисмас (Christmas ба маънои “маросими ъишои раббонӣ дар рӯзи Масеҳ”), ҷашнест дар ойини масеҳият, ки ба манзури гиромидошти зодрӯзи ҳазрати Масеҳ (а) баргузор мешавад. Бисёре аз аъзои калисои католики Рум ва пайравони ойини протестан Крисмасро дар рӯзи 25 декабр ва бисёре онро дар шомгоҳи 24 декабр баргузор мекунанд.

Аъзои бештари калисоҳои ортодокс дар саросари дунё низ рӯзи 25 декабрро ба унвони милоди Масеҳ ҷашн мегиранд. Бархе аз масеҳиёни ортодокс ба сабаби пайравӣ аз гоҳшумории юлиёнӣ (юлианский календарь), ҷашни Крисмасро дар рӯзи 7 январ барпо медоранд.

Калисои ҳавории арманӣ (армянская апостольская церковь) тибқи суннати худ, рӯзи милод ва ҳамчунин рӯзи ғусли таъмиди Масеҳро ҳамзамон дар рӯзи 6 январ ҷашн мегиранд.

Ва ин ҳама дар ҳоле аст, ки дар ду қарни нахусти пайдоиши ойини масеҳият, шумори бисёре аз падарони калисо дидгоҳҳои бисёр манфӣ дар хусуси барпоии ҷашни таваллуд дар адёни погонизм (ойинҳои ширколуд ё чандхудоӣ ва ба русӣ: язычество) доштанд.

Рӯзи 25 декабр, барои нахустин бор, дар соли 221 дар навиштаҳои Cекстус Жулиюс Офриконус (Sextus Julius Africanus, аввалин таърихнигори масеҳӣ) ба унвони рӯзи милоди Масеҳ инъикос ёфта ва баъдҳо ба таври фарогир дар олами масеҳият пазируфта шудааст.

Ба ҳар ҳол, ин рӯз (Крисмас) баъдҳо ба унвони як маросими мазҳабии масеҳӣ шуюъ пайдо кард ва аз аввалҳои садаи 20-уми милодӣ ба баъд, ба таври густурда ба унвони як ҷашни ғайримазҳабӣ баргузор шуда ва барои бештари мардум ин айём фурсате шудааст барои даври ҳам ҷамъ шудани ақвому дӯстон ва ҳадия додан ба ҳам.

* * *

Решаи таърихӣ

Бештари муҳаққиқон мӯътақиданд, ки ин рӯз (Крисмас) ба унвони ҷойгузине барои ҷашни “Рӯзи милоди хуршеди шикастнопазир” (Dies solis invicti nati), ки дар Имперотурии Рум баргузор мешуд, роиҷ гардид, ва дар воқеъ Крисмас сурати “масеҳишуда”-и ин ҷашн буд.

Тавзеҳ он ки: пеш аз пазируфтани ойини масеҳият ба унвони дини расмии Рум дар қарни 4-уми милодӣ, румиён ҳарсола дар рӯзи 17 декабр дар ҷашне ба номи Сотурнолиё (Saturnalia), ба сайёраи Сотурн — худои бостонии зироат эҳтиром мениҳоданд. Ин ҷашн то ҳафт рӯз идома мёёфт. Ҳангоми иди Сотурнолиё, румиҳо иқдом ба барпо доштани ҷашну сурур ва ҳадия додан ба ҳамдигар ва озод кардани муваққатии бардаҳо менамуданд.

Ҳамчунин, ойини Митроизм дар сарзаминҳои таҳти фармонравоии Руми бостон густариши зиёде ёфта буд ва бисёре аз румиён зодрӯзи Митроро дар 25 декабр ҷашн мегирифтанд.

Ба ақидаи муҳаққиқон, калисои католики Рум рӯзи 25 декабрро ба унвони зодрӯзи Масеҳ баргузид, то ба маросими погонии он замон маънову мафҳуми масеҳӣ бахшад. Ва ҳамчунин ҷашни зодрӯзи Митро, худои нуру рӯшноиро бо ҷашни бузургдошти зодрӯзи Исо ҷойгузин намуд. Калисои католик бо ин умед, ки пайравони ойини Митроро ба ойини масеҳият ворид кунад, ба онҳо иҷоза дод, то ба унвони бузургдошти зодрӯзи Масеҳ ба баргузории ҷашну сурури худ дар таърихи муйаяншудаи пешин идома диҳанд.

* * *

Бобо Нуел (Бобои барфӣ)

Сент Никулос

Шахсияте, ки имрӯза ба шакли пирамарде меҳрубон ва бо либоси сурхранг ва реши сафеду дароз, ҳангоми Крисмас дар миёни баргузоркунандагони ин ҷашн зоҳир мегардад, ба чандин исм шинохта мешавад, ки Бобо Нуел (Papa Noel), Сонто Клоуз (Santa Claus) ва Сент Никуло (Saint Nicola), аз маъруфтарини ин номҳоянд.

Таърихчаи Бобо Нуел: Дар садаи чаҳоруми милодӣ, яке аз усқуфҳои Осиёи Сағир (Туркияи имрӯз) ба хотири рафтори меҳрубононааш бо кӯдакон шӯҳрат ёфт. Ин шахс, ки баъдҳо ба Сент Никулос (Никулоси Қиддис) шӯҳрат ёфт, дар наққошиҳои қуруни вусто ва асри ренусонс, ба шакли марде бо чеҳрае ҷиддӣ ва наҷибона нишон дода шудааст ва то ҳудуди қарни 16, ҷашни махсуси ӯ дар рӯзи 6 декабр дар саросари Урупо баргузор мешуд, аммо аз он пас, ин ҷашн, танҳо ба протестанҳои Ҳуланд (Нидерландия) маҳдуд шуд. Муҳоҷирони ҳуландие, ки ба Омрикои шимолӣ кӯч карданд, ин расмро бо худ ба он кишвар бурданд ва дар онҷо буд, ки номи ӯ ба Сонто Клоуз (ба англисӣ: Santa Claus) тағйир ёфт.

Манбаъ: Донишномаи Wikipedia

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: