Перейти к содержимому

Ислом ва талаботи замона (33)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Ҷабри таърих аз ду дидгоҳ (2)

Назари Росел

Ба назар мерасад, ки назарияи морксистҳо яъне ҷабри таърих, он ҳам ҷабри моддии таърих ва ҷабри моддии иқтисодӣ, ба ҳеч ваҷҳ қобили қабул набошад. Инро дигарон ҳам, ки ҳатто моддӣ фикр мекарданд, қабул накардаанд аз ҷумла Росел. Росел одаме аст, ки мусаллам моддӣ фикр мекунад, вале ба ин назария интиқод мекунад ва мегӯяд, назарияи дурусте нест. Ӯ мегӯяд: се омил ҳастанд, ки аз назари ҳукумат бар зиндагии башар асиланд ва табъан ҳар се салоҳият доранд, ки зербинои масоили зиндагии башар қарор гиранд. Яке аз онҳо ҳамин манофеи иқтисодии башар аст ва яке дигар масъалаи ҷинсӣ аст. Мегӯяд: омили ҷинсӣ (ё бигӯем, ғаризаи ҷинсӣ) як ғаризаи асил дар башар аст ва дар бисёре аз маворид тақаддум ва ҳукумат пайдо мекунад, яъне омили иқтисодиро аз майдон берун мебарад ва бисёре аз падидаҳо, ҳаводис ва ҷараёнҳои таърихӣ маълули ин ғаризаи башар аст.

Омили дигар, бартариталабӣ аст, омили қудратталабӣ ва ба мафҳуми ахлоқии худамон ҷоҳталабӣ. Ҷоҳталабӣ як омили асил дар башар аст. Яъне ин ҷур нест, ки башар мақому қудратро барои таъмини манофеи иқтисодӣ мехоҳад. Хайр! Инсон мақому қудратро ба хотири худи қудрат ва ба хотири худи ҷоҳ мехоҳад. Бисёре аз ҳаводиси ҷаҳон маълули ин хоҳиши башар аст. Мо наметавонем ҳамлаи Искандар ба Эрону Миср ва футуҳоташро танҳо маълули омилҳои иқтисодии он рӯзи Юнон бидонем. Омили ҷоҳталабии Искандар агар нақши аввалро дар ин ҳаводис надошта, мусаллам бетаъсир ҳам набудааст. Намешавад таърихро якшохаӣ тавҷеҳ кард, яъне танҳо як реша ва як шохаи асосӣ дошта бошад ва шохаҳои дигар ҳама фаръи он як шоха бошанд. Ин ҷур нест, ин содда гирифтани қазияҳост.

Ин ду омили дигарро Росел ҳам қабул дорад. Ғайр аз инҳо боз омилҳои дигаре ҳаст, ки мо аз назари илмӣ наметавонем онҳоро надида бигирем. Бӯалӣ дар намати ҳаштуми “Ишорот” баҳсе дорад, ки албатта дар бораи омилҳои муҳаррики таърих нест, балки таҳти унвони дигаре аст, вале ин натиҷаро медиҳад. Лаззатҳои башарро тақсимбандӣ ва дараҷабандӣ мекунад; мегӯяд: намешавад лаззатҳои башарро ба матъум (хӯрданиҳо) ва манкуҳ (омезиши ҷинсӣ) ва малбус (пӯшиданӣ) ва амсоли инҳо маҳдуд кард, чизҳои дигаре вуҷуд дорад, ки арзиши онҳо барои башар камтар аз инҳо нест ва дар бисёре аз маворид инсон ин чизҳоро фидои онҳо мекунад, аз ҷумла шарофату иззат ва озодагӣ.

Ин худаш як арзише барои башар ва омиле дар зиндагии ӯст. Чӣ басо инсон манфиати моддӣ, пулу сарват ва ин ҷур чизҳо барояш пеш биёяд, вале чун ҳиссу отифаи шарофатталабӣ ва озодагиталабиаш ҷариҳадор мешавад, аз он сарфи назар мекунад, онро фидои ин мекунад. Ё авотифи ахлоқӣ ва навъдӯстӣ; ин ки инсон дар зиндагӣ исор бикунад яъне дигареро бар худаш муқаддам бидорад, ҳамон чизе, ки Қуръон дар бораи ансор мефармояд:

وَيُؤْثِرُونَ عَلَى أَنْفُسِهِمْ وَلَوْ كَانَ بِهِمْ خَصَاصَةٌ

(Сураи Ҳашр, ояти 9) ё дар бораи Амирулмӯъминин ва ҳазрати Заҳро ва Ҳасанайн алайҳимус салом мефармояд:

وَيُطْعِمُونَ الطَّعَامَ عَلَى حُبِّهِ مِسْكِينًا وَيَتِيمًا وَأَسِيرًا

(Сураи Инсон, ояти 8). Исор, фидокорӣ, худро ба наҳве аз наҳвҳо фидои навъ кардан, ва ба иборати дигар, навъдӯстӣ, барои башар як арзише аст, ки инсон манофеи моддиашро фидои инҳо мекунад. Алоиқ ва авотифи хонаводагӣ ба маънии фарзанддӯстӣ, падардӯстӣ, модардӯстӣ, хоҳардӯстӣ ё бародардӯстӣ, худаш масъалае аст. Оё воқеан инсон баччаашро ба хотири манофеи иқтисодӣ дӯст дорад? Ё падарашро, ки дӯст дорад, ба хотири манофеи иқтисодӣ дӯст дорад? Ё бародар ва хоҳарашро? Ва чӣ қадр аз ҷараёнҳои таърихиро ҳамин омилҳо ба вуҷуд оварда, яъне масири таърих иваз шуда ба хотири ин ки як соҳиби қудрат мехоста баччаашро ба ҷое бирасонад.

Муовия ибни Абӯсуфён дар айни шиносоии комили писараш, ки медонад ӯ ҳамон лиёқати худашро ҳам надорад, таҳти таъсири ин отифа ӯро ҷонишини худ мекунад. Худи ин баччадӯстӣ масъалае аст дар зиндагии башар.

Ҳамин тавр аст авотифи динӣ. На бихоҳем рӯи мантиқи динӣ ин ҳарфро бигӯем; таърихро мутолеа кунед. Оё худи авотифи динӣ, мустақил аз манофеи иқтисодӣ ва ҷинсӣ ва ҷоҳталабиҳо ва ин ҷур чизҳо, бар зиндагии башар ҳукумате надоштааст? Худи таърих ҳикоят мекунад, ки бисёре аз вақтҳо, ҷараёнҳои динӣ алорағми манофеи иқтисодӣ пеш мераванд. Худи ҳамин масъалае аст, ки инсон мавҷуде идеулужист аст аст, яъне як мавҷуди ақидаӣ аст, то онҷо, ки мегӯяд:

إنّ الحياة عقيدة وجهاد

Аслан, зиндагии инсонӣ ин аст, ки инсон ақидае дошта бошад ва дар роҳаш ҷиҳод кунад, ва инро, ки инсон дар хидмати ақидааш набошад ва фақат дар хидмати манофеаш бошад, дуни шаъни инсоният талаққӣ мекунанд.

Бинобар ин, мо ҷабри таърихро ба сурати ҷабри моддии иқтисодӣ, ки асоси асосҳо, масоил ва шароити иқтисодӣ аст ва чун шароити иқтисодӣ ҷабран тағйир мекунад, пас ҳама чиз бояд тағйир бикунад, ҳанӯз натавонистаем бипазирем. Албатта шакке нест, ки омилҳои иқтисодӣ аз асоситарин омилҳои зиндагии башар аст, яъне башар наметавонад беэътино ба ин масоил зиндагӣ кунад. Ин шояд бо мафоҳиме, ки мо хеле иғроқомез мегӯем ҷур дарнаёяд, вале мебинем ҳамин ислом, ки ба омилҳои маънавӣ, ба имон ва ин ҷур масоил ва афроде, ки дар роҳи имон ва фи сабилиллоҳ ҷиҳод мекунанд, ин ҳама аҳаммият медиҳад ва воқеан ҷиҳодҳоеро ҷиҳод фи сабилиллоҳ — на фи сабили шикам, на дар сабили манофеи иқтисодӣ — таъбир мекунад, дар айни ҳол, дар бораи ин ки маошу зиндагӣ аз заруратҳои зиндагии башар аст ва инсон наметавонад барои ҳамеша аз он шароит сарпечӣ кунад сухан мегӯяд. Ҳамаи афроди башар барои ҳамеша наметавонанд аз ин шароит сарпечӣ кунанд. Агар ҳам як фард сарпечӣ кунад, ҳамаи афрод ин ҷур нестанд. Агар ҳам ҷомеае муваққатан сарпечӣ кунад, барои ҳамеша наметавонад.

من لا معاش له لا معاد له

— як асли бисёр асосӣ аст. Дар “Кофӣ” ин ҳадис ҳаст, ки Пайғамбари Акрам мефармуд:

اللهم بارك لنا في الخبز

Худоё! Нонро бар мо муборак бигардон!

لولا الخبز ما صلّينا وما تصدّقنا ولا صُمنا

Агар мо нон надоштем, наметавонистем намоз бихонем, наметавонистем рӯза бигирем, наметавонистем тасаддуқ бидиҳем.” Мавлавӣ, орифи қаландар ҳам мегӯяд: “Одамӣ аввал асири нон буд.” Аввале, ки ӯ мегӯяд, яъне инсон қабл аз ҳар чиз ин ниёзро эҳсос мекунад.

Пас, мо намехоҳем ҳукумати омили иқтисодиро нафй кунем. Мо мехоҳем ҳасри ин омилро нафй кунем ва ин асолати мутлақро, ки ҳамаи омилҳои дигар бар рӯи ин омил бино шудаанд ва ба хотири он ба вуҷуд омадаанд ва кучактарин таконе, ки ин омил бихӯрад, ҳамаи онҳо такон мехӯранд. Ин ҷур нест. Мумкин аст шароити иқтисодӣ такон бихӯрад ва шароите, ки рӯи асосҳои дигаре бино шуда такон нахӯрад, чун он асосҳои дигар собит аст. Мумкин аст шароити иқтисодӣ ба хотири иртиботу пайвастагӣ, иллати тағйири соири шароит бишавад. Мумкин ҳам ҳаст он шароит, иллати тағйири ин шароит бишавад. Ҳар дуи инҳо ҳаст. Масалан, мумкин аст ақида ва имон, шароити иқтисодиро тобеъи худаш қарор бидиҳад.

Инҷо мо иборатҳое аз китоби “Беъсат ва идеулужӣ”-и оқои муҳандис Бозаргон нақл мекунем. Нависанда матлабе роҷеъ ба идеулужиҳои маҳдуди башар мегӯяд, ки ҳарфи дурусте аст. Сухани эшон бар ин асос аст, ки идеулужиҳо бар ду қисм аст, ва ин матлабе аст, ки мо ҳам қабул дорем. Баъзе аз идеулужиҳо ё тарҳҳо аслан марбут ба шароити хосси зиндагӣ аст, назири ин ки алъон Теҳрон дучори мушкили тирофик аст, касе тарҳе барои ҳалли он таҳия мекунад. Албатта ӯ ҳеч вақт наметавонад иддао кунад, ки тарҳи ман тарҳе аст, ки барои ҳамаи замонҳо ва маконҳо дуруст аст, дар Бомбеӣ (шаҳре дар Ҳинд) ҳам ҳамин тарҳро иҷро кунед, сад соли дигар ҳам ҳамин тарҳро иҷро кунед. На, ин дуруст нест. Ин тарҳе аст марбут ба ин шароити замонӣ ва маконии хосс. Ин шароит, ки тағйир кард, тарҳ ҳам тағйир мекунад.

Вале тарҳҳое ҳаст, ки аслан ба ин мушкилот марбут нест; ба мушкилоте дар сатҳи куллитаре аз зиндагии башар марбут аст, ки онҳо собит аст ва тағйир намекунад, онҳо хутути аслии зиндагии башар аст, назири ин ки оё зиндагии башар бояд бар асоси тасовии (баробарии) афрод бошад ё табъиз? Оё бояд ҳуқуқи афроди башар бар асоси нажодҳо ё забонҳо ё минтақаҳо мутафовит бошад ё на? Бояд ҷавоб бидиҳем, ё бигӯем, бале ё бигӯем, на. Ҳол агар касе гуфт на, мегӯем ин ҷавобе аст барои ҳамаи замонҳо ва ҳамаи маконҳо. Инро намешавад бо тарҳе, ки барои ҳалли мушкили тирофики ба вуҷуд омада муқоиса кард, ки мумкин аст фақат даҳ сол дуруст бошад, баъд аз он дуруст набошад.

Роҷеъ ба идеулужиҳои башар мегӯянд:

Андешаҳо ва назариёти иброзшуда дар айни он ки бо ҳам ихтилофи фоҳиш ва гоҳе мухолифат доранд, вале ҳар кадом дар зарфи маконӣ ва замонии худ ва дар чорчӯбе, ки онҳоро ба вуҷуд овардааст (ки бисёре аз тарҳҳо маълули шароити хосси замонӣ ва маконӣ ҳам ҳаст) агар нагӯем сад дар сад дуруст ва муфид будааст, вале аз ҷиҳоти зиёде қобили дифоъ будаанд, аммо хориҷ он чорчӯб яъне дар шароити дигар арзишу асари худро аз даст медиҳанд.”

Баъд вориди ҳарфи Корл Маркс мешаванд, ки гӯё худашон ҳам қабул надоранд. Ӯ ин суханро ба сурати як асли куллӣ зикр мекунад, мегӯяд:

Ҳеч навъ назми иҷтимоӣ, пеш аз он ки тамоми нерӯҳои тавлидии марбут ба он (чун поя ва асос, нерӯҳои тавлидӣ аст) ба дараҷаи такомул нарасидаанд аз миён намеравад, ва ҳеч гоҳ қабл аз он ки шароити вуҷудии равобит дар раҳими ҷомеаи собиқ пухта ва расида нашавад, равобити тавлидии ҷадид ва олитар ба зуҳур нахоҳад расид.”

Худи равобити тавлидӣ як ҷараёни иллату маълулиро тай мекунад, ҳамин тавр, ки инҳо давраҳоро аз назари иқтисодӣ тақсимбандӣ кардаанд ба давраи иштироки аввалия, баъд давраи моликият ва бардагӣ ва феодализм, баъд давраи буржуозӣ, давраи капитализм ва баъд ҳам давраи сусиёлизм, ки он равобити тавлидӣ — ки ҷабрӣ ва моддӣ ва сад дар сад хориҷ аз ихтиёри башар тағйир мекунад — ҷараёни худашро тай мекунад.

Ин аст, ки мегӯянд, лозимаи ҳарфи морксизм ҷабри мутлақ ба маънии нафйи ихтиёр аст; ҷабре, ки ҳатто нақши башарро ба таври куллӣ ба сифр мерасонад, яъне нақши озодии фардро ба куллӣ ба сифр мерасонад.

Аз ин рӯ башарият ҳамеша танҳо масоилеро таҳти назар мегирад, ки қодир ба ҳалли он аст, ва як масъала танҳо ҳангоме ба вуҷуд меояд, ки шароити моддии лозим барои ҳалли он низ вуҷуд пайдо карда ё лоақал дар шуруфи ташкилу эҷод аст.”

Кулии инҳо дуруст, вале умдаи матлаб ин аст, ки мехоҳад бигӯяд, он шароити моддии лозим ҳамеша ба замони хосс ва макони хосс маҳдуд аст.

Як равиши тозаи тавлиди маҳсул, ки дар як муҳити идеулужики хасмона ба вуҷуд ояд пойдор набуда, пеш аз он ки нумӯ кунад, аз миён меравад. Аммо фишори идеулужии шоистаи системи қадим бар дӯши мардум рӯз ба рӯз афзун мегардад, то ба нуқтаи ғайриқобили таҳаммул наздик шуда ва вақти дарҳам шикастани он фаро расад.”

Аҷиб ин аст, ки ин оқоён, ки дар бораи ҳамаи идеулужиҳо ва низомҳо қоил ба тағйиру адами субот ва ҷовидонагӣ ҳастанд, роҷеъ ба идеулужии худашон чунин ҳарфе намезананд, дар сурате, ки ин як истисност. Мегӯянд — шояд дуруст ҳам ҳаст, яъне мо, ки мегӯем дуруст аст, аз ҳарфи дигарон мегӯем дуруст аст — башар як давраҳои таърихиро аз назари шароити моддии зиндагӣ тай кардааст. Давраи сайёдӣ ба ақидаи инҳо давраи иштироки аввалия буда. Баъд давраи кишоварзӣ пайдо шуд. Дар давраи кишоварзӣ, ки масъалаи замин ба вуҷуд омад ва мавзӯи “ихтисос” пайдо шуд, моликият ба вуҷуд омад. Моликият, ки ба вуҷуд омад, ба дунболи худ бардагӣ ва ихтилофи табақотиро ба вуҷуд овард. Баъд дар шароити дигаре буржуозӣ ба вуҷуд омад ва то охир… то мерасад ба давраи сусиёлизм. Вале чунин вонамуд мешавад, ки сусиёлизм, дигар охирин давраи башар ва низоми хотам аст. Намегӯянд баъд аз сусиёлизм давраи дигаре ҳам вуҷуд дорад. На. Ба инҷо, ки расид, ба поён расидааст. Ба чӣ далел? Ҳамон тавр, ки иштироки аввалия ба ҳукми зарурат ба моликият табдил шуд, аз куҷо, ки ин иштироки сонавӣ, ки дар сатҳи болотаре аст боз ба як навъ моликияте дар сатҳи болотар мунтаҳӣ нашавад?

Баъзе мегуфтанд: ҳаракати таърих ҳаракати ҳалазунӣ аст, яъне ҳаракати доираӣ аст, ки дар айни ҳол рӯ ба болост, яъне ин шайъ, ки ҳаракат мекунад, ба нуқтаи аввал мерасад, вале на ба айни нуқтаи аввал, балки ба муҳозии нуқтаи аввал дар сатҳи болотар, боз ҳамин ҷур меояд дар сатҳи болотар. Таърих масирашро ин гуна тай мекунад.

Аз куҷо, ки иштироки думартиба ба моликияти фардӣ — вале дар сатҳи болотар ва дар шакли комилтаре — барнагардад? Дар бораи ҳар фикре мегӯянд ин фикр қобили кӯҳна шудан аст ба ҷуз морксизм. Боз ҳам инҷо нақл кардаанд, ки:

Фалсафа ва теория дар назари Ленин, ба манзилаи ақида ва мазҳаб аст. Дар китоби “Моддият ва интиқоди таҷрибӣ” дар соли 1908 чунин менависад: шумо наметавонед ҳатто яке аз фарзиёти асосӣ ё як ҷузъи зотӣ аз фалсафаи морксизмро ҳазф кунед бидуни он ки тарки ҳақиқати воқеӣ карда бошед ва бидуни он ки дар оғӯши дурӯғҳои иртиҷоиюни буржуо қарор гирифта бошед. Фалсафаи Моркс монанди як қитъаи муҳками пӯлод аст…

Пас, аз назари ин оқоён, морксизм лоақал дар аҷзоъи зотияш собит аст. Боз дар ҳамин китоб нақл кардаанд, ки Ленин бидуни он ки бигӯяд, ки ман дорам тағйироте дар морксизм медиҳам, зиракона тағйироти зиёде дар он додааст, вале дар айни ҳол боз ин матлабро қабул мекунад, ки усули морксизм тағйирнопазир аст, мисли пӯлод муҳкам аст ва тағйир намекунад.

Ин истисно аз куҷост?! Агар ҳама чиз тағйир мекунад, пас морксизм ҳам бояд тобеъи шароити таърихии худаш бошад. Шароити таърихӣ ба ақидаи шумо наметавонад собит бимонад, пас морксизм ҳам наметавонад собит бимонад. Боз ибороти дигаре дар ин замина гуфтаанд:

Ленин гуфтааст, муҳимтарин қисмати фалсафаи иҷтимоии Моркс ин фарзия аст, ки системи тавлиди иқтисодӣ, дастгоҳе аст, ки куллияи муассисоти идеулужик ва иҷтимоии ҷомеа бар он бино шудааст. Ба ақидаи Моркс, тасаввурот ё афкору идеяҳо дар як ҷомеа муаррифи айни ҳақиқат нест, балки суратҳои мубҳам ва муаммое аз онро ҷилва медиҳад; дар ҳоле, ки муҳаррикоти идеолӣ, асбобу иллатҳои асиле набуда, нерӯи ҷабрии манофеъ ва равобити табақот, муҳаррики воқеӣ аст ва идеулужӣ махлуқи шароити иқтисодӣ мебошад. Зимнан, ақоиду афкори ҳар фард инъикоси афкоре аст, ки аз тарафи табақае, ки ин фард мутаъаллиқ ба он мебошад, ба вуҷуд омадааст.”

Айни ин ҳарф дар бораи Моркс ҳаст: Моркс дар як шароити хоссе аз иҷтимоъ зиндагӣ мекарда ва он шароити иҷтимоӣ, ки масалан бар мардуми Олмон ҳукумат мекарда — дар муддате, ки Моркс онҷо буда — табъан бояд бар ӯ ҳам ҳукумат мекарда, ва шароите, ки бар мардуми Англистон ҳукумат мекарда — дар вақте, ки Моркс онҷо буда — бар ӯ ҳам ҳукумат мекарда. Бар ин асос, Моркс наметавониста бар зидди он чи ки шароити иқтисодии замонаш эҷоб мекарда фикр кунад, пас ночор ин ҷур фикр кардааст. Оё имрӯз шароити иқтисодии Олмон ҳамон шароит аст? Ё шароити имрӯзи дунё ҳамон шароити он рӯзи Олмон ё Англистон аст? Онҳо, ки тағйир карда, пас морксизм ҳам бояд ба навбаи худ аз миён рафта бошад.

Ин матлаберо, ки инҳо гуфтаанд, ҳатто ғайри морксистҳо ҳам ба унвони ин ки ҳарфи ширине аст, дар калимоти худашон нақл кардаанд, ва он ин ки: ҳар чизе тобеъи шароити таърихӣ ва фазои иҷтимоии худаш аст ва вақте, ки фазои иҷтимоӣ ва шароити таърихӣ тағйир кард, он чиз аз байн меравад ё лоақал аз ҳаракат бозмемонд ва мехоҳад ҷомеаро дар вазъи худаш собиту побарҷо нигаҳ дорад.

Оқои муҳандис масале зикр мекунанд, ки бароятон арз мекунам:

Ҳамон тавр, ки дар тарҳҳои бузурги шаҳрсозӣ ва умронӣ ва дар барномаҳои васеъи кишваре маъмул аст, ки як нақшаи куллӣ ва шолудаи асосии қобили тавсиъа бо хутути аслии мутаносиб ва ба манзури ҳадафи олии мавриди назар тадвин мегардад ва рӯи коғаз меояд ва сипас ибдоъоти иҷроӣ ва амалиёти ихтисосӣ бо воқеъбиниҳои доиму дақиқ ба фарохӯри эҳтиёҷот ва имконот вале дар чорчӯб ва бо риояти тарҳи куллӣ мутадарриҷан анҷом мегардад...”

Хулосаи матлаб ин аст, ки вақте бихоҳанд шаҳреро бисозанд, ин шаҳр як тарҳи куллӣ дорад, ки аз тарафи муҳандисони шаҳрдорӣ таъйин мешавад ва мардум дар он дахолате надоранд. Дар дохили ин тарҳ, мардум озодӣ доранд, ки хонаҳои худашонро ба ҳар шаклу кайфияте, ки дилашон хост бисозанд. Он тарҳи куллӣ собит аст ва он чи,ки қобили тағйир аст ва шаҳрдорӣ ҳам иҷозаи тағйир медиҳад, шакл ва кайфияти хонаҳост; инҷоро мехоҳем ин ҷур бикунем, онҷоро он ҷур. Фарз кунед хонаҳои худамонро бо чӯб сохта будем, баъд тироҳан пайдо шуд, онро хароб мекунем думартиба бо тироҳан месозем. Зиндагии башар ҳам як ҷанбаҳои собит дорад ва як ҷанбаҳои мутағайир дар дохили ҷанбаҳои собит.

* * *

Бархе қонунҳои ислом, мадорӣ аст на марҳилаӣ

Ҳол, баҳси мо дар бораи ислом ин хоҳад буд: агар ин асли куллӣ собит шуд, ки воқеан зиндагии башар як ҷанбаҳои собит ва куллӣ дорад, ки ҳукми мадори ҳаракатро дорад ва як ҷанбаҳои мутағайир, ки ҳукми мароҳили ҳаракатро дорад, он шароите, ки мадор яъне масири ҳаракатро дар зиндагии башар таъйин мекунад бояд собит бимонад, аммо агар шароитест марбут ба марҳилаи зиндагӣ, бояд тағйир кунад. Мо роҷеъ ба ислом бояд бибинем, ки оё таваҷҷӯҳи ислом ба масиру мадори зиндагии башар ва ба кодри зиндагӣ ва кодри ҳаракат аст ё ба марҳилаҳо?

Мебинем як силсила аз қонунҳои маъмулии мо қонунҳои мадорӣ аст, на қонунҳои марҳилаӣ. Гуфтем, ки муқаррароти ислом ё ба равобити инсон бо Худо марбут аст ё ба равобити инсон бо худаш ё ба равобити инсон бо табиат ва ё ба равобити инсон бо афроди иҷтимоъ.

Дар равобити инсон бо Худо, аз он ҷиҳат, ки марбут ба Худо мешавад, ҳеч гуна тағйире пайдо намешавад. Ва дар он чи ҳам, ки марбут ба инсон аст он чи, ки руҳи ин матлабро ташкил медиҳад, боз тағйир намекунад. Бале, дар шаклаш тағйироте пайдо мешавад, ки тобеъи шароит аст ва мо мебинем худи ислом ҳам ин тағйиротро қоил шудааст, мисли намоз. Мегӯяд, намоз бихонед, вале баъд мегӯяд намоз истода бихонед; агар наметавонед, нишаста бихонед; наметавонед, ба паҳлӯи рост бихонед; наметавонед, ба паҳлӯи чап бихонед; наметавонед, мустлқиян (хобида) бихонед; онро ҳам наметавонед, бо ишора бихонед. Ҳар чи ки шароит тағйир мекунад, ҳайкали намоз ҳам тағйир мекунад.

Фуқаҳо мӯътақиданд, намози “ғарқо“ (ғарқшудаҳо) воқеан намоз аст, на чизе ба ҷои намоз. Яъне одаме, ки дар ҳоли ғарқ шудан аст ва талош мекунад худашро наҷот бидиҳад ва намозаш фақат сурати ишора дорад (на рукӯъ дорад, на суҷуд, на қироат ва на чизи дигар), намозаш воқеан намоз аст. Аслан намоз як моҳияте аст, ки афродаш ин қадр тағйир пайдо мекунад, шакли фардаш ин қадр иваз мешавад. Яъне рукӯъу суҷуду ғайра, шакли намоз аст, на руҳи намоз. Намози дуракъатӣ воқеан намоз аст, на ҷонишини намози чаҳорракъатӣ, чунонки намози чаҳорракъатӣ воқеан намоз аст. Яъне барои як касе намоз чаҳор ракъат аст, барои як касе ду ракъат; барои як касе намоз истода аст, барои як касе нишаста; барои як касе намоз бо вузӯст, барои як касе намоз бо таяммум аст.

Фуқаҳо масъалае доранд ба номи “иҷзоъ”, ва он ин аст, ки оё намозе, ки мо ба сурати изтирор мехонем, ҷонишини намозе, ки ба сурати ихтиёр бояд бихонем, ҳаст ё на? Агар хондем, бори дигар бояд иъода кунем ё на? Мегӯянд, на, чаро иъода кунем? Ин намозе, ки ту бо таяммум ба ҷои он намоз мехонӣ, ин ҷур нест, ки намоз набошад ва ъаҷолатан чизи дигаре аст бадали он ва худи намоз ба гарданат монда. Аслан, намози он одам намози бо вузӯст, намози ин одам намози бо таяммум, ин агар бо вузӯ бошад барояш намоз нест.

Дар равобити инсон бо Худо ҳар чи шароит тағйир кунад, баъзе қисматҳо, ки марбут ба башар аст тағйир мекунад, ки як мисол арз кардем.

Мисоли дигар сафар аст. Дар қадим мегуфтанд, сафари чаҳорфарсахӣ сафар аст. Вале имрӯз, ки шароит тағйир карда, ин шубҳа пеш меояд, ки чаро сафар чаҳор фарсах бошад? Албатта ин як масъалаи сад дар сад қатъӣ нест, ки масофате, ки сафари инсонро ба ҳадде мерасонад, ки рӯзаро бояд ифтор кард ва намозро бояд шикаста хонд, ҳатман чаҳор фарсах аст. Ин як масъалаи иҷтиҳодӣ аст ва дар фиқҳи шиъа (аҳодиси шиъа) ба се унвон баён шудааст. Пурсидаанд: инсон чӣ миқдор мусофират кунад, намозаш шикаста мешавад? Гоҳе ҷавоб додаанд: чаҳор фарсах, ки рафту омад ҳар кадом чаҳор фарсах ва дар воқеъ ҳашт фарсах мешавад. Гоҳе ҷавоб додаанд: масири як барид (номарасон), масофате, ки як барид дар як рӯз меравад, ки ҳамин қадр будааст. Дар баъзе ривоятҳои дигар гуфтаанд: “масирату явмин” мусофирате, ки як рӯз вақтро ишғол мекунад.

Фуқаҳо гуфтаанд, яке аз ин се то милок аст: ё чаҳор фарсах милок аст ё масири як барид ва ё масири явм. Эҳтимоли барид хеле заъиф аст. Ё як рӯз мусофират милок аст ё ҳашт фарсах рафту омад, ва ҳашт фарсах мусовӣ буда бо масири як рӯз.

Ҳол, агар тағйире рух дод, яъне масири як рӯз, дигар ҳашт фарсах нест, сад фарсах аст, дивист фарсах аст, ин эҳтимол ҳаст, ки он чи дар сафар милоки аслӣ аст “масири явм” бошад. Дар он рӯз, ки гуфтаанд ҳашт фарсах, ба ин ҷиҳат буда, ки ҳашт фарсах мисдоқи “масири явм” будааст. Пас, агар васоили мусофират тағйир кард ва “масири явм” аз ҳашт фарсах ба ҳаштод фарсах ва ҳаштсад фарсах ва ҳашт ҳазор фарсах расид, мо бояд тобеъи “масири явм” бошем. Агар касе чунин ҳарфе бизанад, ин ҳарф зидди ислом нест, як ҳарфи иҷтиҳодӣ аст.

Бале, як матлаб инҷо ҳаст, ки ба мӯҷиби он фуқаҳо рӯи ин иҷтиҳод исрори зиёде намекунанд, ва он ин аст, ки дар масоиле, ки ислом бинояш бар тасҳилу суҳулат ва гузашт аст, ин эҳтимол дар кор меояд, ки чизе, ки ҳарчанд барои иддае аз мардум дар як замоне милок буда, ин тасҳилро барои ҳамаи мардум дар ҳамаи замонҳо таъмим бидиҳанд, чун бино бар сахтгирӣ нест. Агар бино бар сахтгирӣ мебуд, мегуфтем биравем дунболаш, вале вақте, ки бино бар тасҳил аст ин эҳтимол ҳаст, ки назари ислом ба ин бошад, ки ҳамон масофате, ки барои мардуме, ки бо пойи пиёда мусофират мекунанд “масири явм” аст милок қарор бигирад барои мардуме, ки бо ҷаммоза ҳаракат мекарданд ва рӯзе панҷоҳ фарсах тай мекарданд ё бо киштӣ ҳаракат мекарданд ва мусаллам беш аз пиёдаравӣ тай мекарданд ё гоҳе бо асбҳои тундрав, ки мубодила мекарданд (роҳ мепаймуданд) ва боз масофати тайшуда беш аз ин ҳарфҳо будааст ё мардуме, ки имрӯз бо ҳавопаймо ва худрав мусофират мекунанд.

Қисмати дигар марбут мешавад ба равобити инсон бо табиат, ки он ҳам чандон тағйир намекунад; гоҳе тағйир мекунад, гоҳе намекунад.

Бахши дигари қонунҳои ислом марбут аст ба равобити инсон бо инсон, ки ин аз ҳама муҳимтар аст. Масоиле, ки ислом дар равобити инсон бо инсон дар назар гирифтааст, масоили масирӣ аст на марҳилаӣ. Фарз кунед шароите дар боби байъ зикр кардааст, масалан гуфта:

لا يحلّ مالُ امْرئٍ الاّ عن طيب نفسه

Муомила бояд бо ризояти анҷом бигирад.” Ин дигар фарқ намекунад, ки марҳилаи зиндагии башар чӣ бошад.

Гуфта: набояд дар байъ “ғарар” бошад, яъне ба истилоҳи имрӯз набояд муомила чекӣ сурат бигирад, яъне миқдор, вазн ва дигар мушаххасоти мабиъ (коло), ки дар қимат асар мегузорад, бояд мушаххас бошад. Ин ҳам боз шароити марҳилаӣ нест, шароити куллӣ аст.

Ё гуфтааст, ки дар муомила набояд “рибо” бошад. Рибо чизе аст, ки агар дуруст нест, дар ҳеч замон дуруст нест, ва агар дуруст аст, дар ҳамаи замонҳо дуруст аст.

Шароити марҳилаӣ дар сарнавишти рибо таъсир намегузорад ва онро тағйир намедиҳад.

Ё дар боби “замон” агар гуфта:

من تلف مال الغير فهو له ضامن

Ҳар ки моли дигареро талаф кунад, зомин аст.” Ин, бо тағйири мароҳил фарқ намекунад, боз марбут ба масир аст.

Ё гуфта: “яди амин яди мустаъмана аст”, яъне агар касе амини моли касе шуд (мисли ин ки молеро ба вадиъа назди касе гузоштанд ё як касе мустаъҷири касе шуд, чун яди мустаъҷир ҳам яди истимонӣ аст), одами амин агар мол дар дасташ талаф шуд, ду ҷур аст: ё муқассир аст ё муқассир нест. Агар муқассир аст, зомин аст, агар муқассир нест зомин нест.

Агар шумо мустаъҷири хонае ҳастед ва хасорате ба он ворид мешавад, як вақт ҳаст, ки шумо дар он чи ки вазифаи як мустаъҷир аст тақсир кардаед, масалан шири обро бояд бибандед набастед ва он қадр об омад, ки зерзаминро гирифт ва хонаро хароб кард. Инҷо зоминед. Як вақт селе меояд, ки аз ихтиёри шумо берун аст. Дар инҷо зомин нестед. Ин марбут ба асри улоғу ин ҳарфҳо нест, дар ҳамаи замонҳо ҳамин ҷур аст. Ҳатто масъалаи ирс ҳам ҳамин тавр аст.

Қадри мусаллам ин аст, ки бештарин масоили ислом- чӣ фиқҳӣ, чӣ ахлоқӣ, чӣ эътиқодӣ, чӣ иҷтимоӣ — масоили масирӣ аст, яъне мисли аломатҳое аст, ки ҷоддаро мушаххас мекунад; мегӯяд ту, ки ҳаракат мекунӣ, дар ин ҷодда ҳаракат кун. Ин бо тағйири зиндагӣ, мутағайир нест.

Албатта мумкин аст дар равобити инсон бо Худо ё бо худаш ё бо иҷтимоъ ва ё бо табиат, масоиле пайдо кунед, ки бигӯед инҳо масоили мадорӣ нест, марҳилаӣ аст. Баррасии ин матлаб бахши дуввуми баҳси мост.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: