Перейти к содержимому

Мудорои ҳама бо ҳам ва таҳқиқи ҳама бо ҳам

Ёддошти дуктур Яҳё Ясрибӣ

Афзоиши рӯзафзуни доноӣ ва дурустандешии инсонҳо, коҳиши қобили таваҷҷӯҳи мизони бесаводии мардум дар сатҳи ҷаҳон ва густариши фазояндаи иртиботи фикрӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва шеваи зиндагии инсонҳо, мӯҷиби он аст, ки дар фикри ду масъалаи муҳимми ҷомеаи башарӣ бошем: яке, дурустандешии ҳамагонӣ, ва дигаре, амнияти зиндагӣ барои ҳамаи инсонҳо.

Яҳё Ясрибӣ, устоди фалсафа ва каломи исломӣ дар Донишгоҳи Аллома Таботабоӣ. Пажӯҳишҳои ӯ дар ҳавзаи нақди фалсафаи исломӣ ва ирфони исломӣ дорои ҷойгоҳи вежае аст. Унвонҳои бахше аз китобҳои вай иборатанд аз: “Ирфони амалӣ дар ислом”, “Ирфони назарӣ”, “Фалсафаи ирфон”, “Тарҷумаи илоҳиёти наҷоти Ибни Сино бо муқаддима ва таълиқот”, “Мафоҳими фалсафӣ дар адабиёти форсӣ”, “Моҷарои ғамангези равшанфикрӣ дар Эрон”, “Худкомагӣ ва фарҳанг”, “Фалсафаи машшоъ”, “Ҳикмати ишроқи Суҳравардӣ”, “Аёри нақд”, “Ҳикмати мутаолия” (Баррасӣ ва нақди ҳикмати Садрулмутааллиҳин), “Таърихи таҳлилӣ-интиқодии фалсафаи исломӣ”, “Забонаи Шамс ва забони Мавлавӣ”, “Пажӯҳише дар нисбати дин ва ирфон”, “Қаландар ва қалъа” (Достони зиндагии Суҳравардӣ), “Аз яқин то яқин”, “Салиб ва салобат” (Достони зиндагонии Ҳаллоҷ, орифи бузурги қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ).

Бе тардид, амнияти зиндагии башар дар баробари хушунат, табъиз, таҷовуз, мушкилоти зистмуҳитӣ ва ғайра беш аз ҳар чиз ба дурустандешӣ ва пешрафти фикру фарҳанги башар иртибот дорад. Дурустандешии инсон низ бо ду монеъ рӯ ба рӯст: хурофот ва ҷазмияти динӣ. Аз ин ду, ҷазмияти динӣ аз хурофоти берун аз ҳавзаи дин мушкилофаринтар аст, зеро ихтилофоти динӣ ва мазҳабӣ, бузургтарин омили таҳқиру такфири инсонҳо буда ва бештарин заминаро барои хушунату ноамнӣ фароҳам меоваранд. Бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки на гуфтугӯи сиёсӣ ва на қудрати низомӣ, ҳеч кадом, мушкили ҷазмиятро ҳал намекунанд, балки он чи чорасоз аст, ҳаракат дар ҷиҳати равшангарӣ ва тавсиъаи зеҳнии инсонҳост.

Аз лиҳози ахлоқӣ ва мантиқӣ, ман вазифаи худ медонам, ки дар роҳи шинохтан ва ҷаҳонӣ кардани равиши фикрии дурусте, ки ба суди башарият аст, талош кунам. Бинобар ин, дар ростои ҳалли мушкили ҷазмандешии инсонҳо, махсусан дар заминаи дину мазҳаб, назарияи “плюрализми интиқодӣ”-ро пешниҳод мекунам, ки манзури ман аз он, “мудорои ҳама бо ҳам ва таҳқиқи ҳама бо ҳам” мебошад. Яъне, аз тарафе, талош барои “тавсиъаи ҷаҳонии меҳрубонӣ ва ҳамзистӣ”, ва аз тарафи дигар, талош барои “густариши равшанандешӣ, ҷустуҷӯи ҳақиқат ва мубориза бо хурофот”.

Ёдовар мешавам, назарияи ман ислоҳ ва такмили назарияҳои мутафаккироне ҳамонанди Шлейермохер (Schleiermacher), Уту (Rudolf Otto) ва Ҷон Ҳек (John Hick) дар бораи мудоро ва плюрализми динӣ аст.

Асоси назарияи ман, ду ҳаққи асосӣ аз ҳуқуқи башар аст: яке, ҳаққи амният дар баробари фиреб ва баҳракашӣ, ва дигаре, ҳаққи тасмим ва интихоби огоҳонаи равиши зиндагӣ.

Плюрализм ба маънои эҳтиром ва мудоро бо пайравони ҳамаи адён, аз он ҷиҳат қобили тавҷеҳ аст, ки аксарияти мардум, бо интихоби огоҳона ва озодона, аз дини хеш пайравӣ накардаанд, балки ҳар кас дар ҳар муҳите ба дунё омада ва парвариш ёфта, ба дур аз ихтиёру интихоби худ, пайрави дину мазҳаби ҳамон муҳит шудааст. Дар воқеъ, дину мазҳаб низ, монанди рангу нажод, ки интихоби ҳеч кадом дар ихтиёри инсон набудааст, набояд мабно ва асоси таҳқири яке ва бартар шумурдани дигаре бошад.

Аммо, зарурати интиқод аз он ҷост, ки бо матраҳ кардани плюрализм ва мудоро ба сурати мутлақ, ба бақои хурофа ва адёни ботил кӯмак мекунем ва заминаро барои рушду ривоҷи ҷазмияти динӣ омода месозем. Бинобар ин, даъват ба плюрализми мутлақ бар асоси назарияи адами имкони мобаъдуттабиаи илмӣ ва мутмаин (Конт), эҳсоси бидуни воситаи бениҳоят (Шлейермохер), муштарак будани гавҳари адён (Уту), ва низ бар асоси раҳмату меҳрубонии Худованд ва ин ки Худованд як ҳақиқати мутлақ аст ва адён ҷилваҳои гуногуни он ҳақиқатанд (Ҷон Ҳек); на танҳо натиҷаи зиёнбор дорад, ки аз назари мантиқ ва низ аз дидгоҳи яко-яки адён дуруст нест. Зеро бо вуҷуди ҳамаи тазоддҳо ва тафовутҳое, ки адён бо якдигар доранд, аз назари мантиқӣ ҳамаи адён наметавонанд дуруст бошанд, ва низ ин ки ҳеч кадом аз адёни ҷаҳон адёни дигарро қабул надошта ва бар ҳақ намедонанд. Таърих гувоҳ аст, ки ҳар паёмбаре, бо иблоғи дини ҷадид, бақияи адёнро мансух ва танҳо шариати худро дуруст донистааст.

Бинобар ин, плюрализми мутлақ метавонад мунҷар ба навъе бетафовутӣ нисбат ба дурусту нодуруст шавад, зеро дар сояи плюрализми бидуни интиқод, ҳаққу ботил ва ҳақиқату хурофа дар канори якдигар ба бақои худ идома медиҳанд ва чӣ басо, ки маънус будан ва ҷозибаҳои хаёлӣ ва эҳсосии хурофот, заминаро барои ғалабаи он бар ҳақиқат фароҳам оварад.

Бинобар ин, дар назарияи ман, мудоро вақте судманд аст, ки заминасози тавсиъаи доноӣ ва равшанандешии инсонҳо бошад. Ба иборати дигар, дар айни мудоро ва ҳамбастагӣ бо пайравони адёни мухталиф, ҳатто бо мункирону мулҳидон, ҳадафи аслии мо бояд тавсиъаи равшанандешӣ ва ақлоният бошад ва ба хотири ин тавсиъа, ба ҳамаи инсонҳо ҳаққи таҳқиқу интиқод дар бораи дини худ ва дигарон бидиҳем, то дар дарозмуддат битавонем ихтилофоти динӣ ва мушкилоти ношӣ аз онҳоро аз миён бардорем. Яъне ҳамаи инсонҳо дар ниҳоят бояд таклифи адёнро бо дурустандешӣ таъйин кунанд, ки оё усулан дину мазҳабе воқеият дорад ё хайр. Дар сурати манфӣ будани посух, мо низ ба касоне бипайвандем, ки динро ба таври куллӣ бовар надоранд.

Ва агар посухи ин суол мусбат бошад, он гоҳ бояд ҳама бо ҳам, бидуни таъассуб ва бидуни таҳқиру такфири дигарон, бар он кӯшем, то аз миёни адёну мазоҳиб, онро, ки дуруст аст ва мунҷар ба хушбахтии инсонҳо мешавад, интихоб кунем. Мо бояд дар фикри хушбахтӣ ва наҷоти ҳамаи инсонҳо бошем, на ин ки пайравони ҳар мазҳабе танҳо ба ин дил хуш кунанд, ки аз миёни ҳамаи мардуми дунё, фақат онон наҷот хоҳанд ёфт; ки ин навъе худхоҳӣ ва майл ба дигарозорӣ буда ва ғайри ахлоқӣ мебошад.

Бинобар ин, мо бо плюрализми интиқодӣ, аз тарафе бо номеҳрубониҳо ва хушунатҳои мазҳабӣ мубориза мекунем, ва аз тарафи дигар, бо додани ҳақ ба ҳамаи инсонҳо барои таҳқиқу интиқод дар бораи ҳамаи адён, чӣ дини худ ва чӣ дини дигарон, фурсатро аз дасти хурофот ва адёни хурофӣ мегирем.

Ёдовар мешавам, чунонки дар оғози матлаб бар густариши саводу дониш такя кардам, мухотаби ман дар ин назария андешамандон ва равшанандешони ҷаҳон ҳастанд. Мушкили ҷазмандешӣ, хурофа ва таъассуби мазҳабӣ чизе нест, ки барои оммаи мардум қобили фаҳму пазириш бошад. Усул ва масоили мубтанӣ бар ақлу андеша, ниёзманди варзиши фикрӣ ва тадаббуру таъаммуқ аст, ки ин кор аз бештари мардум сохта нест. Танҳо донишмандон ва равшанандешон ҳастанд, ки метавонанд пешгоми иҷрои назарияи “мудорои ҳамагонӣ ва таҳқиқи ҳамагонӣ” бошанд. Он гоҳ метавон натиҷаро ба василаи ҳунармандон, махсусан нависандагон, филмсозон ва намоишноманависон ба тӯдаи мардум мунтақил сохт, то дар оянда, барои ҳамаи инсонҳо, фикру фарҳанги пешрафта ва фарогир вуҷуд дошта бошад, ки зиндагӣ ва робитаи ононро бо якдигар сомон бахшад, ва чаро чунин набошад, ки дар асри ҷаҳонӣ шудан бояд дар андешаи ҷаҳонӣ кардани фикру фалсафа ва дини дуруст ҳам буд.

Албатта, ки ман ба хубӣ медонам ҳадафи дар назар гирифташуда, ҳадафи осоне нест ва наметавон ба роҳатӣ ва дар кӯтоҳмуддат ба он даст ёфт, аммо бояд аз ҷое ва аз мақтаъе шурӯъ карда, заминасозӣ намуда ва роҳро барои ояндагон боз кард. Ба умеди он рӯз!

Манбаъ: Вебгоҳи шахсии дуктур Яҳё Ясрибӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: