Перейти к содержимому

Тоҷикистон дар соли 2018 (тасовир)

Тоҷикистон дар соли 2018 соли пурфарозу нишебе дошт. Дар ин гузориш ба баррасии муҳимтарин таҳаввулоти соли гузашта дар кишвар мепардозем.

1) Тоҷикистон 9 милюнӣ шуд.

Дар моҳи майи соли 2018, бо таваллуди кӯдаке дар Тоҷикистон, кишвар ба ҷамъи кишварҳои 9 милюнии ҷаҳон пайваст. Ин дар ҳолест, ки дар саршумории соли 2010, ҷамъияти Тоҷикистон 7 милюну 417 ҳазор нафар баровард шуда буд. Тоҷикистон пеш аз ин дорои болотарин нархи рушди ҷамъият дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ буд. Ва ин амр боис гардид Тоҷикистон аз ҷавонтарин ҷамъият дар ин минтақа бархӯрдор бошад. Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳадияеро ба ин навзоди 9 милюнаи тоҷик эъто кард.

2) Адами узвият дар Иттиҳодияи иқтисодии Уруосиё.

Агарчи пеш аз ин бархе аз таҳлилгарон нисбат ба эҳтимоли узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳодияи иқтисодии Уруосиё дар соли 2018 ибрози умедворӣ карда буданд, аммо боз ҳам шоҳиди он будем, ки ин иттифоқ наафтод. Дар ин сол ҳатто шоҳиди он будем, ки Русия аз нав пешниҳоди узвияти нозири Тоҷикистон дар ин иттиҳодияро матраҳ кард, лекин боз ҳам бо ҷавоби мушаххасе аз сӯи мақомоти тоҷик рӯ ба рӯ нашуд. Бо вуҷуди имтиёзҳои зиёде, ки узвият дар ин иттиҳодия барои Тоҷикистон хоҳад дошт, таҳлилгарон даромадҳои гумрукӣ, фасоди низомманд, дарёфти кӯмакҳои хориҷӣ ва ҳатто талошҳои бозигарони дигар назири Арабистони Саудиро аз ҷумлаи омилҳои адами узвияти Душанбе дар ин блоки иқтисодӣ унвон карданд. Бисёре аз тоҷикҳо ва ба вежа коргарони муҳоҷири ин кишвар тамоюли бисёр зиёде барои узвият дар ин иттиҳодия доранд.

3) Пирӯзии диплумотики опозисиюн дар Интерпол ва Созмони Милал;

Аз соли 2015, ки тамоми мухолифини ҳукумати Тоҷикистон дар кишвар ҳазф шуданд, шумори зиёде аз нерӯҳои опозисиюни сиёсӣ барои дар амон мондан аз зиндон, қатл ва шиканҷа, ба хориҷ аз кишвар муҳоҷират карданд. Ин амр сабаб гардида буд, то ҳукумати Тоҷикистон ба роҳҳои мухталиф ва бо истифода аз зарфиятҳои байналмилалӣ, ба дунболи бозгардондан ва истирдоди мухолифин бошад. Интерпол яке аз ин маворид буд. Бо ин ҳол, дар соли 2018 шоҳиди беасар шудани ин рӯйкард дар қиболи мухолифин будем. Хуруҷи номи Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, ба унвони муҳимтарин чеҳраи опозисиюн аз феҳристи таҳти таъқиби Интерпол ҳазинаҳои зиёде барои ҳукумати Тоҷикистон дар пай дошт. Илова бар ин, дархости гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид барои озодии Муҳаммадалӣ Ҳаит, муовини раҳбари ҲНИТ низ мавриди дигаре буд, ки дар соли 2018 сурат гирифт. Гурӯҳи кории Созмони Милал аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буд дар муддати 6 моҳ Ҳаитро озод карда ва зимни бозгашти амвол ва дороиҳои мусодирашудаи вай, ғаромати ин иттифоқотро низ ба ӯ бипардозад.

4) Як соли сахти иқтисодии дигар.

Тоҷикистон фақиртарин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Аз соли 2014 шоҳиди як уфти маҳсус дар тавлиди нохолиси дохилии кишвар будаем. Тавлиди нохолиси дохилии кишвар аз 9.236 милёрд дулор дар соли 2014 ба 7.146 милёрд дар соли 2017 расида буд. Дар соли 2018 низ идомаи ин раванди сахти иқтисодиро шоҳид будем. Дар соли 2018, Тоҷикистон бо имтиёзи 41.3 ва рутбаи 108 (аз 152 кишвар) поинтарин рутбаро ба лиҳози тавсиъаи иқтисодӣ дар арзёбии соли 2018 аз они худ кард. Болоравии бадеҳии хориҷии кишвар ба вежа нисбат ба Чин, дар соли 2018 идома ёфт ва нигарониҳоеро дар ҷомеаи байналмилалӣ барангехт. Бӯҳрони дулор, вазъияти нобасомони саррофиҳо ва маҳдудиятҳои ҳукумат дар ин замина низ, масъалаи дигаре буд, ки соли сахт ба лиҳози иқтисодиро барои Тоҷикистон рақам зад.

5) Аз даст додани чеҳраҳои барҷастаи адабӣ ва ҳунарӣ.

Дар соли 2018 Тоҷикистон шоҳиди аз даст додани се тан аз муҳимтарин ва барҷастатарин чеҳраҳои фарҳангӣ ва адабии худ буд. Дар нахустин рӯзҳои моҳи май, хабари даргузашти Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик дар Омрико буд. Вай, ки мубтало ба бемории риявӣ буд, дар бемористоне дар шаҳри Сиэтли Омрико даргузашт. Бозор Собир аз поягузорон ва фаъолони Ҳизби демукроти Тоҷикистон ва узви собиқи порлумони кишвар низ буд. Пас аз Бозор Собир, хабари нохуши дигаре, ки дар расонаҳо мунташир шуд, хабари даргузашти Устод Мӯъмин Қаноат буд. Устод Мӯъмин Қаноат илова бар як шоир ва нависандаи бузург, ба эҳёгари забони форсӣ дар наҳзати ҳувиятёбии тоҷикон низ маъруф буд. Вай намояндаи Тоҷикистон дар порлумони Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ буд. Ҳамчунин хабари даргузашти Марат Орипов, коргардон ва ҳунарпешаи маъруфи тоҷик низ яке дигар аз хабарҳои нохушоянд барои тоҷикон буд.

6) Тавсиъаи равобит бо Арабистони Саудӣ.

Дар соли 2018 шоҳиди идомаи раванди тавсиъаи равобити Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ будем, ки аз соли 2016 ва пас аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Риёз оғоз шуда буд. Дар соли 2018 вазири кишвари Арабистон дар чорчӯби сафарҳои давраии худ ба Душанбе низ сафар карда ва бо Эмомалӣ Раҳмон дидор кард. Илова бар ин, дар ин сол шоҳиди таҳаррукоти густурдаи сафорати Арабистони Саудӣ дар ҳавзаи расонаии Тоҷикистон будем. Пас аз изҳори назари ҷанҷолии Албодӣ, сафири Саудӣ дар Тоҷикистон дар хусуси ин ки муҳимтарин дастоварди Риёзро “берун рондани Эрон аз Тоҷикистон” унвон карда буд, ӯ дар мусоҳибаҳои дигаре ба изҳороти зидди эронии худ идома дод. Дар ҳавзаи иқтисодӣ низ таҳаррукоти бештари саудиҳоро шоҳид будем. Дар соли 2018 шӯрои касбу кори муштараки Арабистон ва Тоҷикистон ташкил шуд, саудиҳо дар маҷмаъи муштараки иқтисодӣ дар Суғд ширкат карда ва сармоягузориҳоеро сурат доданд ва 51 дар сади саҳоми Бонки содироти Тоҷикистон низ тавассути гурӯҳи сармоягузории саудӣ харидорӣ шуд. Хабари дигаре низ, ки дар соли 2018 дар расонаҳо бозтоби густурдае дошт, кӯмакҳои молии Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон буд. Дар соли 2018 Тоҷикистон пас аз Яман, дуввумин дарёфткунандаи бузурги кӯмакҳои Маркази кӯмак ва имдодрасонии Малик Салмон (KSRELIEF) буд.

7) Мизбонии Душанбе дар Иҷлоси Шӯрои вазирони умури хориҷаи ЭКО.

Дар апрели соли 2018 Душанбе мизбони 23-умин Иҷлоси Шӯрои вазирони умури хориҷаи Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ЭКО) буд.

8) Тазоҳуроти сохтагӣ муқобили Сафорати Эрон дар Душанбе.

Дар 21 майи соли 2018 як таҷаммӯъи эътирозӣ тавассути гурӯҳе аз тоҷикҳо муқобили Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон сурат гирифт. Мӯътаризон шиорҳое алайҳи ҲНИТ матраҳ карда ва бархе низ шиори “Кабириро баргардонед!” сар медоданд. Ба маҳзи баргузории ин таҷаммӯъ суолҳое дар зеҳни таҳлилгарон шакл гирифт мабнӣ бар ин ки оё баргузории чунин тазоҳуроте дар Тоҷикистон имконпазир аст ва то кунун собиқа дошта? Ва дуввум, дар ҳоле, ки аъзои ҲНИТ паноҳандагии сиёсии кишварҳои урупоиро дарёфт кардаанд, чаро ин таҷаммӯот муқобили Сафорати Эрон сурат гирифтааст? Пас аз он буд, ки бархе расонаҳои тоҷик бо интишори тасовир ва таҳлили чеҳраҳои ширкаткунанда дар ин таҷаммӯъ, сохтагӣ будани онро ба исбот расонданд, ки ҳатто дар расонаҳои ғарбӣ низ бозхӯрдҳое дошт.

9) Ҳамлаи ДОЪИШ ба гардишгарони хориҷӣ.

Дар моҳи июл чанд туристи дучархасавори ғарбӣ дар ҷануби Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Вазорати дохилаи Тоҷикистон ибтидо онро як ҳодисаи оддӣ эълон кард, аммо пас аз интишори видеои ин ҳамла, эҳтимоли теруристӣ будани он шиддат гирифт. Вазорати дохилаи Тоҷикистон дар аввалин иқдом ҲНИТ-ро масъули ин ҳамла донист ва иддао кард, ки муҳоҷимон дар Эрон омӯзиш дидаанд. Ин изҳорот бо вокуниши Вазорати умури хориҷаи Эрон ва эҳзори сафири Тоҷикистон мувоҷеҳ шуд. Андаке пас аз ҳодиса ДОЪИШ масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифт ва чанд рӯз баъд низ видеое аз байъати ин ҷавонон бо Абӯбакри Бағдодӣ, саркардаи гурӯҳи теруристии ДОЪИШ-ро мунташир кард.

10) Ифтитоҳи Роғун.

Дар охирин моҳҳои соли 2018, нахустин фоз аз пружаи Роғун ба баҳрабардорӣ расид. Ин садд ва нерӯгоҳ, ки баландтарин садди ҷаҳон қарор аст ном бигирад, дар оянда метавонад нақше муҳим дар иқтисоди Тоҷикистон ифо кунад.

Tasnimnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: