Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (350)

Таҳдид кардани Нӯҳ алайҳиссалом мар қавмро, ки бо ман мапечед, ки ман рӯй пӯшам, бо Худой мепечед дар миёни ин ба ҳақиқат, эй махзулон! (1)

* * *

Гуфт Нӯҳ: эй саркашон, ман ман наям,

Ман зи ҷон мурда, ба ҷонон мезиям.

Ҳазрати Нӯҳ (а) ба қавми хеш гуфт: эй исёнгарони саркаш! Ман, ман нестам, яъне дар зоҳир, маро чун худ башаре маъмулӣ медонед, дар ҳоле, ки ман он гуна ки шумо гумон мекунед нестам, зеро ман аз ҷони башарӣ мурдаам ва бо ҷони ҷонон (яъне Ҳақ Таъоло) зиндаам.

Нукта: Нӯҳ (а) аз паёмбарони улулазм аст ва дар Қуръони Карим бисёр аз ӯ ёд шудааст, аз ҷумла дар сураҳои Ҳуд, Нӯҳ, Юнус ва ғайра… Урафо ва сӯфия Нӯҳ (а)-ро мазҳари исми Суббуҳ (аз исмҳои Борӣ Таъоло, ки далолат бар танзеҳи Ҳақ аз ҷамиъи нақоиси мумкинот дорад) медонанд. Ибни Арабӣ гӯяд: “Аз шаъни расул аст, ки уммати худро ба ҳаққе даъват кунад, ки воҷибулвуҷуд бошад ва аз ҷамиъи нақоис муназзаҳ. Ва чун бутпарастӣ бар қавми Нӯҳ (а) ғолиб буд, аз ин рӯ бар ӯ буд, ки бо саъйи томму ҷаҳди тамом Ҳақ Таъолоро аз сифоти мумкинот ва ағёр танзеҳ кунад ҳарчанд ки он ағёр мазҳаре аз мазоҳири илоҳӣ бошанд. Аз ин рӯ, ин фасс (калимаи суббуҳия) муқорини номи ӯ қарор дода шудааст.” (Шарҳи фусусил-ҳикам, ҷ.1, с.163)

Чун бимурдам аз ҳавосси булбашар,

Ҳақ маро шуд самъу идроку басар.

Ҳамин ки аз муқтазо ва арсаи ҳавосси башарӣ фонӣ шудам, Ҳақ Таъоло гӯшу чашми ман шуд.

Нукта: Ин байт ишора дорад ба ҳадиси мӯътабари маъруфе, ки истилоҳан ба он “қурби навофил” гӯянд ва дар китобҳои ирфонӣ бисёр ба он истинод шудааст. Ҳар бахше аз ин ҳадис дар фасле аз мабоҳиси ирфонӣ ва фалсафии ҳукамо ва урафои исломӣ мавриди баҳс қарор гирифтааст. Ва Мавлоно низ дар Маснавӣ ба каррот аз он истифода кардааст:

وَمَا تَقَرَّبَ إِلَيَّ عَبْدِي بِشَيْءٍ أَحَبَّ إِلَيَّ مِمَّا افْتَرَضْتُ عَلَيْهِ، وَمَا يَزَالُ عَبْدِي يَتَقَرَّبُ إِلَيَّ بِالنَّوَافِلِ حَتَّى أُحِبَّهُ، فَإِذَا أَحْبَبْتُهُ كُنْتُ سَمْعَهُ الَّذِي يَسْمَعُ بِهِ، وَبَصَرَهُ الَّذِي يُبْصِرُ بِهِ، وَيَدَهُ الَّتِي يَبْطِشُ بِهَا، وَرِجْلَهُ الَّتِي يَمْشِي بِهَا

Ҳамвора банда бо анҷоми нофилаҳо ба ман тақарруб меҷӯяд, то он ки ӯро дӯст бидорам. Пас, ҳамин ки ӯро дӯст бидорам, гӯши ӯ шавам, ки ба он шунавад, ва чашми ӯ гардам, ки ба он бинад, ва дасти ӯ гардам, ки ба он гирад ва пойи ӯ шавам, ки ба он равад…” (Саҳеҳи Бухорӣ)

Албатта ҳадиси мазкур дар ҳаққи хавосс ва комилон аст ва умумро аз он баҳрае нест. Зеро бандаи комил касе аст, ки мазҳари томму тамоми ҳамаи асмо ва сифоти илоҳӣ бошад. Ва ин вақте ҳосил мешавад, ки банда аз мартибаи башарӣ иртиқо ёбад ва ба фанои сифоти халқӣ бипардозад ва чун дар Ҳақ фонӣ шуд, Ҳақ Таъоло ба подоши ин фано, шинохт ва маърифате бекарон ва осмонӣ ба ӯ диҳад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.601-602)

Ин байт ва байтҳои баъдӣ мубтанӣ аст бар иттиҳоди нурии авлиё ва ҳазрати Ҳақ.

Чунки ман ман нестам, ин дам зи ҳуст,

Пеши ин дам ҳар кӣ дам зад, кофир ӯст.

Аз он рӯ, ки ман, ман нестам, ин калому нафасам аз ҷониби зоти илоҳӣ аст, пас ҳар кас дар баробари ин нафас дам занад яъне онро инкор кунад, кофир аст.

Ҳаст андар нақши ин рӯбоҳ шер,

Сӯйи ин рӯбаҳ нашояд шуд далер.

Ба унвони мисол, дар пушти сурати зоҳири ин рӯбоҳ шере вуҷуд дорад, аз ин рӯ шоиста нест, ки бар чунин рӯбоҳе бебокӣ ва густохӣ нишон дод.

Нукта: Авлиёуллоҳ ҳарчанд дар қолаби ашхоси маъмулӣ ҳастанд, вале набояд гумон кард, ки ҳақиқати онон низ ҳамин навъ аст. Рӯбоҳ дар инҷо тамсиле аз навъи инсон аст, ва шер тамсиле аз Ҳақ. Вуҷуди авлиёуллоҳ ба масобаи ойина ва миръоти зоти илоҳӣ аст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.907)

Гар зи рӯйи сураташ менагравӣ,

Ғурраи шерон аз ӯ менашнавӣ?

Агар аз ҷиҳати сурату нақши зоҳир бар ҳаққонияти онон (анбиёву авлиё) сиҳҳа намегузорӣ ва тасдиқашон намекунӣ, оё наъраву ғурриши шеронро низ аз онон намешунавӣ?!

Нукта: Эй суратпараст! Зоҳири анбиёву авлиёро дидаӣ ва бар худ қиёс кардаӣ ва гумон бурдаӣ, ки ҳақиқати онон низ бар гунаи зоҳири онон аст, дар ҳоле, ки агар гӯши ҳуш дошта бошӣ, суруши Ҳақро аз онон хоҳӣ шунид. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.907)

Гар набудӣ Нӯҳ шери сармадӣ,

Пас ҷаҳонеро чаро барҳам задӣ?

Агар ҳазрати Нӯҳ (а) шери Ҳақ набуд ва аз ҷониби Ҳақ мадад намегирифт, пас чаро саросари дунёро барҳам зад?

Сармадӣ: ҳамеша ва пайваста, шери сармадӣ ба маънии шери ҷовидона, шери абадӣ, маҷозан шери Ҳақ, шери Худо.

Садҳазорон шер буд ӯ дар тане,

Ӯ чу оташ буду олам хирмане.

Ҳазрати Нӯҳ (а) яктана ва ба танҳоӣ садҳо ҳазор шер буд. Ӯ ҳамонанди оташ буд ва ҷаҳон ба масобаи хирман.

Нукта: Нӯҳи набӣ ҷомеъи ҷамиъи маротиби ҳастӣ буд, чунонки урафо ва сӯфия инсони комилро “кавни ҷомеъ” донанд. (Ҳамон манбаъ, с.907)

Чунки хирман поси ъушри ӯ надошт,

Ӯ чунон шӯъла бар он хирман гумошт.

Аз он рӯ, ки хирмани ҷаҳон ҳаққи ӯро адо накард ва ҳурмати ӯро нигаҳ надошт, ӯ низ шарар бар хирмани олам зад. Яъне оташи қаҳри илоҳиро бар ҷаҳониён чираву ғолиб кард.

Ъушр: даҳяки мол ситондан, ишора ба закот дорад, ки агар даҳяки хирманро ба бенавоён надиҳад, он хирман талаф шавад.

Нукта: Ҳазрати Нӯҳ (а) пас аз навмедӣ аз ҳидояти қавм, ба пешгоҳи Худо арза дошт:

رَبِّ لا تَذَرْ عَلَى الأرْضِ مِنَ الْكَافِرِينَ دَيَّارًا

Парвардигоро! Аҳаде аз кофиронро бар замин боқӣ магузор.” (Сураи Нӯҳ (а), ояти 26)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: