Перейти к содержимому

Сафбандиҳои ҷадид дар Ховари Миёна

Соли нави милодӣ дар ҳоле фаро расид, ки нишонаҳои возеҳе дар бораи тағйири сиёсати хориҷии бархе кишварҳои арабӣ дар қиболи Сурия буруз пайдо кард. Муқобила бо Туркия ва Эрон, ба унвони ҳадафи ин тағйир баён шудааст.

Ҳамзамон бо вуруди Сурия ба соли 2019, ин кишвар вориди марҳилаи ҷадиде шуд; марҳилае, ки дар он, кишварҳои арабӣ монанди Аморот, Арабистон ва Миср пазируфтаанд, ки ҷанг дар Сурия ба нафъи давлати ин кишвар хотима ёфта ва барои эъмоли нуфуз дар Сурия, чорае ҷуз таъомул бо давлати он нест.

Тақрибан аз ҳафт сол пеш, равобити Сурия бо аксари кишварҳои арабӣ қатъ шуд ва ҳатто аз Иттиҳодияи Араб ҳам ихроҷ шуд. Ҳол дар остонаи нишасти ояндаи Иттиҳодияи Араб дар моҳи март гузоришҳое дар бораи гарм шудани равобити Димишқ бо соири кишварҳои арабӣ мунташир шудааст. Миср, муттаҳиди наздики Арабистон, талошҳое барои бозгардондани Сурия ба Иттиҳодияи Араб анҷом медиҳад ва мақомоти амниятии он дар пушти парда дидорҳое бо ҳамтоёни сурияии худ доштаанд.

Пас аз сафари чанд ҳафта пеши Умар Башир, раисиҷумҳури Судон, ва эълони сафари Муҳаммад Вулди Абдулазиз, раисиҷумҳури Муританиё ба Сурия дар рӯзҳои оянда ва ҳамчунин бозгушоии сафоратхонаҳои Аморот ва Баҳрайн дар Димишқ, манобеи огоҳ ба пойгоҳи Аларабӣ ал-ҷадид гуфтаанд, ки Миср тамосҳои густурдае барои фароҳам кардани сафари раҳбарони араб ба Сурия анҷом медиҳад. Ин манобеъ гуфтаанд, таҳаррукоти Миср дар ҳамоҳангӣ бо Арабистон ва Аморот анҷом мешавад.

Пас аз эъломи хуруҷи ногаҳонии нерӯҳои омрикоӣ аз Сурия, талошҳои кишварҳои арабӣ барои баргардондани равобит бо Димишқ аланӣ шуда ва шиддат гирифтааст. Ин кишварҳо дар чанд соли гузашта ба шиддат мухолифи низоми Сурия буданд ва ҳатто аз нерӯҳои мухолифи давлати Сурия ҳимояти таслиҳотӣ ва сиёсӣ ба амал оварданд. Аммо акнун “пас аз баррасии амиқи таҳаввулот” ба ин натиҷа расиданд, ки “марҳилаи оянда, ҳузур ва тамоси кишварҳои арабӣ бо давлати Сурияро металабад.”

Оддисозии равобит миёни кишварҳои ҳавзаи халиҷи Форс бо Сурия ҳатто аз сатҳи сиёсӣ болотар рафта ва тибқи бархе гузоришҳои ғайрирасмӣ, ба ҳамкории низомӣ ҳам расидааст. Рӯзномаи кувайтии Алҷарида, ба нақл аз манобеи диплумотик, навишт, нерӯҳои низомии кишварҳои арабии ҳавзаи халиҷи Форс пас аз ҳамоҳангӣ бо Омрико ва Русия ва низ пас аз мувофиқати давлати Сурия, ба шимол ва шарқи Сурия эъзом мешаванд. Ин нерӯҳо барои пур кардани халаъи ношӣ аз хуруҷи нерӯҳои омрикоӣ ба Сурия фиристода мешаванд.

Ҳамаи ин таҳаввулот мумкин аст нишондиҳандаи ин масъала бошад, ки меҳварҳои ҷадиде дар минтақа дар ҳоли шаклгирӣ аст. Пас аз терури Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори арабистонӣ дар консулгарии кишвараш дар Истонбул, равобити Арабистон ва Туркия ба шиддат тира шуд. Туркия дар ҷараёни ин бӯҳрон талошҳои фаровоне барои барканории Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистон анҷом дод ва ҳатто дар марҳилае, мавқеияти Бен Салмон бисёр мутазалзил ба назар мерасид, аммо ба ҳар ҳол, валиаҳд сари ҷойи худ боқӣ монд. Ин воқеа бидуни шак дар тағйири сиёсати хориҷии Арабистон ва муттаҳидонаш дар баробари Туркия таъсиргузор буд.

Сафбандии ҷадиде, ки марҳилаи оғозини он дар Ховари Миёна дар ҳоли шаклгирӣ аст, умдатан нақши Туркия дар минтақаро ҳадаф мегирад. Анвар Қарқош, вазири мушовири давлати Аморот дар умури хориҷӣ, ба муносибати бозгушоии сафорати кишвараш дар Димишқ, дар Твиттер навишт: “Тасмими давлати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ барои баргардондани равобити диплумотик бо Димишқ пас аз баррасии амиқи таҳаввулот гирифта шуд, ва натиҷаи он ин эътиқод аст, ки марҳилаи оянда, ҳузур ва тамоси арабӣ бо давлати Сурияро металад.

Қарқош идома дод: “Нақши арабӣ барои муқобила бо сайтараи Эрон ва Туркия бар минтақа, заруритар шудааст. Имрӯз Аморот ба воситаи ҳузураш дар Димишқ, талош мекунад ин нақшро фаъол кунад, то гузинаҳои арабӣ дар дастрас бошанд.”

Кишварҳои арабӣ ҳамчун Аморот, Арабистон, Баҳрайн ва Миср, ки оддисозии равобит бо Сурияро виҷҳаи ҳиммати худ қарор додаанд, дидгоҳи хубе нисбат ба Эрон надоранд. Онҳо ҳамвора алайҳи нуфузи минтақаии Эрон мавзеъ мегиранд. Аммо дар чанд моҳи гузашта ба таври маҳсус нисбат ба Туркия ҳам бадгумон шудаанд. Ин кишварҳо умдатан ба далели ҳимояти Туркия аз Ихвонулмуслимин, бо он мушкил доранд. Мудохилаи Туркия дар бӯҳрони Қатар ва моҷарои Хошуқҷӣ, фақат бадгумонии кишварҳои арабӣ нисбат ба Туркияро бештар кард.

Оддисозии равобити Аморот бо Сурия ва талош барои бозгардондани Сурия ба Иттиҳодияи Арабро метавон талоше алайҳи Туркия арзёбӣ кард.

Пас аз хуруҷи нерӯҳои омрикоӣ аз Сурия ва танҳо шудани курдҳои ин кишвар, Туркия худро барои ҳамла ба шаҳри курднишини Манбаҷ омода кард. Аммо ба далели ақибнишинии курдҳо аз ин шаҳр ва ҷойгузин шудани артиши давлати Сурия ба ҷойи онҳо, ин ҳамла то кунун анҷом нашудааст. Дар ин шароит кишварҳои арабӣ ҳам вориди моҷаро шудаанд, то аз густариши нуфузи Туркия дар шимоли Сурия ҷилавгирӣ кунанд. Бархе гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки дар рӯзҳои гузашта афсарони аморотӣ ва мисрӣ аз шаҳри Манбаҷ боздид карда ва шароитро барои эъзоми нерӯҳои арабӣ ба онҷо арзёбӣ кардаанд.

Дар солҳои ахир маъмулан дар баёнияҳои поёнии аксари нишастҳои арабӣ, аз Эрон ба унвони як таҳдид ёд мешуд. Ба назар мерасад номи Туркия ҳам дар канори Эрон ба унвони як таҳдид изофа хоҳад шуд.

Fararu

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: