Перейти к содержимому

Суханони Тромп дар бораи Эрон исроилиҳоро нигарон кард

Суханони шомгоҳи гузаштаи раисиҷумҳури Омрико дар бораи ҳузури Эрон дар Сурия, исроилиҳоро ба ҳадде нигарон карда, ки мегӯянд, Тромп аз таҳаввулоти ҷорӣ дар Сурия чизе намедонад.

Як мақоми аршади кобинаи амниятии режими саҳюнистӣ имрӯз (панҷшанбе) аз бахше аз изҳороти шомгоҳи гузаштаи Тромп мабнӣ бар ин ки “Эрон ҳар коре, ки мехоҳад, метавонад дар Сурия анҷом диҳад” шадидан интиқод ва ибрози нигаронӣ кард.

Ба навиштаи пойгоҳи Times of Israel, ин мақоми саҳюнистӣ бо интиқод аз ин ки Тромп тақрибан ба эрониҳо озодии амали комил дар Сурияро ироа карда, гуфт: “Ин (тарзи сӯҳбат) нишон медиҳад, ки ӯ (Тромп) дар бораи мавориди иттилоотӣ бетаваҷҷӯҳӣ мекунад.”

Тромп шомгоҳи гузашта бо баёни ин ки ба сабаби таҳримҳои Омрико, Эрон маҷбур ба хориҷ кардани нерӯҳояш аз Сурия шуда, гуфта буд: “Онҳо метавонанд ҳар коре, ки мехоҳанд, бикунанд, вале нерӯҳояшонро аз Сурия хориҷ мекунанд, нерӯҳояшонро аз Яман хориҷ мекунанд.”

Мақоми саҳюнистӣ таъкид кард: “Ман (аз изҳороти Тромп) бисёр шука шудам. Тромп воқеан намедонад чӣ чизе дар Сурия дар ҷараён аст ва аз тасбити низомии Эрон ҳам дар онҷо чизе намедонад.”

Ин дар ҳолест, ки пеш аз ин, эъломияи Кохи сафед мабнӣ бар тасмими Тромп барои хориҷ кардани низомиёни омрикоӣ аз Сурия ҳам як бори дигар саҳюнистҳоро ҳаросонда буд. Пас аз он буд, ки мақомоти Телавив ба Вошинтун ҳушдор дода ва иддао карданд, ки халаъи қудрати эҷодшуда дар шимоли Сурия метавонад “фазоро дар ихтиёри эрониҳо қарор диҳад, то гузаргоҳи заминии худро аз тариқи Ироқ ва Сурия ба Лубнон ва Медитарона муттасил кунанд.”

Раисиҷумҳури Омрико ҳафтаи пеш эълом кард, ки низомиёни омрикоӣ ба зудӣ Сурияро тарк мекунанд. Ба навиштаи расонаҳои саҳюнистӣ, Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири ин режим, аз тасмими Тромп шадидан норозӣ аст, аммо тасмим гирифта ин мавзӯъро ба сурати аланӣ эълом накунад. Бо ин вуҷуд, андешкадаҳои наздик ба Натонёҳу аз ҷумла “Бунёди дифоъ аз демукросиҳо”, дар рӯзҳои гузашта ба шиддат аз ин тасмими Тромп интиқод карда ва онро “ҳадияе ба Эрон” хондаанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: