Перейти к содержимому

Тарзи пӯшишро на, балки тарзи бинишро иваз кард

(Дар ҳошияи мақолаи Зафар Мирзоён “Шарқ ва озодии занон”)

Ба қалами Луқмон Бойматов

Луқмон Бойматов, таърихнигор, шарқшинос, нависанда, мутарҷим ва мунтақид, номзади улуми таърих (1993), дорандаи ҷоизаи “Қалами булӯрин”. Ӯ фаъолияти кориашро солҳои 1984—1986 ҳамчун лаборанти калон дар Шӯъбаи асарҳои таърихи миёнаи Институи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Окодемии улуми Ҷумҳурии Тоҷикстон оғоз карда, солҳои 1993—1997 ба ҳайси мудири Шӯъбаи кишварҳои Шарқи Миёнаи Институи иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносиботи байнамилалии Окодемии улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2005 то 2012 чун корманди пешбари илмии Институи иқтисодиёти Окодемии улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Луқмон Бойматов ҳамчунин солҳои 1991—1992 бо гурӯҳи таърихи Донишкадаи Адабиёт ва улуми инсонии Донишгоҳи Исфаҳон ва солҳои 1997—1999 бо гурӯҳи таърихи Донишкадаи Адабиёт ва улуми инсонии Донишгоҳҳои Фирдавсии Машҳад ва якчанд марокизи илмӣ — фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамкориҳои илмӣ доштааст. Ин донишманди тоҷик аз соли 2013 дар кишвари Суед (Шветсия) иқомат мекунад.

Бародари фозили мо, оқои дуктур Зафари Мирзоён, зимни таъриф аз аҳамияти ҳаракатҳои озодихоҳонаи занони Туркия, Миср, Эрону Афғонистон барои мардуми шарифи Тоҷикистон, пешниҳод намудааст, ки ҷашни 8 март (Рӯзи занон) дар кишвар ба унвони ҷашни Рӯзи Модар эҳё гардад. Моҳиятан, арҷгузорӣ ба номи Модар ва рӯзи вежаи ӯ дар фарҳанги миллатҳо чизи баде нест, агарчи инсонҳо бояд ҳар рӯзи худро ба дуои модар оғоз кунанд. Ба ибораи дигар, ҳар рӯзи мо бояд рӯзи модар бошад.

Вале аз навиштаи бародари азизи мо ду маврид маро водор намуд аз диди таърих нисбат ба баҳси фавқ изҳори назар намоям. Яке мавзӯи таърих, ва дигаре бардошт аз маънии Озодии зан.

1) Нахуст, пурсиши мо аз филсуфи мӯҳтарам ин аст: нависандаи мо, ки гӯйӣ таъкиди мукаррар бар тақвият ва пойдории ҳувияти таърихии миллат менамояд, аслан огоҳии воқеӣ аз таърихи воқеии 8 март дорад? Намехоҳам, баҳси таърихи ин ҷашнро ба миён гузорам, вале гуфтани он муҳим аст, ки агар миллат бихоҳад таъкиди вижае бар ҷашни Рӯзи Модар дошта бошад, бояд такя бар махзани таърих ва таҷрибиёти гузаштаи худ намояд ва ин амр ба маротиб мантиқиву илмитар хоҳад буд. Ҳар чӣ, ки бидуни поя тақлид мешавад, саранҷомаш бар зарари ҳувияти миллӣ хоҳад буд.

Замоне, ки рӯзгори кунун имкони пора кадани бандҳои ғуломӣ ва таассуботро бар миллати мо ба арғумон овардааст, аз роҳи ҳавас ва ноогоҳона тақлид кардан бар фарҳанги бегонагон бар нафъи миллат ва ояндаи ворисон нахоҳад буд.

2) Дуввум, он чӣ боиси тааҷҷуб шудааст, бардошти филсуфи мӯҳтарами мо аз маънӣ ва нумоди Озодии зан аст. Аз диди эшон, нумоди Озодии зан ҳамоно сабки либоси урупоӣ аст. Ва баръакси он нумоди либоси миллиро таҷассумгари “ҷаҳолати асри миёнагӣ” медонад.

Во дареғо, ки ахиран таассубот ва эҳсоси динситезӣ боис шуда ва иддаи зиёди аҳли фарҳанги мо озодии занро дар тарки пӯшишҳои миллии модарону хоҳарон мебинанд.

Эй, кош мутаассибон нахуст ҳиҷоби ҷаҳлу нодониашонро бармедоштанд ва сипас дар ботину худ тарҳҳои солимтареро мекашиданд.

Магар ҳиҷобҳо ва либосҳои тан мавонеъи касби маънавиёт ва арҷгузоррӣ ба арзишҳои инсонианд, ки аз онҳо сабаби аслии бадбахтии ҷомеъаро дидаем?

Магар модарон ва хоҳарони мо бо такмилаи пӯшишҳо ва либосҳои миллии худ ба муҳавватаи Озодӣ наметавонанд бирасанд?

Агар урёну нимурён будан нишонаи арҷи фарҳангу маънавиёти башар бошад, пас ҷомеаи асри сангин ба маротиб бофарҳангтар аз имрӯз будааст!

Филсуфи мӯҳтарам!

Қабл аз ин ки аз асрори таърих ҳарфе ба миён оваред, нахуст аз ҳикмати он огоҳ бошед. Тафсире, ки аз либоси миллӣ овардаед, айни тасвири либоси урупоӣ нест, ки онро амдан зери сояи тарзи либосҳои урупоиён қарор бидиҳед.

Шумо, ки филсуф ҳастед, чаро намехоҳед мутваҷҷеҳ бошед, ки шиори манъи ҳиҷобҳои сиёҳи арабӣ барои занони миллӣ, рӯйи дигари манъи принсипҳои демукросӣ ва ҷомеаи ҳуқубунёд аст. Ё ҳақиқати маҳз чизи дигаре аст? Ҷомеае, ки донишмандонаш натавонанд авомили вусъати таассуботи мардумро таъйин намоянд, ояндаашро дар хатар мегузорад.

Ин сиёҳӣ ва ҳиҷобҳои арабӣ нестанд, ки одамонро ҷоҳил карда бошанд, балки сиёҳии қалбҳои одамон аст, ки маънӣ ва рангҳои зиндагиашонро сиёҳу табоҳ карда. На тарзи пӯшишро иваз кард, балки тарзи бинишро таъвиз намуд.

Фақат бо камоли таассуф изъон дошт, ки дар эҳтироми интихоб ва пиёда кардани усулҳои озодӣ, ҳатто болшевикони дирӯз боинсофтар аз филсуфони имрӯзи миллатанд. Фарҳангшиносони кишвар қабл аз ин ки мушовирони масоили либос ва пӯшишҳои занҳо шаванд, нахуст бандҳои таъссуботи хешро дар ботини хеш пора кунанд.

Филсуфи мӯҳтарам!

Ин динҳо ва фалсафаҳо нестанд, ки сабаби бандагии одамон шудаанд, балки одамонанд, ки на адёнро хуб шинохтаанд, на фалсафаро. Ин фақат мардҳо нестанд, ки сабаби бандагӣ ва нодонии занон бошанд, балки ин нодонии ҳамагон аст, ки ҳам мардро ва ҳам занро ба “мавҷуди худҳоҳ” табдил додааст.

Набояд пӯшишҳои сиёҳро сангсор кард, балки бинишҳои сиёҳро зери сангҳои маломат андохт ва роҳи дигареро бояд ҷуст. Накӯҳиши пӯшиши зан ҷасорати ақли шоир нест, балки асорати ҷаҳли шоир аст.

Нек медонем, ки модарони боҳиҷоби даврони гузашта, ки фарзандони родмарди таърихро, аз қабили: Абӯмуслиму Исмоили Сомонӣ, Темурмалику Маҳмуди Торобӣ, Сарбадорон ва диг., Айниву Fафуров, Турсунзодаву Мӯъмин Қаноат ва садҳо дигаронро тарбият кардаанд. Шак нест худ модарону хоҳарон хуб медонанд чӣ лисбосе ҷавобгӯйи салиқаҳояшон аст ва онон ҳаққи интихоб доранд ва ин ҳаққро аз эшон набояд гирифт! Озодӣ агар ба зӯр ояд, он ҳам дар ҳаққи дигарон зулм аст.

Устоди мӯҳтарам!

Он гуна, ки овардаед, падидаи шармовар тарзи либоси мо нест, балки тарзи бинишамон хиҷолатовар аст. Як зани содаву босаводи пӯшидаи ғайри миллӣ беҳтар аз як зани худхоҳи бесаводу урёни миллӣ аст. Нек бояд донист, ки аз урёнии мо маънавиётамон бештар намешавад.

Шаккокиро набояд бо покӣ яке донист. Ин моем, ки ниёз ба модарони бопӯшишу босавод дорем. Онон ки аз усулҳои озодии урупоӣ лофи газоф мезананд, ба дурустӣ аз арзишҳои инсонии он огоҳ наянд.

Дардо, ки ҳанӯз ҳам масали мардумӣ: “Ба ҷойи салла, калла меоранд” дар ҷомеаи тоҷикон коргар аст.

Филсуфон ва ҷомеъшиносони азиз!

Беҳтар ин нест, ки ба ҷойи баҳси пӯшиши занон, баҳси баррасии роҳҳои касби дониш ва таъйини шароити эҷоди фазои солими фарҳангиро ба миён гузорем?! Ба ҷойи қозии мушкилоти зоҳирии занону модарон бошем, мардонатар бувад агар аз ҳоли зори писарону духтарони миллати ғариб гӯем!

То ба кай парчамбардорони роҳи тақлиду мадюни фарҳангҳои бегонагон бошем? Магар умқи фарҳанги миллӣ ва тавони халлоқияти он ночизанд, ки ифтихормандона аз пайи чизакҳое мешавем? Ку тавони илми кишвар ва ку тавони наҷотбахши фалсафаи миллӣ? Посух ба ин пурсишҳо вазифаи фаслафа аст, на таъйини навъи либоси занон барои занон!

Махсус барои Кимиёи саодат

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: